Аз муҳоҷират то сармоягузорӣ: дидору мулоқоти Раҳмон ва Матвиенко

© Пресс-слубда президента РТВстреча с Председателем Совета Федерации Федерального Собрания России Валентиной Матвиенко
Встреча с Председателем Совета Федерации Федерального Собрания России Валентиной Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон ба саҳми шахсии сиёсатмадори рус дар рушди равобити ду кишвр баҳои баланд дод
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия Валентина Матвиенко дидору мулоқот карда, масоили муҳоҷират, сармоягузорӣ ва таҳсилотро баррасӣ карданд.
Тибқи гузориши хадамоти матбуотии кишвардори Тоҷикисон, дар ин мулоқот ҳамчунин ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва ҳамзамон робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ шудаанд.
Дар рафти ин дидор Раҳмон аз ҳамкории кишварҳо дар сатҳи олӣ ва муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ карда, ба саҳми шахсии Валентина Матвиенко дар таҳкими маҷмуи робитаҳои шарикии стратегии ду кишвар баҳои баланд додааст.
Дар мулоқот доир ба тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи байни минтақаҳои Тоҷикистону Русия, рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ, ҷалби сармояи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон, бахусус дар сатҳи минтақаҳо, гуфтугӯ сурат гирифтааст.
Председатель Совета Федерации Валентина Матвиенко. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Ба мо интихоби дигар нагузоштанд": Матвиенко аз амалиёти вижаи Русия дар Украина гуфт
Раҳмон ва Матвиенко ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, робитаҳо дар бахши маориф, рушди забони русӣ, таъмини омӯзгорон барои мактабҳои русӣ, бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ва ҷудо кардани бурсияҳои донишгоҳҳои Русия барои шаҳрвандони кишвари мо, мулоҳизаҳои судманд баён намудаанд.
Сиёсатмадорон ҳамчунин дар бораи авзои зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон, афзоиши низоъҳо дар баъзе минтақаҳо, вазъи сиёсии Афғонистон ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, табодули афкор карданд.
Бояд гуфт, раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Русия Валентина Матвиенко ҷиҳати иштирок дар Форуми байнипарлумонии "Тоҷикистон-Русия: иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ" дар Тоҷикистон қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0