https://sputnik.tj/20220213/putin-bayden-qasdi-hamla-ukraine-1045806129.html
Суҳбати Путин ва Байден: баҳси нақшаи "ҳуҷум" ва хатари мусаллаҳсозии Украина
Суҳбати Путин ва Байден: баҳси нақшаи "ҳуҷум" ва хатари мусаллаҳсозии Украина
Sputnik Тоҷикистон
Масоили Украина аз мавзуъҳои меҳварии музокироти президентҳои Русия ва ИМА арзёбӣ шуд
2022-02-13T10:10+0500
2022-02-13T10:10+0500
2023-10-02T17:09+0500
сиёсат
владимир путин
ҷо байден
мусаллаҳ
нақша
суҳбат
дар русия
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/01/1039881425_0:154:3072:1882_1920x0_80_0_0_c3379464776d48914c6534a2ca3eaed5.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Ҷо Байден, президенти ИМА гуфтааст, ки маънии воҳимасозиҳо атрофи "ҳамла" ба Украинаро намефаҳмад. Ҷониби Русия такрор намуд, ки далели пешниҳоди ахбори дурӯғ аз тариқи расонаҳо дар мавриди "ҳуҷум" ба Украинаро намефаҳмад, хабар дод Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия дар пайи ин гуфтушунид. Ӯ афзуд, ки Путин дар музокирот бо Байден аз хатари мусаллаҳсозиҳои Украина ҳушдор дода, дар зимн таъкид намудааст, ки Ғарб ба Киев фишори лозимӣ наоварда истодааст, то ба иҷрои созишномаҳои Минск водор созад. Ҷо Байден дар суҳбат бо Путин изҳор доштааст, ки ИМА ва Русия рақибанд, аммо бояд тамоми корро анҷом диҳанд, то аз бадтарин раванди ҳаводис атрофи Украина ҷилавгирӣ гардад. Ин дар ҳолест, ки расонаҳо ахиран аз қасди Русия барои ҳамла ба Украина дар рӯзҳои наздик хабар доданд. Дар пасманзари ин хабарҳо музокироти Путину Байден баргузор гардида, ба гуфтаи Ушаков, бисёре аз роҳбарони дигари ҷаҳон низ дархости суҳбат бо президенти Русияро кардаанд. Мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 7,5 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.Роҳҳои ҳалли ин мушкилро "чоргонаи нормандӣ" баррасӣ дорад, ки аз Русия, Украина, Олмон ва Фаронса иборат мебошад. Солҳои 2015-2016 тарафҳо сари аломатгузорӣ созиш карданду дар шаҳри Минск созишнома ба имзо расид.Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20220212/lavrov-blinken-telefoni-suhbat-1045801032.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/01/1039881425_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_104d249fc822743603e002cd750c558c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
музокирот, гуфтушунид, путин, байден, нақша, ҳуҷум, украина
музокирот, гуфтушунид, путин, байден, нақша, ҳуҷум, украина
Суҳбати Путин ва Байден: баҳси нақшаи "ҳуҷум" ва хатари мусаллаҳсозии Украина
10:10 13.02.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Масоили Украина аз мавзуъҳои меҳварии музокироти президентҳои Русия ва ИМА буд
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Ҷо Байден, президенти ИМА гуфтааст, ки маънии воҳимасозиҳо атрофи "ҳамла" ба Украинаро намефаҳмад.
Ҷониби Русия такрор намуд, ки далели пешниҳоди ахбори дурӯғ аз тариқи расонаҳо дар мавриди "ҳуҷум" ба Украинаро намефаҳмад, хабар дод Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия дар пайи ин гуфтушунид.
Ӯ афзуд, ки Путин дар музокирот бо Байден аз хатари мусаллаҳсозиҳои Украина ҳушдор дода, дар зимн таъкид намудааст, ки Ғарб ба Киев фишори лозимӣ наоварда истодааст, то ба иҷрои созишномаҳои Минск водор созад.
"Раисҷумҳури Русия таъминоти Украинаро бо силоҳи муосир, ки кишварҳои ғарбӣ амалӣ карда истодаанд, хатарнок хонда, онро мусоидат барои фитнаҳои эҳтимолии нерӯҳои украинӣ алайҳи Донбассу Қрим хонд", - гуфт Ушаков.
Ҷо Байден дар суҳбат бо Путин изҳор доштааст, ки ИМА ва Русия рақибанд, аммо бояд тамоми корро анҷом диҳанд, то аз бадтарин раванди ҳаводис атрофи Украина ҷилавгирӣ гардад.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳо ахиран аз қасди Русия барои ҳамла ба Украина дар рӯзҳои наздик хабар доданд.
Дар пасманзари ин хабарҳо музокироти Путину Байден баргузор гардида, ба гуфтаи Ушаков, бисёре аз роҳбарони дигари ҷаҳон низ дархости суҳбат бо президенти Русияро кардаанд.
Мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 7,5 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.
Роҳҳои ҳалли ин мушкилро "чоргонаи нормандӣ" баррасӣ дорад, ки аз Русия, Украина, Олмон ва Фаронса иборат мебошад. Солҳои 2015-2016 тарафҳо сари аломатгузорӣ созиш карданду дар шаҳри Минск созишнома ба имзо расид.
Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.