"Хоҳиш мекунам, ором шавед". Кӣ Украинаро муҳосира мекунад?

© AP / Efrem LukatskyУкраинские солдаты на БТР
Украинские солдаты на БТР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
Аз афти кор, сиёсатмадорони Ғарб дар бораи ҷанги дар пешистода саргарм шудаанд ва иттифоқчиёни НАТО барои ба фронт фиристодани сарбозон тайёр нестанд
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik, Ксения Мелникова. Киев, ки муддати тӯлонӣ аҳолиро аз ҳуҷуми русҳо тарсонда буд, акнун даъват мекунад, ки "ҳароратро кам кунед". Дар ҳамин ҳол васоити ахбори омма ба таҳрик додани истерия идома медиҳанд ва интиқоли силоҳ ба Украина танҳо афзоиш меёбад.

Лутфан фишор надиҳед

"Дар васоити ахбори умум фантастикаи ниманизомӣ зиёд аст. Ба шумо, рафиқон, ҳамкорон муроҷиат мекунам: ҳароратро каме коҳиш диҳед. Мо вазъиятро мефаҳмем, барои воҳима асосе нест. Аз ҳама хоҳиш мекунам, ки ором шаванд", - котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина Алексей Данилов, ки қаблан дар бораи "таҳдиди Русия" ҳарф мезад, ногаҳон нуқтаи назари худро дигар кард.
Владимир Зеленский низ ба украиниҳо муроҷиат кард. Вай итминон дод, ки "вазъият дар шарқи ин кишвар таҳти назорат аст". Президент, ки қаблан маслиҳат дода буд, гуфт: "Мо барои коҳиши пурраи ташаннуҷ тавассути ҳалли мусолиматомез талош мекунем. Мо ҳама чизро медонем, ба ҳама чиз омода ҳастем, ба беҳтарин чиз бовар дорем ва ҳама кори заруриро мекунем, ором шавед”.
Тавре маълум шуд, вазири дифоъ Алексей Резников низ ҳамларо интизор нест.
"Дар ҳоли ҳозир нерӯҳои мусаллаҳи Русия як нерӯи зарбазан таъсис надодаанд, ки бигӯем, фардо онҳо ба ҳамла хоҳанд рафт", - шарҳ дод ӯ.
Илова бар ин Радаи Болоӣ тарҳи Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии давраи гузариш”-ро, ки моҳи август ба он ҷо фиристода шуда буд, ногаҳон бозпас гирифт. Дар он Русияро "таҷовузкор" меноманд ва ҳар ҳуҷҷате, ки дар ҶХД ва ҶХЛ дода мешавад, беэътибор дониста мешавад. Дар Маскав ин иқдомро радди созишҳои Минск арзёбӣ карданд.

Карабинҳо фурӯхта ва барномаҳо рехта шуданд

Нақша бо тахлияи дипломатҳо, ки дар Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё пешбарӣ карда мешуд, идомаи мантиқӣ нагирифт. Аврупоиҳо розӣ нашуданд. Ба гуфтаи Ҷозеп Боррел, намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар умури хориҷӣ ва амният барои тахлия "ҳатто ниёзи ҳадди ақал" вуҷуд надорад.
Бо вуҷуди ин матбуот ва сиёсатмадорони Ғарб тозиёна задани истерикаи ҳарбиро бас намекунанд. Аз ҷумла рӯзномаи "Таймс" дар бораи Марина Жагло, як марди 52-сола аз Киев гузорише мунташир кардааст, ки барои ҷилавгирӣ аз "ҳамлаи Русия" чанд ҳазор доллар барои силоҳу таҷҳизот додааст.
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Индию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Лавров гуфт, Русия ба Украина ҳамла карданӣ нест
Вай дар мусоҳиба мегӯяд: "Ман дар умрам ҳеҷ гоҳ шикор накардаам. Ман ин карабинро пас аз шунидани муҳокимаи сарбозон харидам, ки кадом милтиқ беҳтар аст. Агар қазия ба ин ҳад расад, мо барои Киев меҷангем".
Рӯзномаи дигари бритониёӣ "Файнэншл таймс" бо сарлавҳаи "Русия нақша дорад, Киевро дар як ҳамлаи раъдосо забт кунад" матлаберо нашр кард. Нашрияи Дания DR менависад, ки "Украина як милисаи иборат аз 130 000 ғайринизомӣ эҷод мекунад. Ин вокуниш ба "таҳдиди низомии Русия" аст”.
Ҳамкорони амрикоии онҳо мутмаинанд, ки дар ояндаи наздик "мо ба хотири Украина бояд бо Русия ҷанг кунем."
"Президент Байден масъалаи фиристодани ҳазорон сарбоз, ҳамчунин киштиҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳо ба Балтика ва Аврупои Шарқӣ ба далели таҳдиди ҳамлаи Русияро баррасӣ мекунад", - менависад “New York Times”.
Аммо на ҳама инро тасдиқ мекунанд. "Оё мо воқеан барои як кишвари фасодзадаи Аврупои Шарқӣ мубориза мебарем, ки бароямон аҳамияти стратегӣ надорад? Бо назардошти он ки ҳоло дар хонаи мо чӣ мегузарад? Ҳеҷ як одами оддӣ ҳеҷ гоҳ чунин коре намекунад," - гуфт Тони Бобулински дар суҳбат бо “Fox News”.
Дар айни замон Вашингтон Ҷопонро бо Русия ба таниш мекашад ва талаб мекунад, ки Токио "Ғарбро ноумед нагардонад", - менависад рӯзномаи "Санкей шимбун" (матбуоти Ҷопон). "Дар мулоқоти охирини онлайни президент Байден ва сарвазир Кишида масъалаи асосӣ ширкат дар фронти зидди Русия дар Украина буд", - навиштааст муаллифи матлаб.
Расонаҳо тарҳҳои зиёди "ҳамлаи эҳтимолӣ ба Украина"-ро нашр карданд. "Вашингтон пост" ба маълумоти разведкаи Америка истинод карда, харитаи ҳуҷумро дар якчанд фронт кашидааст. Манобеи рӯзномаи “Bild” якбора ду варианти амалиёти ҷангиро тавсиф кард.
Зоран Миланович, раисҷумҳури Хорватия дар ин замина гуфт: "Мо ба ин коре надорем ва нахоҳем дошт, ман инро ба шумо кафолат медиҳам". Ин кишвар узви НАТО аст, аммо қасд надорад, дар муноқишаи миёни Русия ва Украина ширкат кунад. Агар ҷанг cap шавад, Загреб ҳарбиёни Хорватияро ба Ватанашон бармегардонад.

Таҳримҳое, ки қаблан дида намешуданд

Сиёсатмадорон ҳамчунон таҳдиди Русияро бо "таҳримҳои бесобиқа" идома медиҳанд. Ба гуфтаи Йеппе Кофод, вазири умури хориҷии Дания, бо Маскав нисбат ба соли 2014 хеле сахттар хоҳад буд.
Ҷозеф Байден чораҳои имконпазирро номбар кард: ҷудошавӣ аз системаи байналмилалии пардохти SWIFT, манъ кардани бонкҳои Русия аз муомилот бо доллар. Лоиҳаи қонун ба Конгресс фиристода ва пешниҳод шудааст, ки мақомоти баландпояи Русия, тоҷирони бузург, рӯзноманигорон ва ҳамзамон тамоми лӯлаи гази "Маҷрои Шимоли 2" ба рӯйхати сиёҳ ворид карда шаванд.
Украино-американские учения Fearless Guardian - 2015 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Расонаҳо: Бритониё ба Украина нерӯи махсус фиристод
Андрей Кортунов, директори генералии Шӯрои умури байналмилалии Русия мегӯяд: "Ин мулоқот кӯшиши баргаштан ба Минск бо тасдиқи омодагӣ барои иҷрои шартҳо ва коҳиши ташаннуҷи вазъ барои расидан ба ҳадаф мебошад”.
Ба гуфтаи ӯ, касе ҷанги бузургро намехоҳад: "Ва дар Украина онҳо мефаҳманд, ки аз ин барои кишвар ҳеҷ фоидае нахоҳад буд".
Вашингтон ва Лондон то ҳол ба Киев силоҳ мефиристанд. Рӯшан аст, ки Кохи Сафед дар формати Нормандия иштирок намекунад, зеро он дар ба эътидол овардани вазъ дар Украина манфиатдор нест. Ҳол он ки америкоиён дар сухан кӯшиш мекунанд, "ба воситаи дипломатия ташаннуҷи авзоъро бартараф кунанд".
Лентаи хабарҳо
0