https://sputnik.tj/20211224/nigaronii-unisef-afzoishi-gurusnagii-kudakon-afghoniston-1044379489.html
Нигаронии ЮНИСЕФ аз афзоиши гуруснагии кудакон дар Афғонистон
Нигаронии ЮНИСЕФ аз афзоиши гуруснагии кудакон дар Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Ниҳодҳои ҷаҳонии беҳдошт дар канори кӯдакон, шароити зиндагиро барои модарон дар Афғонистон низ нигаронкунанда гуфтаанд ва аз эҳтимоли афзоиш дар маргу мири модарон ва навзодон дар афғонистон ҳудор додаанд
2021-12-24T14:25+0500
2021-12-24T14:25+0500
2021-12-24T19:18+0500
нигаронӣ
афғонистон
юнисеф
кӯдакон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102821/30/1028213005_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_42871a42c6e5d0ec435a1ecc252bed22.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Сандуқи пуштибонӣ аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) бо нигаронӣ аз афзоиши кӯдакони гурусна дар Афғонистон гуфтааст, ки аз ҳар ду кӯдак яке он ба иллати набудани ғизо ва дастрасии ночиз ба обу хидмати беҳдоштӣ дар соли ояндаи милодӣ дар Афғонистон ба гуруснагии шадид гирифтор хоҳад шуд.Бинобар ин ёфтаҳо, беш аз 66 ҳазор рӯйдоди сурхакон дар миёни кӯдакон дар Афғонистон имсол сабт шудааст."Мо дар шароити замонии бисёр муҳим барои кӯдакони афғон қарор дорем, дар авзое, ки фасли сармо таҳдидҳоро барои саломатии онон бештар мекунад. Замон барои аз даст додан нест, бидуни иқдоми бедиранг, эҷоди ҳамоҳангӣ, басиҷ, манобеи молӣ ва ирсоли пули нақд мумкин аст, шумори зиёде аз кудакон натавонанд баҳори ояндаро бубинанд", - гуфт Абдулқодир Мусо, намояндаи ЮНИСЕФ дар Афғонистон.Дар ҳамин ҳол Вазорати беҳдошт хабар додааст, ки 3,2 миллион кӯдак дар ин кишвар аз норасоии ғизо ранҷ мебарад. Масъулини ин вазорат низ мегӯянд, барои боло бурдани сатҳи хидматрасонии беҳдоштӣ дар ин кишвар талош хоҳанд кард."Вазорати беҳдошти Афғонистон талош дорад, мизони хидматрасониро афзоиш диҳад", - гуфт Ҷовид Ҳоҷир, сухангӯи Вазорати беҳдошти Афғонистон.Доктор Муҳаммад Содиқ, мудири шуъбаи кӯдаконаи бемористони Мирвайси Қандаҳор гуфт, ки шумори афроди камғизо афзоиш ёфтааст.Ба ҷуз аз кӯдакон Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз вазъи зиндагии модарон дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда ва аз эҳтимоли афзоиши марги модарону кӯдакон дар Афғонистон ҳушдор додааст.
https://sputnik.tj/20211221/nigaronii-sozmon-baynalmilali-avzoi-kudakon-afghoniston-1044291563.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102821/30/1028213005_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_43590ff047074d5b26f0bfc10312c2f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, юнисеф, кӯдакон, гуруснагӣ, афзоиш
афғонистон, юнисеф, кӯдакон, гуруснагӣ, афзоиш
Нигаронии ЮНИСЕФ аз афзоиши гуруснагии кудакон дар Афғонистон
14:25 24.12.2021 (Навсозишуда: 19:18 24.12.2021) Ниҳодҳои ҷаҳонии беҳдошт дар канори кӯдакон шароити зиндагиро барои модарон дар Афғонистон низ нигаронкунанда гуфтаанд ва аз эҳтимоли афзоиш дар маргу мири модарону навзодон дар Афғонистон ҳушдор доданд
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Сандуқи пуштибонӣ аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) бо нигаронӣ аз афзоиши кӯдакони гурусна дар Афғонистон гуфтааст, ки аз ҳар ду кӯдак яке он ба иллати набудани ғизо ва дастрасии ночиз ба обу хидмати беҳдоштӣ дар соли ояндаи милодӣ дар Афғонистон ба гуруснагии шадид гирифтор хоҳад шуд.
Бинобар ин ёфтаҳо, беш аз 66 ҳазор рӯйдоди сурхакон дар миёни кӯдакон дар Афғонистон имсол сабт шудааст.
"Мо дар шароити замонии бисёр муҳим барои кӯдакони афғон қарор дорем, дар авзое, ки фасли сармо таҳдидҳоро барои саломатии онон бештар мекунад. Замон барои аз даст додан нест, бидуни иқдоми бедиранг, эҷоди ҳамоҳангӣ, басиҷ, манобеи молӣ ва ирсоли пули нақд мумкин аст, шумори зиёде аз кудакон натавонанд баҳори ояндаро бубинанд", - гуфт Абдулқодир Мусо, намояндаи ЮНИСЕФ дар Афғонистон.
Дар ҳамин ҳол Вазорати беҳдошт хабар додааст, ки 3,2 миллион кӯдак дар ин кишвар аз норасоии ғизо ранҷ мебарад. Масъулини ин вазорат низ мегӯянд, барои боло бурдани сатҳи хидматрасонии беҳдоштӣ дар ин кишвар талош хоҳанд кард.
"Вазорати беҳдошти Афғонистон талош дорад, мизони хидматрасониро афзоиш диҳад", - гуфт Ҷовид Ҳоҷир, сухангӯи Вазорати беҳдошти Афғонистон.
Доктор Муҳаммад Содиқ, мудири шуъбаи кӯдаконаи бемористони Мирвайси Қандаҳор гуфт, ки шумори афроди камғизо афзоиш ёфтааст.
“Норасоии шадид дар ҳоли афзоиш аст. Онҳо ғизо намегиранд ва барои хӯрдан ҳам надоранд. Аз ин рӯ бисёри кӯдакон аз хурдӣ ба камғизоӣ рӯ ба рӯ мешаванд", - таъкид кард ӯ.
Ба ҷуз аз кӯдакон Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз вазъи зиндагии модарон дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда ва аз эҳтимоли афзоиши марги модарону кӯдакон дар Афғонистон ҳушдор додааст.