Маккаи террористон: Афғонистон - манбаи таҳдиди кишварҳои Осиёи Марказӣ

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкБоевик талибов
Боевик талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Обуна шудан
Дар охири соли 2021 Афғонистон дар зери ҳукмронии толибон ҳамчунон манбаи таҳдидҳои террористӣ барои кишварҳои ҳамсоя боқӣ мемонад ва ин мушкилот бо амалҳои башардӯстонаи инфиродӣ ё қарзҳои нақдӣ ҳал намешавад
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Созмонҳои байналмилалии террористии "Ал-қоида”* пирӯзии толибонро як модели маъмулӣ ва намунавии ба даст овардани қудрат ва бунёди "иморат" медонанд. Дар ҳамин ҳол кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон ҳамзамон як минбари муносиб барои идомаи “ҷиҳод” арзёбӣ мешаванд.
Рӯзи 22-юми декабр муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Олег Сиромолотов гуфт: "Гурӯҳҳои гуногуни радикалӣ фаъолияти тахрибкоронаи худро дар фазои иттилоотӣ афзоиш додаанд, ки Афғонистонро пас аз Сурия як платформаи дигаре барои ташкили давлати бунёдгароӣ медонанд ва ҷонибдорони худро ба такрори ин муваффақият дар дигар кишварҳо даъват мекунанд".
Рӯзи сешанбе, 21-уми декабр Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар бораи таҳдидҳои афзоянда гуфт: "Номуътадил шудани вазъ дар Афғонистон хатари содироти терроризм ва маводи мухаддир ба қаламрави кишварҳои СПАД-ро ба вуҷуд меорад. Мо вазъро назорат мекунем ва сари вақт ба тамоми таҳдидҳое, ки ба амниятхатар доранд, ҷавоб медиҳем".
Уровень бедности в Афганистане составляет в среднем 35,8% - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Нигаронии ЮНИСЕФ аз афзоиши гуруснагии кудакон дар Афғонистон
Ба сари қудрат омадани толибон дар моҳи августи соли 2021 дар ибтидо танҳо дар байни одамони кӯтоҳандеш хушбинии эҳтиёткоронаро ба вуҷуд овард.
Равобити байналмилалӣ, гуфтушунид дар минбарҳои гуногун бо намояндагони сиёсии "ҳаракати миллӣ-озодихохӣ" характери мачбурӣдоштанд ва доранд.
Толибон 20 сол ҷангиданд, дигар кореро намедонанд ва омода нестанд, ки аз ҷанг ба сулҳ гузаранд. Аз ин ҷост, ки "иқтисоди фалаҷшуда" ва вазъи фалокатбор таҳдиде барои ноором кардани вазъ дар давлатҳои ҳамсоя аст.
Чунин рушди ҳодисаҳо дар Афғонистони 40-миллионнафарӣ ба манфиатҳои даҳҳо созмони террористӣ дар ин сарзамин асту ҷомеаи ҷаҳонироумуман қонеъ намекунад.
Онҳо саъй доранд, ки Кобулро бо кумаки башардӯстона ва пул "табобат кунанд". Дар соли 2022 СММ ният дорад, барои дастгирии афғонистониҳои осебпазир 4,5 миллиард доллар дархост кунад ва ин бузургтарин кумак дар таърихи созмон аст.

Кумаки башардӯстона

Рӯзи 22-юми декабр Шӯрои амнияти Созмони Милал қатъномаеро дар бораи "истинои башарӣ" дар ҷиҳати лағви таҳримҳои зидди Толибон қабул кард, яъне ироаи кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон дигар нақзи талаби мунҷамид кардани тамоми дороиҳои ин кишвар нест.
Гузашта аз ин СММ ба толибон барои ҳифзи иншооти худ дар Афғонистон дар соли оянда шаш миллион доллар пешниҳод кард. Ин дар як вазъияти ғайриоддӣ пешниҳод шудааст, зеро Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири умури дохилии феълии Афғонистон аз ҷониби ФБР ҷустуҷӯ мешавад ва барои дарёфтӯ кумак дар боздошташ 10 миллион доллар ваъда карда буд.
Узбекистан направил в Афганистан 63 вагона гуманитарной помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Кумаки навбатии Ӯзбакистон ба Афғонистон
Ҷопон Афғонистонро 100 миллион ва Канада 56 миллион доллар ваъда кардаанд. Ҳатто Иёлоти Муттаҳида, ки дар моҳи август аз тарафи "ҷиҳодиён" таҳқир шуда буд, 23 декабр ба амалиёти молии башардӯстона бо толибону шабакаи “Ҳаққонӣ” иҷозат дод.
Воқеан ба Афгонистон бояд онҳое кумак кунанд, ки 20 сол аст, ин кишварро хароб мекунанд. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин 23 декабр дар нишасти хабарии густурдаедар ин бора ёдовар шуд.
Аз тарафи дигар ин маъни сармоягузорӣ шудани созмонҳои террористӣ аз тарафи Амрикоро дорад.
Ёдовар мешавам, ҳанӯз моҳи сентябри соли 2001 президенти ИМА Ҷорҷ Буш фармони №13224, дар бораи бастани амволи террористон ва ҷонибдорони онҳо дар қаламрави Иёлоти Муттаҳида, дар бораи ҷорӣ намудани манъи ҳама гуна муомилоти тиҷорию молӣ бо онҳоро имзо карда буд.
Вид на реку в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Толибон: Бандҳои бузург месозем, обро ба нафт табдил медиҳем
Манёврҳои амрикоӣ дар доираи қонунгузории худ буҳрони системавиро инъикос мекунанд. Ва муҳимтар аз ҳама, ҳама кӯшишҳои нарм кардани режими толибон бо пули “башардустона” моҳияти харобиовар доранд.
Хукуматдорони ҳозираи "иморат" ба аҳолӣ не, балки бештар ба аз нав сохтани қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ, ташкили артиш, мустаҳкам намудани пулис манфиатдор мебошанд. Амалҳои башардӯстонаи СММ гумон аст, ки ба аксари шаҳрвандони Афғонистон кумак кунанд.
Толибон аз мардум хеле дуранд. Дар ҳамин ҳол аксари занони афғонистонӣ иҷозаи кор дар “иморат”-ро надоранд, онҳо танҳо, бидуни марди ҳамроҳ аз хона берун рафта наметавонанд. Дар воқеъ нисфи ин кишвар дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.
4,2 миллион кӯдаки афғонистонӣ имкони ба мактаб рафтан надорад ва 60 дарсади онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Омӯзгорони зан намерасанд ва ин шарти зарурии таҳсили духтарон аст.
Экс-президент Афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Даъвати Карзай аз ҷаҳон: Нобовариро канор гузореду бо толибон ҳамкорӣ кунед
Дар замони ҳукумати нав дар Афғонистон тақрибан 70 дарсади расонаҳо баста шудаанд. Дар се моҳ беш аз 6400 рӯзноманигор аз кор маҳрум, ҳашт фаъоли шаҳрвандӣ ва ду рӯзноманигор кушта, 59 мавриди боздошти (латукӯби) худсаронаи намояндагони ин гурӯҳи ғайримухолифини иҷтимоӣ сабт шудааст.
Афғонистон ҳамчун яке аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон боқӣ мемонад. Камбизоатӣ қисми зиёди аҳолиро ба кӯмак ба террористон ва қочоқи маводи мухаддир водор мекунад.
Дер ё зуд тирпаронии "анъанавӣ"-и толибон, хушунати мусаллаҳона алайҳи мардуми осоишта ва истеҳсоли маводи мухаддир аз ҷиҳати иқтисодӣ ногузир бештар мегардад ва ба кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ "мерезад".
Дар айни замон гурӯҳҳои террористии ба хам рақиб барои тағйир додани вазъияти "иморат" ёрӣ мерасонанд. 23 декабр дар Кобул як таркиши дигар ба вуқуъ пайваст, як маргталаб дар назди идораи шиносномадиҳӣ ҳамлаи террористӣ анҷом дод. Пас аз 15 август тақрибан тамоми таркишҳо дар пойтахт ва вилоятҳои Афғонистон ба дасти гурӯҳи "Давлати исломӣ"* рух додаанд.
Лентаи хабарҳо
0