https://sputnik.tj/20221028/bayden-sukhanon-putin-khatar-1052479151.html
Байден дар суханони Путин хатар дид
Байден дар суханони Путин хатар дид
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба суханронии раисиҷумҳури Русия дар бораи силоҳи ҳастаӣ дар маҳфили мубоҳисавии "Валдай" вокуниш нишон дод
2022-10-28T10:55+0500
2022-10-28T10:55+0500
2022-10-28T10:55+0500
дар русия
сиёсат
ҷо байден
владимир путин
украина
ҳастаӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/04/1047336562_0:253:2991:1936_1920x0_80_0_0_5e8a44306f78463ac048b9e8a1d96879.jpg
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден зикри раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз силоҳи ҳастаиро хилофи изҳороташ дар мавриди надоштани нияти истифодаи он хонд. Ӯ ин нуктаро зимни мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Newsnation" дар пасманзари изҳошроти Путин дар маҳфили мубоҳисавии "Валдай" баён доштаст. Дар ин ҳамоиш раҳбари Русия гуфт, Маскав ба ҳамлаи ҳастаӣ ба Украина ниёз надорад. Вай аз онҳое, ки даъво доранд, ки Русия метавонад аз силоҳи ҳастаӣ истифода кунад, даъват кард, то доктринаи низомии Русияро бихонанд. Путин таъкид намудаст, ки дар корбурди силоҳи ҳастаӣ дар Украина ҳеҷ маънии низомӣ ё сиёсӣ вуҷуд надорад ва зарурати андешидани чунин тадбирҳо низ аз ҷониби Русия нест.Аммо роҳбари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ин зикри раисҷумҳури Русия таҳдид дидаст. Вай ҳамчунин бархӯрди Путинро хатарнок хонда, илова намудааст, ки бо тарки Украина метавонад ба он поён диҳад. Ин дар ҳолест, ки қаблан Маскав борҳо иддаои парокандаи ғарб дар мавриди эҳтимоли истифодаи силоҳи ҳастаиро бепояю моҷароҷӯёна хонда, аз паёмадҳои манфии он ҳушдор дод.
https://sputnik.tj/20221024/ukraina-istifoda-bomba-iflos-ighvo-1052399094.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/04/1047336562_121:0:2702:1936_1920x0_80_0_0_dfa729c4f6146176bb9810434d206367.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вокуниш, президент, има, русия
вокуниш, президент, има, русия
Байден дар суханони Путин хатар дид
Раҳбари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба суханронии раисиҷумҳури Русия дар бораи силоҳи ҳастаӣ дар маҳфили мубоҳисавии "Валдай" вокуниш нишон дод
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден зикри раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз силоҳи ҳастаиро хилофи изҳороташ дар мавриди надоштани нияти истифодаи он хонд.
Ӯ ин нуктаро зимни мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Newsnation" дар пасманзари изҳошроти Путин дар маҳфили мубоҳисавии "Валдай" баён доштаст.
Дар ин ҳамоиш раҳбари Русия гуфт, Маскав ба ҳамлаи ҳастаӣ ба Украина ниёз надорад. Вай аз онҳое, ки даъво доранд, ки Русия метавонад аз силоҳи ҳастаӣ истифода кунад, даъват кард, то доктринаи низомии Русияро бихонанд.
Путин таъкид намудаст, ки дар корбурди силоҳи ҳастаӣ дар Украина ҳеҷ маънии низомӣ ё сиёсӣ вуҷуд надорад ва зарурати андешидани чунин тадбирҳо низ аз ҷониби Русия нест.
Аммо роҳбари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ин зикри раисҷумҳури Русия таҳдид дидаст.
"Фикр мекунам, агар ӯ ният надошта бошад, чаро дар ин бора сӯҳбатро идома медиҳад? Чаро дар бораи имкони истифода аз силоҳи ҳастаии тактикӣ ҳарф мезанад", - суол гузоштааст Байден.
Вай ҳамчунин бархӯрди Путинро хатарнок хонда, илова намудааст, ки бо тарки Украина метавонад ба он поён диҳад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Маскав борҳо иддаои парокандаи ғарб дар мавриди эҳтимоли истифодаи силоҳи ҳастаиро бепояю моҷароҷӯёна хонда, аз паёмадҳои манфии он ҳушдор дод.