https://sputnik.tj/20230331/nato-ukraina-mirazh-umed-mebandad-1055895466.html
НАТО дар Украина ба “Мираж”-ҳо умед мебандад
НАТО дар Украина ба “Мираж”-ҳо умед мебандад
Sputnik Тоҷикистон
ИМА намедонад дар Украина чӣ гуна ба ғалабаи Русия роҳ надода низоъро ба охир расонад ва ба ҳамлаи ҷавобии баҳории артиши Украина, умед мебандад
2023-03-31T17:05+0500
2023-03-31T17:05+0500
2023-03-31T18:17+0500
украина
амалиёти вижа
русия
дар русия
фаронса
нато
ҳавопаймо
донбасс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055895306_0:0:3029:1705_1920x0_80_0_0_640cc3c5a93aabcaca784f5b5e27bde5.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik.“Аз мӯр мадад” гӯён аз ҳамаи дунё техникаи зиреҳпӯши кӯҳна ва яроқу аслиҳаву лавозимоти ҷангӣ барои режими киевӣ ҷамъ намуда,ИМА ва НАТО ба ҳуҷумҳои ҷавобии низомиёни Украина ва“торумор”-и артиши Русия дар минтақаҳои амамлиёти вижаи низомӣ умед мебанданд. Бозгашти калфолатнок ба воқеият барои Ғарби коллетивӣ ва лӯхтакҳои украинии онҳо хиҷилкунандаву дардовар хоҳад буд.Вашингтон ва думравони аврупоии ӯ намедонанд бо чӣ роҳ ба ғалабаи Русия роҳ надода, низоъи украиниро хотима бахшанд.Нақшаҳо нестанд, фақат аз рӯи одат яроқу аслиҳаро аз ҳисоби чизҳои нодаркор интиқол медиҳанд.Ва ба ҳуҷумҳои ҷавобии қувваҳои мусаллаҳи Украина умед доранд, ки ба гуфти сарвари Пентагон Ллойд Остин“имкониятҳои хеле хуб”-ро барои муваффақият доранд.Вазири мудофиаи ИМА метавонист бо чунин изҳорот дар кумитаи марбутаи Сенат фақат бе назардошти иқтидори Қуввахои мусаллаҳи ФР баромад кунад.Пештар Штаби генералии Қувваҳои мусаллаҳи Украина бо ҳамроҳии генералҳои Пентагон тарҳи зарбаҳои ҷавобии апрелиро ба Қрим -барои барҳам додани долони заминӣ ба ҶМД, вилоятҳои Запорожие ва Херсон-омода намуда буданд. Дар ду давра,бо фатҳи Днепр, бо ба даст овардани Мелитопол ва ҳам бо ҳуҷум ба Армянск ва Геническ. Лекин, гапи хона ба бозор рост намеояд.Дар олами маҷозии “девонакратия”-и ғарбӣ чунин меҳисобанд,ки зарбаи ҷавобии ғалабаовари украинӣ Маскавро ба гуфтушунид бо шартҳои Украина водор месозад.Ин ҷо“баргардонидани қаламравҳо”ва иҷрои“хостаҳо”-и ИМА дар назар аст.Аммо пай набурдан номумкин аст,ки маҷмӯи кӯмаки дастҷамъонаи 50 "давлатҳои донор"дар якҷоягӣ бо иқтидори низомии ураинӣ имкони“бар Русия дар майдони ҷанг ғалаба намудан” ва ё аққалан дигаргунсозии тавозуни қувваҳо дар минтақаҳои амалиёти вижаи низомиро намедаҳад.Ғарби гурӯҳӣ ва режими лӯхтакмонанди киевӣ ҷанги худро аллакай бохтанд,лекин қарор гирифта нметавонанд.Садҳо миллиард доллар ва евро ба“ғори бетаг”-и низои украинӣ рафтанд, ҳеҷ кас хоҳиши ҳисоб намудани зиёни дидаи НАТО-ро надорад ва намехоҳад масъулияти шикасти нави ҷурғофиву сиёсии “демократияи ғарб”-ро ба зимма гирад. Дар қаламрави се минтақаҳои ФР 29 март машқҳои азими қӯшунҳои мушакии таъиноти стратегӣ бо истифода аз гурӯҳҳои зудҳаракати “Ярс” аз иттиҳодияи мушакии Новосибирск оғоз гардиданд.Дар Кремл имрӯз хотиррасон намуданд,ки дар мавриди Украина барои расидан ба ҳадафҳои амалиёт истифодаи роҳу усулҳои сиёсӣ-дипломатӣ номумкин аст.Пештар котиби Шӯрои амнияти ФР Николай Патрушев изҳор дошта буд,ки Русия дилхоҳ касеро(ё давлатеро),ки ба мавҷудияташ хатар эҷод менамояд,нобуд хоҳад сохт. Президенти укранинӣ Владимир Зеленский дар мусоҳибааш бо Associated Press гила намуд,ки кишварҳои Ғарб бУкраина тайёра намедиҳанд,интиқоли дигар яроқҳо низ суст аст,ва боз маҷмӯи корношоями яроқу аслиҳа барои мудофиаи ҳавоиро баргардонидан лозим меояд.Дар ҳақиқат,думравони Вашингтон барои“пеш аз пода чанг хезонидан”саросема нестанд. Лаҳистон интиқоли қиркунандаҳои МиГ-29-и ваъдагиашро ба қувваҳои низомии Украина рад кард.Аз изҳороти вазири мудофиаи Франсия Себастян Лекорн бобати гуфтушунид бо Украина дар бораи интиқоли 40 адад қиркунандаҳои сабуки Mirage 2000, ки Ҷумҳурии панҷум аз Аморат харидорӣ карданӣ буд,тасодуфан парда бардошта нашудааст.Варшава ва Париж,чун дигар пойтахтҳои аврупоӣ, вобаста аз ҷалб гардидани Вашингтон ба низоъ,мавқеи хуро муайян менамоянд.Масалан Франсия ният дорад шумораи гулӯлаҳои 155-мм-и ба Украина интиқол дода истодаашро ду баробар зиёд намояд ва онро то ба 2000 дона дар як моҳ расонад,ки тақрибан нисфи“меъёр”-и шабонарӯзии қувваҳои мусаллаҳи Украина мебошад.Ёдовар мешавам,ки ИМА мекӯшад ин баҳор сатҳи истеҳсоли 20 ҳаз. гулӯлаҳои 155мм-ро дар як моҳ соҳиб шавад,охир маҷмӯи саноати ҳарбии Амрико 90%-и саноати ҳарбии ҳамаи кишварҳои НАТО-ро ташкил медиҳад.Амрикоиҳо дар мубориза барои нигоҳ доштани “яккаҳукмфармоӣ” омодаанд бисёре аз иттифоқчиёни худро қурбон намоянд ва ба масъалаи амнияти худ ва ба масъалаи воқеӣ будани иқтидори ядроии Русия муносибати басо ҷиддӣ доранд.Сардори Пентагон Ллойд Остин дар ҷаласаи кумитаи сенат оид ба масъалаҳои қувваҳои мусаллаҳ 28 март бори дигар қайд намуд,ки қиркунандаҳои F-16 дар марҳилаи ҳозираи ҷанги Украина кӯмак расонида наметавонанд.Киев чунин тайёраҳоро“дар оянда”гирифта метавонад,имрӯз бошад гӯё маҷмӯи мудофиаи зиддиҳавоӣ,яроқи нишонзаниашон аз масофаи дур ва техникаи зиреҳпӯш муҳимтар аст.Аслан,"Абрамс"-ҳои амрикоӣ барои қувваҳои мусаллаҳи Украина ҳоло омода нестанд, барои зарбаҳо ҷавобии муваффақ бошад "Леопард"-ҳо аз Олмон, Канада, Португалия ва Лаҳистон намерасанд.Интиқоли танкҳои замонавӣ ва мошинҳои ҷангии хушкигарди натогӣ даҳдонагӣ ҳисоб карда мешавад.Ҳузури танкҳои САУ Panzerhaubitze-2000, комплексҳои зентиву мушакии Patriot ва NASAMS дар майдони ҷанг хеле ночиз аст.Дар дар театри амалиёти низомии Укранина бештар техникаи зиреҳпӯши қадимаи М113,Spartan ва Stryker ба назар мерасад.Spartan метавонад ҳатто аз зӯри гулӯлаи худаш партофта ба паҳлӯ ғелад.Қувваҳом мусаллаҳи Украина, ҳамчунин,мошинаҳои “Хаммер”, боркашонҳои ҳарбии аз таъмир баровардашуда барои кашонидани дастгоҳҳои тӯпандози навъи М109, ки бо синну соли мӯҳтарам мили гулӯлаҳои навъи 155 мм ва 105 мм мепартофтаро кашол мебарад,доранд.Дар ҷангҳои самти Артёмовск низомиёни украинӣ аз тӯпҳои 85-миллиметраи навъи Д-44-и намунаи соли 1946 истифода мебаранд.Атиқа ҳам мепарронад.Дар асл ба Киев қувваҳо барои зарбаи ҷавобӣ аз рӯи меъёрҳои натогӣ намерасанд, бахусус набудани дастгирии пиёдамерганҳо тавассути тайёраҳо аз ҳаво ҳис карда мешавад.Қувваҳои низомии Украина воситаҳо барои мубориза бо қиркунандаҳои русиягӣ,ки дар мавзеъҳои амалиёти ҷангӣ нақши калидӣ мебозанд,надоранд.Ба ҷои чунин техника бесарнишинҳои зарбазан доранд,ки қариб ки бефоидаанд. Нерӯҳои кайҳониву ҳавоии Русия аз ҷониби худ барои баргардонидани ҳуҷумҳои ҷавобии артиши Украина омодаанд.Гурӯҳи ҳарбиёни русиягӣ дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ садҳо танкҳои нави Т-90М ва Т-72Б3М гирифтанд.Истеҳсоли яроқу аслиҳаи ҷангӣ дар иттиҳодияҳои саноати ҳарбиву мудофиавии Русия чандкарата афзудааст.Вазорати дифои Русия тасаввуроти воқеӣ дар бораи сатҳи “хороҷот”-и ҳозира ва ояндаи режими Киев ва НАТО дорад-танҳо дар шабонарӯзи гузашта дар мавзеи амалиёти вижаи низомӣ се танк, панҷ мошини ҷангии хушкигард ва мошинаҳои ҷангӣ(БТР), ҳафт тӯпи вазнини кӯтоҳмил, 15 мошинҳои ҷангии зиреҳпӯш,ва 535 хизматчиёни қувваҳои мусаллаҳи Украиа нобуд карда шуданд.Дар як соли амалиётҳои ҷангӣ артиши украинӣ 8400 танк ва мошинаҳои зиреҳпӯш,5520 яроқи тӯпзан ва ситемаи мушакии оташи силсилавӣ, 3620 бесарнишин, 630 тайёра ва чархбол, 410 маҷмӯи мушакҳои зенитиро аз даст дод.Рӯзномаи бонфузи American Conservative эътироф менамояд,ки сиёсати кӯтоҳандешонаи ИМА барои заиф гардонидани Русия ҷараёни гузариш ба тартиботи бисёрқутбаи ҷаҳониро метезонад. Мутаасифона,садҳо ҳазор аскарони украинии кушташуда ҳаргиз нахоҳанд донист, ки то кадом андоза дар Киев ва Вашингтон дар интихоби Бандера ва Байден ба хатогӣ роҳ додаанд.
https://sputnik.tj/20230330/lavrov-gharb-ishtirokchi-munoqisha-ukraina-1055872200.html
https://sputnik.tj/20230330/artish-ukraina-donetsk-340-sarboz-talaf-dod-1055867733.html
https://sputnik.tj/20230329/amaliyot-vizha-artemovsk-avdeevka-ghayrinizomisozi-ukraina-1055834419.html
https://sputnik.tj/20230327/ajalai-intiqol-abrams-ukraina-shikast-ukrain-nato-1055783700.html
https://sputnik.tj/20230323/mig-29-lahistoni-maqduni-kumak-ukraina-1055714715.html
украина
русия
фаронса
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055895306_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_83f8d77290bd864459240ce65190baf2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
русия, украина, нато, ҳавопаймо, мираж, амалиёти вижа, донбасс, ҳамлаи ҷавобӣ
русия, украина, нато, ҳавопаймо, мираж, амалиёти вижа, донбасс, ҳамлаи ҷавобӣ
НАТО дар Украина ба “Мираж”-ҳо умед мебандад
17:05 31.03.2023 (Навсозишуда: 18:17 31.03.2023) Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
ИМА намедонад дар Украина чӣ гуна ба ғалабаи Русия роҳ надода низоъро ба охир расонад ва ба ҳамлаи ҷавобии баҳории артиши Украина умед мебандад
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik.“Аз мӯр мадад” гӯён аз ҳамаи дунё техникаи зиреҳпӯши кӯҳна ва яроқу аслиҳаву лавозимоти ҷангӣ барои режими киевӣ ҷамъ намуда,ИМА ва НАТО ба ҳуҷумҳои ҷавобии низомиёни Украина ва“торумор”-и артиши Русия дар минтақаҳои амамлиёти вижаи низомӣ умед мебанданд.
Бозгашти калфолатнок ба воқеият барои Ғарби коллетивӣ ва лӯхтакҳои украинии онҳо хиҷилкунандаву дардовар хоҳад буд.
Вашингтон ва думравони аврупоии ӯ намедонанд бо чӣ роҳ ба ғалабаи Русия роҳ надода, низоъи украиниро хотима бахшанд.Нақшаҳо нестанд, фақат аз рӯи одат яроқу аслиҳаро аз ҳисоби чизҳои нодаркор интиқол медиҳанд.Ва ба ҳуҷумҳои ҷавобии қувваҳои мусаллаҳи Украина умед доранд, ки ба гуфти сарвари Пентагон Ллойд Остин“имкониятҳои хеле хуб”-ро барои муваффақият доранд.
Вазири мудофиаи ИМА метавонист бо чунин изҳорот дар кумитаи марбутаи Сенат фақат бе назардошти иқтидори Қуввахои мусаллаҳи ФР баромад кунад.
Пештар Штаби генералии Қувваҳои мусаллаҳи Украина бо ҳамроҳии генералҳои Пентагон тарҳи зарбаҳои ҷавобии апрелиро ба Қрим -барои барҳам додани долони заминӣ ба ҶМД, вилоятҳои Запорожие ва Херсон-омода намуда буданд. Дар ду давра,бо фатҳи Днепр, бо ба даст овардани Мелитопол ва ҳам бо ҳуҷум ба Армянск ва Геническ. Лекин, гапи хона ба бозор рост намеояд.
Дар олами маҷозии “девонакратия”-и ғарбӣ чунин меҳисобанд,ки зарбаи ҷавобии ғалабаовари украинӣ Маскавро ба гуфтушунид бо шартҳои Украина водор месозад.
Ин ҷо“баргардонидани қаламравҳо”ва иҷрои“хостаҳо”-и ИМА дар назар аст.Аммо пай набурдан номумкин аст,ки маҷмӯи кӯмаки дастҷамъонаи 50 "давлатҳои донор"дар якҷоягӣ бо иқтидори низомии ураинӣ имкони“бар Русия дар майдони ҷанг ғалаба намудан” ва ё аққалан дигаргунсозии тавозуни қувваҳо дар минтақаҳои амалиёти вижаи низомиро намедаҳад.
Ғарби гурӯҳӣ ва режими лӯхтакмонанди киевӣ ҷанги худро аллакай бохтанд,лекин қарор гирифта нметавонанд.Садҳо миллиард доллар ва евро ба“ғори бетаг”-и низои украинӣ рафтанд, ҳеҷ кас хоҳиши ҳисоб намудани зиёни дидаи НАТО-ро надорад ва намехоҳад масъулияти шикасти нави ҷурғофиву сиёсии “демократияи ғарб”-ро ба зимма гирад. Дар қаламрави се минтақаҳои ФР 29 март машқҳои азими қӯшунҳои мушакии таъиноти стратегӣ бо истифода аз гурӯҳҳои зудҳаракати “Ярс” аз иттиҳодияи мушакии Новосибирск оғоз гардиданд.
Дар Кремл имрӯз хотиррасон намуданд,ки дар мавриди Украина барои расидан ба ҳадафҳои амалиёт истифодаи роҳу усулҳои сиёсӣ-дипломатӣ номумкин аст.
Пештар котиби Шӯрои амнияти ФР Николай Патрушев изҳор дошта буд,ки Русия дилхоҳ касеро(ё давлатеро),ки ба мавҷудияташ хатар эҷод менамояд,нобуд хоҳад сохт. Президенти укранинӣ Владимир Зеленский дар мусоҳибааш бо Associated Press гила намуд,ки кишварҳои Ғарб бУкраина тайёра намедиҳанд,интиқоли дигар яроқҳо низ суст аст,ва боз маҷмӯи корношоями яроқу аслиҳа барои мудофиаи ҳавоиро баргардонидан лозим меояд.
Дар ҳақиқат,думравони Вашингтон барои“пеш аз пода чанг хезонидан”саросема нестанд. Лаҳистон интиқоли қиркунандаҳои МиГ-29-и ваъдагиашро ба қувваҳои низомии Украина рад кард.
Аз изҳороти вазири мудофиаи Франсия Себастян Лекорн бобати гуфтушунид бо Украина дар бораи интиқоли 40 адад қиркунандаҳои сабуки Mirage 2000, ки Ҷумҳурии панҷум аз Аморат харидорӣ карданӣ буд,тасодуфан парда бардошта нашудааст.
Варшава ва Париж,чун дигар пойтахтҳои аврупоӣ, вобаста аз ҷалб гардидани Вашингтон ба низоъ,мавқеи хуро муайян менамоянд.
Масалан Франсия ният дорад шумораи гулӯлаҳои 155-мм-и ба Украина интиқол дода истодаашро ду баробар зиёд намояд ва онро то ба 2000 дона дар як моҳ расонад,ки тақрибан нисфи“меъёр”-и шабонарӯзии қувваҳои мусаллаҳи Украина мебошад.
Ёдовар мешавам,ки ИМА мекӯшад ин баҳор сатҳи истеҳсоли 20 ҳаз. гулӯлаҳои 155мм-ро дар як моҳ соҳиб шавад,охир маҷмӯи саноати ҳарбии Амрико 90%-и саноати ҳарбии ҳамаи кишварҳои НАТО-ро ташкил медиҳад.Амрикоиҳо дар мубориза барои нигоҳ доштани “яккаҳукмфармоӣ” омодаанд бисёре аз иттифоқчиёни худро қурбон намоянд ва ба масъалаи амнияти худ ва ба масъалаи воқеӣ будани иқтидори ядроии Русия муносибати басо ҷиддӣ доранд.
Сардори Пентагон Ллойд Остин дар ҷаласаи кумитаи сенат оид ба масъалаҳои қувваҳои мусаллаҳ 28 март бори дигар қайд намуд,ки қиркунандаҳои F-16 дар марҳилаи ҳозираи ҷанги Украина кӯмак расонида наметавонанд.
Киев чунин тайёраҳоро“дар оянда”гирифта метавонад,имрӯз бошад гӯё маҷмӯи мудофиаи зиддиҳавоӣ,яроқи нишонзаниашон аз масофаи дур ва техникаи зиреҳпӯш муҳимтар аст.
Аслан,"Абрамс"-ҳои амрикоӣ барои қувваҳои мусаллаҳи Украина ҳоло омода нестанд, барои зарбаҳо ҷавобии муваффақ бошад "Леопард"-ҳо аз Олмон, Канада, Португалия ва Лаҳистон намерасанд.Интиқоли танкҳои замонавӣ ва мошинҳои ҷангии хушкигарди натогӣ даҳдонагӣ ҳисоб карда мешавад.
Ҳузури танкҳои САУ Panzerhaubitze-2000, комплексҳои зентиву мушакии Patriot ва NASAMS дар майдони ҷанг хеле ночиз аст.
Дар дар театри амалиёти низомии Укранина бештар техникаи зиреҳпӯши қадимаи М113,Spartan ва Stryker ба назар мерасад.Spartan метавонад ҳатто аз зӯри гулӯлаи худаш партофта ба паҳлӯ ғелад.
Қувваҳом мусаллаҳи Украина, ҳамчунин,мошинаҳои “Хаммер”, боркашонҳои ҳарбии аз таъмир баровардашуда барои кашонидани дастгоҳҳои тӯпандози навъи М109, ки бо синну соли мӯҳтарам мили гулӯлаҳои навъи 155 мм ва 105 мм мепартофтаро кашол мебарад,доранд.
Дар ҷангҳои самти Артёмовск низомиёни украинӣ аз тӯпҳои 85-миллиметраи навъи Д-44-и намунаи соли 1946 истифода мебаранд.Атиқа ҳам мепарронад.
Дар асл ба Киев қувваҳо барои зарбаи ҷавобӣ аз рӯи меъёрҳои натогӣ намерасанд, бахусус набудани дастгирии пиёдамерганҳо тавассути тайёраҳо аз ҳаво ҳис карда мешавад.
Қувваҳои низомии Украина воситаҳо барои мубориза бо қиркунандаҳои русиягӣ,ки дар мавзеъҳои амалиёти ҷангӣ нақши калидӣ мебозанд,надоранд.Ба ҷои чунин техника бесарнишинҳои зарбазан доранд,ки қариб ки бефоидаанд.
Нерӯҳои кайҳониву ҳавоии Русия аз ҷониби худ барои баргардонидани ҳуҷумҳои ҷавобии артиши Украина омодаанд.Гурӯҳи ҳарбиёни русиягӣ дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ садҳо танкҳои нави Т-90М ва Т-72Б3М гирифтанд.Истеҳсоли яроқу аслиҳаи ҷангӣ дар иттиҳодияҳои саноати ҳарбиву мудофиавии Русия чандкарата афзудааст.
Вазорати дифои Русия тасаввуроти воқеӣ дар бораи сатҳи “хороҷот”-и ҳозира ва ояндаи режими Киев ва НАТО дорад-танҳо дар шабонарӯзи гузашта дар мавзеи амалиёти вижаи низомӣ се танк, панҷ мошини ҷангии хушкигард ва мошинаҳои ҷангӣ(БТР), ҳафт тӯпи вазнини кӯтоҳмил, 15 мошинҳои ҷангии зиреҳпӯш,ва 535 хизматчиёни қувваҳои мусаллаҳи Украиа нобуд карда шуданд.
Дар як соли амалиётҳои ҷангӣ артиши украинӣ 8400 танк ва мошинаҳои зиреҳпӯш,5520 яроқи тӯпзан ва ситемаи мушакии оташи силсилавӣ, 3620 бесарнишин, 630 тайёра ва чархбол, 410 маҷмӯи мушакҳои зенитиро аз даст дод.
Рӯзномаи бонфузи American Conservative эътироф менамояд,ки сиёсати кӯтоҳандешонаи ИМА барои заиф гардонидани Русия ҷараёни гузариш ба тартиботи бисёрқутбаи ҷаҳониро метезонад. Мутаасифона,садҳо ҳазор аскарони украинии кушташуда ҳаргиз нахоҳанд донист, ки то кадом андоза дар Киев ва Вашингтон дар интихоби Бандера ва Байден ба хатогӣ роҳ додаанд.