https://sputnik.tj/20220221/prezident-barkanori-imomzoda-shohin-saidzoda-1046107737.html
Эълони сабаби барканории Имомзода ва Шоҳин Саидзода
Эълони сабаби барканории Имомзода ва Шоҳин Саидзода
Sputnik Тоҷикистон
Дар фармонҳои барканории ду мақоми аршади бахши маорифи Тоҷикистон сабабҳо зикр шудаанд
2022-02-21T16:10+0500
2022-02-21T16:10+0500
2022-02-21T20:21+0500
дар тоҷикистон
маориф
тағйирот
президент
фармон
имомзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038795281_0:0:2713:1526_1920x0_80_0_0_03e69a93e8e5c458abff2c15e8fd55fc.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев - Sputnik. Дар фармони президент дар бораи барканории Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ сабабаш зикр гардидаст, иттилоъ дод дафтари матбуотии раисҷумҳур. Бар асоси фармони нашршудаи президент, Имомзода бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз вазифа озод гардидааст. Аммо вазифаи нави Имомзода чӣ хоҳад буд, феълан маълум нест. Дар баробари ин Саидзода Шоҳин, ки аз таъсисёбии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президент роҳбарии ин ниҳодро ба уҳда дошт, аз мақом барканор гардид. Дар фармони барканории Саидзода низ сабаб гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст, аммо дар бораи вазифаи нави ӯ низ феълан иттилое дар даст нест. Шоҳин Саидзода писари Нуриддин Саид, вазири маорифи пешин ва роҳбари феълии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мебошад. Маврид ба зикр аст, ки дар пайи тағйироти кадрӣ дар бахши маориф Саидзода Раҳим Ҳамро - вазири маориф ва илм, Ҷуразода Ҷамшед - муовини якум, Хайрзода Шукрулло ва Абдухолиқзода Лутфия - муовинони вазири маориф таъйин гардиданд. Роҳбарони навтаъйин мутахассисини бахши техникию иқтисод муаррифӣ мегарданд.
https://sputnik.tj/20220221/tafsilot-taghyirot-kadri-gumruk-maorif-javonon-1046099351.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038795281_130:0:2541:1808_1920x0_80_0_0_e29e30f11607bafa0c0b4410eeb75ee7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, сабаб, имомзода, шоҳин саидзода
эълон, сабаб, имомзода, шоҳин саидзода
Эълони сабаби барканории Имомзода ва Шоҳин Саидзода
16:10 21.02.2022 (Навсозишуда: 20:21 21.02.2022) Дар фармонҳои барканории ду мақоми аршади бахши маорифи Тоҷикистон сабабҳо зикр шудаанд
ДУШАНБЕ, 21 фев - Sputnik. Дар фармони президент дар бораи барканории Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ сабабаш зикр гардидаст, иттилоъ дод дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Бар асоси фармони нашршудаи президент, Имомзода бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз вазифа озод гардидааст. Аммо вазифаи нави Имомзода чӣ хоҳад буд, феълан маълум нест.
Дар баробари ин Саидзода Шоҳин, ки аз таъсисёбии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президент роҳбарии ин ниҳодро ба уҳда дошт, аз мақом барканор гардид.
Дар фармони барканории Саидзода низ сабаб гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст, аммо дар бораи вазифаи нави ӯ низ феълан иттилое дар даст нест.
Шоҳин Саидзода писари Нуриддин Саид, вазири маорифи пешин ва роҳбари феълии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи тағйироти кадрӣ дар бахши маориф Саидзода Раҳим Ҳамро - вазири маориф ва илм, Ҷуразода Ҷамшед - муовини якум, Хайрзода Шукрулло ва Абдухолиқзода Лутфия - муовинони вазири маориф таъйин гардиданд. Роҳбарони навтаъйин мутахассисини бахши техникию иқтисод муаррифӣ мегарданд.