Ҷавоби Русия ба гулӯлаҳои урандори британиёӣ дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ чист?

© Sputnik / Александр Гальперин / Гузариш ба медиабонкРабота железнодорожных войск в зоне СВО
Работа железнодорожных войск в зоне СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2023
Обуна шудан
Фиристодани яроқу аслиҳаи дорои урани тиҳишуда –нишони шикасту ноумедии Ғарб назди фалокати наздикшудаистода мебошад
ДУШАНБЕ, 27 мар – Sputnik. Истифодаи эҳтимолии чунин гулӯлаҳо дар қаламравҳои нави Русия –ҷиноёти бе мӯҳлати амали қувваҳои мусаллаҳи Украина ва НАТО хоҳад буд, зеро чанги ҳастаӣ дар ҷойи чунин ҷангҳо садсолаҳо барои аҳолии осоишта марговар боқӣ мемонад.
Давлати абарқудрати Русия, ки дорои мушакҳову аслиҳаи ҳастаӣ мебошад,Югославия нест ва ҷазои сазовор гирифтани афрӯзандагони ҷанг аз НАТО ногузир аст.
Пешгомии қувваҳои Русия дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ-дар Артёмовск, Авдеевка ва Северск, мустаҳкам гардидани ҳамкориҳои Русияву Чин,пуштибонии кишварҳои “Ҷануби калон”аз Русия дар ИМА ва кишварҳои дигар вокуниши пурҳаросу воҳимаангезро ба миён овард.
Қоидаҳои анъанавӣ,киаз қонунҳои нонавиштаи ба Ғарб қулаи Вашингтон асос ёфта буданд,вайрон шуда истодаанд. Режими киевӣ ҷанги бо дастони бегонагон оғознамудаи амрикоиҳоро бохта истодааст.
Международные военные учения Summer Shield XIV в Латвии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2023
Аҷалаи интиқоли "Абрамс"-ҳо ба Украина нишонаи шикасти стратегии артиши Украин ва НАТО аст
Анбоҳои яроқу аслиҳаи Пентагону НАТО барқсонтиҳӣ гардида истодаанд.Ба қарори зиддирусиягии суди лӯхтакмонанди гаагавӣ 90%-и инсоният тамасхур дорад. Дар кишварҳои Ғарб ҳарчӣ бештар андешаҳои солим садо медиҳанд,дар парлумони Руминия бошад аллакай таклифи баромадан аз НАТО-ро пеш овардаанд.
Ва дар ҳамин нуқтаи доғи таърих Британия гулӯлаҳои зиреҳшикани дилакашон урани тиҳидоштаи навъи L26A1 ва L27A1-ро барои танкҳои Challenger-2 ба Украина фиристоданист.Мӯҳлати санҷишии интиқоли онҳо охири моҳи март гуфта мешавад.
Президенти ФР Владимир Путин дирӯз изҳор дошт, ки Русия ба истифодаи яроқи дар таркибаш урандошта аз ҷониби Ғарб аксуламал нишон хоҳад дод.Ба андешаи вазири дифои ФР Сергея Шойгу“ҷаҳон як қадами дигар ба бархӯрди ҳастаӣ наздик шудааст.”
Пештар дар ҷараёни гуфтушунид бобати масъалаҳои ҷанги бехатар ва назорат аз болои яроқу аслиҳа дар Вена (ҳамоиши ОБСЕ) роҳбари намояндагии Русия Константин Гаврилов қайд намуд ки ба истифодаи гулӯлаҳои натогии дилакашаон аз урани тиҳашудадар Украина аз ҷониби Маскав чун оғози истифодаи бомбаҳои ифлоси ҳастаӣ бар зидди Русия “бо ҳамаи паёмадҳои марбутааш баҳо дода мешавад”
Церемония приветствия многонационального батальона НАТО под руководством США в польском Ожише - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
МакГрегор гуфт, ки бе пуштибонии НАТО артиши Украинаро чӣ интизор аст
Қувваҳои мусаллаҳи ФР силсилаи яроқҳои анъанавии дақиқиашон баланду парвозашон дурро барои ҷавоби таъҷилӣ додан ба истифодаи урани бритониёгӣ дар митақаи амммалиёти вижаро дорад.
Интихоби яроқи русиягӣ дар ин маврид аз устувории қарори сиёсии Маскав вобаста аст.Британиягиҳоро беш аз ҳама имконияти дидани “тӯфон ё худ тсунамии баландиаш 1000 фут“ дар даҳанаи Темза пас аз истифодаи “Посейдон” ба ҳаросу ҳаяҷон овардааст.

Нақшаи югославӣ

Дар Британия ба гунаҳгоркунии Русия бобати гулӯлаҳои дилакашон урани тиҳишудадор ҷавоб доданд:”Артиши Британия урани тиҳишударо дар гулӯлаҳои зиреҳшикани худ тӯли даҳсолаҳост, ки истифода мебарад.Ин қисмати таркибиву маъмулии ба яроқи ҳастаӣ ҳеҷ рабт надошта мебошад.”
Ба ҳар ҳол, Британия ният дорад тимсолеро созад,ки ба ИМА ва Олмон имкони ба танкҳо ва мошинаҳои ҷангии хушкигардаш дар Украина фиристодани аслиҳаи дорои урани тиҳишударо диҳад.
Тасодуфӣ нест,ки амрикоиҳо саросемаанд,то аллакай ҳамин тирамоҳ танкҳои Abrams-и навъи M1A1-ро ба ҷои чунин танкҳои ваъдагии навъи M1A2 пас аз таъмир ба Киев фиристанд.
Самолет МиГ-29 ВВС Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2023
МиГ-29-и лаҳистонӣ ва Су-25-и мақдунӣ кумакрасони Украина буда наметавонанд
Гулӯлаву тири тӯп бо дилаки аз урани тиҳишударо танкҳои Leopard-2, M1 Abrams, Challenger-2, БМП Bradley ва Marder доранд.Пас барои чӣ ҳоло НАТО ба лавозимоти ҷангии дорои урани тиҳишуда умед мебандад?Барои он, ки вазъияти фалокатоварро мушоҳид доранд ва барои аққалан то андозае қафо партофтани шикасти нанговари Украина ва 50 “кишвари донор”ба чунин амал даст задаанд.
Дар фарқ аз лавозмоти ҷангии анъанавӣ, ки онҳо оҳанро месӯзонанд,яроқидар таркибаш урани тиҳишуда дошта аз ҳисоби қувваи кинетикӣ зиреҳро ба осонӣ мешинканад.Уран-аз металлҳои вазнине дар сайёра аст ва урани тиҳишуда пасмондаи он пас аз истеҳсоли сӯзишвории ҳастаӣ ва ё худ сараки бомбаҳои ҳастаӣ мебошад.
Мили рахпечи тӯпи "Челленҷер"нишонрасиро беҳтар месозад ва дар як вақт суръати аввалаи гулӯларо суст мегардонад,ки барои шикастани зиреҳи душман зарур аст. Танки бритонӣ дар реҷаи “шикочӣ-тирандоз” (Hunter-Killer) аз бист нишон ҳамагӣ 8 ададдашро нобуд карада метавонад. Гулӯлаҳои Challenger-2-и дилакашон дорои урани тиҳишуда қодиранд аз масофаи 2 км зиреҳи ғафсиаш мутаносибан то 580 мм ва то 700 мм-ро шикананд.Чунин мошини ҷангии амрикоии навъи M829A3 низ зиреҳи то 700 мм-ро шикоф мекунад.
Қайд менамоем, ки ғафсии паҳлӯи танаи танки Т-72Б3 – 590 мм ва Т-80У – 780 мм-ро ташкил медиҳад. Амният ва қудрати ҷангии танки русиягии Т-90М бамаротиб боъэтимодтару баландтар аст.Мутахассисон чунин меҳисобанд,ки як танки уралии "Прорив" иқтидори ду "Абрамс"-и замонавиро дорад.
Военнослужащий артиллерийского расчета РСЗО Ураган вооруженных сил РФ работает по позициям ВСУ в южном секторе СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2023
Амалиёти низомии вижа: Имконияти зарбаҳои қувваҳои низомии Украина
Лекин моҳияти масъала дар ин нест.Урани тиҳишуда маҳалҳои истифода як чунин яроқро абадан заҳролуд менамоянд.Истифода гулӯлаҳои дорои дилаки урани тиҳишудаи бритонии навъи L26 ва L27 (ҳамсони гулӯлаҳои олмониву амрикоӣ) барои аҳолии осоишта ва муҳити зист паёмадҳои фоҷибор дорад.
Дар натиҷаи зарба бо чунин гулӯла ба ҳаво заррачаҳои заҳролудиашон баланди радиоактивӣ дар шакли чанги осон нафас мегирифта дар масофаи беш аз 40 км паҳн мешаванд,ки мӯҳлати заволи онҳо қариб 4 млрд сол мебошад.Пас аз “бомбаборонкунии радиоактивии” Югославия дар соли 1999 бисёрии ноҳияҳои Сербия тамоман холӣ шуданд.Ба якборагӣ омори бемориҳои саратон боло рафт.
Танҳо дар ҳавзаи Пчинск ҳамасола аз бемории саратон 800 нафар сокинони синну солашон аз 35 то 50 сола мефавтанд(ки баробари 10% аз теъдоди умумии сокинон мебошад). Ин ҷо 24 сол пеш тайёраҳои ҳуҷумкундаи амрикоии A-10 Thunderbolt бомбаҳои кассетавии ҳастаии бо урани 238ва ураени 236 ғанигардонидашударо болои низомиёни югославӣ партофтанд.
НАТО дар Югославия беш аз 31 ҳазор аслиҳаи дорои урани тиҳишударо бо вазни умуммии 15 тонна истифода бурдааст. Худи “нерӯҳои сулҳҷӯ” аз ИМА, Италия, Чехия,Греция, Испания ва Бельгия низ осеб диданд:садҳо нафар гирифтори бемории саратон гаштанд,тӯли чанд моҳ даҳҳо нафар аз ин беморӣ фавтиданд.
Даъвоҳои аскаронро Пентагон ва судҳои байналхалқӣ қабул накарданд. Судҳои италиёвӣ бошанд 253 даъвои хизматчиёни ҳарбиро, ки аз бомбаборонкуниҳои “дӯстона” бо аслиҳаи дорои уран дар Югославия осеб дида буданд, қонеъ гардониданд.
Сотрудники Управления специальных операций НАБУ приняли присягу в Киеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Украина барои ҳамлаи ҷавобӣ дар ҶМД низомиёни кофӣ надорад - мушовири Пушилин
Комисиияи вижаи СММ омилу сабаби ин ҳаводисро муайян карда натавонист. Аммо дар ҳисоботи махфии СММ, ки моҳи маи соли 1999 ба ВАО роҳ ёфт, ба яроқи дорои урани тиҳишуда чунин баҳо дода шудааст: ”Ин навъи аслиҳа пасмондаҳои ҳастаӣ буда,истифодабарии он басо зараровар ва хатарнок аст”.
Дар Ироқ ин фоҷеа такрор шуд.Тибқи маълумоти маҷаллаи бонуфузи Military Watch Magazine,пас аз истифодаи аслиҳа бо урани тиҳишуда дар соли 2003 духтурон мавҷи бемориҳои сааратони хун, саратони шуш, саратони майнаи сар,саратони ғадуди зери меъда ва саратони узвҳои таносулро ба қайд гирифтанд. Бисёр ҳодисаҳои мутатсия ё худ тағйироти хусусияти ирсии организм дар ин маҳалҳо ба қайд гирифта шуданд.
Бо урани тиҳишуда амрикоиҳо махсусан шаҳри Эл-Фалуҷро бошиддат бомбаборон намуданд. Професор Криса Басби байни 4800 нафар сокинони ин шаҳр пурсиш гузаронд ва ба натиҷае омад,ки афзоиши бемориҳои саратон бо бомбаборонкунӣ вобастагии бевосита дорад.
"Барои ба вуҷуд овардани чунинвазъият, бояд дар соли 2004 ягон таъсири хеле ҷиддии мутагенӣ ба амал омада бошад", мутатсия ё тағйиротҳо боиси вайроншавии ҷисми инсон мешаванд,қобилияти онро коҳиш медиҳанд ва метавонанд ба марги шахс оварда расонанд. Паёмадҳои ин баомбаборонкунӣ барои аҳолӣ ҳамсони оқибатҳои нафарони наҷотёфта дар Хиросима баъд аз таркиш бомби ҳастаӣ ва паҳншавии радиатсия – таҳшин боридан-шабеҳ аст”.
Пас аз ин, Маскав бояд бо интиқоли гулӯлаҳои НАТО-ии дорои ураниюм ба режими Киев чӣ гуна муносибат кунад? Русия ба истифодаи чунин силоҳ бар зидди нерӯҳои худ ё аҳолии осоиштаи минтақаҳои нав чӣ гуна муносибат карда метавонад? Танҳо ҷиддӣ.
Изҳороти раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 21 март дар нишасти хабарии муштарак бо Си Ҷинпин, раҳбари Чин дар бораи вокуниши иҷбории Русия ба истифодаи “силоҳи дорои урониюм” аз ҷониби Ғарб дар саҳнаи ҷанги Украина, ҳеҷ ҷои шубҳае надорад.
Послание президента РФ Владимира Путина Федеральному собранию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2023
Путин аз вокуниши Русия ба интиқоли урани тиҳишуда ба Украина ҳушдор дод
Если Вашингтон готов ради сохранения "гегемонии" трансформировать тағир додан, табдил кардан войну с Россией "до последнего украинца" в конфликт мирового масштаба "до последнего европейца и американца", пожалуй, "цунами высотой 1000 футов" первыми могут увидеть совсем не британцы.
Агар Вашингтон омода бошад, ки ба хотири нигоҳ доштани "Қудрати саросарии" худ ва тағйри ҷангро бо Русия "то охирин украинӣ" ва дар низои миқёси ҷаҳонӣ "то охирин аврупоӣ ва Амрикоӣ" табдил диҳад, эҳтимол аст "сунамии 1000 футиро аввалин шуда на мардуми Бритониё мебинанд.
Базгашт ба ҳақиқат –ба ҷаҳони бисёрқутба барои Амрико ва давлатҳои дигар дардовар аст, лекин ин интихоби қобили қабул байни интиқоми сахт(-и ҳастаӣ) шуда метавонад, ки он то як андоза ба ҳамаи далатҳои ҷангҷӯи блоки НАТО дахл дошта метавонад.
Лентаи хабарҳо
0