https://sputnik.tj/20230206/shahr-shahrvandon-kharoba-oqibat-zaminlarza-turkiya-1054707440.html
Шаҳру аҳолӣ дар зери харобаҳо: оқибати заминларза дар Туркия ва Сурия - аксҳо
Шаҳру аҳолӣ дар зери харобаҳо: оқибати заминларза дар Туркия ва Сурия - аксҳо
Sputnik Тоҷикистон
Дар Туркия заминларзаи шадиди харобиовар рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошта, зиёнаш ба кишварҳои ҳамсоя, махсусан Сурия низ расидаст
2023-02-06T13:50+0500
2023-02-06T13:50+0500
2023-02-06T14:11+0500
туркия
заминларза
оқибат
хароба
сурия
акс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/06/1054703539_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_b0f43ebeb9d66b9d11b4fc0fc7612997.jpg
сурия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/06/1054703539_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_820310316862b908e49ef011f8fdec7f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
заминларза, маргбор, ривоят, тасвир, туркия
заминларза, маргбор, ривоят, тасвир, туркия
Шаҳру аҳолӣ дар зери харобаҳо: оқибати заминларза дар Туркия ва Сурия - аксҳо
13:50 06.02.2023 (Навсозишуда: 14:11 06.02.2023) Дар Туркия заминларзаи шадиди харобиовар рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошта, зиёнаш ба кишварҳои ҳамсоя, махсусан Сурия низ расидаст

Заминларза субҳи 6 феврал дар ҷануби Туркия дар Қаҳрамонмараш ба вуқӯъ пайваст, манотиқи атрофро низ такон дод.

Ба гуфтаи зилзилашиносон, маркази заминларза дар умқи 18 километр, тақрибан 33 километрии шаҳри Газиантеп будааст.

Сурия низ дар пайи ин офат осеб дид. Дар он ҷо, ҳамон тавре, ки дар шаҳрҳои Туркия хонаҳо тахриб шудаанд, мақомот аллакай дар бораи садҳо қурбонӣ иттилоъ доданд.

Дар бораи қурбониёни заминларза дар шаҳрҳои шимолии Сурия - Алеппо, Латакия ва Хамо гузориш дода шудааст.

Заминларза дар Кипр, Лубнон ва ҳатто Миср эҳсос карда шудаст.

Дар шаҳри Адана дар ҷануби Туркия биноҳои истиқоматии 17 ва 14-ошёна комилан фурӯ рехтаанд.

Пизишкон ва гурӯҳҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ба маҳалли харобшуда дар Туркия рафтанд. Дар бархе минтақаҳои ҳолати баланди изтирорӣ эълон гардид.

Дар зери харобазорҳо ҳазорон нафаре буданд, ки ҳангоми заминларза ҳанӯз дар хоб буданд. Наҷотдиҳандагон аз зери хонаҳои харобшуда, қурбониёнро мебароранд.

Дар пайи эълони ҳолати изтирории дараҷаи баланд, мақомот ба ҷомеаи байналмилалӣ барои бартарафсозии оқибатҳо муроҷиат кардаанд.

Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ин заминларза қавитарин аз соли 1995 инҷониб мебошад.

Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба ҳамаи шаҳрвандони аз заминларза осебдида изҳори ҳамдардӣ кард.

Вай изҳори умедворӣ кард, ки кишвар ин офати табииро бо талафоти кам ва ҳарчи зудтар паси сар хоҳад кард.