Миннатдории генерали турк ба ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон

© КЧС РТТаджикские спасатели в Турции
Таджикские спасатели в Турции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2023
Обуна шудан
Генерали гарнизони ҳарбии вилояти Хотай ба ҳукумати Тоҷикистон барои расонидани кумаки башардӯстона ва ҳамчунин расонидани кумакҳои фаврӣ изҳори миннатдорӣ кард
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Кори имдодрасони тоҷик дар шаҳри Қаҳрамонмараш анҷом ёфт ва ҳоло гурӯҳи 50 нафарӣ иборат аз мутахассисон ва табибон дар вилояти Хатой қарор доранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки дар макони нави фаъолияти наҷотдиҳандагон, генерали гарнизони ҳарбии Хатой Хакан Тутужи бо генерал-майор Сулаймон Исозода, роҳбари дастаи наҷотдиҳандагони КҲФ мулоқот кард.
Манбаъ меафзояд, дар ҷараёни мулоқот генерали турк ба наҷотдиҳандагони тоҷик барои корҳои пурсамарашон дар ҷустуҷӯи одамон ва рафъи паёмадҳои заминҷунбӣ миннатдорӣ баён кард.
Ҳамчунин Тутужи ба ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон барои ирсоли кумакҳои башарӣ ба офатзадагон, расонидани кумакҳои фаврии тиббӣ, ёриҳои аввалия барои наҷоти зиндамондагон сипосгузорӣ кард.
Спасатели КЧС продолжают разбирать завалы после землетрясения в Турции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2023
Наҷотбахшони тоҷик дар Туркия 33 ҷасади нав пайдо карданд
Маврид ба зикр аст, ки дар шаҳри Қаҳрамонмараш имдодрасони тоҷик се нафарро зинда аз зери биноҳои харобгардида пайдо намуда, ҳамчунин ҷасади 196 нафарро дарёфт намуданд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи барвақти рӯзи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш заминларза ба шиддати 7,8 дараҷа рух дод. Дар пайи ин 30 зилзилаи сусттар ва нимаи рӯз замин боз бо қувваи 7.6 бал ларзид.
Дар Туркия ҳафт рӯз мотами миллӣ эълон шуда, дар даҳ музофоте, ки аз ҳама беш хароб гардиданд, се моҳ вазъи фавқулодда ҷорӣ гардид.
Тибқи маълумотҳои охир, бар асари ин офати табиӣ беш аз 39 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.
Лентаи хабарҳо
0