https://sputnik.tj/20230305/ima-talab-kumak-ukraina-qat-1055349304.html
"Бас аст": ИМА талаб дорад, кӯмакҳо ба Украина қатъ карда шаванд
"Бас аст": ИМА талаб дорад, кӯмакҳо ба Украина қатъ карда шаванд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Амрико ҷумҳурихоҳон дар мавриди фиристодани силоҳ ба Украина ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд.
2023-03-05T20:51+0500
2023-03-05T20:51+0500
2023-03-06T20:51+0500
дар русия
има
ҷумҳурихоҳон
амрико
украина
аслиҳа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/12/1044243656_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_ada53718175151f189b4a7adc81b8b07.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik, Михаил Катков. Гурӯҳи аввал – инзивоъдиҳандагон, таҳти роҳбарии Доналд Трамп, аз Кохи сафед талаб доранд расонидани кӯмак ба Украинаро бас кунанд.Неоконсерваторҳо бошанд, мехоҳанд, ки онҳо барои ин ин амалашон аз ҳизб хориҷ карда шаванд.Талоқи амрикоӣКишвар сӯи азҳампошии миллқ гом мезанад, бовар дорад аъзои палатаи намояндагони конгресси ИМА Марджори Тейлор Грин аз ҳизби ҷумҳурихоҳон. Ин бону аз он хавотирӣ мекашад, ки мабодо ҷнги шаҳрвандӣ сар назанад.Ва дар ҳолати баамаломада ҳукуматро гунаҳгор мекунад, ки “умуман бо амрикоиҳои ҳақиқӣ робитае надоранд”.Ба ӯ ва дагар ҳамсафонаш аз ин ҳизб саёҳати аврупоии Байден, ташрифи вай ба Киев ва мулоқоташ бо “Нӯҳгонаи Бухарест” тамоман хуш намеояд. Ҷумҳурихоҳон аз он дар ширифтанд, ки муаммоҳои Украина Байденро бештар аз муаммоҳо дар худи Амрико ташкиш медиҳанд.Азҷумла, депутат Кевин Херн ҷайд намуд, ки Байден дар Киев сафар дошт, аммо дар иёлоти Оклахома, ки бар асари садама дар роҳи оҳан муҳити зист ва заминҳо заҳролуд гаштанд. Марджори Тейлор Грин ҳатто гуфт, ки амрикоиҳо президенти ухдро бад диданд, зеро ба ҷои онҳо ба Украиниҳо афзалият дод. Трент Конауэй, шаҳрдори Фаластини шарқӣ, ки дар наздикии ин шаҳр қатора аз роҳ баромад, сафари Байденро ба Аврупо “торсакии обдоре” ба аҳолии маҳаллӣ меҳисобад.Бархе аз ВАО Ғарб чунин ранг гирифтани ҳолро нишони он медонанд, ки ҳизби ҷумҳурихоҳон, ки палатаи намояндагонро назорат дорад, мекӯшад ба Вашингтон дар мавриди идомаи яроқноккунии Киев халал расонад. Воқеан, пас аз Байден панҷ аъзои ҳизби ҷумҳурихоҳон низ таҳти сарварии раиси кумита оид ба корҳо байналхалқӣМайклом Маккол дар Киев буданд. Зеленский таввассути онҳо рӯихати барои сохторҳои низомии ин кишвар заруриро додааст. Азҷумла, дар ин рӯихат аз тайёраҳои қиркунандаи F-16 ва комплекси мушакии ATACMS дурии парвозашон 300 километр ном бурда шудааст.Мавсими ишқ гузаштСобиқ президенти ИМА Дональд Трамп, ки аллакай изҳор доштааст, ки ният дорад ба Қасри сафед баргардад,чунин меҳисобад, ки Байден ҷасдан мекӯшад бархӯрд бо Русияро ба миён орад.Аз ҷониби дигар, собиқ намояндаи доимии ИМА дар НАТО ва дуюмин номзади расмӣ ба номзадӣ ба мансаби президентӣ дар Амрико Никки Хейли мутмаин аст: Вашингтон Украинаро на ҳимоя надорад, балки “ҷанг барои озодӣ” бурда истодааст, ки бохти он номумкин аст.Губернатори иёлоти Флорида Флориды Рон Десантис,ки боз як номзади дигар ба мансаби президентист ( ӯро Трамп барои онҳе, ки хонда наметавонанд, меноманд ), тахмин дорад, ки бояд бо кишвари худ машғул шуд, на бо Украина. Ва хатари аслӣ барои ИМА Чин аст, на Русия. Дар напвбати худ собиқ ноиби президенти кишвар Майк Пенс тасдиқ менамояд: дар ҳизби ҷумҳурихоҳон барои онҳое, ки намехоҳанд “озодиро ҳимоя намоянд”, набояд ҷой бошад.Сарвари гуруҳи хурди ҳумхурихоҳон дар сенат Митч Макконнелл ҳини баромадаш дар конфронси Мюнхен зикр намуд, ки зиддиятҳои дохилиҳизбӣ осон нахоҳанд буд, лекин, ба ҳар ҳол украиниҳо яроқи лозимаро мегиранд. Воқеан, соле пеш чунин муаммо набуд. Ҳамон Десантис аз соли2014 яз яроқноккунии Киев ҷонибдорӣ мекард . Аз афташ акнун аз фикраш гашт-шояд аз он сабаб, ки муносибати сокинон ба бӯҳрони Украина дигар шудааст.Аз рӯи натиҷаи назарпурсии моҳи феврал аз ҷониби The Associated Press-NORC Center for Public Affairs Research,танҳо 48% амрикоиҳо яроқнокунии Украинаро ҷонибдорӣ менамоянд, 29 % -зид ва 22% ҳоло ба қароре намомадаанд. Моҳи маи соли 2022 61% ҷумҳурихоҳон тарафдори кӯмак ба режими Киев буданд. Илова бар ин, тибқи маълумоти FoxNews,61% ҷумҳурихоҳон ва 49% интихобкунандагони мустақил намехоҳанд, ки дастгирии Украина бумӯҳлат бошад.Гунногунии ғояҳоТаҳлилгароне, ки бо онӣо РИА новости сӯбат дошт, ишора доранд, ки Украина фақат ба сифати куланг хизмат намудааст –ба сифати муқобала дар бархӯрди изолятсионистҳо, ки намехоҳанд, ки ИМА дар задухӯрдҳо даст дошта бошад, ва неконсерваторҳо, ки барои “озодӣ” (ба фаҳмиши онҳо) дар тамоми сайёра мубориза мебаранд, ки таърихи куҳан дорад.“Аммо ин гунногунандешии бедаво нест, зероҳамаи ҷумҳурихоҳон аз манфиатҳои миллӣ пуштибонӣ менамоянд ва тарафдори афзалияти амрикоӣ мебошанд. Фарқ фақат дар он аст, ки бархе мехоҳанд ба масъалаҳои дохилӣ диққат дода шавад, дигарон қартаро ба нерӯҳои ҳарбӣ мегузоранд, шарҳ медиҳад директор Хазинаи омӯзиши ИМА ба номи Франклин Рузвельти назди ДДМ Юрий Рогулев.Тарафдорони яроқноккунии минбаъдаи Украина ба он умед мебанданд, ки интихобкунандагони мустақил ё дудиларо ба тарафи худ кашанд, - мегӯяд мудири бахши сиёсати дохила ва берунаи ИМА дар ИМЭМО АИР Виктория Журавлева. Ин тоифа ба дархост барои дастгирии Киев ниёз доранд, ва агар барои ин гуна интихобкунандагон мубориза набаранд, онҳо тарафдори демократҳо хоҳанд буд, илова мекунад хонум Виктория Журавлева.Коршиносон назари устувор доранд: бархӯрд дар Украина мавқеи асосиро дар маъракаи пешазинтихоботии ҳамаи номзадҳо ба мансаби президентӣ хоҳад бозид. Воқеан, байни демократҳо низ баҳсҳо хоҳанд буд. Масалан, моҳи октябр 30 нафар аъзоёни конгресс аз Байден талаб доштанд ташаббускори гуфтушунида сулҳомез бошад ва таҳримҳоро алайҳи Русия чун нишони назари нек нармтар созад. Ҷанҷолро ба зудӣ хомӯш намуданд, зеро демократҳо хуши онро надоранд, ки аз онҳо барои гузашт карда ба Кремл гумонбар донанд.
https://sputnik.tj/20230306/mukholifat-ima-muloqoti-putin-zelenskiy-1055328837.html
https://sputnik.tj/20230305/volodin-ima-hisobi-digaron-ukraina-dastgiri-1055319103.html
https://sputnik.tj/20230304/ima-peshgui-gharb-ukraina-rusiya-khulosa-nogahon-barovardand-1055313485.html
има
амрико
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/12/1044243656_86:0:2817:2048_1920x0_80_0_0_bc58fba16733c54d3cedc83621a887c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, дар ҷаҳон, ҷумҳурихоҳон, силоҳ, интиқол, украина, кумак
има, дар ҷаҳон, ҷумҳурихоҳон, силоҳ, интиқол, украина, кумак
"Бас аст": ИМА талаб дорад, кӯмакҳо ба Украина қатъ карда шаванд
20:51 05.03.2023 (Навсозишуда: 20:51 06.03.2023) Дар Амрико ҷумҳурихоҳон дар мавриди фиристодани силоҳ ба Украина ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд.
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik, Михаил Катков. Гурӯҳи аввал – инзивоъдиҳандагон, таҳти роҳбарии Доналд Трамп, аз Кохи сафед талаб доранд расонидани кӯмак ба Украинаро бас кунанд.Неоконсерваторҳо бошанд, мехоҳанд, ки онҳо барои ин ин амалашон аз ҳизб хориҷ карда шаванд.
Кишвар сӯи азҳампошии миллқ гом мезанад, бовар дорад аъзои палатаи намояндагони конгресси ИМА Марджори Тейлор Грин аз ҳизби ҷумҳурихоҳон. Ин бону аз он хавотирӣ мекашад, ки мабодо ҷнги шаҳрвандӣ сар назанад.Ва дар ҳолати баамаломада ҳукуматро гунаҳгор мекунад, ки “умуман бо амрикоиҳои ҳақиқӣ робитае надоранд”.
Ба ӯ ва дагар ҳамсафонаш аз ин ҳизб саёҳати аврупоии Байден, ташрифи вай ба Киев ва мулоқоташ бо “Нӯҳгонаи Бухарест” тамоман хуш намеояд. Ҷумҳурихоҳон аз он дар ширифтанд, ки муаммоҳои Украина Байденро бештар аз муаммоҳо дар худи Амрико ташкиш медиҳанд.
Азҷумла, депутат Кевин Херн ҷайд намуд, ки Байден дар Киев сафар дошт, аммо дар иёлоти Оклахома, ки бар асари садама дар роҳи оҳан муҳити зист ва заминҳо заҳролуд гаштанд. Марджори Тейлор Грин ҳатто гуфт, ки амрикоиҳо президенти ухдро бад диданд, зеро ба ҷои онҳо ба Украиниҳо афзалият дод.
Трент Конауэй, шаҳрдори Фаластини шарқӣ, ки дар наздикии ин шаҳр қатора аз роҳ баромад, сафари Байденро ба Аврупо “торсакии обдоре” ба аҳолии маҳаллӣ меҳисобад.
Бархе аз ВАО Ғарб чунин ранг гирифтани ҳолро нишони он медонанд, ки ҳизби ҷумҳурихоҳон, ки палатаи намояндагонро назорат дорад, мекӯшад ба Вашингтон дар мавриди идомаи яроқноккунии Киев халал расонад. Воқеан, пас аз Байден панҷ аъзои ҳизби ҷумҳурихоҳон низ таҳти сарварии раиси кумита оид ба корҳо байналхалқӣМайклом Маккол дар Киев буданд. Зеленский таввассути онҳо рӯихати барои сохторҳои низомии ин кишвар заруриро додааст. Азҷумла, дар ин рӯихат аз тайёраҳои қиркунандаи F-16 ва комплекси мушакии ATACMS дурии парвозашон 300 километр ном бурда шудааст.
Собиқ президенти ИМА Дональд Трамп, ки аллакай изҳор доштааст, ки ният дорад ба Қасри сафед баргардад,чунин меҳисобад, ки Байден ҷасдан мекӯшад бархӯрд бо Русияро ба миён орад.
Аз ҷониби дигар, собиқ намояндаи доимии ИМА дар НАТО ва дуюмин номзади расмӣ ба номзадӣ ба мансаби президентӣ дар Амрико Никки Хейли мутмаин аст: Вашингтон Украинаро на ҳимоя надорад, балки “ҷанг барои озодӣ” бурда истодааст, ки бохти он номумкин аст.
Губернатори иёлоти Флорида Флориды Рон Десантис,ки боз як номзади дигар ба мансаби президентист ( ӯро Трамп барои онҳе, ки хонда наметавонанд, меноманд ), тахмин дорад, ки бояд бо кишвари худ машғул шуд, на бо Украина. Ва хатари аслӣ барои ИМА Чин аст, на Русия. Дар напвбати худ собиқ ноиби президенти кишвар Майк Пенс тасдиқ менамояд: дар ҳизби ҷумҳурихоҳон барои онҳое, ки намехоҳанд “озодиро ҳимоя намоянд”, набояд ҷой бошад.
Сарвари гуруҳи хурди ҳумхурихоҳон дар сенат Митч Макконнелл ҳини баромадаш дар конфронси Мюнхен зикр намуд, ки зиддиятҳои дохилиҳизбӣ осон нахоҳанд буд, лекин, ба ҳар ҳол украиниҳо яроқи лозимаро мегиранд.
Воқеан, соле пеш чунин муаммо набуд. Ҳамон Десантис аз соли2014 яз яроқноккунии Киев ҷонибдорӣ мекард . Аз афташ акнун аз фикраш гашт-шояд аз он сабаб, ки муносибати сокинон ба бӯҳрони Украина дигар шудааст.
Аз рӯи натиҷаи назарпурсии моҳи феврал аз ҷониби The Associated Press-NORC Center for Public Affairs Research,танҳо 48% амрикоиҳо яроқнокунии Украинаро ҷонибдорӣ менамоянд, 29 % -зид ва 22% ҳоло ба қароре намомадаанд. Моҳи маи соли 2022 61% ҷумҳурихоҳон тарафдори кӯмак ба режими Киев буданд. Илова бар ин, тибқи маълумоти FoxNews,61% ҷумҳурихоҳон ва 49% интихобкунандагони мустақил намехоҳанд, ки дастгирии Украина бумӯҳлат бошад.
Таҳлилгароне, ки бо онӣо РИА новости сӯбат дошт, ишора доранд, ки Украина фақат ба сифати куланг хизмат намудааст –ба сифати муқобала дар бархӯрди изолятсионистҳо, ки намехоҳанд, ки ИМА дар задухӯрдҳо даст дошта бошад, ва неконсерваторҳо, ки барои “озодӣ” (ба фаҳмиши онҳо) дар тамоми сайёра мубориза мебаранд, ки таърихи куҳан дорад.
“Аммо ин гунногунандешии бедаво нест, зероҳамаи ҷумҳурихоҳон аз манфиатҳои миллӣ пуштибонӣ менамоянд ва тарафдори афзалияти амрикоӣ мебошанд. Фарқ фақат дар он аст, ки бархе мехоҳанд ба масъалаҳои дохилӣ диққат дода шавад, дигарон қартаро ба нерӯҳои ҳарбӣ мегузоранд, шарҳ медиҳад директор Хазинаи омӯзиши ИМА ба номи Франклин Рузвельти назди ДДМ Юрий Рогулев.
Тарафдорони яроқноккунии минбаъдаи Украина ба он умед мебанданд, ки интихобкунандагони мустақил ё дудиларо ба тарафи худ кашанд, - мегӯяд мудири бахши сиёсати дохила ва берунаи ИМА дар ИМЭМО АИР Виктория Журавлева. Ин тоифа ба дархост барои дастгирии Киев ниёз доранд, ва агар барои ин гуна интихобкунандагон мубориза набаранд, онҳо тарафдори демократҳо хоҳанд буд, илова мекунад хонум Виктория Журавлева.
Коршиносон назари устувор доранд: бархӯрд дар Украина мавқеи асосиро дар маъракаи пешазинтихоботии ҳамаи номзадҳо ба мансаби президентӣ хоҳад бозид. Воқеан, байни демократҳо низ баҳсҳо хоҳанд буд.
Масалан, моҳи октябр 30 нафар аъзоёни конгресс аз Байден талаб доштанд ташаббускори гуфтушунида сулҳомез бошад ва таҳримҳоро алайҳи Русия чун нишони назари нек нармтар созад. Ҷанҷолро ба зудӣ хомӯш намуданд, зеро демократҳо хуши онро надоранд, ки аз онҳо барои гузашт карда ба Кремл гумонбар донанд.