https://sputnik.tj/20221028/putin-ziddiyat-asr-uhda-girift-1052492537.html
Путин ҳалли зиддияти аслии асрро ба уҳда гирифт
Путин ҳалли зиддияти аслии асрро ба уҳда гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Суханронии дирӯзаи Владимир Путинро дар ҳамоиши “Валдай”, аксарият чун огоҳӣ, ки "мо дар як гардиши таърихӣ, хатарноктарин қарор дорем”, арзёбӣ карданд
2022-10-28T17:40+0500
2022-10-28T17:40+0500
2023-02-08T19:45+0500
владимир путин
ғарб
дар ҷаҳон
сиёсат
авруосиё
има
аврупо
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1e/1051790116_0:0:3049:1716_1920x0_80_0_0_d02e16dd15aca792f367a9b729cad9e0.jpg
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik, Петр Акопов. Аммо, пешгӯии озмоишҳои дарпешистода аслан нав нест – ин ҷо муҳим контексте аст, ки дао доираи он ин суханон гуфта шуданд:“Давраи таърихии ҳукмронии Ғарб дар ҷаҳон ба охир мерасад, дунёи якқутбӣ ба гузашта табдил меёбад... Ғарб инсониятро яккаю танҳо идора карда наметавонад, вале вай ба ин кор сахт кӯшиш дорад ва аксарияти халқҳои ҷаҳон дигар бо он тоқат кардан намехоханд. Ин аст зиддияти асосии асри нав. Ба ибораи классикон вазъият то ба дараҷае инқилобӣ аст: болоиҳо наметавонанд ва табақаҳои поёнӣ дигар ин тавр зиндагӣ кардан намехохад.Суханронии Путин маҳз ба баҳсҳо дар бораи ояндаи башарият бахшида шуда буд ва ӯ на танҳо дар бораи сарнагунӣ ва буҳрони нақшаи ҷаҳонисозии Ғарб сухан гуфт, балки алтернативаи онро низ нишон дода, намои ҷаҳонеро, ки Русия барои сохтани он пешниҳод мекунад, нишон дод.Пешниҳод ба ҳама, аз ҷумла ба Ғарб, ки ба ҳар ҳол "дар бораи ояндаи умумӣ барои мо суҳбати баробарро оғоз кунанд ва ҳар қадар зудтар ҳамон қадр беҳтар, албатта”.Вале, дар ҳоли ҳозир Ғарб талош дорад, гегемонияи маҳкумшудаи худро нигоҳ дорад.Ин худ хеле хатарнок аст - ва Путин ҳатто ҳушдор дод, ки "ҳар дафъа Ғарб барои кӯшиши нигоҳ доштани бартарияти худ бояд бештар ва бештар пардохт кунад".Ҳоло Ғарб, чун маъмул, барои шиддат бозӣ мекунад, қайд кард Путин, аммо саҳм барои ӯ то ҳадди имкон баланд аст:"Қудрат бар ҷаҳон маҳз ҳамон чизест, ки ба истилоҳ Ғарб дар бозии худ гузоштааст. Аммо, ин бозӣ бешубҳа хатарнок, хунин ва ман мегуфтам, ифлос аст. Вай соҳибихтиёрии кишварҳо ва халқҳо, асолат ва беназири онҳоро инкор мекунад, ва манфиатҳои дигар кишварҳоро ба назар намегирад”.Тартиби ҷаҳонии либералии амрикоӣ на танҳо ҳар рӯз бесарусомониро зиёд мекунад, балки ҳатто нисбат ба худи кишварҳои ғарбӣ, нисбат ба кӯшишҳои онҳо барои нишон додани ҳар гуна истиқлолият тоқатнопазиртар мешавад, гуфт Путин.Аммо, ҷаҳон табиатан гуногун аст ва кӯшишҳои Ғарб, барои зери як қолаб андохти ҳамагон, ба таври объективӣ барбод рафт, аз ин ҳеҷ чиз ба даст намеояд, гуфт президент, бахусус ба ин сабаб, ки “онҳо идеяи бунёдкорӣ ва рушди мусбӣ надоранд, танҳо чизе ки барои пешниҳод ба ҷаҳон доранд, ба истиснои нигоҳ доштани ҳукмронии худ дигар чизе нест”.Вале, барои нигоҳдории ин ҳукмронӣ дигар қувва нест - ва сол то сол вазъи Ғарб торафт душвортар мешавад.Болоиён дар воцеъ дигар наметавонанд - ва саволи ягона ин аст, ки кай поёниҳо, яъне ҷаҳони ғайриғарбӣ метавонад амали худро барои тағйир додани тартиботи ҷаҳонӣ ба таври осоишта ҳамоҳанг созад. Маҳз бо роҳи осоиштагӣ, яъне ба Ғарб имконият надиҳад, ки ҳукмронии худро бо роҳи иғво ва ғангҳо васеъ намояд.Путин комилан мутмаин аст, ки ҷаҳони ғайриғарбӣ бо идомаи ҳукмронии Ғарб розӣ нест, зеро Ғарб даъвои на танҳо раҳбарияти ҷаҳонӣ, балки тобеъ кардани ҳамагон ва ҳама чизро дорад. Гузашта аз ин, ин тобеият дар татбиқи нақшаи ҷаҳонишавии англосаксонӣ танҳо боиси нобуд шудани гул-гулшукуфии тамаддунҳои ҷаҳонӣ, коҳиш ёфтани аҳолии замин ва ба истеъмолкунандаи универсалии бечеҳра табдил додани инсоният мегардад:“Маҳз дар асоси муттаҳидшавӣ, монополияи молиявию технологӣ, барҳам задани ҳама гуна тафовутҳо, модели ҷаҳонишавии ғарбӣ, ки моҳияташ мустамликадории навбунёд буд, сохта шуд. Ҳадаф маълум буд – таҳкими бартарияти Ғарб дар арсаи иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳон. Ва барои ин, захираҳои молиявӣ, зеҳнӣ, инсонӣ ва иқтисодӣ, имкониятҳои тамоми сайёраро, истифода мебурду дигаронро аз худ вобаста мекард”.Дар ин росто, Путин аз суханони Александр Зиновьев ёдовар шуд, ки барои бақои тамаддуни ғарбӣ дар сатҳе, ки расидааст, "тамоми сайёра ҳамчун муҳити зист зарур аст, тамоми захираҳои башарият заруранд".Президент дар суханронии худ аз Достоевский, Солженитсин, Данилевский низ иқтибос оварда, аз калимаи охирин гуфт, ки ҳеҷ тамаддун наметавонад фахр кунад, ки он нуқтаи олии рушд аст ва пешравӣ на ҳаракати ҳама ба як самт аст, балки то ки “тамоми майдоне, ки арсаи фаъолияти таърихии инсониятро ташкил медихад, ҳамаҷониб истеҳсол карда шавад”.Яъне, гуногунии тамаддунҳо ва тарзи зиндагии башарӣ он чизест, ки Русия дар асоси манфиатҳои миллии худ ва ҳадафҳои бунёди тартиботи нави ҷаҳонӣ пешбарӣ мекунад.“Ман итминон дорам, ки ба диктатура танҳо бо роҳи озодии тараққиёти мамлакатҳо ва халқҳо, таназзули шахсият — муҳаббат ба одам ҳамчун ба эҷодкор, соддагардонии ибтидоӣ ва мамнуъиятҳо — мураккабии гул-гулшукуфии маданияту анъанаҳо муқобил гузоштан мумкин аст”.Ва ӯ диди худро дар бораи тартиботи ҷаҳони оянда тасвир кард:"Маънои лаҳзаи таърихии имрӯза маҳз дар он аст, ки тамоми тамаддунҳо, давлатҳо ва иттиҳодияҳои ҳамгироии онҳо воқеан имконотро барои роҳи худ, демократӣ ва аслии рушди худ, боз мекунанд. Ва пеш аз ҳама, мо чунин мешуморем, ки тартиботи нави ҷаҳонӣ бояд бар қонуният, мустақилият ва одилӣ бунёд ёбад”.Ва рушди аслӣ ба ҳеҷ ваҷҳ маънои ҷудошавиро надорад, таъкид кард Путин - баръакс, онҳо ҳамкориҳои фаъол ва мутақобилан судмандро бар асоси принсипҳои одилона ва баробарӣ дар назар доранд.“Агар ҷаҳонишавии либералӣ бе шахспарастӣ, таҳмил кардани модели ғарбӣ ба тамоми ҷаҳон бошад, пас ҳамгироӣ, баръакс, кушодани иқтидори ҳар як тамаддун ба манфиати умум, аст. Глобализм диктат аст, ҳама чиз дар ниҳоят ба ин рост меояд, пас ҳамгироӣ таҳияи стратегияҳои муштаракест, ки барои ҳама муфид аст".Тартиботи нави ҷаҳониро "марказҳои қудрат" - қудратҳо-тамаддунҳо ва иттиҳодияҳои бузурги минтақавиро хоҳанд сохт:"Русия фаъолтар ба кор андохтани механизмҳои эҷоди фазои бузург, бар асоси ҳамкории кишварҳои ҳамсоя бунёдшударо муҳим мешуморад, ки иқтисод, низоми иҷтимоӣ, заминаи захиравӣ, инфрасохтори онҳо ҳамдигарро пурра мекунанд. Чунин фазои бузург дар асл асоси ҷаҳони бисёрқутбӣ мебошанд. Ва аз муколамаи онҳо ягонагии башарият, аслӣ ва серҷабҳа ба вучуд меояд, ки назар ба ақидаҳои соддаи баъзе идеологҳои Ғарб, дучанд мураккаб аст.Дар ҳамин ҳол, дар ин кор Авруосиё нақши махсус дорад, ки Путин онро "маҷмааи худкифо бо захираҳои азим ва имконоти бузург" номид. Путин ин дафъа дар бораи бархӯрди геополитикӣ ҳарф назад, аммо тарзи тавсифи Авруосиё мустақиман ба постулатҳои асосии геополитика алоқаманд аст: муборизаи байни замин ва баҳр, Авруосиё ва Атлантика.Атлантистҳо (яъне қудратҳои ҷазиравии ИМА ва Британияи Кабир) наметавонанд ҷаҳонро назорат кунанд, магар он, ки онҳо Авруосиёро назорат кунанд. Ва ҳоло ҳама чиз ба сӯи он меравад, ки атлантикҳо танҳо бар Аврупо назорат хоҳанд кард, ки Путин онро "нӯги ғарбии Авруосиё" номид ва таъкид кард, ки он метавонад ҷузъи табиии он бошад:"Аммо, ба аксаре аз раҳбарони он эътиқод ба он, ки аврупоиҳо беҳтар аз дигарон ҳастанд, ба онҳо мувофиқ нест, ки дар баробари дигарон дар баъзе корҳо ширкат кунанд, халал мерасонад. Дар паси чунин такаббурӣ онҳо ба навъе пай намебаранд, ки худи онҳо аллакай ба сояи каси дигар табдил ёфтаанд, дар ҳақиқат ба вассал табдил ёфтаанд - аксар вақт ва бе ҳуқуқи овоздиҳӣ.Вале, суханронии Путин ба аврупоиҳо нигаронида нашудааст - ӯ дигар ба қобилияти муборизаи онҳо барои манфиатҳои худ бовар надорад ва дар ояндаи наздик онҳо ягон имкони баромадан аз назорати англосаксонҳоро надоранд.Ҳарчанд Путин ба онҳо хотиррасон кард, ки "бисёрқутбӣ барои Аврупо ягона шонси барқарорсозии субъективияти сиёсӣ ва иқтисодии худ аст", вай пеш аз ҳама ба тамоми ҷаҳони ғайриғарбӣ муроҷиат карда, онҳоро ба бунёди як низоми ҷаҳонии воқеъан демократӣ даъват кард:“Ман бовар дорам, ки демократияи воқеъӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ, пеш аз ҳама, имконияти ҳар як халқ, — мехоҳам таъкид созам — ҳар як ҷамъият, ҳар тамаддун интихоби роҳи худ, низоми ҷамъиятию сиёсии худро дар назар дорад”.Ҳамзамон, муколамаи тамаддунҳо барои бунёди тартиботи нави ҷаҳонӣ бар арзишҳои маънавию ахлоқӣ, анъанавии онҳо асос хоҳад ёфт, ки бар хилофи арзишҳои ба истилоҳ неолибералӣ беҳамтоанд ва наметавонанд ба касе таҳмил шаванд, қайд кард Путин:"Ин фаҳмиши мо дар бораи арзишҳои суннатӣ аст ва ин бархӯрд аз ҷониби аксарияти башарият мувофиқ ва пазируфта мешавад. Ин табиист, зеро ҷомеаҳои суннатии Шарқ, Амрикои Лотинӣ, Африқо, Авруосиё асоси тамаддуни ҷаҳониро ташкил медиҳанд".Ва Путин Ғарбро такрор ба такрор аз ногузирии гузариш аз дикта ба муколама ҳушдор медиҳад - ва ин дар ниҳоят ба манфиати худи Ғарб аст. Агар, онҳо дар бораи ояндаи худ фикр кунанд:"Эҳтиром ба вижагиҳои халқҳо ва тамаддунҳо ба нафъи ҳама аст. Дарвоқеъ ин ҳам ба нафъи ба истилоҳ Ғарб аст. Бартарияташро аз даст дода, дар арсаи ҷаҳонӣ зуд ба ақаллият мубаддал мешавад. Ва албатта, ҳуқуқи ин ақаллияти ғарбӣ ба ҳувияти фарҳангии худ, албатта, мехоҳам инро таъкид намоям, онро таъмин кардан лозим аст, ба он, албатта, бо эҳтиром муносибат кардан лозим аст, аммо, таъкид мекунам, дар заминаи баробар бо ҳуқуқҳои дигарон.Агар элитаҳои ғарбӣ фикр кунанд, ки онҳо метавонанд ба зеҳни мардуми худ, ҷомеаи худ, тамоюлҳои аҷиб, ба андешаи ман, ба мисли даҳҳо гендер ва парадҳои ифтихори ҳамҷинсгароёнро ворид кунанд, пас бигзор ҳамин тавр бошад. Бигзор онҳо он чизеро, ки мехоҳанд, анҷом диҳанд! Аммо, он чизе, ки онҳо бешубҳа ҳақ надоранд, аз дигарон талаб кунанд, ин аст ки онҳоро ба ҳамон самт пайравӣ кунанд".Суханронии Путин як навъ манифест барои тартиботи нави ҷаҳонии ояндаи пасошарбӣ гардид - на ба "қоидаҳои" маккоронаи англосаксонӣ, балки ба муколама ва ҳамоҳангсозии манфиатҳои тамаддунҳои мухталифи ҷаҳонӣ асос ёфтааст. Путин алтернативаи воқеии лоиҳаи ҷаҳонишавии Атлантикаро бо постгуманизм ва нафрат ба ҳама гуна анъана пешниҳод мекунад.Тамоми ҷаҳон дарк мекунад, ки лоиҳаи Атлантик шикаст хӯрд ва Русия суқути онро наздиктар мекунад, дурусттараш, кӯшиши Ғарб барои лағви Русия шикасти лоиҳаи глобалии онҳоро суръат мебахшад.Аммо, Русия на танҳо дар роҳи таназзули ҷаҳони амрикоӣ кор мекунад, балки ҳамаро ба суръат бахшидан ба сохтани нави ҷаҳон даъват мекунад. Дар он Русия худро гегемони нав вонамуд намекунад, — Путин махсус қайд кард, ки сухан дар бораи иваз кардани як хукм-ронӣ бо дигарӣ, иваз кардани Ғарб бо Шарқ намеравад.Не, мо ба бунёди он чизе, ки Путин онро "симфонияи тамаддуни башарӣ" номид, бархӯрди куллан дигар ва одилона пешниҳод мекунем. Ва ин корест, ки тамоми ҷаҳони ғайри-ғарбӣ дар даҳсолаи наздик машғул мешавад, ки ин дар ҳақиқат на танҳо хавфноктарин, балки барои тамоми давраи баъд аз соли 1945 муҳимтарин хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20221028/bayden-sukhanon-putin-khatar-1052479151.html
https://sputnik.tj/20221027/putin-rusiya-kafil-yagona-sohibikhtiyor-ukraina-1052475195.html
https://sputnik.tj/20221027/putin-rusiya-gegemon-nav-1052473258.html
https://sputnik.tj/20221027/putin-jahon-qudrat-qoida-zindagi-1052469838.html
https://sputnik.tj/20221027/putin-ukraina-chin-1052466582.html
ғарб
има
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1e/1051790116_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_d5911a893564f1e1a084932ab5762ca1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, ғарб, има, русия, сиёсат
владимир путин, ғарб, има, русия, сиёсат
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik, Петр Акопов. Аммо, пешгӯии озмоишҳои дарпешистода аслан нав нест – ин ҷо муҳим контексте аст, ки дао доираи он ин суханон гуфта шуданд:
“Давраи таърихии ҳукмронии Ғарб дар ҷаҳон ба охир мерасад, дунёи якқутбӣ ба гузашта табдил меёбад... Ғарб инсониятро яккаю танҳо идора карда наметавонад, вале вай ба ин кор сахт кӯшиш дорад ва аксарияти халқҳои ҷаҳон дигар бо он тоқат кардан намехоханд. Ин аст зиддияти асосии асри нав. Ба ибораи классикон вазъият то ба дараҷае инқилобӣ аст: болоиҳо наметавонанд ва табақаҳои поёнӣ дигар ин тавр зиндагӣ кардан намехохад.
Суханронии Путин маҳз ба баҳсҳо дар бораи ояндаи башарият бахшида шуда буд ва ӯ на танҳо дар бораи сарнагунӣ ва буҳрони нақшаи ҷаҳонисозии Ғарб сухан гуфт, балки алтернативаи онро низ нишон дода, намои ҷаҳонеро, ки Русия барои сохтани он пешниҳод мекунад, нишон дод.
Пешниҳод ба ҳама, аз ҷумла ба Ғарб, ки ба ҳар ҳол "дар бораи ояндаи умумӣ барои мо суҳбати баробарро оғоз кунанд ва ҳар қадар зудтар ҳамон қадр беҳтар, албатта”.
Вале, дар ҳоли ҳозир Ғарб талош дорад, гегемонияи маҳкумшудаи худро нигоҳ дорад.Ин худ хеле хатарнок аст - ва Путин ҳатто ҳушдор дод, ки "ҳар дафъа Ғарб барои кӯшиши нигоҳ доштани бартарияти худ бояд бештар ва бештар пардохт кунад".
Ҳоло Ғарб, чун маъмул, барои шиддат бозӣ мекунад, қайд кард Путин, аммо саҳм барои ӯ то ҳадди имкон баланд аст:
"Қудрат бар ҷаҳон маҳз ҳамон чизест, ки ба истилоҳ Ғарб дар бозии худ гузоштааст. Аммо, ин бозӣ бешубҳа хатарнок, хунин ва ман мегуфтам, ифлос аст. Вай соҳибихтиёрии кишварҳо ва халқҳо, асолат ва беназири онҳоро инкор мекунад, ва манфиатҳои дигар кишварҳоро ба назар намегирад”.
Тартиби ҷаҳонии либералии амрикоӣ на танҳо ҳар рӯз бесарусомониро зиёд мекунад, балки ҳатто нисбат ба худи кишварҳои ғарбӣ, нисбат ба кӯшишҳои онҳо барои нишон додани ҳар гуна истиқлолият тоқатнопазиртар мешавад, гуфт Путин.
Аммо, ҷаҳон табиатан гуногун аст ва кӯшишҳои Ғарб, барои зери як қолаб андохти ҳамагон, ба таври объективӣ барбод рафт, аз ин ҳеҷ чиз ба даст намеояд, гуфт президент, бахусус ба ин сабаб, ки “онҳо идеяи бунёдкорӣ ва рушди мусбӣ надоранд, танҳо чизе ки барои пешниҳод ба ҷаҳон доранд, ба истиснои нигоҳ доштани ҳукмронии худ дигар чизе нест”.
Вале, барои нигоҳдории ин ҳукмронӣ дигар қувва нест - ва сол то сол вазъи Ғарб торафт душвортар мешавад.
Болоиён дар воцеъ дигар наметавонанд - ва саволи ягона ин аст, ки кай поёниҳо, яъне ҷаҳони ғайриғарбӣ метавонад амали худро барои тағйир додани тартиботи ҷаҳонӣ ба таври осоишта ҳамоҳанг созад. Маҳз бо роҳи осоиштагӣ, яъне ба Ғарб имконият надиҳад, ки ҳукмронии худро бо роҳи иғво ва ғангҳо васеъ намояд.
Путин комилан мутмаин аст, ки ҷаҳони ғайриғарбӣ бо идомаи ҳукмронии Ғарб розӣ нест, зеро Ғарб даъвои на танҳо раҳбарияти ҷаҳонӣ, балки тобеъ кардани ҳамагон ва ҳама чизро дорад. Гузашта аз ин, ин тобеият дар татбиқи нақшаи ҷаҳонишавии англосаксонӣ танҳо боиси нобуд шудани гул-гулшукуфии тамаддунҳои ҷаҳонӣ, коҳиш ёфтани аҳолии замин ва ба истеъмолкунандаи универсалии бечеҳра табдил додани инсоният мегардад:
“Маҳз дар асоси муттаҳидшавӣ, монополияи молиявию технологӣ, барҳам задани ҳама гуна тафовутҳо, модели ҷаҳонишавии ғарбӣ, ки моҳияташ мустамликадории навбунёд буд, сохта шуд. Ҳадаф маълум буд – таҳкими бартарияти Ғарб дар арсаи иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳон. Ва барои ин, захираҳои молиявӣ, зеҳнӣ, инсонӣ ва иқтисодӣ, имкониятҳои тамоми сайёраро, истифода мебурду дигаронро аз худ вобаста мекард”.
Дар ин росто, Путин аз суханони Александр Зиновьев ёдовар шуд, ки барои бақои тамаддуни ғарбӣ дар сатҳе, ки расидааст, "тамоми сайёра ҳамчун муҳити зист зарур аст, тамоми захираҳои башарият заруранд".
Президент дар суханронии худ аз Достоевский, Солженитсин, Данилевский низ иқтибос оварда, аз калимаи охирин гуфт, ки ҳеҷ тамаддун наметавонад фахр кунад, ки он нуқтаи олии рушд аст ва пешравӣ на ҳаракати ҳама ба як самт аст, балки то ки “тамоми майдоне, ки арсаи фаъолияти таърихии инсониятро ташкил медихад, ҳамаҷониб истеҳсол карда шавад”.
Яъне, гуногунии тамаддунҳо ва тарзи зиндагии башарӣ он чизест, ки Русия дар асоси манфиатҳои миллии худ ва ҳадафҳои бунёди тартиботи нави ҷаҳонӣ пешбарӣ мекунад.
“Ман итминон дорам, ки ба диктатура танҳо бо роҳи озодии тараққиёти мамлакатҳо ва халқҳо, таназзули шахсият — муҳаббат ба одам ҳамчун ба эҷодкор, соддагардонии ибтидоӣ ва мамнуъиятҳо — мураккабии гул-гулшукуфии маданияту анъанаҳо муқобил гузоштан мумкин аст”.
Ва ӯ диди худро дар бораи тартиботи ҷаҳони оянда тасвир кард:
"Маънои лаҳзаи таърихии имрӯза маҳз дар он аст, ки тамоми тамаддунҳо, давлатҳо ва иттиҳодияҳои ҳамгироии онҳо воқеан имконотро барои роҳи худ, демократӣ ва аслии рушди худ, боз мекунанд. Ва пеш аз ҳама, мо чунин мешуморем, ки тартиботи нави ҷаҳонӣ бояд бар қонуният, мустақилият ва одилӣ бунёд ёбад”.
Ва рушди аслӣ ба ҳеҷ ваҷҳ маънои ҷудошавиро надорад, таъкид кард Путин - баръакс, онҳо ҳамкориҳои фаъол ва мутақобилан судмандро бар асоси принсипҳои одилона ва баробарӣ дар назар доранд.
“Агар ҷаҳонишавии либералӣ бе шахспарастӣ, таҳмил кардани модели ғарбӣ ба тамоми ҷаҳон бошад, пас ҳамгироӣ, баръакс, кушодани иқтидори ҳар як тамаддун ба манфиати умум, аст. Глобализм диктат аст, ҳама чиз дар ниҳоят ба ин рост меояд, пас ҳамгироӣ таҳияи стратегияҳои муштаракест, ки барои ҳама муфид аст".
Тартиботи нави ҷаҳониро "марказҳои қудрат" - қудратҳо-тамаддунҳо ва иттиҳодияҳои бузурги минтақавиро хоҳанд сохт:
"Русия фаъолтар ба кор андохтани механизмҳои эҷоди фазои бузург, бар асоси ҳамкории кишварҳои ҳамсоя бунёдшударо муҳим мешуморад, ки иқтисод, низоми иҷтимоӣ, заминаи захиравӣ, инфрасохтори онҳо ҳамдигарро пурра мекунанд. Чунин фазои бузург дар асл асоси ҷаҳони бисёрқутбӣ мебошанд. Ва аз муколамаи онҳо ягонагии башарият, аслӣ ва серҷабҳа ба вучуд меояд, ки назар ба ақидаҳои соддаи баъзе идеологҳои Ғарб, дучанд мураккаб аст.
Дар ҳамин ҳол, дар ин кор Авруосиё нақши махсус дорад, ки Путин онро "маҷмааи худкифо бо захираҳои азим ва имконоти бузург" номид. Путин ин дафъа дар бораи бархӯрди геополитикӣ ҳарф назад, аммо тарзи тавсифи Авруосиё мустақиман ба постулатҳои асосии геополитика алоқаманд аст: муборизаи байни замин ва баҳр, Авруосиё ва Атлантика.
Атлантистҳо (яъне қудратҳои ҷазиравии ИМА ва Британияи Кабир) наметавонанд ҷаҳонро назорат кунанд, магар он, ки онҳо Авруосиёро назорат кунанд. Ва ҳоло ҳама чиз ба сӯи он меравад, ки атлантикҳо танҳо бар Аврупо назорат хоҳанд кард, ки Путин онро "нӯги ғарбии Авруосиё" номид ва таъкид кард, ки он метавонад ҷузъи табиии он бошад:
"Аммо, ба аксаре аз раҳбарони он эътиқод ба он, ки аврупоиҳо беҳтар аз дигарон ҳастанд, ба онҳо мувофиқ нест, ки дар баробари дигарон дар баъзе корҳо ширкат кунанд, халал мерасонад. Дар паси чунин такаббурӣ онҳо ба навъе пай намебаранд, ки худи онҳо аллакай ба сояи каси дигар табдил ёфтаанд, дар ҳақиқат ба вассал табдил ёфтаанд - аксар вақт ва бе ҳуқуқи овоздиҳӣ.
Вале, суханронии Путин ба аврупоиҳо нигаронида нашудааст - ӯ дигар ба қобилияти муборизаи онҳо барои манфиатҳои худ бовар надорад ва дар ояндаи наздик онҳо ягон имкони баромадан аз назорати англосаксонҳоро надоранд.
Ҳарчанд Путин ба онҳо хотиррасон кард, ки "бисёрқутбӣ барои Аврупо ягона шонси барқарорсозии субъективияти сиёсӣ ва иқтисодии худ аст", вай пеш аз ҳама ба тамоми ҷаҳони ғайриғарбӣ муроҷиат карда, онҳоро ба бунёди як низоми ҷаҳонии воқеъан демократӣ даъват кард:
“Ман бовар дорам, ки демократияи воқеъӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ, пеш аз ҳама, имконияти ҳар як халқ, — мехоҳам таъкид созам — ҳар як ҷамъият, ҳар тамаддун интихоби роҳи худ, низоми ҷамъиятию сиёсии худро дар назар дорад”.
Ҳамзамон, муколамаи тамаддунҳо барои бунёди тартиботи нави ҷаҳонӣ бар арзишҳои маънавию ахлоқӣ, анъанавии онҳо асос хоҳад ёфт, ки бар хилофи арзишҳои ба истилоҳ неолибералӣ беҳамтоанд ва наметавонанд ба касе таҳмил шаванд, қайд кард Путин:
"Ин фаҳмиши мо дар бораи арзишҳои суннатӣ аст ва ин бархӯрд аз ҷониби аксарияти башарият мувофиқ ва пазируфта мешавад. Ин табиист, зеро ҷомеаҳои суннатии Шарқ, Амрикои Лотинӣ, Африқо, Авруосиё асоси тамаддуни ҷаҳониро ташкил медиҳанд".
Ва Путин Ғарбро такрор ба такрор аз ногузирии гузариш аз дикта ба муколама ҳушдор медиҳад - ва ин дар ниҳоят ба манфиати худи Ғарб аст. Агар, онҳо дар бораи ояндаи худ фикр кунанд:
"Эҳтиром ба вижагиҳои халқҳо ва тамаддунҳо ба нафъи ҳама аст. Дарвоқеъ ин ҳам ба нафъи ба истилоҳ Ғарб аст. Бартарияташро аз даст дода, дар арсаи ҷаҳонӣ зуд ба ақаллият мубаддал мешавад. Ва албатта, ҳуқуқи ин ақаллияти ғарбӣ ба ҳувияти фарҳангии худ, албатта, мехоҳам инро таъкид намоям, онро таъмин кардан лозим аст, ба он, албатта, бо эҳтиром муносибат кардан лозим аст, аммо, таъкид мекунам, дар заминаи баробар бо ҳуқуқҳои дигарон.
Агар элитаҳои ғарбӣ фикр кунанд, ки онҳо метавонанд ба зеҳни мардуми худ, ҷомеаи худ, тамоюлҳои аҷиб, ба андешаи ман, ба мисли даҳҳо гендер ва парадҳои ифтихори ҳамҷинсгароёнро ворид кунанд, пас бигзор ҳамин тавр бошад. Бигзор онҳо он чизеро, ки мехоҳанд, анҷом диҳанд! Аммо, он чизе, ки онҳо бешубҳа ҳақ надоранд, аз дигарон талаб кунанд, ин аст ки онҳоро ба ҳамон самт пайравӣ кунанд".
Суханронии Путин як навъ манифест барои тартиботи нави ҷаҳонии ояндаи пасошарбӣ гардид - на ба "қоидаҳои" маккоронаи англосаксонӣ, балки ба муколама ва ҳамоҳангсозии манфиатҳои тамаддунҳои мухталифи ҷаҳонӣ асос ёфтааст. Путин алтернативаи воқеии лоиҳаи ҷаҳонишавии Атлантикаро бо постгуманизм ва нафрат ба ҳама гуна анъана пешниҳод мекунад.
Тамоми ҷаҳон дарк мекунад, ки лоиҳаи Атлантик шикаст хӯрд ва Русия суқути онро наздиктар мекунад, дурусттараш, кӯшиши Ғарб барои лағви Русия шикасти лоиҳаи глобалии онҳоро суръат мебахшад.
Аммо, Русия на танҳо дар роҳи таназзули ҷаҳони амрикоӣ кор мекунад, балки ҳамаро ба суръат бахшидан ба сохтани нави ҷаҳон даъват мекунад. Дар он Русия худро гегемони нав вонамуд намекунад, — Путин махсус қайд кард, ки сухан дар бораи иваз кардани як хукм-ронӣ бо дигарӣ, иваз кардани Ғарб бо Шарқ намеравад.
Не, мо ба бунёди он чизе, ки Путин онро "симфонияи тамаддуни башарӣ" номид, бархӯрди куллан дигар ва одилона пешниҳод мекунем. Ва ин корест, ки тамоми ҷаҳони ғайри-ғарбӣ дар даҳсолаи наздик машғул мешавад, ки ин дар ҳақиқат на танҳо хавфноктарин, балки барои тамоми давраи баъд аз соли 1945 муҳимтарин хоҳад буд.