Путин гуфт, танҳо Русия метавонад кафили соҳибихтиёрии Украина бошад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принял
Президент РФ В. Путин принял - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2022
Обуна шудан
Президенти Русия муътақид аст, ки украинҳо ва русҳо то ҳол як халқанд, ки бо як қатор сабабҳо дар сангарщои гуногун истодаанд
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Танҳо Русия метавонад кафили ягонаи соҳибихтиёрии Украина бошад, зеро онро худи ӯ офаридааст.
Дар ин бора раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зимни суханронияш дар клуби мубоҳисавии "Валдай" изҳор дошт.
"Рости гап, ягона воқеӣ, чунин як кафили ҷиддии давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украина танҳо Русия буда метавонад, ки Украинаи имрӯзаро ба вуҷуд овард", - гуфт раҳбари Русия.
Вай инчунин қайд кард, ки русҳо ва украинҳо як мардуманд, ки танҳо дар давлатҳои гуногун қарор гирифтаанд.
Ӯ таъйид кард, ки ба ин далел, амалиёти вижаи низомиро метавон қисман ҷанги шаҳрвандӣ арзёбӣ кард.
"Мо хароҷот дорем ва пеш аз ҳама он ба талафоти [инсонӣ] вобаста ба баргузории амалиёти махсуси низомӣ дахл дорад. Ман ҳамеша дар ин бора фикр мекунам", - гуфт ӯ дар шарҳи авзоъ дар Украина.
Президент РФ В. Путин принял участие в VII Восточном экономическом форуме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2022
Изҳороти шадиди Путин дар бораи Украина шабакаҳои иҷтимоии Чинро "тарконд"
Мавсуф таъкид кард, ки агар Русия барои чанд соли дигар аз оғози амалиёти вижа худдорӣ кунад, вазъ дар Украина ба далели интиқоли аслиҳа ба Киев ва бунёди қалъаҳо комилан дигар мешавад.
Дар шарҳи ҳамлаи эҳтимолии ҳастаӣ ба Украина, Путин ба он ишора кард, ки дар ин ҳеҷ маънии низомӣ ё сиёсӣ вуҷуд надорад, зарурати андешидани чунин тадбирҳо низ аз ҷониби Русия нест.
Лентаи хабарҳо
0