https://sputnik.tj/20230330/makhsusiyat-joygir-yarok-hastai-rusiya-belorus-1055864982.html
Махсусиятҳои ҷойгиркунии яроқи ҳастаии русиягӣ дар Беларус
Махсусиятҳои ҷойгиркунии яроқи ҳастаии русиягӣ дар Беларус
Sputnik Тоҷикистон
Ҷойгир намудани яроқи ҳастаӣ дар қаламрави Белорус-ин ҷавоби комилан мувофиқ ва ботаҳаммули давлати Иттифоқчӣ ба сиёсати таҷовузкоронаи Ғарб мебошад 30.03.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-03-30T18:45+0500
2023-03-30T18:45+0500
2023-03-30T19:04+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
белорус
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032887143_0:80:3359:1969_1920x0_80_0_0_84e79e340059027bccfa70b5b69a636a.jpg
Аз ҷиҳати ҷурғофиву вазифоӣ ба самти Аврпои Шарқӣ “варам кардан”-и иттифоқи низомии НАТО, ки ба Вашингтон тобеъ аст, ба таҳдиди нобудсозии ҷисмонии НАТО ва худи ИМА табдил меёбад.Агар Вашингтон инкор намудани воқеияти ҷаҳони бисёрқутбӣ ва маҷмӯи масъалаҳои баробару тақсимнашаванда будани амниятро идома диҳад, яроқи ҳастаии Русия бо эҳтимолият ва қонунияти зиёд дар дигар нуқтаҳои барои Амрико ҳассоси сайёра “тасвири адолат”-ро оғоз менамояд.Бо ташаббуси тарафи беларусӣ, Минск ва Маскав дар бораи дар қаламрави Ҷумҳурии Беларус ҷойгир намудани яроқи ядроии русиягӣ ба мувофиқа расиданд. Президенти Русия Владимир Путин 25 март аниқ кард: ”Аз 1 апрел ба омӯзонидани сарнишинҳо оғоз менамоем. Ва 1 июл сохтмони анбори махсусро барои нигоҳдории яроқи ҳастаии тактикӣ ба анҷом мерсонем”.Бобати тайёраҳои интиқолдиҳандаи чунин яроқҳо ҳарф зада, Путин қайд намуд, ки Русия аллакай ба Беларус маҷмӯи мушакҳои“Искандар”-ро додааст, барои азнавтаҷҳизонии тайёраҳо кумак расонидааст.Изҳороти чанде пеш намудаи Британия дар бораи ба Украина интиқол додани лавозимоти ҷангии дорои урани тиҳишуда амалишавии ин лоиҳаи Русия ва Беларусро тезонид.Худ аз худ маълум аст, ки амали мустаҳкамсозии амнияти давлати иттифоқ уҳдадориҳои байналхалқии Русия ва Ҷумҳурии Беларусро вайрон намекунад.Имрӯз Маскав ва Минск кореро карда истодаанд, ки Вашингтон ва иттифоқчиёни аврупоиаш тайи даҳсолаҳо амалӣ намуда истодаанд.Пентагон дар пойгоҳҳои ҳавоии Олмон, Италия, Белгия, Нидерландия ваТуркия садҳо бомбаҳои термоядроии навъи B61-ро барои эҳтимолияти ҳуҷум ба Русия бо иштироки қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии сермиллати НАТО нигоҳ медорад.Дар сурати сар задани низои ҷангии маҳаллӣ бо яке аз кишвархои ҳамсарҳади душман Беларус воситаи басо самараноки худмуҳофизаткунӣ-яроқи ядроии тактикиро соҳиб мешавад, ки аз онҳо алайҳи хасм сарнишинон ва мушакзанҳои белорусӣ –пас аз мувофиқаи пешакиашон бо ҳамтоёни русиягӣ ба таври таъҷилӣ истифода бурда метавонанд.Дурии парвози барои маҷмӯи мудофиаи заддиҳавоии НАТО ноаёни мушакҳои фароовози навъи ОТРК-и“Искандар”-то 500 км ба мутахассисони беларусӣ имкон медиҳад, ки нафақат қаламрави Украина, балки ҳудудҳои Лаҳистон, Словакия, Литва, Латвия, Эстонияро зери нишон нигоҳ доранд.Минбаъд ҷанги барқсон истисно мешавад ва ҳамсояҳо дар сарҳади Белорус яроқашонро боэҳтиёттар ҷарангос мезанонанд. Иёлоти муттаҳидаи Амрико пештар ҳамаи ҷаҳонро бовар кунониданӣ мешуданд, ки сиёсати таҷовузкоронаи онҳо дар Украина афзоиши эҳтимолияти ҷангӣ ҳастӣ оварда намерасонад.Минск ва Маскав ин афсонаро барбод доданд. Ғарб ба мустаҳкамшавии ҳастаии давлатҳои ба ҳам иттифоқ вокуниши дардовар нишон дод ва дарк менамояд, ки вазъият “хатарноктару воҳиманоктар мегардад.”ИМА изҳор дошт, ки“паёмадҳояшро мушоҳида хоҳад кард”. НАТО изҳороти Путинро“бемаъулиятона”номид, Иттиҳоди Аврупо бо таҳримҳои нав таҳдид кард. Собиқ президенти Амрико Доналд Трамп бошад аз ҳамватанонаш даъват намуд, ки “дуо кунанд”.Дар ҳақиқат, тарсовар аст. Яке Русия “таҷрибаи амрикоӣ”-ро вусъат диҳад ва бисёр кишварҳо дар сайёра амнияти миллии худро бо сипари тактикии ядроии Федератсияи Русия мустаҳам намуда метавонанд -ин ҳолат ба амрикоиҳо ягон чизи хуб ваъда намекунад.Ҳадаф ва воситаҳоПешомади “ҳамкории ҳастаӣ”-и Беларус ва Русияро моҳи июни соли 2022 Владимир Путин, замоне ки додани мушакҳои “Искандар”-ро ба Беларус эълон дошт, аниқ карда буд. Ва ҳамзамон имконияти такмилдиҳии тайёраҳои Су-25-и қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Ҷумҳурии Беларусро, ки имкони интиқоли кулоҳи ҳастаиро доранд, муҳокима намуда буд. Президенти Русия зикр намуда буд, ки Беларус онҳоро дар давоми чанд моҳи наздик мегирад–бо мушкҳои баллистикӣ ва болдор, ки онҳоро "ҳам дар реҷаи анъанавӣ ва ҳам дар реҷаи ҳастаӣ истифода бурдан мумкин аст”.Он вақт дар Аврупо чунин меҳисобиданд, ки“мавқеи ҳалкунандаи ИМА ва НАТО“аз пайдошавии яроқи ҳастаӣ дар Беларус пешгирӣ менамояд.Манмании аз андоза зиёди Вашингтон ва Брюссел ба қарори Маскаву Минск таъсир расонида натавонист. Президенти Беларус Александр Лукашенко моҳи августи соли 2022 эълон дошт:”Ҳамааш тайёр!”Бомбаандозҳои ҷангии беларусии Су-24М якум шуда имконияти бурдани яроқи ҳастаиро пайдо намуданд ва онҳо дар ҳолати омодабош ба иғвогариҳо (аз ҷониби Ғарб) қарор доранд. Мақсадҳо барои зарбаҳои ҷавобиву мутақобил муайянанд.Қобилияти дар релефи маҳал мудаввар -ҳам шабонаву ҳам рӯзона-парвоз намудани Су-24М дар баландии на он қадар зиёд ин тайёраи бомбаандозро барои воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоии душман комилан ноаён месозад ва кафолати то ба нишон расонидани яроқу аслиҳаи тактикии ядроиро медиҳад.Ғарб дар бораи оқибатҳои мудҳиши истифодаи хумпораҳои урандор огоҳ карда шудСу-24М, ки қобилияти бардоштани то 8 тонна сарбории ҷангиро дорад,метавонад то чаҳор адад бомбаҳои ҳушманди навъи 1500 килограммаро (УПАБ-1500) кашонад.Суръати ҳаракати ин тайёра дар наздикии замин -1400 км/соат,дар баландӣ-2320 км/соат.Радиуси ҷангиаш-то 1300 км.Нашрияи амрикоии Military Watch дар ҳайати қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Беларус 30 тайёраи Су-24М-ро -ғайр аз садҳо мошинаҳои якнавъаи дигар,ки онҳоро эҳтимолан Русия дода бошад,ҳисоб намудааст.Қувваҳои ҳавоӣ-ҳарбии Беларус имконияти ҳамгиро намудани яроқи ядроиро бо қиркунандаҳои вазнини навъи Су-30СМ доранд.Дар баробари“Искандар”-и Русия Минск бо дастгирии Маскав маҷмӯи мушакии навъи белорусии оперативӣ-тактикиро таҳия намуда истодааст.Мушакҳои фароовозии нишонрасиашон дакиқи“Искандар"бо суръати 8Мах парвоз намуда,дар театри амалиёти ҷангии Украина нишонҳоро бо кафолаташ нобуд месозанд.Худ аз худ аён аст, ки Беларус барои ҷойгир ва истифода намудани яроқи термоядроии тактикӣ ҳамон ҳуқуқҳоро дорад,ки давлатҳои ғайриядроии Белгия, Олмон, Италия, Нидерландия, Туркия.Аврупоро ба зинаҳои авҷи низоъҳои ҷангии саросарӣ на Маскав ва на Минск бурда истодаанд,аммо ба ҳар ҳол онҳо ба таҷовузкорон интиқоми сахтро кафолат медиҳанд.Режими лӯхтакмонанди киевӣ 26 март даъват намудани ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти СММ-ро талаб намуд,то ба”таҳдиди ядроӣ”-и Русия муқовимат карда шавад.Намояндаи расмии ВКХ ФР Мария Захарова аз ҳуқуқи Маскав барои қабули чораҳои зарурӣ барои таъимини амнияти Русия ва иттифоқчиёнаш ёдовар шуд:“Дар фарқият аз НАТО,ки омехтаи бесари тобеи ИМА мебошад,дар мавриди мо сухан дар бораи Давлати иттифоқчие меравад,ки расман доктринаи умумии низомӣ дорад.Бинобар ин,сухан дар бораи таъмини чораҳои амниятие меравад,ки аз ҷониби Давлати иттифоқ дар қаламрави худии ҳудудҳои умумидавлатӣ андешида мешаванд.”Дар ВКХ Беларус қайд намуданд,ки ҳамкории низомӣ бо Русия дар доираи қонун аст.Ҷумҳурии Беларус маҷбур аст ба зиёд гардидани иқтидори НАТО дар кишварҳои ҳамсоя вокуниш нишон дихад.Омӯзонидани сарнишинҳои белорусии қобилияти идоракунии тайёраҳоро бо лавозимоти махсуси ҷангӣ дошта ва интиқоли яроқҳои ҷангӣ дар қаламрави Беларус ба конунҳои байналмилалӣ мухолифат намекунанд.Дар як вақт рӯзномаи il Fatto Quotidiano луқмаи барои Киев ва Вашингтон нохушоянди сиёсатмадори варзидаи итолёвӣ, собиқ намоянда дар Иттиҳоди Аврупо Барбара Спинеллиро нашр намудааст:“Украина барои хатогиҳояш, барои ваъдахои иҷронокардааш,барои худписандиаш, барои бефароатии Ғарб дар муносибат бо Русия пас аз даҳсолаҳои ҷанги сарди таҳти роҳбарии шаш маъмурияти ИМА суратгирифта нишон додааш, бо нархи марги даҳҳо ҳазор кушташудагон пардохт намуда истодааст.Роҳбаладест, ки аз дурандешӣ маҳрум асту кадоме таи 34 соли охир ҳама ҷо бесарусомонӣ бо бор овардаву онро “тартиби аз рӯи қоида асос ёфта”ном мебарад,воқеан-аз рӯи қоидаҳои амрикоӣ”.Русия ва Беларус қоидаҳоро ба манфиати ҷаҳони бисёрқутба дигар намуда истодаанд. Ба манфиати амнияти ҷаҳони ягона ва тақсимнашаванда барои аксариятбарои 89 % инсоният, ки ба кишварҳои НАТО мансуб нестанд.Ҷаҳлатпарастии Ғарб ба ҷойгир намудани яроқи ядроии русиягӣ дар замини Беларус таъсир расонида наметавонад.Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
https://sputnik.tj/20230330/artishi-chin-omoda-neruho-rusiya-hamkori-1055852744.html
https://sputnik.tj/20230327/javob-rusiya-gululaho-urandor-britaniyo-amaliyot-1055795293.html
https://sputnik.tj/20230327/ajalai-intiqol-abrams-ukraina-shikast-ukrain-nato-1055783700.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032887143_315:0:3044:2047_1920x0_80_0_0_1fbe21082871c34d8cd8f45cbf305f8c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
дар русия, белорус, амният ва мудофиа
дар русия, белорус, амният ва мудофиа
Махсусиятҳои ҷойгиркунии яроқи ҳастаии русиягӣ дар Беларус
18:45 30.03.2023 (Навсозишуда: 19:04 30.03.2023) Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Ҷойгир намудани яроқи ҳастаӣ дар қаламрави Белорус-ин ҷавоби комилан мувофиқ ва ботаҳаммули давлати Иттифоқчӣ ба сиёсати таҷовузкоронаи Ғарб мебошад
Аз ҷиҳати ҷурғофиву вазифоӣ ба самти Аврпои Шарқӣ “варам кардан”-и иттифоқи низомии НАТО, ки ба Вашингтон тобеъ аст, ба таҳдиди нобудсозии ҷисмонии НАТО ва худи ИМА табдил меёбад.
Агар Вашингтон инкор намудани воқеияти ҷаҳони бисёрқутбӣ ва маҷмӯи масъалаҳои баробару тақсимнашаванда будани амниятро идома диҳад, яроқи ҳастаии Русия бо эҳтимолият ва қонунияти зиёд дар дигар нуқтаҳои барои Амрико ҳассоси сайёра “тасвири адолат”-ро оғоз менамояд.
Бо ташаббуси тарафи беларусӣ, Минск ва Маскав дар бораи дар қаламрави Ҷумҳурии Беларус ҷойгир намудани яроқи ядроии русиягӣ ба мувофиқа расиданд. Президенти Русия Владимир Путин 25 март аниқ кард: ”Аз 1 апрел ба омӯзонидани сарнишинҳо оғоз менамоем. Ва 1 июл сохтмони анбори махсусро барои нигоҳдории яроқи ҳастаии тактикӣ ба анҷом мерсонем”.
Бобати тайёраҳои интиқолдиҳандаи чунин яроқҳо ҳарф зада, Путин қайд намуд, ки Русия аллакай ба Беларус маҷмӯи мушакҳои“Искандар”-ро додааст, барои азнавтаҷҳизонии тайёраҳо кумак расонидааст.Изҳороти чанде пеш намудаи Британия дар бораи ба Украина интиқол додани лавозимоти ҷангии дорои урани тиҳишуда амалишавии ин лоиҳаи Русия ва Беларусро тезонид.
Худ аз худ маълум аст, ки амали мустаҳкамсозии амнияти давлати иттифоқ уҳдадориҳои байналхалқии Русия ва Ҷумҳурии Беларусро вайрон намекунад.Имрӯз Маскав ва Минск кореро карда истодаанд, ки Вашингтон ва иттифоқчиёни аврупоиаш тайи даҳсолаҳо амалӣ намуда истодаанд.
Пентагон дар пойгоҳҳои ҳавоии Олмон, Италия, Белгия, Нидерландия ваТуркия садҳо бомбаҳои термоядроии навъи B61-ро барои эҳтимолияти ҳуҷум ба Русия бо иштироки қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии сермиллати НАТО нигоҳ медорад.
Дар сурати сар задани низои ҷангии маҳаллӣ бо яке аз кишвархои ҳамсарҳади душман Беларус воситаи басо самараноки худмуҳофизаткунӣ-яроқи ядроии тактикиро соҳиб мешавад, ки аз онҳо алайҳи хасм сарнишинон ва мушакзанҳои белорусӣ –пас аз мувофиқаи пешакиашон бо ҳамтоёни русиягӣ ба таври таъҷилӣ истифода бурда метавонанд.
Дурии парвози барои маҷмӯи мудофиаи заддиҳавоии НАТО ноаёни мушакҳои фароовози навъи ОТРК-и“Искандар”-то 500 км ба мутахассисони беларусӣ имкон медиҳад, ки нафақат қаламрави Украина, балки ҳудудҳои Лаҳистон, Словакия, Литва, Латвия, Эстонияро зери нишон нигоҳ доранд.
Минбаъд ҷанги барқсон истисно мешавад ва ҳамсояҳо дар сарҳади Белорус яроқашонро боэҳтиёттар ҷарангос мезанонанд. Иёлоти муттаҳидаи Амрико пештар ҳамаи ҷаҳонро бовар кунониданӣ мешуданд, ки сиёсати таҷовузкоронаи онҳо дар Украина афзоиши эҳтимолияти ҷангӣ ҳастӣ оварда намерасонад.
Минск ва Маскав ин афсонаро барбод доданд. Ғарб ба мустаҳкамшавии ҳастаии давлатҳои ба ҳам иттифоқ вокуниши дардовар нишон дод ва дарк менамояд, ки вазъият “хатарноктару воҳиманоктар мегардад.”
ИМА изҳор дошт, ки“паёмадҳояшро мушоҳида хоҳад кард”. НАТО изҳороти Путинро“бемаъулиятона”номид, Иттиҳоди Аврупо бо таҳримҳои нав таҳдид кард. Собиқ президенти Амрико Доналд Трамп бошад аз ҳамватанонаш даъват намуд, ки “дуо кунанд”.
Дар ҳақиқат, тарсовар аст. Яке Русия “таҷрибаи амрикоӣ”-ро вусъат диҳад ва бисёр кишварҳо дар сайёра амнияти миллии худро бо сипари тактикии ядроии Федератсияи Русия мустаҳам намуда метавонанд -ин ҳолат ба амрикоиҳо ягон чизи хуб ваъда намекунад.
Пешомади “ҳамкории ҳастаӣ”-и Беларус ва Русияро моҳи июни соли 2022 Владимир Путин, замоне ки додани мушакҳои “Искандар”-ро ба Беларус эълон дошт, аниқ карда буд. Ва ҳамзамон имконияти такмилдиҳии тайёраҳои Су-25-и қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Ҷумҳурии Беларусро, ки имкони интиқоли кулоҳи ҳастаиро доранд, муҳокима намуда буд. Президенти Русия зикр намуда буд, ки Беларус онҳоро дар давоми чанд моҳи наздик мегирад–бо мушкҳои баллистикӣ ва болдор, ки онҳоро "ҳам дар реҷаи анъанавӣ ва ҳам дар реҷаи ҳастаӣ истифода бурдан мумкин аст”.
Он вақт дар Аврупо чунин меҳисобиданд, ки“мавқеи ҳалкунандаи ИМА ва НАТО“аз пайдошавии яроқи ҳастаӣ дар Беларус пешгирӣ менамояд.
Манмании аз андоза зиёди Вашингтон ва Брюссел ба қарори Маскаву Минск таъсир расонида натавонист. Президенти Беларус Александр Лукашенко моҳи августи соли 2022 эълон дошт:”Ҳамааш тайёр!”
Бомбаандозҳои ҷангии беларусии Су-24М якум шуда имконияти бурдани яроқи ҳастаиро пайдо намуданд ва онҳо дар ҳолати омодабош ба иғвогариҳо (аз ҷониби Ғарб) қарор доранд. Мақсадҳо барои зарбаҳои ҷавобиву мутақобил муайянанд.
Қобилияти дар релефи маҳал мудаввар -ҳам шабонаву ҳам рӯзона-парвоз намудани Су-24М дар баландии на он қадар зиёд ин тайёраи бомбаандозро барои воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоии душман комилан ноаён месозад ва кафолати то ба нишон расонидани яроқу аслиҳаи тактикии ядроиро медиҳад.
Су-24М, ки қобилияти бардоштани то 8 тонна сарбории ҷангиро дорад,метавонад то чаҳор адад бомбаҳои ҳушманди навъи 1500 килограммаро (УПАБ-1500) кашонад.Суръати ҳаракати ин тайёра дар наздикии замин -1400 км/соат,дар баландӣ-2320 км/соат.Радиуси ҷангиаш-то 1300 км.
Нашрияи амрикоии Military Watch дар ҳайати қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Беларус 30 тайёраи Су-24М-ро -ғайр аз садҳо мошинаҳои якнавъаи дигар,ки онҳоро эҳтимолан Русия дода бошад,ҳисоб намудааст.Қувваҳои ҳавоӣ-ҳарбии Беларус имконияти ҳамгиро намудани яроқи ядроиро бо қиркунандаҳои вазнини навъи Су-30СМ доранд.
Дар баробари“Искандар”-и Русия Минск бо дастгирии Маскав маҷмӯи мушакии навъи белорусии оперативӣ-тактикиро таҳия намуда истодааст.Мушакҳои фароовозии нишонрасиашон дакиқи“Искандар"бо суръати 8Мах парвоз намуда,дар театри амалиёти ҷангии Украина нишонҳоро бо кафолаташ нобуд месозанд.
Худ аз худ аён аст, ки Беларус барои ҷойгир ва истифода намудани яроқи термоядроии тактикӣ ҳамон ҳуқуқҳоро дорад,ки давлатҳои ғайриядроии Белгия, Олмон, Италия, Нидерландия, Туркия.
Аврупоро ба зинаҳои авҷи низоъҳои ҷангии саросарӣ на Маскав ва на Минск бурда истодаанд,аммо ба ҳар ҳол онҳо ба таҷовузкорон интиқоми сахтро кафолат медиҳанд.
Режими лӯхтакмонанди киевӣ 26 март даъват намудани ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти СММ-ро талаб намуд,то ба”таҳдиди ядроӣ”-и Русия муқовимат карда шавад.
Намояндаи расмии ВКХ ФР Мария Захарова аз ҳуқуқи Маскав барои қабули чораҳои зарурӣ барои таъимини амнияти Русия ва иттифоқчиёнаш ёдовар шуд:
“Дар фарқият аз НАТО,ки омехтаи бесари тобеи ИМА мебошад,дар мавриди мо сухан дар бораи Давлати иттифоқчие меравад,ки расман доктринаи умумии низомӣ дорад.Бинобар ин,сухан дар бораи таъмини чораҳои амниятие меравад,ки аз ҷониби Давлати иттифоқ дар қаламрави худии ҳудудҳои умумидавлатӣ андешида мешаванд.”
Дар ВКХ Беларус қайд намуданд,ки ҳамкории низомӣ бо Русия дар доираи қонун аст.
Ҷумҳурии Беларус маҷбур аст ба зиёд гардидани иқтидори НАТО дар кишварҳои ҳамсоя вокуниш нишон дихад.
Омӯзонидани сарнишинҳои белорусии қобилияти идоракунии тайёраҳоро бо лавозимоти махсуси ҷангӣ дошта ва интиқоли яроқҳои ҷангӣ дар қаламрави Беларус ба конунҳои байналмилалӣ мухолифат намекунанд.
Дар як вақт рӯзномаи il Fatto Quotidiano луқмаи барои Киев ва Вашингтон нохушоянди сиёсатмадори варзидаи итолёвӣ, собиқ намоянда дар Иттиҳоди Аврупо Барбара Спинеллиро нашр намудааст:“Украина барои хатогиҳояш, барои ваъдахои иҷронокардааш,барои худписандиаш, барои бефароатии Ғарб дар муносибат бо Русия пас аз даҳсолаҳои ҷанги сарди таҳти роҳбарии шаш маъмурияти ИМА суратгирифта нишон додааш, бо нархи марги даҳҳо ҳазор кушташудагон пардохт намуда истодааст.
Роҳбаладест, ки аз дурандешӣ маҳрум асту кадоме таи 34 соли охир ҳама ҷо бесарусомонӣ бо бор овардаву онро “тартиби аз рӯи қоида асос ёфта”ном мебарад,воқеан-аз рӯи қоидаҳои амрикоӣ”.
Русия ва Беларус қоидаҳоро ба манфиати ҷаҳони бисёрқутба дигар намуда истодаанд. Ба манфиати амнияти ҷаҳони ягона ва тақсимнашаванда барои аксариятбарои 89 % инсоният, ки ба кишварҳои НАТО мансуб нестанд.
Ҷаҳлатпарастии Ғарб ба ҷойгир намудани яроқи ядроии русиягӣ дар замини Беларус таъсир расонида наметавонад.
Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.