Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

"Шабаҳи Киев" дар ИМА ба истифодаи мушаки AIM-120 бо ҷангандаҳои МиГ-29 омодагӣ мегирад

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкОсмотр летчиком боевого истребителя Миг-29СМТ на репетиции пилотажных групп военного парада, посвященного 65-й годовщине Великой Победы, которая состоялась в аэропорту "Чкаловский".
Осмотр летчиком боевого истребителя Миг-29СМТ на репетиции пилотажных групп военного парада, посвященного 65-й годовщине Великой Победы, которая состоялась в аэропорту Чкаловский. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2023
Обуна шудан
Вашингтон бо фиристодани ҷангандаҳои стандарти НАТО ба режими Киев барои истифода дар ҷанг дар минтақаи амалиёти вижаи Русия худро дар хатар гузоштанӣ нест
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. ИМА талаботи қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии артиши украиниро мекӯшанд бо харидории тайёраҳои қиркунандаи кӯҳнаи МиГ-29 аз кишварҳои мухталиф бо роҳи минбаъд якҷоя истифодани онҳо бо мушакҳои амрикии“ҳаво ба замин” ва “ҳаво ба ҳаво”қонеъ гардонад.
Намояндаи расмии Шӯрои амнияти миллии Кохи сафед Джон Кирби имрӯз изҳор дошт,ки омӯзонидани сарнишинҳои украинӣ дар базаи қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА дар иёлоти Аризона – ин омӯзонидани идоракунии тайёраҳои F-16 набуда,балки баҳодиҳии имкониятҳои мушакҳои нишонрасиашон дақиқ дар истифодаи якҷоя дар тайёраҳои қиркунандаи МиГ мебошад.
Вашингтон интиқоли тайёраҳои НАТО-ро ба Киев барвақт меҳисобад,аммо конгресси ин кишвар ҳанӯз моҳи июли соли 2022 барои ба сарнишинони украинӣ омӯзонидани идоракунии қиркунандаҳои амрикоии тамғаҳои F15 ва F16 100 млн. доллар маблағ ҷудо намуда буд.
Церемония приветствия многонационального батальона НАТО под руководством США в польском Ожише - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
МакГрегор гуфт, ки бе пуштибонии НАТО артиши Украинаро чӣ интизор аст
Рӯзи душанбе, 6 март, омӯзонидани муаммобори ду нафар аввалин сарнишинони артиши Украина дар қаламрави ИМА оғоз ёфт.
Президенти Украина Владимир Зеленский қиркунандаҳои амрикоии F-16-ро гарави ғалабаи Украина дар майдони ҷанг меҳисобад. Омори Вазорати дифои ФР аз он шаҳодат медиҳад,ки фиристодани тайёраҳои зарбазан мантиқе надорад,зеро таи танҳо як сол қариб 400 адад тайёраҳо ва зиёда аз 200 чархболҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина нобуд карда шуданд.
Тибқи маълумоти Ситоди генералии Русия,дар оғози амалиёти низомии махсус (24 феврали соли 2022) қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Украина ҳамагӣ 152 тайёра,азҷумла-85 қиркунанда доштанд.
Аз ин мебарояд, ки 250 тайёра аз теъдоди умумии 400 адад тайёраҳои нобудкардашудаи артиши Украина шояд 250 ададшон (бештарашон тамғаҳои МиГ-29, Су-27, Су-24 и Су-25-и истеҳсоли шӯравӣ ва Русия,ки бо маблағҳои Амрико аз тамои кишварҳо ҷамъ оварда шудаанд) аз Ғарб интиқол дода шуда бошанд.
Истифодаи якҷояи МиГ-29-и артиши мушакии Амрико тасодуфӣ нест.Охир ин қиркунандаи ҷангии насли чорум дорои мушакҳои идоракунанда буда,барои нобудсозии нишонҳои ҳавоии дилхоҳ намуд ва интиқолдиҳандагони тӯпҳо пешбинӣ гардидааст.
Пресс-конференция главы ДНР Д. Пушилина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Пушилин: Украина ба майдони озмоиши сенарияҳои хунини НАТО табдил ёфтааст
Суръати ниҳоии ин қиркунанда 2,4 ҳаз. км/соат. Баландии ниҳоии парвоз -18 ҳазор метр.Дарозии парвоз -2,1 ҳазор километр.Сарбории ҷангӣ-то 3000 тонна.Миг-29 яке аз маъмултарин тайёраҳои қиркунандаи истеҳсоли советӣ (русиягӣ) мебошад ва дар шаклҳои гунногун бо теъдоди 1,6 ҳазор адад истеҳсол карда шудааст.
Расман тайёраи Миг-29-ро 29 давлат, азҷумла-Украина, доранд.
Масалан, дар Лаҳистон аз замони шӯравӣ 50 адад тайёраҳои қиркунандаи тамғаи МиГ-29 мерос мондааст ва Варшава омода аст,ҳамаи онҳоро ба Киев диҳад.Руминия 24 адад қиркунандаи МиГ-29 дорад.Чанде пеш,ИМА 21 адад тайёраи МиГ-29-ро аз Молдова харидорӣ намуд.Тақдири 28 адад МиГ-29-и маҷористонӣ ва 12 адад чунин тайёраҳои булғорӣ норӯшан аст.Словакия дар оғози моҳи март омодагии худро барои додани 10 адад қиркунандаҳои МиГ-29 ба Украина баён дошт.
Ҳатто бе назардошти парки авиатсионии кишварҳои Осиё ва Аврупо дар маҷмӯъ 140 тайёраҳои қиркунандаи МиГ-29 –ро ҳисоб намудем, ки онҳоро ИМА метавонад барои Украина харидорӣ ва ё иваз намояд.
Муаммои барқарорсозиву омодагии техникии қиркунандаҳои МиГ-29-ро (ҳамчунин,бомбаандозҳои тамғаи Су-25 ва ҳуҷумкунандаҳои тамғаи Су-25 -ро) фақат заводи давлатии таъмири дастгоҳҳои авиатсионии Wojskowe Zakłady Lotnicze №2 дар Лаҳистон, ки базаи асосӣ барои таъмири “МиГ”-ҳо ва “СУ”-ҳо низ дар Аврупои шарқӣ маҳсуб меёбанд, ҳал намуда метавонад.
Президент Украины Владимир Зеленский, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Расонаҳо: Миёни президенту фармондеҳи нерӯҳои Украина нофаҳмӣ сурат гирифтааст
Хотиррасон менамоям, ки ба фаъолияти заводи авиатсионии Лвов ҳанӯз дар оғози амалиётҳои низомии махсус бо зарбаи мушак хатти батлон кашида буд.

“Маргталабон”-и украинӣ

Мавзӯи баҳс ин аст, ки чанд моҳ ё чанд сол зарур аст, ки сарнишинони украинӣ барои идора намуда тавонистани қиркунандаҳои F-16 и F-15 бозомӯзӣ гузаранд.
Мавҷуд набудани далели аққалан як ғалабаи “уқобон”-и укранинӣ дар ҷанги ҳавоӣ – ин худ маълумот барои мулоҳиза аст. “Шабаҳи Киев”, кадоме гӯё дар танҳоӣ шаш адад тайёраҳои Русияро нобуд карда бошад, афсонаи бофтаи ВАО-и украинӣ будааст.
Бартарии қиркунандаҳои авиатсияи қувваҳои кайҳониву низомии Русия (Су-57, Су-35С, Су-30СМ) дар минтақаи амалиёти махсуси низомӣ мутлақ асту дар ин маврид ҳеҷ ҷои шубҳа нест.Нобудсозии қиркунандаҳои Су-27 ва Су-24-и украинӣ бо мушакҳои Р-37М-и “ҳаво ба ҳаво”дар дар қаламрави берун (аз НАТО) бо парвоз дар масофаи 200 км-ро ҳатто сарчашмаҳои бритонӣ тасдиқ доранд.
Эҳтимол, ҳатто интиқоли мушакҳои амрикоии AIM-120 "ҳаво ба ҳаво"-и дарозои парвозашон то 180 км низ имконияти ғалабаи МиГ-29-и Украинаро намедиҳад. Пештар мутахассисони ИМА мушакҳои зиддирадиолокатсионии AGM-88 HARM-ро ба қиркунандаи МиГ-29 насб намуданд,лек ин ҳам тавозуни қувваҳоро дар театри амалиёти низомии Украина дигар накард.
Американские флаги на фоне Капитолия в Вашингтоне, США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2023
"Бас аст": ИМА талаб дорад, кӯмакҳо ба Украина қатъ карда шаванд
Вашингтон ба режими Киев қиркунандаҳои F-16-ро нафақат барои хавотириаш аз авҷгирии низои бевоситаи байни Русияву ИМА, балки бо сабаби афзалияти равшани технологии яроқҳои русӣ-ҷуръат намекунад фиристад.
Аз ҳама мушакҳои овозадори амрикоии "ҳаво ба ҳаво" AIM-120 ду баробар камтар аз мушакҳои ҳамсони русиягии Р-37М (то 400 км) дурии парвоз доранд. Мушакҳои Русия,бар замми ин, бо суръати 6 Махов ё худ 7192 км/дар як соат парвоз намуда,нишонро дар қаламрави дигар пас аз 3-4 дақиқаи парвоз нобуд месозанд.
Мушакҳои нишонрасиашон дақиқи AIM-120 ба қиркунандаҳои қувваҳои низомии Украина (МиГ-29, F-16 ё худ F-15) дар ягон ҳолат кӯмак расонида наметавонанд.Бинобар ин, ИМА бо нархи дастрас сарнишинон-маргталабони украиниро омода намуда истодааст,ки эшон шояд фақат як парвози ҷангӣ хоҳанд дошт.
НАТО ба Украина интиқоли яроқро васеътар менамояд. Роҳбари Пентагона Ллойд Остин девонавор кишварҳои Африқои шимолиро аз қаду бар мегардад,то аққалан даҳ ададӣ қиркунандаҳои муносибро ёбаду “канда гирад”.
Барои мисол, дар қуваҳои ҳарбиву ҳавоии Миср аз соли 2015 инҷониб зиёда аз 40 қиркунандаҳои МиГ-29 мавриди истифода қарор доранд.
Масхарабози асосӣ Зеленский қувваҳои мусаллаҳи Украинаро ба ҳуҷуми ҷавобии маргталабона омода намуда истодааст ва зиёд намудани кӯмаки ҳарбиро аз Ғарб исрор дорад.
Здание Пентагона в США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Пентагон бар он аст, ки низоъ дар Украина метавонад чанд сол давом кунад
Таҳти роҳбарии ИМА ва НАТО режими Киев бехудона талафоти бебозгашти қувваҳои низомии Украинаро афзоиш медиҳад ва бо ин амалаш аҳолии осоиштаи қаламрави таҳти назораташро гирифтори бадбахтиву қашшоқиву маҳрумиятҳо мегардонад. Асли воқеа нақшаҳои таҷовузкоронаи Вашингтон ва лӯхтакҳои украинии онҳоро бераҳмона ислоҳ менамояд.
Имрӯз қувваҳои мусаллаҳи Русия тавассути яроқи нишоррасиаш дақиқи дурпарвози мавқеи ҷойгиршавии ҳам ҳавоиву ҳам заминиву ҳам баҳрӣ дошта ,азҷумла- бо истифода аз мушакҳои мураккаби гиперовозии “Кинжал”- ба иншоотҳои калиди инфрасохтори низомии Украина ва коргоҳҳои комплекси саноати ҳарбии ин кишвар зарбаҳои шадид зад.
Ба ҳадаф расиданд:мавзеъҳои ҷойгиршавии бесарнишинҳо нобуд карда шуданд,ҷараёни интиқоли яроқ аз хориҷа, захираҳои ҷангӣ ва боркашонӣ тавассути роҳи оҳан халалдор гардид,иқтидорҳо барои таъмиру истеҳсоли лавозимоти ҷангӣ аз кор бароварда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0