Cафари Матвиенко, “фоҷеа”-и Имомзода ва таъйини Назарзода дар ВМКБ – феврале, ки рафт

© Пресс-служба Совета Федерация РФРустам Эмомали и Валентина Матвиенко
Рустам Эмомали и Валентина Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Обуна шудан
Вазири маорифи собиқ, ки изҳоротҳои охираш баҳсбарангез буданд, барканор гардид. Шариф Назарзода, сардори пешини Раёсати ВКД дар Душанбе дар ВМКБ вазифаи нав гирифт
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Феврал пур аз ҳодисаҳову хабарҳои баҳсбарангез дар Тоҷикистон гардид. Агар дар моҳи январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ лаҷоми баҳс дар дасти “коршиносон”-и ҳодисаҳои Қазоқистон ва “коронавирус” буд, дар моҳи феврал ин вирус фаромӯш шуд.
Аввал сухан дар шабакаҳои иҷтимоӣ атрофи изҳороти вазири маорифи собиқ Муҳаммадюсуф Имомзода ки гуфт, аз рафтани муаллимон “фоҷеа насозед” мерафт, сипас ”русияшиносон”-у “украиншиносҳо” ба баҳс сар карданд. Бо як сухан ин моҳ муҳити хабарӣ дар "ҷӯшу хурӯш" буд.

“Фоҷеае”, ки вазирро барканор кард?

Охирҳои моҳи феврал фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз мақоми вазири маорифи кишвар озод кардани Муҳаммадюсуф Имомзодаро имзо шуд. Ин хабар дубора баҳсҳоро атрофи як изҳороти пештараи вазир ҳангоми нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли тарки касб кардани муаллимон гарм намуд.
Министр образования и науки Таджикистана Мухаммадьюсуф Имомзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Эълони сабаби барканории Имомзода ва Шоҳин Саидзода
Ёдрас мешавем, ҳанӯз авалҳои моҳи феврал ҳамакнун вазири собиқ дар нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар робита ба далелҳои тарки соҳа намудани омӯзгорон гуфта буд, ки “сабабу омилҳои аз кор рафтан гуногун аст, фавт аст, нафақа аст, муҳоҷират аст, иваз кардани ҷойи зист аст” ва афзуд, ки аз ин “фоҷеа насозед”.
Тибқи иттилои манобеи хабарӣ, дар соли 2021 танҳо дар вилояти Хатлон 2067 муаллим тарки соҳа кардаанд. Ҳарчанд дар фармони Эмомалӣ Раҳмон далели барканории Имомзода “ба кори дигар гузаштан” гуфта мешуд, “коршиносони онлайнӣ” рафтани вазирро маҳз бар ҳамин изҳороти баҳсбарангезаш рабт доданд.
Ҳамин тавр, ба ҷои ӯ Саидзода Раҳимҷон Ҳамро, мудири пешини намояндагии Донишгоҳи миллии таҳқиқоти технологии Маскав (МИСИС) дар Душанбе таъйин гардид. Барорбари вазири маориф дар ҳамон шабу рӯз, се муовинаш, мудири Оҷонси назорат дар соҳаи маориф ва раиси Маркази миллии тестӣ низ барканор шуданд.
Вазири нави маориф гуафтааст, мақсадаш пеш аз ҳама баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа мебошад.

Дигар тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрии фарогири дигаре, ки дар моҳи феврал сурат гирифт, марбути Агентии назорати маводи нашъаовар ва ВКД мебошад.
Табличка на здании МВД Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Тафсилоти тағйироти кадрӣ: рӯйхати 6 генералу 12 майору полковники мансубшуда дар ВУД
Ҳамин тавр Раҳимзода Раҳмоналӣ Ҳамро ба мақоми муованати директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент таъйин гардид.
24 феврал Ҳамидзода Бароталӣ Партов аз муованати вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуд. Президенти Тоҷикистон сардори Раёсати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ВМКБ-ро низ аз вазифа сабукдӯш кард.
Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз мақомаш озод ва сардори нави РВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шуд. Ба ҷои Шариф Назарзода дар мақоми раҳбарии пулиси пойтахт Ҳамидзода Бароталӣ Партов таъйин шуд.
Коршиносон бо таъйин шудани Назарзода дар Бадахшон интизориҳои нек доранд. Ба қавли онҳо, таъйин шудани ӯ дар ба эътидол овардани вазъ дар минтақа мусоидат хоҳад кард. Худи Назарзода низ дар изҳороташ гуфтааст, ки ҳангоми фаъолият дар ВМКБ ба мардум такя хоҳад кард.

Сафари Матвиенко ба Тоҷикистон

Аз муҳимтарин гузоришҳои дигари расонаҳо дар бораи сафари раиси Шӯрои федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко ба Душанбе буд. Хонум Матвиенко 24 феврал вориди Душанбе шуд.
Ҳайати Русия бо раҳбарияти кишвар мулоқот карда, ҳамчунин дар Форуми VII байнипарлумонии "Тоҷикистон – Русия: зарфиятҳои ҳамкориҳои байниминтақавӣ" ширкат намуд.
Визит Председателя Совета Федерации Федерального Собрания России Валентины Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Боздиди Матвиенко аз майдони сохтмони мактаби русӣ ва мулоқот бо омӯзгорони русиягӣ
Матвиенко бо Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ рушди муносибатҳои парлумонӣ, муҳоҷират ва маорифро баррасӣ кард.
Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки сафари ҳайати Шӯрои Федератсия ба Душанбе ба таҳкими равобити дуҷониба хидмат хоҳад кард. Матвиенко зикр кард, ки Тоҷикистон шарик ва муттаҳиди боэътимоди Русия дар Осиёи Марказӣ ва ИДМ мебошад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Валентина ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва ҳамзамон робитаҳои байнипарлумонии ду кишварро баррасӣ кард.
Дар мулоқот дар бораи тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи байни минтақаҳои Тоҷикистону Русия, рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ, ҷалби сармояи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон, бахусус дар сатҳи минтақаҳо гуфтугӯ сурат гирифт.
Дар ин сафар раиси шӯро аз вазъи ахири Укрина, ки дар Тоҷикистон низ пайгирӣ ва баррасӣ мешавад, гуфт.
Ба гуфтаи вай, солҳои ахир Федератсияи Русия хостори ҳалли низоъ дар Украина бо василаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ, сари мизи музокирот нишастан ва қатъи хунрезӣ шудааст.
Встреча с Председателем Совета Федерации Федерального Собрания России Валентиной Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Аз муҳоҷират то сармоягузорӣ: дидору мулоқоти Раҳмон ва Матвиенко
Вай аз талафоти зиёди ғайринизомиён бар асари тирборон кардани шаҳракҳои Донетск аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи Украина, сарпечии мақомоти украинӣ аз ҳалли мусолиматомези вазъ тибқи созишномаҳои Минск ёдовар шуд.
Матвиенко ёдовар шуд, ки ахиран Украина бо истифода аз тӯпхонаҳои сангин, миномётҳо, норинҷакандозҳо ва танкҳо тирборонро афзоиш дод, ки дар миёни мардуми осоишта талафот дида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 21 феврали соли 2022 Русия истиқлоли ҶМЛ ва ҶМД-ро ба расмият шинохт ва сипас шартномаи дӯстӣ бо ин ҷумҳуриҳоро ба тасвиб расонд.
Пас аз чанд рӯз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз тасмими баргузории амалиёти вижаи низомӣ дар Донбасс хабар дод ва қайд кард, ки “вазъият иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад”.
Илова бар ин президент таъкид кард, ки ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кӯмак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Вай афзуд, ки нақшаҳои Маскав ишғоли қаламравҳои Украинаро дар бар намегиранд ва танҳо бо ҳадафи аз ҳолати низомисозӣ берун овардани ин кишвар амалӣ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0