https://sputnik.tj/20211126/hajm-maosh-kalontarin-tojikiston-1043770534.html
Дар Тоҷикистон маоши баландтаринро кормандони бонк мегиранд: пасттаринро кӣ?
Дар Тоҷикистон маоши баландтаринро кормандони бонк мегиранд: пасттаринро кӣ?
Sputnik Тоҷикистон
Агентии омори назди раисиҷумҳури Тоҷикистон соҳаҳои шуғли аҳолиро муайян кардааст, ки кормандонашон маоши камтарин ва ё зиёдтаринро мегиранд
2021-11-26T09:03+0500
2021-11-26T09:03+0500
2021-11-26T12:08+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонк
маош
молия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102791/51/1027915119_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_b984e39d5ccdbb9b7eba08f38637f01e.jpg
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон маоши аз ҳама камтаринро кормандони кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал мегиранд, хабар медиҳад Агентии омор.Бино ба иттилои ин ниҳод, маош дар ин соҳаҳо ҳудуди 669 сомонӣ (59 доллар) аст.Дар ҳамин ҳол маоши баландтарин аз кормандони молия (бонк) ва суғурта будааст, ки ҳудуди 4 ҳазору 644 сомонӣ(411доллар)-ро ташкил медиҳад.Ҳамчунин маоши кормандони бахши истихроҷи маодин 2,9, сохтмон 2,5 ва бахши обу барқ 2,8 ҳазор сомонӣ гузориш шудааст.Ба таъкиди ин ниҳод, маоши миёна дар моҳи сентябри соли 2021 дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 541 сомонӣ будааст.Ёдрас мешавем, маоши ҳадди ақал дар кишвар 400 сомонӣ (35 доллар) аст.Ахиран дар ҳошияи ҷаласаи парлумонӣ зимни қабули тарҳи буҷаи кишвар барои соли 2022 вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, барои баланд бардоштани ҳадди ақали музди меҳнат ва маош кор карда истодаанд.Номбурда гуфт, дар сурати иқдомоти зарурӣ аз ҷониби ҳукумати кишвар имкон дорад, ки барои соли 2022 маблағҳои заруриро аз буҷа ҷудо кунанд.
https://sputnik.tj/20211011/qarzi-maosh-sughd-million-somoni-1042765623.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102791/51/1027915119_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_556f1c9c61486d216139e39403334b04.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон маош корманд бонк
тоҷикистон маош корманд бонк
Дар Тоҷикистон маоши баландтаринро кормандони бонк мегиранд: пасттаринро кӣ?
09:03 26.11.2021 (Навсозишуда: 12:08 26.11.2021) Агентии омори назди раисҷумҳури Тоҷикистон соҳаҳои шуғли аҳолиеро, ки бештарин ва камтарин маош дар кишварро мегиранд, муайян кардааст
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон маоши аз ҳама камтаринро кормандони кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал мегиранд, хабар медиҳад Агентии омор.
Бино ба иттилои ин ниҳод, маош дар ин соҳаҳо ҳудуди 669 сомонӣ (59 доллар) аст.
Дар ҳамин ҳол маоши баландтарин аз кормандони молия (бонк) ва суғурта будааст, ки ҳудуди 4 ҳазору 644 сомонӣ(411доллар)-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин маоши кормандони бахши истихроҷи маодин 2,9, сохтмон 2,5 ва бахши обу барқ 2,8 ҳазор сомонӣ гузориш шудааст.
Ба таъкиди ин ниҳод, маоши миёна дар моҳи сентябри соли 2021 дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 541 сомонӣ будааст.
Ёдрас мешавем, маоши ҳадди ақал дар кишвар 400 сомонӣ (35 доллар) аст.
Ахиран дар ҳошияи ҷаласаи парлумонӣ зимни қабули тарҳи буҷаи кишвар барои соли 2022 вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, барои баланд бардоштани ҳадди ақали музди меҳнат ва маош кор карда истодаанд.
Номбурда гуфт, дар сурати иқдомоти зарурӣ аз ҷониби ҳукумати кишвар имкон дорад, ки барои соли 2022 маблағҳои заруриро аз буҷа ҷудо кунанд.