ИМА Украинаро ба ҷанг мекашад

© Sputnik / Алексей ВитвицкийФлаг США
Флаг США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Обуна шудан
Даҳшат ин аст, ки амрикоиҳо бо ҳамроҳони англисашон дидаю дониста ҷанги ҳарбиро ба амал меоваранд, ки он метавонад дар давоми якчанд рӯз ва ё соат ба ҷанги ҷаҳонӣ табдил шавад
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik, Виктория Никифорова. Истилоҳи "ҷанги аҷиб" (ба ном "ҷанги хандовар" ё, тавре ки мо имрӯз мегӯем, "ҷанги фейк") одатан барои тавсифи ҳамкории сусти нерӯҳои фаронсавӣ ва олмонӣ дар хати Маҷино дар солҳои 1939-1940 истифода мешавад.
Аммо барои он чизе, ки имрӯз дар Украина рух медиҳад, ин бешубҳа мувофиқ нест. Ин ифодаи хеле заиф аст. Дар он ҷо "хайр, ҷанги хеле аҷоиб"дар ҷӯшу хурӯш аст.
Он чун одат бо шарикони ғарбии мо, бо як саҳнаи ҷолиб оғоз ёфт. Аввалин шуда, аз Украина инструкторони низомии Амрико гурехтанд. Бритонҳо аз паси онҳо рафтанд. Дар матбуоти Ғарб ҳамаи ин бевосита ба сифати Дюнкерк нишон дода мешавад. (Дар омади гап, шумо бовар намекунед, аммо дар Бритониё фирори нангини нерӯҳои бритониёӣ аз Дункерк аз Гитлерро ҳодисаи асосии Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ медонанд.)
Фақат як чиз равшан нест: мутахассисони ҳарбии Ғарб аз кй мегурезанд? Вазири дифоъи ИМА Марк Миллӣ ва вазири дифои Бритониё Бен Уоллес контингенти худро аз чӣ наҷот медиҳанд? Аз нерӯҳои маҳаллӣ, аз Оксанаҳои сиёҳчашм?
Красная площадь в сумерках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2022
Оё Русия Украинаро наҷот медиҳад?
Маҳз Бен Уоллес кӯшиш кард, ки ба ин савол ҷавоб диҳад. Ҳамин ки ӯ фурсат ёфт, бо оилааш ба истироҳат парвоз кунад, маҷбур шуд, ки таътили худро қатъ кунад ва фавран ба Лондон баргардад.
Зимнан, ин барои элитаи Бритониё як пешрафти бузург аст. Моҳи августи соли гузашта вазири вақти корҳои хориҷӣ Доминик Рааб тасмим гирифт, ки истироҳати боҳашамати худро дар Крит барои чунин як чизи ночиз ба мисли баромадани НАТО аз Афғонистон қатъ накунад. ВАО-и Бритониё то ҳол аз истироҳатҳои критии ӯ ёдрас мешаванд.
Ҳамин тавр, ҳини бозгашт ба Лондон, Бен Уоллес ба Sunday Times мусоҳиба дод. Дар он вай гуфта буд, ки "бӯйи Мюнхен дар ҳаво"-ро эҳсос мекунад. Намедонам, чаро ӯ ногаҳон тасмим гирифт, ки ба ҳамватанонаш дар бораи нангинтарин саҳифаи таърихи Англия хотиррасон кунад. Бо Гитлер забон як карда, Чехословакияро ба ӯ супурдан дар ҳақиқат хуб набуд. Бояд ин корро намекард.
Шояд Уоллес ишора дорад, ки имрӯз нақши Олмони фашистиро Русия бозй мекунад ва Англия бошад, рафтори оромона дорад ва "тачовузкор"-ро пас мегардонад.
Аммо ҳилла дар он аст, ки тамоми ҷаҳон хуб мебинад, ки Русия ба ҳеҷ куҷо ҳамла намекунад ва чизеро забт карданӣ нест. Бо ин чӣ гуна бояд муносибат кард?
Ва он гоҳ Уоллес далели дӯстдоштаи шарикони бритониёии моро берун мекашад. Бале, бале, шумо аллакай пай бурдед. Ин калимаи дӯстдоштаи highly likely аст. "Эҳтимол дорад", "як навъ", "шояд ҳа, шояд не". Ба эҳтимоли зиёд, ба гуфти Бен Уоллес, Русия ба Украина ҳамла мекунад.
Гӯш кунед, ин як рӯзноманигор ё мутахассиси либоси низомидор нест, ин як вазири дифоъ аст. Чунин одамон кам гап мезананд, вале ҳадафмандона мегӯянд. Ва он гоҳ баъзеҳо, бубахшед, дар сатҳи занони малламуй аз шӯхӣ сӯҳбат мекунанд: "Панҷоҳ бар понҷоҳ. Ё бо динозавр вохӯред, ё не". Бо эҳтимолияти баланд, вомехӯред.
Украинские солдаты на БТР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
"Хоҳиш мекунам, ором шавед". Кӣ Украинаро муҳосира мекунад?
Рӯзи якшанбе элитаи Бритониё ва Амрико дар ҳамин самт идома доданд. Департаменти давлатии ИМА дастур дод, ки сафорати ИМА аз Киев хориҷ карда шавад. Бритониё низ ҳамин тавр кард. Баъзе вассалҳои онҳо ба шаҳрвандони худ тавсия доданд, ки Украинаро тарк кунанд.
Маъмулан чунин тасмимҳо дар арафаи ҷанг гирифта мешавад. Аммо то ҳол ҷанг нест. Ҳарду рақибони эълоншуда пайдо нашуданд - ба назар чунин мерасад, ки ин дар таърихи ҷаҳонӣ як ҳодисаи нодир аст.
Маълум аст, ки русҳо ба иғвои иттилоотии Ғарб чӣ гуна иртибот доранд. Украиниҳо дар ин бора чӣ фикр доранд? Хуб, баъзе нашрияҳои пешрафта дастурҳоро дар бораи чӣ гуна ҷамъ кардани қуттии ҳушдор ва сохтани як интиқолдиҳандаи махсуси ҳушдор барои ҳайвонот нашр кардаанд. Аммо ҳамаи ин, бешубҳа, танҳо барои намоиш таҳия шуда буд ва ба тасаввуроти украиниҳои оддӣ таъсире надошт.
Биёед бо рӯзноманигори маҷаллаи The Guardian дар кӯчаҳои Киев сайёҳат кунем. Дар он ҷо албатта онҳо барои таблиғоти Русия кор намекунанд. Дар гузориши рӯзи якшанбеи худ Шон Уокер бо тааҷҷуб қайд мекунад, ки фазои Киев шоми ҷумъа ниҳоят "хушбахт" боқӣ мондааст ва шаҳрвандон идеяи ҳамлаи Русияро "аҷиб ва ғайри қобили қабул" медонанд.
Шон Уокер тафриқаҳои арзон ва ҷолиби Киевро бо муҳаббат тавсиф мекунад. Аз ҷумла, ӯ мегӯяд, ки мардуми Киев қасд доранд аз бомбгузориҳои Русия дар стриптиз-клубҳои маҳаллӣ фирор кунанд - шояд духтарони маҳаллӣ бо ӯ шӯхӣ кардаанд ва ӯ ҳам ба ин бовар кардааст. Хуб дида мешавад, ки хабарнигори англис Украинаро воқеан дӯст медорад ва ӯ қатъиян аз онҷо ба ҳеҷ куҷо рафтанӣ нест.
Аммо дар ҳоле ки мардуми оддӣ кайфу сафо мекунанд, роҳбарияти кишвар яксон меларзад. Дар баъзе лаҳзаҳо асабҳои президент Зеленский ба дараҷае вайрон шуд, ки ӯ ба рӯзноманигорони ғарбӣ муроҷиат карда, хоҳиш кард, ки ба ӯ “далели сад дарсадии ҳамлаи Русияро пешниҳод кунанд... рӯзи 15-ум дар ё 16… лутфан".
Джо Байден  и Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2022
Суҳбати Путин ва Байден: баҳси нақшаи "ҳуҷум" ва хатари мусаллаҳсозии Украина
То ба ҳол касе ба ӯ посух надодааст. На рӯзноманигорон, на соҳибони расонаҳои ғарбӣ, на Байден ва на Ҷонсон. Ҳатто СРУ занг назад, гарчанде ки метавонистанд занг зананд. Ҳамин тавр, президенти Украина аз номуайянӣ азоб мекашад: оё ӯ аллакай ҷанг карда истодааст ё ҳанӯз не? Ё бо онҳо мубориза мебарад? Оё вай аз интихобкунандагонаш ҷудо мешавад ё шарикони калон ӯро фиреб медиҳанд? Ва ё Худоё, Худои ман, ин ҳама чӣ гуна анҷом меёбад?
Ёд дорам, ки Михаил Саакашвили замоне дар сари Гурҷистони сарбаланд истода буд. Боре ба сари ӯ низ омада буд, ки бо Русия ҷанг кунад. Имрӯз ӯ дар зиндон аст, сурудҳои ғамангези гурҷй месарояд.
Аммо ҳамтоёни амрикоии Зеленскийро метавон фаҳмид. Онхо ба он мувофиқ набуданд. Онҳо тамоми рӯзҳои истироҳат бо арақи ҷабин барои Украинаи демократӣ мубориза бурданд. Ҳанӯз рӯзи шанбе як киштии зериобии нерӯҳои дарёии Амрико ба ин ҳадаф вориди обҳои марзии Русия дар ҷазираҳои Курил шуд. Командир бояд каме аз рох баромада бошад. "Украина", "Курил" - он қадар ба ҳам монанд аст, бо ин номҳои русӣ девона мешавед.
Хуб, фрегати русии "Маршал Шапошников" бо истифода аз техникам махсус киштии америкоиро пеш кард. Умедворам, ки вай дигар дар даштхои Украина гум намешавад. Дарвоқеъ, аз ҷазираҳои Курил ба он ҷо онқадар дур нест. Аввалан, тавассути канали Панама ба Атлантика, сипас ба рост ба чап ба рост ва дар он ҷо Украина аллакай хеле наздик аст, гум намешавед.
Рӯзи ҷумъа, дар ҳоле ки хабарнигори бритониёӣ Шон Уолкер дар стриптиз-клубҳои Киев мавод ҷамъоварӣ мекард, сиёсатшиноси амрикоӣ Дэвид Ҳендриксон варианти худро ба суоли "чаро Вашингтон бораи Украина ин қадар девона мешавад" нашр кард.
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Эрдуғон пешниҳоди миёнҷигарӣ дар байни Русия ва Украина кард
Коршинос таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки Зеленский баъзан ҷуръат мекунад изҳороте бигӯяд, ки мустақиман ба сенарияи Вашингтон мухолифат мекунад. Вай аз матлаби сардабири CNN иқтибос овардааст, ки раисиҷумҳури Украина ва ҳамчунин як мақоми Кохи Сафедро, ки мехост номаш ифшо нашавад, интиқод кардааст. "Мо муҳимтарин шарики ӯ ҳастем ва ӯ ба рӯйи мо туф мекунад ва... ба тахрибкории ошкоро машғул аст", - гуфт як намояндаи доираҳои қудратии Вашингтон дар бораи раҳбари Украина.
Ба гуфтаи Ҳендриксон, Амрико ба далели "Маҷрои Шимолӣ 2" девона шудааст. Барои боздоштани вай Вашингтон тайёр аст ба хар гуна иғвогарй даст занад. Ин, дар ҳақиқат, кайҳо боз сирри кушода буд. Мо дар ин бора пеш аз мутахассиси америкой муфассал навишта будем.
Аммо, тамоми даҳшат дар он аст, ки масъала ҳеҷ гоҳ бо эвакуатсияҳои қалбакӣ ва инфоиғвогарӣ маҳдуд намешавад. Америкоиҳо бо ҳамроҳони англисашон дидаю дониста ҷанги ҳарбиро ба амал меоваранд, ки он метавонад дар давоми якчанд рӯз ва ё соат ба ҷанги ҷаҳонӣ табдил шавад.
Ва ин аст, ки воқеан нофаҳмо аст: чаро миллионҳо украиниҳо бояд дар ин даҳшат иштирок кунанд? Баъзан аҳолии ин кишвари бадбахт ба шахсе шабоҳат дорад, ки дар казино ба сари миз омада, пул мегузоред ва бой медиҳад, сипас боз мегузорад. Вай бояд дур мешуд, пули боқимондаашро наҷот медод. Аммо вай ин корро карда наметавонад. Ӯ боз пул мегузораду боз бой медиҳад.
Вақти он расидааст, ки украиниҳо эътироф кунанд, ки соли 2014 бебарор бозӣ карданд. Брюссел ва Вашингтонро интихоб кардан, шарт набуд, ин як иқдоми бад буд. Аммо ҳанӯз имконият мавҷуд аст, ки аз сари миз дур шавад. То он даме, ки ҳаёти худро аз даст надодаанд - охирин чизе, аз онҳо боқӣ мондааст.
Лентаи хабарҳо
0