https://sputnik.tj/20210903/raisi-bonki-milli-istiqlolyat-nizomi-bonki-peshraviho-1042039907.html
Раиси Бонки миллӣ гуфт, дар 30 соли истиқлолят дар низоми бонкӣ чӣ пешравиҳо шудааст
Раиси Бонки миллӣ гуфт, дар 30 соли истиқлолят дар низоми бонкӣ чӣ пешравиҳо шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки низомии бонкии ҷумҳури дар тӯли замони истиқлолият ба дастовардҳои наззаррасе ноил шудааст
2021-09-03T13:45+0500
2021-09-03T13:45+0500
2021-09-03T15:12+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонк
бонки миллӣ
истиқлолият
дастовард
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032801324_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_a1de5f0857506df7959796a17e8dc06c.jpg
ДУШАНБЕ, 3 сент – Sputnik. Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар як мақолаи худ, ки дар сомонаи Бонк нашр шудааст, қайд доштааст, дар даврони Истиқлолият дар низоми бонкии кишвар тағйироти назарраси миқдорӣ ва сифатӣ ба амал омадааст.Ба гуфтаи вай, агар дар соли 1992 дар мамлакат ҳамагӣ 10 ташкилоти қарзӣ бо шумули 8 бонк ва 2 ҷамъияти қарздиҳӣ амал мекард, айни замон дар низоми бонкии мамлакат 63 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 15 бонк, 17 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 4 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фонди қарзии хурд амал мекунанд.Вай афзудааст, ки бояд барои ворид намудани навовариҳои бонкдории ҷаҳонӣ дар фаъолият ва таҷрибаи хеш талош кард.Ҳоким Холиқзода, зарур медонад, ки сохтори Бонки миллии Тоҷикистон такмил дода шавад ва дар сохтори нав вобаста ба талаботи замони муосир воҳидҳои нави сохторӣ, аз ҷумла Департаменти мониторинги молиявӣ, Идораи суботи молиявӣ, Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмол-кунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, Идораи назорати суғуртавӣ, Идораи низоми пардохт, Пажуҳишгоҳи илмӣ‑тадқиқотӣ, шуъбаи бонкдории исломӣ ва ғайра ворид карда шаванд.Раиси Бонки милли Тоҷикистон илова кард, ки дар даврони соҳибихтиёрӣ, хусусан, тайи чанд соли охир ҳаҷми қарздиҳӣ, миқдори амалиётҳо ва андозаи захираҳои байналмилалӣ садҳо маротиба афзоиш ёфт.“Масалан, ҳаҷми қарзҳои хурди аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ додашуда аз 1,5 млн. сомонӣ дар соли 1991 ба 5,2 млрд. сомонӣ дар моҳҳои январ-июли соли 2021 баробар гардид, ки нисбат ба соли 1991 ба андозаи 3416 маротиба зиёд мебошад”, - гуфт Ҳоким Холиқзода.
https://sputnik.tj/20210902/sarmoyaguzori-tojikiston-kam-shud-1042020845.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032801324_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_24ab5043dde8269fcf887834c653f792.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонки миллӣ, истиқлолият, низоми бонкӣ, бонк, дастовард
тоҷикистон, бонки миллӣ, истиқлолият, низоми бонкӣ, бонк, дастовард
Раиси Бонки миллӣ гуфт, дар 30 соли истиқлолят дар низоми бонкӣ чӣ пешравиҳо шудааст
13:45 03.09.2021 (Навсозишуда: 15:12 03.09.2021) Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки низомии бонкии ҷумҳури дар тӯли замони истиқлолият ба дастовардҳои наззаррасе ноил шудааст
ДУШАНБЕ, 3 сент – Sputnik. Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар як мақолаи худ, ки дар сомонаи Бонк нашр шудааст, қайд доштааст, дар даврони Истиқлолият дар низоми бонкии кишвар тағйироти назарраси миқдорӣ ва сифатӣ ба амал омадааст.
Ба гуфтаи вай, агар дар соли 1992 дар мамлакат ҳамагӣ 10 ташкилоти қарзӣ бо шумули 8 бонк ва 2 ҷамъияти қарздиҳӣ амал мекард, айни замон дар низоми бонкии мамлакат 63 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 15 бонк, 17 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 4 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фонди қарзии хурд амал мекунанд.
“Дар ин муддат бо зиёд шудани талабот ба хизматрасониҳои бонкӣ кормандони низоми бонкии мамлакат даҳҳо маротиба афзоиш ёфта, имрӯз ҷамъан дар низоми бонкии мамлакат 16 999 нафар (аз ҷумла 5927 нафар ё 35,7% бонувон) ба фаъолияти пурсамар машғуланд”, - илова кардааст раиси Бонки милӣ.
Вай афзудааст, ки бояд барои ворид намудани навовариҳои бонкдории ҷаҳонӣ дар фаъолият ва таҷрибаи хеш талош кард.
Ҳоким Холиқзода, зарур медонад, ки сохтори Бонки миллии Тоҷикистон такмил дода шавад ва дар сохтори нав вобаста ба талаботи замони муосир воҳидҳои нави сохторӣ, аз ҷумла Департаменти мониторинги молиявӣ, Идораи суботи молиявӣ, Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмол-кунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, Идораи назорати суғуртавӣ, Идораи низоми пардохт, Пажуҳишгоҳи илмӣ‑тадқиқотӣ, шуъбаи бонкдории исломӣ ва ғайра ворид карда шаванд.
Раиси Бонки милли Тоҷикистон илова кард, ки дар даврони соҳибихтиёрӣ, хусусан, тайи чанд соли охир ҳаҷми қарздиҳӣ, миқдори амалиётҳо ва андозаи захираҳои байналмилалӣ садҳо маротиба афзоиш ёфт.
“Масалан, ҳаҷми қарзҳои хурди аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ додашуда аз 1,5 млн. сомонӣ дар соли 1991 ба 5,2 млрд. сомонӣ дар моҳҳои январ-июли соли 2021 баробар гардид, ки нисбат ба соли 1991 ба андозаи 3416 маротиба зиёд мебошад”, - гуфт Ҳоким Холиқзода.