https://sputnik.tj/20230312/rahbar-tolib-omoda-jihod-afghoniston-1055447384.html
Раҳбари толибҳо: Омодаи ҷиҳод берун аз Афғонистон бошед
Раҳбари толибҳо: Омодаи ҷиҳод берун аз Афғонистон бошед
Sputnik Тоҷикистон
Дар нишасти Қандаҳор раҳбари толибҳо мулло Ҳибатуллоҳ бо руасои манобеъи башарӣ масъалаи ҷиҳод берун марзӣ шиддат матраҳ кардааст
2023-03-12T16:30+0500
2023-03-12T16:30+0500
2023-03-12T16:30+0500
афғонистон
толибон
ҷанг
раҳбар
ҷиҳод
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101780/23/1017802383_0:0:5521:3106_1920x0_80_0_0_b03b9bd3efb1d2ab34817e40da8e4ff6.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар нишаст Ҳибатуллоҳ бо руасои манобеи башарии ниҳодҳои таҳти контроли толибҳо мавзуи ҷанги фаромарзӣ таъкид шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Бахш аз ин гузориш, ки ба як рӯзномаи хусӯсӣ расидааст нишон медиҳад, ки Ҳибутуллоҳ фармонони худро барои густариши ҷанги фаромарзӣ ташвиқ мекунад.Ба гуфта ӯ, ҷангҷӯёни толибҳо бояд зираҳояшонро бар тан кунанд ва барои ҳоким кардани шариат дар саросари ҷаҳон омода шаванд.Ӯ таъкид кард, ки рӯзе аъзои толибҳоро ба дигар нуқоти ҷаҳон эъзом хоҳад кард.Бар асоси ин аснод, дафтари раҳбари толибҳо бо ирсоли номае ба руасои манобеи башарии вазорати хонаҳо ва ниҳодҳои мустақили идории таҳти контроли ин гурӯҳ, хостори ташкили як нишаст дар вилояти Қандаҳори ин кишвар шудааст.Ҳибатуллоҳ дар бахше аз суханон худ гуфта, "инак ки ба шаҳрҳо омадаед мардуми шаҳрҳоро ҳам ба дини Аллоҳи мутаъол фаро хонда ва ононро то ҷое бо дин ошно кунед, ки дар тамоми Афғонистон ҳатто як фарди ҳам мухолиф боқӣ намонад.Вай гуфт, ҳама бояд таврии мусулмони воқеӣ ва мухлис шаванд ва шуморо он қадар ҳимоят кунанд то битавонед низоми исломиро дар тамоми ҷаҳон ҳоким созед.Раҳбари гурӯҳи толибон дар идома афзуда аст, ки ҳар замоне ки ҳамаи мардуми Афғонистони омодаи ҷонфидоӣ барои дин шуданд, дар он сурат ҳар куҷо, ки амри эъзомро бароятон содир намудам, шумо бояд он ҷо бируед.Вай идома додааст, ки агар воқеан хоҳони ҳокимияти дин ва шариат ҳастед пас омодаи қурбонӣ шавед ва зираро бапушед".Бар асоси ин аснод, дар ин нишасти 32 тан аз руасои манобеи башарӣ ниҳодҳои зери контроли толибҳо ахиран аз ҷаласа ба гунаи расмӣ ва шахсе ба Қандаҳор фарохонда шуданд.
https://sputnik.tj/20230312/dargiri-marzi-tojikiston-afghoniston-1055440706.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101780/23/1017802383_267:0:5174:3680_1920x0_80_0_0_20b03ae07295bcf6154f521675c2e416.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, осиёи марказӣ, толибҳо, ҷиҳод,марз, раҳбари толибҳо
афғонистон, осиёи марказӣ, толибҳо, ҷиҳод,марз, раҳбари толибҳо
Раҳбари толибҳо: Омодаи ҷиҳод берун аз Афғонистон бошед
Дар нишасти Қандаҳор раҳбари толибҳо мулло Ҳибатуллоҳ бо руасои манобеъи башарӣ масъалаи ҷиҳод берун марзӣ шиддат матраҳ кардааст
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар нишаст Ҳибатуллоҳ бо руасои манобеи башарии ниҳодҳои таҳти контроли толибҳо мавзуи ҷанги фаромарзӣ таъкид шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Бахш аз ин гузориш, ки ба як рӯзномаи хусӯсӣ расидааст нишон медиҳад, ки Ҳибутуллоҳ фармонони худро барои густариши ҷанги фаромарзӣ ташвиқ мекунад.
Ба гуфта ӯ, ҷангҷӯёни толибҳо бояд зираҳояшонро бар тан кунанд ва барои ҳоким кардани шариат дар саросари ҷаҳон омода шаванд.
Ӯ таъкид кард, ки рӯзе аъзои толибҳоро ба дигар нуқоти ҷаҳон эъзом хоҳад кард.
Бар асоси ин аснод, дафтари раҳбари толибҳо бо ирсоли номае ба руасои манобеи башарии вазорати хонаҳо ва ниҳодҳои мустақили идории таҳти контроли ин гурӯҳ, хостори ташкили як нишаст дар вилояти Қандаҳори ин кишвар шудааст.
Ҳибатуллоҳ дар бахше аз суханон худ гуфта, "инак ки ба шаҳрҳо омадаед мардуми шаҳрҳоро ҳам ба дини Аллоҳи мутаъол фаро хонда ва ононро то ҷое бо дин ошно кунед, ки дар тамоми Афғонистон ҳатто як фарди ҳам мухолиф боқӣ намонад.
Вай гуфт, ҳама бояд таврии мусулмони воқеӣ ва мухлис шаванд ва шуморо он қадар ҳимоят кунанд то битавонед низоми исломиро дар тамоми ҷаҳон ҳоким созед.
Раҳбари гурӯҳи толибон дар идома афзуда аст, ки ҳар замоне ки ҳамаи мардуми Афғонистони омодаи ҷонфидоӣ барои дин шуданд, дар он сурат ҳар куҷо, ки амри эъзомро бароятон содир намудам, шумо бояд он ҷо бируед.
Вай идома додааст, ки агар воқеан хоҳони ҳокимияти дин ва шариат ҳастед пас омодаи қурбонӣ шавед ва зираро бапушед".
Бар асоси ин аснод, дар ин нишасти 32 тан аз руасои манобеи башарӣ ниҳодҳои зери контроли толибҳо ахиран аз ҷаласа ба гунаи расмӣ ва шахсе ба Қандаҳор фарохонда шуданд.