https://sputnik.tj/20230305/volodin-ima-hisobi-digaron-ukraina-dastgiri-1055319103.html
Володин: ИМА аз ҳисоби дигарон Украинаро дастгирӣ мекунад
Володин: ИМА аз ҳисоби дигарон Украинаро дастгирӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо бо идома додани таъминоти силоҳ ба режими Киев, бар хилофи манфиатҳои миллӣ аз ҳисоби шаҳрвандони аврупоӣ амал мекунанд
2023-03-05T18:30+0500
2023-03-05T18:30+0500
2023-03-05T18:30+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёт
низомӣ
дар русия
има
сиёсат
вячеслав володин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/16/1054399829_0:0:2855:1606_1920x0_80_0_0_70e97f10ae424cab71d52cdd75c55e7b.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико миёни пуштибонҳои Украина аз нигоҳи таносуби хароҷот дар зинаи 12-ум қарор дорад. Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия дар саҳифааш дар "Telegram" иттилоъ дода, афзуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кишварҳои аврупоиро маҷбур мекунад, ки Украинаро аз ҳисоби некӯаҳволии шаҳрвандони худ маблағгузорӣ кунанд. Дар зимн худи ИМА барои Украина хароҷоти камтар доранд, таъкид намуд раиси Думаи давлатӣ. Вай тавзеҳ дод, ки ИМА аз рӯи харҷи нигоҳдории режими Киев дар ҷои 12-ум қарор дорад. Хароҷоти Амрико барои дастгирии Украина аз 0,37% ММД-и ин кишвар зиёд нест. Ба рӯйхати давлатҳое, ки бештари маблағҳои худро барои дастгирии низоми Украина харҷ мекунанд, Лаҳистон, Эстония, Латвия, Ҷумҳурии Чех, Литва, Словакия, Булғористон, Малта, Норвегия, Руминия ва Кипр дохил мебошанд. "Вашингтон бори дигар усули асосии сиёсати худро нишон дод, ки истифода бурдани дигар мамлакатҳо барои ноил шудан ба манфиатҳои худ мебошад", - гуфт Володин. Вай илова кард, ки кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба далели таҳримҳои зидди Русия, ки ба иқтисоди онҳо мисли бумеранг зарба зад, хароҷоти изофӣ бар дӯш мегиранд. Бо идома додани интиқоли силоҳ ба Киев раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо бар хилофи манофеи миллӣ аз ҳисоби шаҳрвандони аврупоӣ амал мекунанд, таъкид намуд роҳбари Думаи давлатӣ. Қаблан Маскав бо эътироз аз таҳвили силоҳ ба Украина изҳор дошт, ки ин аслиҳа барои Русия ҳадафи қонунии зарбазанӣ хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20230304/ima-peshgui-gharb-ukraina-rusiya-khulosa-nogahon-barovardand-1055313485.html
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/16/1054399829_5:0:2552:1910_1920x0_80_0_0_5a52f943e26a693ca980e20324717044.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, украина, маблағ, володин, харҷ
има, украина, маблағ, володин, харҷ
Володин: ИМА аз ҳисоби дигарон Украинаро дастгирӣ мекунад
Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо бо идома додани таъминоти силоҳ ба режими Киев, бар хилофи манфиатҳои миллӣ аз ҳисоби шаҳрвандони аврупоӣ амал мекунанд
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико миёни пуштибонҳои Украина аз нигоҳи таносуби хароҷот дар зинаи 12-ум қарор дорад.
Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия дар саҳифааш дар "Telegram" иттилоъ дода, афзуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кишварҳои аврупоиро маҷбур мекунад, ки Украинаро аз ҳисоби некӯаҳволии шаҳрвандони худ маблағгузорӣ кунанд.
Дар зимн худи ИМА барои Украина хароҷоти камтар доранд, таъкид намуд раиси Думаи давлатӣ.
Вай тавзеҳ дод, ки ИМА аз рӯи харҷи нигоҳдории режими Киев дар ҷои 12-ум қарор дорад. Хароҷоти Амрико барои дастгирии Украина аз 0,37% ММД-и ин кишвар зиёд нест.
Ба рӯйхати давлатҳое, ки бештари маблағҳои худро барои дастгирии низоми Украина харҷ мекунанд, Лаҳистон, Эстония, Латвия, Ҷумҳурии Чех, Литва, Словакия, Булғористон, Малта, Норвегия, Руминия ва Кипр дохил мебошанд.
"Вашингтон бори дигар усули асосии сиёсати худро нишон дод, ки истифода бурдани дигар мамлакатҳо барои ноил шудан ба манфиатҳои худ мебошад", - гуфт Володин.
Вай илова кард, ки кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба далели таҳримҳои зидди Русия, ки ба иқтисоди онҳо мисли бумеранг зарба зад, хароҷоти изофӣ бар дӯш мегиранд.
Бо идома додани интиқоли силоҳ ба Киев раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо бар хилофи манофеи миллӣ аз ҳисоби шаҳрвандони аврупоӣ амал мекунанд, таъкид намуд роҳбари Думаи давлатӣ.
Қаблан Маскав бо эътироз аз таҳвили силоҳ ба Украина изҳор дошт, ки ин аслиҳа барои Русия ҳадафи қонунии зарбазанӣ хоҳанд шуд.