https://sputnik.tj/20220225/bozdid-matvienko-maydon-sokhtmon-maktabi-rusi-muloqot-1046280133.html
Боздиди Матвиенко аз майдони сохтмони мактаби русӣ ва мулоқот бо омӯзгорони русиягӣ
Боздиди Матвиенко аз майдони сохтмони мактаби русӣ ва мулоқот бо омӯзгорони русиягӣ
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи созишномаи байнидавлатӣ Русия дар шаҳрҳои Тоҷикистон 5 мактаби русӣ месозад
2022-02-25T18:55+0500
2022-02-25T18:55+0500
2022-02-25T20:47+0500
маориф
дар тоҷикистон
валентина матвиенко
боздид
мактаб
мактаби русӣ
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/19/1046278313_0:107:2047:1258_1920x0_80_0_0_ec74f891c2967c6e626df93a8d3dcd87.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия ҳамроҳи Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз майдони сохтмони мактаби русӣ дар Душанбе боздид кард. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, мактаби русӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои 1224 хонанда дар ҳоли бунёд. Манбаъ зикр намуд, ки муассисаи таълимии мазкур дар доираи татбиқи Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия аз 17 апрели соли 2019 сохта мешавад. Бар асоси ин созишнома, сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳилоти миёнаи умумӣ бо забони русӣ барои 1224 ҷойи нишаст дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода дар назар аст. Матвиенко, ки дар садри як ҳайати парлумонии Русия дар Тоҷикистон қарор дорад, инчунин тавассути видеоконференсия бо рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимии дигар низ шинос гардидаст. Раиси палатаи болоии парлумони Русия ҳамчунин аз Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди Тоҷикистон дар ноҳияи Сино дидан карда, бо муҳассилину омӯзгорон суҳбат доштаст. "Аз ҷумла дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи "Омӯзгори русиягӣ дар хориҷа" дар литсей-интернат 5 омӯзгор аз Русия ба хонандагон дарс меомӯзанд", - афзуд манбаъ. Дар доираи сафараш Матвиенко бо ҷараёни машғулиятҳо дар синфхонаҳои фаннӣ, инчунин шароиту имкониятҳои таълимию илмомӯзӣ шинос шуда, бо омӯзгорони русиягӣ дар Душанбе ва навоҳии атрофи он суҳбат анҷом додааст. Маврид ба зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи "Омӯзгори русиягӣ дар хориҷа" дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон даҳҳо омӯзгор фаъолият мекунанд.
https://sputnik.tj/20220225/ozmuni-bursiyaho-tahsil-khoriji-tojikiston-1046252611.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/19/1046278313_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_222fc8447698dbe02aa78a444e1486aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздид, матвиенко, майдон, сохтмон, мактаб, русӣ
боздид, матвиенко, майдон, сохтмон, мактаб, русӣ
Боздиди Матвиенко аз майдони сохтмони мактаби русӣ ва мулоқот бо омӯзгорони русиягӣ
18:55 25.02.2022 (Навсозишуда: 20:47 25.02.2022) Дар доираи созишномаи байнидавлатӣ Русия дар шаҳрҳои Тоҷикистон 5 мактаби русӣ месозад
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия ҳамроҳи Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз майдони сохтмони мактаби русӣ дар Душанбе боздид кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, мактаби русӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои 1224 хонанда дар ҳоли бунёд.
Манбаъ зикр намуд, ки муассисаи таълимии мазкур дар доираи татбиқи Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия аз 17 апрели соли 2019 сохта мешавад. Бар асоси ин созишнома, сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳилоти миёнаи умумӣ бо забони русӣ барои 1224 ҷойи нишаст дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода дар назар аст.
Матвиенко, ки дар садри як ҳайати парлумонии Русия дар Тоҷикистон қарор дорад, инчунин тавассути видеоконференсия бо рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимии дигар низ шинос гардидаст.
Раиси палатаи болоии парлумони Русия ҳамчунин аз Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди Тоҷикистон дар ноҳияи Сино дидан карда, бо муҳассилину омӯзгорон суҳбат доштаст.
"Аз ҷумла дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи "Омӯзгори русиягӣ дар хориҷа" дар литсей-интернат 5 омӯзгор аз Русия ба хонандагон дарс меомӯзанд", - афзуд манбаъ.
Дар доираи сафараш Матвиенко бо ҷараёни машғулиятҳо дар синфхонаҳои фаннӣ, инчунин шароиту имкониятҳои таълимию илмомӯзӣ шинос шуда, бо омӯзгорони русиягӣ дар Душанбе ва навоҳии атрофи он суҳбат анҷом додааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи "Омӯзгори русиягӣ дар хориҷа" дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон даҳҳо омӯзгор фаъолият мекунанд.