Ипотека дар Тоҷикистон: хонадор мешавӣ ё хонасалот?

© PixabayКлючи от дома
Ключи от дома - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Обуна шудан
Гирифтани қарз барои хариди хона дар Тоҷикистон имконпазир аст. Аммо талаботи бонкҳо “вазнин” ва пардохти моҳона бисёр гарон меафтад, ки на ҳар як коргари оддӣ метавонад ба ин восита соҳиби хона шавад
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Дар Тоҷикистон аҳолӣ то рафт зиёд мешавад. Тибқи пешгӯиҳои коршиносон, нуфуси кишвар то соли 2030 метавонад аз 12 миллион ва то соли 2100 аз 25 миллион нафар гузарад. Ин нишондод боиси нигаронии давлату демографҳо низ гардидааст.
Баробари бештар шудани аҳолӣ талабот ба манзилу замин дучанд мегардад.
Арзиши манзил дар ҷумҳурӣ гарон буда, як метри квадратӣ аз 500 то 900 доллар арзёбӣ мегардад.
Дар ҳамин ҳол бонкҳои Тоҷикистон қарз барои харидории хона ва ё ипотека пешниҳод мекунанд.
Sputnik Тоҷикистон бурду бохти харидани манзил тариқи бонкро баррасӣ кард.

Шартҳои ипотека дар бонкҳои Тоҷикистон

Бархе коршиносон бар онанд, ки низоми ипотека ҳамон мақоли “бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад”-ро мемонад. Ба ном ҳаст, аммо истифодаи он барои аксарияти мардум боиси хонахароб шуданашон мегардад. Зеро шарти бонкҳо вазнин ва пардохти моҳона гарон меафтад.
Экономический рост, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Афзоиши 130-баробарии сармояи низоми бонкии Тоҷикистон дар зарфи 22 сол
Дар ҳоле ки дар кишвар ҳаҷми маоши миёна 1520,6 сомонӣ ва ҳаҷми маоши ҳадди ақал 400 сомониро ташкил медиҳад, баргардондани пули қарз мушкил аст.
Дар умум фоизи қарзҳо дар бонкҳо гаронанд, қарзҳои истеъмолӣ 26% суд дар сол доранд.
Қарз барои харидани хона бошад, ҳудудан 10 сол боз ҷорист. Шарт ва имкониятҳои бонкҳое, ки ипотека пешниҳод мекунанд, қариб ки якхеланд: танҳо 70% арзиши манзилро пардохт мекунанд, муҳлат то 10 сол ва албатта, манзилро ба гарав хоҳӣ гузошт.
Бархе бонкҳо кафил, шахси сеюм, нафари 18-65-сола ва қайди доимии зист дар шаҳри Хуҷанд ё Душанберо талаб мекунанд.
Маблағе, ки пешниҳод мешавад, аз 10 000 то 350 000 сомонӣ ё аз 1000 то 150 000 доллар аст.
Фоизи нисбатан кам аз тарафи бонки “Эсхата” (22%) ва бунёди “Имон” (16%) бо пули миллӣ пешниҳод мешавад. “Спитаменбонк” барои харидан аз хонаҳои сохтаи ширкатҳои ШС "Авитсенна", ШС ҶСК “Global Group” “Себистон”, “A & R Construction” то 150 000 доллар қарзи махсус пешниҳод мекунад, ки суди солонаи он 12 дарсадро ташкил медиҳад.
Коршиносон баъзе аз ҷиҳатҳои мусбати ин шеваи қарздиҳии бонкҳо низ мутазаккир мешаванд.
Пресс-конференция Национального банка Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Раиси Бонки миллӣ гуфт, дар 30 соли истиқлолят дар низоми бонкӣ чӣ пешравиҳо шудааст
Масалан, “Аввалин бонки молиявии хурд” дар ҳолати марг қарзро мебахшад. Қарзи “Спитаментбонк”-ро аз тариқи "рефинансирование", яъне пардохти қарз тавассути эътибори дарёфтшуда аз дигар бонк имконпазир аст.
Баъзе аз ташкилотҳои молиявӣ дар ҳолати офати табиӣ, маризӣ ва ғайраҳо метавонанд қарзи асосиро гузошта, фоизро ё кам кунанд ва ё бахшанд.
Агар рафту қарзгиранда аз кор хориҷ шавад, имкон ҳаст, ки ариза пешниҳод карда, се моҳ қарзро аз пардохт накунад.

“Пушаймон шудам”

Ҳомидҷон Дадабоеви 42-сола, як муҳоҷири тоҷик ва корманди собиқи бонк барои харидани хона дар Душанбе аз қарз истифода кард. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд худаш системаи ташкилоти молиявиро хуб медонист, аммо “хато” намуд.
Дадабоев соли 2017 аз маҳаллаи 82-и Душанбе, аз хонаҳои навсохт бар ивази 28 000 доллар як манзили якҳуҷрагӣ гирифт. Баро ин анҷоми ин кор 20 000 доллар аз бонки “Эсхата” қарз кард.
Ба гуфтаи ӯ, суди бонк солона 18% ташкил дода, ҳар моҳ ба бонк 380 доллар месупорад.
Ӯ мегӯяд, барои гирифтани ипотека аввал пешакӣ манзилеро ки харидан мехоҳад, пайдо карда, баъдан барои гирифтани қарз ариза навишт. Сипас тамоми маълумотномаҳои лозима, аз ҷумла дар бораи даромад ва гаравро ба бонк пешниҳод кард.
Генеральная прокуратура РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Аз марзбон то менеҷери "Вавилон"-у хазинадори бонк: Русия 13 нафарро ба Тоҷикистон супурд
“Агар аризаи муштариро қонеъ кунанд, раванди барасмиятдарорӣ оғоз мешавад”, - меафзояд вай.
Ҳомидҷон мегӯяд, аз гирфтани ипотека пушаймон аст.

“Бо одамӣ ҳар кор шуданаш мумкин аст: хатари аз кор рафтан, ба фалокате дучор шудан, бемор гаштан”, - мегӯяд вай.

Вай меафзояд, ба болои ин барои сари вақт напардохтани қарз ва суди моҳона ҷаримаи калон пешбинӣ шудааст.
Дадабоев мегӯяд, фоиз аз боқимондаи қарзи асосӣ ҳисоб мешавад ва барои ҳамин зудтар пардохт кардани он аз аҳамияти муҳиме барохурдор аст.

Даромадат калон аст?

Светлана Бобоева, як сокини 35-солаи Душанбе низ соли соли 2020 барои соҳиби хона шудан аз бонк 20 ҳазор доллар қарз гирифт.
Вай мегӯяд, хонаро ба нархи 65 000 доллар харида, 20 000 долларро ба муҳлати шаш сол аз “Спитаменбонк” ба унвони ипотека гирифт ва хонаи дигарашро ба гарав монд.
Ба қавли ин зан, суди бонк 15% дар сол аст.
Светлана зоҳиран аз қарзи гирфтааш розист. Зеро дар як сол тавонист 6 000 долларашро пардохт кунад.
“Нақша дорам, ҳамин сол қарзамро пурра падохт кунам. Пули бонкро метавон барои харидани хона истифода кард, аммо даромади собит ё доштани ягон намуди тиҷорат бисёр муҳим аст”, - таъкид мекунад вай.

“Фиреб”-и бонк

Замира Юнусова дар яке аз муассисаи қарзии ноҳияҳои Хатлон кор мекунад. Ӯ қарзро аз бонки "Эсхата” бо пули миллӣ гирифта ба арзиши 273 000 сомонӣ аз маҳаллаи “Профсоюз”-и Душанбе хонаи якутоқӣ харидааст.
Ӯ мегӯяд, аз он 100 000 сомонӣ аз пасандози худаш ва 173 000-ашро ба муҳлати 10 сол аз бонк бо 22%-и солона қарз гирифт. Ба бонк моҳона 3 600 сомонӣ пул месупорад.
Замира низ зоҳиран аз гирифтани қарз барои хариди хона розист, аммо ӯ дар робита ба баргардондани пул “ҳилла” мекунад.
Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Дар Тоҷикистон маоши баландтаринро кормандони бонк мегиранд: пасттаринро кӣ?
“Бонкҳо пешакӣ фоизро мегиранд. Барои ҳамин ман кӯшиш мекунам, ки қарзи асосиро пешакӣ пардохт кунам”, - мегӯяд ӯ.
Замира, ки худ коргари бонк аст, қариб 3 000 сомонӣ маош мегирад.
Ӯ мегӯяд, маошашро пурра ба қарз медиҳад, афзун бар ин аъзои хонаводааш ӯро кӯмак мекунанд.
Ба қавли вай, ӯ дар истифодаи ипаотека бурд кард.
“Пештар маошамро масраф мекардам ва пасандоз карда наметавонистам. Ҳоло бошад, медонам, ки қарз дорам, хараҷоти зиёд намекунам. Хонаводаро шавҳарам таъмин мекунад”, - мегӯяд вай.

Бо доллар қарз нагиред

Боймирзо Боймирзоев, корманди бунёди “Имон” хатари асосии гирифтани ипотекаро дар бо асъори хориҷӣ, яъне доллар гирифтани он арзёбӣ мекунад, зеро ба қавли ӯ, он метавонад гарон шавад, дар ҳоле ки аҳолӣ маошро бо пули миллӣ мегирад.
“Дар бештари ҳолатҳо сабаби ипотекаи нобарор маҳз гирифтани қарз бо асъори хориҷист”,- мегӯяд вай.
Ба қавли Боймирзоев, дар Тоҷикистон як имкони дигари соҳиби хона шудан, аз тариқи “қарзи шариатӣ” низ фароҳам оварда шудааст, ки бархеҳо онро “намуди исломии ипотека” меноманд.
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Бонки миллӣ иҷозатномаи “Киви Бонк”-ро тамдид кард
Коршинос меафзояд, дар ҳоли ҳозир дарёфт кардани он аз тариқи "даричаи бонки исломӣ"-и бунёди “Имон” имкон дорад.
Ба қавли вай, дар ин намуди “ипотека” бонк қарз намедиҳад, балки хонаро харида, ба муҳлати муайян иҷора медиҳад.
“Муҳлати иҷора то 10 солро ташкил медиҳад. Баъди ин хона ба номи мизоҷ гузаронида мешавад. Шарнома бо пули миллӣ басата мешавад ва шартҳои маблағгузорӣ низ дар асоси шариат роҳандозӣ мешавад. Албатта, ин нисбат ба ипотека анъанавӣ аз назари адолат ва шаффофият барои мизоҷ беҳтар аст”, - таъкид мекунад вай.
Агар қарз бо пулли миллӣ гирифта шавад, хатари беарзиш шудани он ба дӯши бонк аст.
Боймирзоев шартҳои рушди ин намуди қарзро дар Тоҷикистон афзудани захираҳои молӣ ва ҷалби маблағгузории дохилаву берунӣ медонад. Аммо ин захираҳо маҳдуданд, таъкид мекунад вай.

Бонкҳо бо мушкилии давлат коре надоранд

Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси тоҷик бошад, дар робита ба фаъолияти низоми бонкии феълии кишвар хушбин нест.
Ӯ мегӯяд, ҳарчанд хуб аст, ки дар Тоҷикистон низ ипотека ҳаст, аммо дар амал истифодаи он қариб ки ғайриимкон мебошад.
Ӯ низоми кори бонкии ҷумҳуриро бо мақоли “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” дар як радиф мегузорад.
“Бонкҳо қудрати додани қарз барои манзилро қариб ки надоранд ва ё диҳанд ҳам, ба зарари калони мардум медиҳанд”, - таъкид мекунад вай.
Ҷамолиддин Нуралиев, ноиби аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ҳангоми суҳбат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
"Аз миқдор ба сифат": Нуралиев аз бонкҳои муфлисшуда ва устувории низом гуфт
Як сабаби дигари рушд накардани ин намуди қарзро Исмоилиён дар набудани эътимоди мардум ба муассисаҳои қарзӣ медонад.
Вай муфлис шудани чанд бонкро зикр карда, таъкид мекунад, ки ин ҳодиса байни сокинон эътимоди бонкҳоро коста кард.
Ин коршинос меафзояд, Тоҷикистон қариб 10 сол аст, ки бо бонкҳои исломӣ гуфтугӯ намуда, системаи бонкии исломиро ҷорӣ карданианд, агар он ҷорӣ шавад ва ҳамон система барои харидани хона низ истифода шавад, бисёр хуб аст.
Зулфиқори Исмоилиён низ мусоидати давлатро дар рушди ин сиситема бисёр муҳим мешуморад.
Вай пешниҳод мекунад, давлати Тоҷикистон бояд ба қарзгиранда молиётеро, ки дар чанд соли ахир супурдааст, баргардонад. Ё бонкҳоро давлат бо судури қонуне дар бархе ҳолатҳо, аз ҷумла серфарзандӣ бонкҳоро муваззаф кунад, ки бо фоизи кам қарз диҳанд.
“Аммо мутаассифона, бонкҳо бо мушкили давлат кор надоранд”, - изҳори кард вай.
Лентаи хабарҳо
0