ВУХ-и Русия: Гузориши ҷадиди ИМА дар мавриди Афғонистон ин тафриқаафканӣ дар минтақа аст

© Sputnik / Пресс-служба Министерства иностранных дел Российской Федерации / Гузариш ба медиабонкОфициальный представитель МИД РФ Мария Захарова
Официальный представитель МИД РФ Мария Захарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2023
Обуна шудан
Амрико бо интишори гузоришӣ аз илали суқути неруҳои амнияти миллӣ дар Афғонистон, талош кард то иҷмоъро дар минтақа шикоф диҳад
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Ин дар изҳороти намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова дар мавриди интишори ҳақоиқи таъмини молии хориҷии сиёсатмадорони фирории Афғонистон дар ИМА омадааст.
Ба гузориши Sputnik Афғонистон гузорише, ки дар 28 феврал мунташир шуд, Ҷон Супко, бозраси кули давлати ИМА барои бозсозӣ дар Афғонистон ишора кард, иштибоҳоти Вашингтон буд, ки ба суқӯти давлати Ҷумҳурии мавриди ҳимояти ғарб кумак кард.
Ин дипломат гуфт, муқассири аслии вазъияти ноумедкунандаи кунунӣ дар Афғонистони пас аз шикасти таҷрибаи 20 солааш дар эҷоди демократия ба сабки ғарбӣ дар ин кишварро мебинем, ки пайконҳоро тағйир диҳаду иҷмоъи минтақае мавҷудро тақсим кард.
Захарова ба изҳороти тарафи Амрико, ки бояд масъулияти аслии эҳёии иқтисоди Афғонистонро бар ӯҳда бигирад, тавваҷуҳ кард.
Афганские талибы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2023
Раҳбари толибҳо: Омодаи ҷиҳод берун аз Афғонистон бошед
Онҳо гузориш медиҳанд, ки "шахсиятҳои сиёсии афғон монанди Абдурашид Дӯстум муовини аввали раисҷумҳури Афонистон ва Ато Маҳмади Нур волии пешини вилояти Балх аз ҳинди ҳимоят молӣ дарёфт карданд".
Ин афроди замоне, бо нуфуз, ки ба тартиб худро ба унвони раҳбарони ҷавомеаи ӯзбеку тоҷик муаррифӣ мекарданд, дорои омодатарин воҳидҳои шабаҳинизомӣ дар шимол Афғонистон буданд ва ҳануз ҳам иддао мекунанд, ки фаъолона дар зиндагии сиёсӣ дар раванди интиқоли қудрат дар Афғонистон ширкат доранд, кишвару мардуми Афғонистон дар аввалин фурсат ба толибон таслим карданд ва ба хориҷ аз кишвар гурехтанд.
Ба гуфта намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия "ҳимояте, ки онҳо ироа карданд на танҳо ба тасбити вазъият дар кишвар ғарқ шуда дар ҷанги дохилӣ кумак накард, балки мунҷар ба мушкилоти хосе дар шаклгирӣ рӯйкардҳои муштарак дар қибол Афғонистон шуд.
Ҳалу фасл дар марҳалаи кунунӣ ба нафъи амнияти минтақа ва барқарории сулҳи баландмуддат дар Афғонистонаст.
Лентаи хабарҳо
0