Толибон: Бандҳои бузург месозем, обро ба нафт табдил медиҳем

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВид на реку в Согдийской области
Вид на реку в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Обуна шудан
Муовини вазири обу энержии толибон гуфтааст, 70 дарсади обҳои Афғонистон истифода намешавад
ДУШАНБЕ, 23 дек – Sputnik. Муҷиб-ур-раҳмон Умар, муовини вазири энержӣ ва оби толибон дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, ки ин вазорат корҳои боқимондаи бандҳои Камолхон ва Шоҳу Арӯсро такмил медиҳад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи вай, Вазорати энержӣ ва об дар садади эҷоди як канали об аз дарёи Панҷшер ё банди Шоҳу Арӯс барои обрасонӣ дар шаҳи Кобул аст.
Оқои Умар гуфт, 70 дарсади обҳои кишвар беҳуда меравад, раҳбари ин вазорат талош дорад, ки оби кишварро назорат ва идора кунад.

"Афғонистон дар сурати назорат кардани об дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва тавлиди нерӯи барқ ​​худкифо мешавад", - илова кард мансабдори давлатии толибон.

Ёдовар мешавем, дарёҳои Афғонистон аз лиҳози минтақаҳои обӣ ба чанд ҳавзаи обгир тақсим мешаванд: минтақаҳои обии шаҳри Ҳиндукуш, ҷануби Ҳиндукуш, бахши марказӣ, шимолию ҷа­нубӣ, Кӯҳи Бобо ва Сафедкуҳ; ҳавзаҳои обгир — Ому, (Панҷ бо шохобҳояш Кӯкча, Сурхоб,) Кобул (шохоби дарёи Ҳинд), Фараҳрӯд, Ҳилманд, Ҳарирӯд, Мурғоб, Хулм, Балхоб, Андхӯй.
Дети из приюта играют во дворе после школьных занятий, Кабул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Нигаронии Созмонҳои байналмилалӣ аз авзои номуносиби кӯдакон дар Афғонистон
Аксари дарёҳо аз пиряху барф маншаъ гирифта, дар баҳорон дамиш мекунанд, дар тобистон камоб мешаванд, баъзеашон дар регзорҳо нопадид мегарданд ва ё барои обёрии киштҳо тақсим мешаванд.
Нерӯи энержии дарёҳои Афғонистон ба таври комил то ҳол таҳқиқ нашудааст.
Афғонистон ҳамчунин дорои чанд кӯл аст: Зуркӯл, Ҳақмақтин, Шево (Бадахшон), Ҳомун, Ҳилманд, Гудзира (ҷануби Афғонистон), Мақар. Кӯлҳои дар биёбон воқеъгардида айёми гармо мехушканд.
Лентаи хабарҳо
0