Тафсилоти тағйироти кадрӣ: рӯйхати 6 генералу 12 майору полковники мансубшуда дар ВУД

© © Sputnik / Амир ИсаевТабличка на здании МВД Таджикистана
Табличка на здании МВД Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Обуна шудан
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон афроди тоза истихдомшуда дар ин ниҳодро муаррифӣ карданд
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасте аз асомии 18 нафарро, ки дар сохтори ин ниҳод вазифаҳои нав гирифтанд, нашр кард.
Ба иттилои ВУД, дар мувофиқа бо раисҷумҳур генерал-майор Қунғуротзода Фотеҳ ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб таъйин гардид.
Полковник Нозимзода Файзулло Ватан, ки то ҳол сардори милисаи Кӯлоб буд, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон таъйин гардид.
Генерал-лейтенант Солеҳзода Искандар, ки то ҳол роҳбарии мақомоти умури дохилии Хатлонро ба уҳда дошт, сардори РВУД дар нақлиёт таъйин гардид. То ҳол дар ин мақом генерал Фотеҳ Қунғуротзода кор мекард.
Тақдими рутбаи генерал ба Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод, сардори раёсати умури дохилии ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Таъйини генерали барканоршуда аз ВМКБ ба мақоми таъмингари бехатарии ҳаракати президент
Генерал-майор Ҳамидзода Бароталӣ Партов, сардори Раёсати умури дохилии Душанбе, генерал-лейтенант Назарзода Шариф Раҳмон сардори умури дохилӣ дар ВМКБ, генерал-лейтенант Солеҳзода Искандар, сардори РВУД дар нақлиёт мансуб шуданд.
Генерал-майори милитсия Солиев Карим Хоҷиевич вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД-ро гирифт. Генерал Мирзомуродзода Рустам ба вазифаи муовини аввали сардори Воҳиди махсуси ВКД дар умури таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр таъйин шудааст. Мирзомуродзода то имрӯз сардори милисаи ВМКБ буд.
ВУД дар феҳрасти мақомдорони дигар афроди зеринро номбар кардааст:
полковники милитсия Ҷабборзода Холмурод Холбобо, сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД;
полковники милитсия Тӯразода Нуралишоҳ, сардори шуъбаи №2, Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ;
полковники милитсия Пирзода Сафар Қузратулло, сардори ШВКД дар ноҳияи Файзобод;
полковники милитсия Сайфзода Самад Мадамон, сардори ШВКД дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд;
полковники хидмати дохилӣ Амиршозода Шодихон Сафаралӣ, мудири Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД дар ноҳияи Данғара";
полковники милитсия Саидзода Комилҷон Сафар, сардори ШВКД дар ноҳияи Нуробод;
подполковники милитсия Ҷолизода Рӯшон Шоалӣ, сардори ШВКД дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ;
подполковники милитсия Ғафорзода Абдураҳим Маҳмадсаид, сардори ШВКД дар ноҳияи Вхши вилояти Хатлон;
подполковники милитсия Абдусамадзода Суҳроб Абдусамад, сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон;
подполковники милитсия Хайруллозода Қурбон Саттор, сардори ШВКД дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон;
майори милитсия Тоҳирзода Рустам Тоҳир, сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон кадрҳои навтаъйин дар ВКД-ро ба ҳузур пазируфт. Ӯ дар хитоб ба мақомдорони ҷадид гуфт, бояд поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хидмат намоянд.
Лентаи хабарҳо
0