https://sputnik.tj/20230304/ima-peshgui-gharb-ukraina-rusiya-khulosa-nogahon-barovardand-1055313485.html
Дар ИМА бобати пешгӯиҳои Ғарб дар бораи Украина ва Русия хулосаҳои ногаҳонӣ бароварданд
Дар ИМА бобати пешгӯиҳои Ғарб дар бораи Украина ва Русия хулосаҳои ногаҳонӣ бароварданд
Sputnik Тоҷикистон
Иқтисодшиноси амрикоӣ мегӯяд, ҳеҷ яке аз пешгӯиҳои даҳшатноки Иёлоти Муттаҳида дар бораи муноқиша дар Украина иҷро нашуд 04.03.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-03-04T20:30+0500
2023-03-04T20:30+0500
2023-03-04T20:30+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар ҷаҳон
има
дар русия
украина
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/11/1055024571_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_b8ce0eb1f46da7dce405238c4c28db50.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина як сол сипарӣ шуд, аммо ҳеҷ як аз пешгӯиҳои мақомоти Амрико дар бораи низоъ амалӣ нашуд, менависад иқтисоддон Райан МакМакен дар мақолае барои маркази таҳлилии Институти Von Mises."Пешгӯиҳои мақомоти амрикоӣ ва расонаҳои хабарӣ дар бораи он ки Русия ба зудӣ нисфи Аврупоро тасарруф хоҳад кард, амалӣ нагардид. <...> Таҳримҳои иқтисодӣ ба суқути режими Русия оварда нарасонданд, аксари ҷомеаи ҷаҳонӣ муносибати норавшанро нигоҳ медорад", - навиштааст муаллифи мақола.Дар мавод таъкид мешавад, ки сарфи назар аз тамоми талошҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО барои табдил додани муноқишаи Украина ба ҷанги сеюми ҷаҳонӣ, он хусусияти минтақавиро нигоҳ медорад. Сиёсатмадорони ғарбӣ пайваста дар бораи он суҳбат мекунанд, ки чӣ гуна Украина бояд Русияро дар майдони ҷанг мағлуб кунад ва ба режими Киев бештар силоҳ мепошад. Кремл посух дод, ки кумаки низомӣ ҳеҷ чизро аслан ҳал намекунад, балки танҳо дарди мардуми Украинаро дароз мекунад.
https://sputnik.tj/20230304/shabahi-gurusnagi-payomadhoi-tahrimho-alayhi-rusiya-dar-avrupo-chi-guna-khohand-bud-1055302743.html
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/11/1055024571_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_ccea508cd42bee40c93b8e0330413c72.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, има, дар русия, украина, сиёсат
дар ҷаҳон, има, дар русия, украина, сиёсат
Дар ИМА бобати пешгӯиҳои Ғарб дар бораи Украина ва Русия хулосаҳои ногаҳонӣ бароварданд
Иқтисодшиноси амрикоӣ мегӯяд, ҳеҷ яке аз пешгӯиҳои даҳшатноки Иёлоти Муттаҳида дар бораи муноқиша дар Украина иҷро нашуд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина як сол сипарӣ шуд, аммо ҳеҷ як аз пешгӯиҳои мақомоти Амрико дар бораи низоъ амалӣ нашуд, менависад иқтисоддон Райан МакМакен дар мақолае барои маркази таҳлилии Институти Von Mises.
"Пешгӯиҳои мақомоти амрикоӣ ва расонаҳои хабарӣ дар бораи он ки Русия ба зудӣ нисфи Аврупоро тасарруф хоҳад кард, амалӣ нагардид. <...> Таҳримҳои иқтисодӣ ба суқути режими Русия оварда нарасонданд, аксари ҷомеаи ҷаҳонӣ муносибати норавшанро нигоҳ медорад", - навиштааст муаллифи мақола.
Дар мавод таъкид мешавад, ки сарфи назар аз тамоми талошҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО барои табдил додани муноқишаи Украина ба ҷанги сеюми ҷаҳонӣ, он хусусияти минтақавиро нигоҳ медорад.
"Ба назар чунин мерасад, ки аксарияти сайёра ба қурбониҳо ба хотири татбиқи курси Амрико дар Украина манфиатдор нестанд - ва бисёриҳо мебинанд, ки дар паси суҳбатҳои ИМА дар бораи зарурати эҳтиром ба истиқлолияти миллӣ риёкории ногузир аст", - гуфт МакМакен.
Сиёсатмадорони ғарбӣ пайваста дар бораи он суҳбат мекунанд, ки чӣ гуна Украина бояд Русияро дар майдони ҷанг мағлуб кунад ва ба режими Киев бештар силоҳ мепошад.
Кремл посух дод, ки кумаки низомӣ ҳеҷ чизро аслан ҳал намекунад, балки танҳо дарди мардуми Украинаро дароз мекунад.