https://sputnik.tj/20211223/uzbekiston-kumak-navbati-afghoniston-firistod-1044345106.html
Кумаки навбатии Ӯзбакистон ба Афғонистон
Кумаки навбатии Ӯзбакистон ба Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Ӯзбекистон рӯзи панҷшанбе ба Афғонистон як гурӯҳи нави кумаки башардӯстона фиристод
2021-12-23T14:15+0500
2021-12-23T14:15+0500
2021-12-23T19:06+0500
иҷтимоъ
афғонистон
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
кӯмак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044344365_0:133:1280:853_1920x0_80_0_0_8498a15db79a3118400939027254c54e.jpg
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ӯзбекистон ба Афғонистон кумаки навбатияшро ирсол кард, хабар медиҳад ҳокимияти вилояти Сурхандарё.Ба иттилои манбаъ, кумаки навбатӣ аз либосу озуқа ва ангишт иборат аст.Маросими интиқоли кумакҳои башарӣ бо ширкати мақомоти ду кишвар дар вилояти Балхи Афғонистон баргузор мешавад. Дар миёнаҳои моҳи сентябр Ҳукумати Ӯзбекистон тавассути роҳи оҳан ба Афғонистон 1300 тонна кумаки башардӯстона дар шакли ғизо, дору ва либос фиристода буд. Пештар мушовири аршади комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) Франк Ремус гуфта буд, ки нисфи аҳолии Афғонистон бо мушкилоти шадиди норасоии ғизо мувоҷеҳ аст. Ба гуфтаи СММ, 3,5 миллион паноҳҷӯи дохилӣ барои сипарӣ кардани зимистон ба кумаки фаврӣ ниёз дорад.Ёдовар мешавем, моҳи август толибон ҳокимиятро дар Афғонистон тассаруф намуданд ва кишвардор Ашраф Ғанӣ курсияшро тарк карду аз ин кишвар гурехт.Толибон пас аз он сари ҳокимият омаданд, ки Амрико нерӯҳои худро аз хоки ин кишвар берун бурд. Ҳоло ягон давлат ҳукумати толибонро ба расмият нашинохтааст.
https://sputnik.tj/20211222/dushanbe-panohandagon-afghoniston-kumak-1044328813.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044344365_143:0:1280:853_1920x0_80_0_0_c2b169b7676d4389327be56507fe1322.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон афғонистон
Кумаки навбатии Ӯзбакистон ба Афғонистон
14:15 23.12.2021 (Навсозишуда: 19:06 23.12.2021) Мақомоти Ӯзбекистон рӯзи панҷшанбе ба Афғонистон бастаи нави кумаки башардӯстона фиристод
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ӯзбекистон ба Афғонистон кумаки навбатияшро ирсол кард, хабар медиҳад ҳокимияти вилояти Сурхандарё.
Ба иттилои манбаъ, кумаки навбатӣ аз либосу озуқа ва ангишт иборат аст.
"Имрӯз, 23-юми декабр тавассути гузаргоҳи Ҳайратон дар Тирмиз 63 вагон кумаки башардӯстона ба Мазори Шариф фиристода шуд", - омадааст дар хабари ҳокимияти вилояти Сурхандарё.
Маросими интиқоли кумакҳои башарӣ бо ширкати мақомоти ду кишвар дар вилояти Балхи Афғонистон баргузор мешавад.
Дар миёнаҳои моҳи сентябр Ҳукумати Ӯзбекистон тавассути роҳи оҳан ба Афғонистон 1300 тонна кумаки башардӯстона дар шакли ғизо, дору ва либос фиристода буд.
Пештар мушовири аршади комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) Франк Ремус гуфта буд, ки нисфи аҳолии Афғонистон бо мушкилоти шадиди норасоии ғизо мувоҷеҳ аст.
Ба гуфтаи СММ, 3,5 миллион паноҳҷӯи дохилӣ барои сипарӣ кардани зимистон ба кумаки фаврӣ ниёз дорад.
Ёдовар мешавем, моҳи август толибон ҳокимиятро дар Афғонистон тассаруф намуданд ва кишвардор Ашраф Ғанӣ курсияшро тарк карду аз ин кишвар гурехт.
Толибон пас аз он сари ҳокимият омаданд, ки Амрико нерӯҳои худро аз хоки ин кишвар берун бурд. Ҳоло ягон давлат ҳукумати толибонро ба расмият нашинохтааст.