https://sputnik.tj/20211224/karzay-jaho-tolibon-hamkori-1044377131.html
Даъвати Карзай аз ҷаҳон: Нобовариро канор гузореду бо толибон ҳамкорӣ кунед
Даъвати Карзай аз ҷаҳон: Нобовариро канор гузореду бо толибон ҳамкорӣ кунед
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки бо толибон ҳамкорӣ кунанд.
2021-12-24T13:21+0500
2021-12-24T13:21+0500
2021-12-24T19:01+0500
афғонистон
толибон
ҳамид карзай
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102877/72/1028777272_0:0:1542:867_1920x0_80_0_0_d4d81b299b6abf7ed79924fddc56a96b.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNN аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки бо толибон (гурӯҳе таҳти таҳримоти СММ барои фаъолиятҳои террористӣ) барои наҷоти ҳазорон афғонистонӣ аз маргу гуруснагӣ ҳамкорӣ кунанд. Қаблан Филиппо Гранде, комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) гуфта буд, ки 23 миллион нафар аз 40 миллион аҳолии ин кишвар дар марзи хатари гуруснагӣ қарор доранд.Раисҷумҳури собиқ дар посух ба суоли "чаро ҷомеаи ҷаҳонӣ аз толибон, ки масъули бисёре аз ҳодисаҳои аснодшудаи зулму кушторҳост, пуштибонӣ мекунад?", гуфт, "ҳамаи ҷонибҳои марбут ба Афғонистон" ҷиноят содир кардаанд ва ин "бахши ҳаёти мо" аст. Вай афзуд, тамоми афғонҳо кушта шудаанд ва хориҷиҳо ба номи толибон Афғонистонро бомборон кардаанд. Деҳаҳои мо валангору кудакон кушта, оилаҳо овора шуданд ва дар ниҳоят афғонҳо зарар диданд. Ҳомид Карзай ҳамчунин гуфт, дар музокирот бо толибон ширкат доштанашро ба назар гирифта, аммо нияти идораи кишварро дар оянда надорад. “Мехоҳам дар ин ҷо (дар Афғонистон) ҳамчун як шаҳрванди оддии ин кишвар зиндагӣ кунам ва барои рушди Ватану оромии фарзандони ин кишвар ҳар кори аз дастам меомадаро мекунам, то мо, ҳама тавонем дар фазои осоишта, бидуни ҷанг ва низоъ зиндагӣ кунем", - гуфтааст раисҷумҳури собиқи Афғонистон."Ҳамчун фарзандони ин сарзамин, ҳам мо ва ҳам толибон бояд дарк кунем, ки якҷоя зиндагӣ мекунем ва барои ҳифзи кишвари худ якҷоя кор мекунем, ин мушкил нест, агар мо худро аз идораи дигарон озод созем", - гуфт Карзай.Ҳомид Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси собиқи Шӯрои оштии миллии Афғонистон аз муҳимтарин раҳбарони ин кишвар буданд, ки пас аз тасарруфи толибон сарзаминашонро тарк накарданд.
https://sputnik.tj/20211216/homid-kayzay-tolibonro-kobul-davat-1044188683.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102877/72/1028777272_0:0:1512:1134_1920x0_80_0_0_4326a581fd84459e9aa433e9bb9441ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
карзай ҷаҳон толибон ҳамкорӣ
карзай ҷаҳон толибон ҳамкорӣ
Даъвати Карзай аз ҷаҳон: Нобовариро канор гузореду бо толибон ҳамкорӣ кунед
13:21 24.12.2021 (Навсозишуда: 19:01 24.12.2021) Раисҷумҳури собиқи Афғонистон бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки бо толибон ҳамкорӣ кунанд.
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNN аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки бо толибон (гурӯҳе таҳти таҳримоти СММ барои фаъолиятҳои террористӣ) барои наҷоти ҳазорон афғонистонӣ аз маргу гуруснагӣ ҳамкорӣ кунанд.
Қаблан Филиппо Гранде, комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) гуфта буд, ки 23 миллион нафар аз 40 миллион аҳолии ин кишвар дар марзи хатари гуруснагӣ қарор доранд.
"Воқеият ин аст, ки толибон ҳоло дар Афғонистон қудрат доранд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд кумак ба афғонҳоро дар авлавияту нобоварӣ ба "мақомоти нави афғон"-ро канор гузорад", - гуфт Карзай дар мусоҳиба.
Раисҷумҳури собиқ дар посух ба суоли "чаро ҷомеаи ҷаҳонӣ аз толибон, ки масъули бисёре аз ҳодисаҳои аснодшудаи зулму кушторҳост, пуштибонӣ мекунад?", гуфт, "ҳамаи ҷонибҳои марбут ба Афғонистон" ҷиноят содир кардаанд ва ин "бахши ҳаёти мо" аст.
Вай афзуд, тамоми афғонҳо кушта шудаанд ва хориҷиҳо ба номи толибон Афғонистонро бомборон кардаанд.
Деҳаҳои мо валангору кудакон кушта, оилаҳо овора шуданд ва дар ниҳоят афғонҳо зарар диданд.
Ҳомид Карзай ҳамчунин гуфт, дар музокирот бо толибон ширкат доштанашро ба назар гирифта, аммо нияти идораи кишварро дар оянда надорад.
“Мехоҳам дар ин ҷо (дар Афғонистон) ҳамчун як шаҳрванди оддии ин кишвар зиндагӣ кунам ва барои рушди Ватану оромии фарзандони ин кишвар ҳар кори аз дастам меомадаро мекунам, то мо, ҳама тавонем дар фазои осоишта, бидуни ҷанг ва низоъ зиндагӣ кунем", - гуфтааст раисҷумҳури собиқи Афғонистон.
"Ҳамчун фарзандони ин сарзамин, ҳам мо ва ҳам толибон бояд дарк кунем, ки якҷоя зиндагӣ мекунем ва барои ҳифзи кишвари худ якҷоя кор мекунем, ин мушкил нест, агар мо худро аз идораи дигарон озод созем", - гуфт Карзай.
Ҳомид Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси собиқи Шӯрои оштии миллии Афғонистон аз муҳимтарин раҳбарони ин кишвар буданд, ки пас аз тасарруфи толибон сарзаминашонро тарк накарданд.