Оғози азнавтақсимкунии ҷаҳон аз сӯйи Амрико

© Sputnik / Игорь Михалев / Гузариш ба медиабонкФрагмент Капитолия Вашингтона
Фрагмент Капитолия Вашингтона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2023
Обуна шудан
Амрикоиҳо ва иттифоқчиёни онҳо кӯшида истодаанд, нуфузи афзудаистодаи Чинро бо таҳдид оҳози ҷанги калон боздорад.
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik, Михаил Катков. Австралия ба қарибӣ киштиҳои зериобии атомӣ мегирад, ки ин амал худ вайронкунии Созишнома дар бораи паҳн накардани яроқи ҳастаӣ мебошад. Пекинро ба чӣ омода менамоянд?.

Додугирифти ядроӣ

Мавзӯи асосии гуфтушкниди сарони далатҳои ИМА, Австралия ва Великобритания лар базаи ӣарбӣ-баҳрии ва Пойнт-Лома в Сан-Диего (иёлоти Калифорния) минбаъд мустаҳкам намудани AUKUS ё худ иттиҳоди ана ҳамин давлати сегона буд. AUKUS-ро якуним сол пеш бо мақсади “муътадил нигоҳ доштани вазъият дар минтақаи уқёнусҳои Ҳинду Ором” ташкил намуданд.
Пеш аз ҳама, сухан дар бораи азнавяроқноккунонии Австралия сухан рафт. Қарор шудааст, ки ба ин давлат технологияҳои истеҳсоли киштиҳои зариобии атомӣ, мушакҳои Tomahawk барои киштищои навъи Hobart, лавозимотҳои ҷангии JASSM ва LRASM барои қиркунандаҳои F-18 ва F-35, ҳамчунин системаи мушакҳои мавқеъгириашон дар заминро бо дорозои парвози зиёда 400 километр дода мешавад. Дар навбати худ Австралия ваъда дод, ки барои таҳияи якҷояи мушаку яроқҳои фароовозиву нишонзаниашон дақиқ мабллаҳ ҷудо менамояд.
Официальный представитель МИД РФ Мария Захарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2023
ВУХ-и Русия: Гузориши ҷадиди ИМА дар мавриди Афғонистон ин тафриқаафканӣ дар минтақа аст
Низомиёни австралиягӣ омӯзишро дар заминаи базаҳои ҳарбии иттифоқчиён хоҳанд гузашт. Киштиҳои зериобии ИМА ва Англия зуд-зуд ба бандарҳои Австралия хоҳанд даромад. Оғоз аз соли 2027 Вашингтон ва Лондон мунтазам ҷойивазкунии киштиҳои зериобии дар бандарҳои Австралияро таъмин менамоянд, то омода намудани мутахассисссони маҳаллиро тезонад.
Дар оҳози соли 2030 амрикоиҳо ба Канберр дастикам се киштии зериобии атомии Virginia доданианд. Австралиягоҳо дар оғози 2040 соҳиби киштиҳои зериобии истеҳсоли худӣ мегарданд. Дар 32 соли надик бошад барои бунёди флоти атомӣ онҳо 245 миллиард доллар масраф хоҳанд кард. Ҳоло бошад, киштиҳои зериобии атомиро фақат шаш давлат- Русии, Британия,Ҳиндустон, Чин, ИМА ва Фаронса доранд. .

Аждаҳои обӣ

Расман AUKUS (сегонаи Амрико, Австралия, Британия) зидди ягон давлат нигаронида нашудааст. Аммо сарвазири Британия Риши Сунак эълон дошт, ки таи 18 моҳи охир хатарҳо ба кишвараш зиёд шудаанд. Байни ин хатарҳо амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина ва иҷтидори афзудаистодаи Чин, амалҳои нооромкунандаи Эрон ва Кореяи Шимолӣ ном бурда мешаванд.Бо дарназардошти он, ки ин иттифоци сегонаи низомӣ дар минтақаи уқёнусҳои Ҳинду Ором амал менамояд, месазад, ки пеш аз ҳама Чин хавотирӣ кашад.
Осмотр летчиком боевого истребителя Миг-29СМТ на репетиции пилотажных групп военного парада, посвященного 65-й годовщине Великой Победы, которая состоялась в аэропорту Чкаловский. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Шабаҳи Киев" дар ИМА ба истифодаи мушаки AIM-120 бо ҷангандаҳои МиГ-29 омодагӣ мегирад
Азҷумла, рӯзномаи The Sydney Morning Herald чунин ақида дорад. Ин рӯзнома, вобаста ба чамъбасти мулоқот (саммит) навишта буд, ки Вашингтоок ва Лондон қудрати мудофиавии Австралияро назди таҳдидҳои Ҷумҳурии Халқии Чин пурқувват хоҳанд кард.
Дар як вақт, президенти ИМА Ҷо Байден эълон дошт, ки муносибати манфии Чин ба AUKUS-ро ташвиш намедиҳад.Ва ваъда дод, ки дар сурати бори саввум аз нав интиход шуданаш ба мақоми президентӣ ба Сӣ Ҷин Пин интихоб шуданаш ба телефонӣ дар тамос хоҳад шуд. Аммо ягон нишонаи он нест, ки дар пасманзари авҷ гирифтани зиддиятҳо Пекин омодаи чунин гуфтушунид бошад.
Маслан, ба гуфти сарвари хадамоти матбуотии департаменти давлатӣ Нед Прайс, вазири мудофеъ Ллойд Остин чанд маротиба кӯшиши бо ҳамтои чиниаш телефонӣ дар тамос шуданро намуд, лек ӯ ҷавоб надод.
Қобили зикр аст, ки роҳбари нави вазорати мудовиаи Чин Ли Шанфу аз соли 2018 инҷониб барои харидории тайёраҳои Су-35 ва маҷмааи мушакҳои зенитии С-400 таҳти таҳримҳои ИМА қарор дорад.
То он замон намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷаи Чин Ван Вэньбинь изҳор дошт, ки ИМА, Британия и Австралия хавотирии ҷомеаи ҷаҳониро сарфи назар намуда истодаанд ва бо роҳи “пурхатову пурхатар” ҳамоно пеш мераванд.
Председатель Госдумы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Володин: ИМА аз ҳисоби дигарон Украинаро дастгирӣ мекунад
Азҷумла, Пекин чунин меҳисобад, ки пениҳоди киштиҳои зариобии атомӣ ба Австралия ба паҳн намудани яроҷи ҳастаӣ мусоидат менамояд. Ва ҳам ба яроқнокшавӣ оғоз мебахшаду зарбае ба сулҳу субот дар минтақа хоҳад буд.
Рамзист, ки собиқ сарвазири Австралия аз ҳазби лейбористӣ Пол Китинг низ чунин нуқтаи назар дорад. Ба гуфти ӯ, бунёди флоти атомӣ барои Австралия-ин бадтарин қарори Канберрӣ хоҳад буд: ба ҷои ин мумкин буд 50 адад киштиҳои зериобии оддӣ харидорӣ намудан мумкин аст.
Ба ҳар ҳол, собиқ сарвари ҳукумати Австралия умумман мухолифи AUKUS мебошад. Ӯ боварӣ дорад, ки гуноҳи асосии Чин фақат дар он аст, ки иқтисодиёти дар нерӯ ҳамвазни иҷтисодиёти ИМА-ро ташкил тавонист. ИМА бошад мекӯдад Чинро “кӯбад” ва барои ин аз Австралия истифода мебарад. Ва дар ин маврид Австралия воситаи мубориза дар дасти бегонагон гаштааст.
Лентаи хабарҳо
0