https://sputnik.tj/20211119/juziyot-nav-firor-amriko-afghoniston-1043635923.html
Ҷузъиёти нави "фирор"-и Амрико аз Афғонистон
Ҷузъиёти нави "фирор"-и Амрико аз Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Иёлоти Муттаҳида барои нокомӣ дар Афғонистон баҳона ёфт: ҳеҷ кас интизор надошт, ки Толибон қудратро ин қадар зуд ба даст хоҳанд овард
2021-11-19T11:40+0500
2021-11-19T11:40+0500
2021-12-22T19:41+0500
амният ва мудофиа
има
афғонистон
низомиён
ҷузъиёти нав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102068/28/1020682808_0:0:3079:1733_1920x0_80_0_0_b39d943fe6d4f1ac48aa9fd37c2cb515.jpg
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. ИМА ба мақомоти собиқи афғонистонӣ амр дод, ки шикасти харобиовар дар ҷанг алайҳи толибон ҳангоми хуруҷи нирӯҳои Амрикоро рад кунанд. Дар ин бора дар гузорише нозири кулли амалиёти “Страж свободы” дар Афғонистон барои семоҳаи сеюми соли 2021 иттилоъ додааст. Чунин тадбирҳоро Вашингтон ба хотири эҷоди манзараи бархӯрди муваффақ бо толибон анҷом додааст. Аммо ин боиси нобоварӣ ба расонаҳои давлатӣ ва коҳиши рӯҳияи мардум шудааст. Муаллифони гузориш мегӯянд, ки парвози саросемавори амрикоиҳо аз пойгоҳи ҳавоии Багром маҷбурӣ сурат гирифтааст. Барои ҳифзи он дастикам панҷ ҳазор нафар лозим буд, дар ҳоле ки моҳи июл, камтар аз ҳазор сарбози амрикоӣ дар Афғонистон боқӣ монданд. Дар баробари ин онҳо мебоист фурудгоҳи Кобулро посбонӣ кунанд.Нозирон дар ин гузориш мегӯянд, иштибоҳи аслии амрикоиҳо дар Афғонистон ин аст, ки Вашингтон хостори эҷоди як артиш ба мисли Амрико бидуни назардошти воқеияти маҳаллӣ будааст. Ба ҷои тайёр кардани қӯшунҳо ба задухӯрди мусаллаҳона, машваратчиён ба татбиқи системаи музди меҳнат ва идоракунии молӣ ҷалб шудаанд. Муаллифони гузориш мегӯянд, аксари афғонҳое, ки бо Иёлоти Муттаҳида ҳамкорӣ доштанд, аз ин ҷумҳурӣ берун бароварда нашуданд ва сарнавишти онҳо то имрӯз номаълум боқӣ мондааст. Танҳо дар се ҳафтаи моҳи август 124 000 нафар бо истифода аз 387 парвоз аз ин кишвар интиқол дода шудаанд, ки ин бузургтарин амалиёт дар таърихи Амрикост. Толибон хамкориро бо "Ал-қоида"* давом дода, нияти кандани робита бо онро надоранд, таъкид мекунанд муаллифони гузориш. Дар ҳамин ҳол Чин хостори истирдоди аъзои Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ аст, аммо ҷангҷӯён то ҳол бо Пекин кумак накардаанд.Вашингтон бузургтарин таъминкунандаи кумаки молӣ ба Афғонистон аст. Ин кишвар ба Афғонистон 474 миллион доллар додааст. Феълан тақрибан 97 дарсади афғонистониҳо зери хатти фақр қарор доранд. Нархи маводи ғизоӣ ду баробар боло рафта, аксари беморхонаҳо баста шудаанд. Муаллифони гузориш иштибоҳҳои Амрикоро эътироф мекунанд, аммо меафзоянд, касе интизор надошт, ки толибон ин қадар зуд қудратро ишғол мекунанд. * - ташкилоти террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211119/izhorot-vaziri-khorijai-ima-siloh-tolibon-1043635117.html
https://sputnik.tj/20211112/hardi-tatum-film-khuruj-ima-afghoniston-1043503438.html
https://sputnik.tj/20210818/ima-tolibon-asliha-bagrom-1041716846.html
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102068/28/1020682808_348:0:3079:2048_1920x0_80_0_0_3f6d505763d0479926e914debf18af21.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, афғонистон, тарк, низомиён, ҷузъиёт
има, афғонистон, тарк, низомиён, ҷузъиёт
Ҷузъиёти нави "фирор"-и Амрико аз Афғонистон
11:40 19.11.2021 (Навсозишуда: 19:41 22.12.2021) Иёлоти Муттаҳида барои нокомӣ дар Афғонистон баҳона ёфт: ҳеҷ кас интизор набуд, ки толибон қудратро ин қадар зуд ба даст хоҳанд овард
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. ИМА ба мақомоти собиқи афғонистонӣ амр дод, ки шикасти харобиовар дар ҷанг алайҳи толибон ҳангоми хуруҷи нирӯҳои Амрикоро рад кунанд.
Дар ин бора дар
гузорише нозири кулли амалиёти “Страж свободы” дар Афғонистон барои семоҳаи сеюми соли 2021 иттилоъ додааст.
Чунин тадбирҳоро Вашингтон ба хотири эҷоди манзараи бархӯрди муваффақ бо толибон анҷом додааст. Аммо ин боиси нобоварӣ ба расонаҳои давлатӣ ва коҳиши рӯҳияи мардум шудааст.
Муаллифони гузориш мегӯянд, ки парвози саросемавори амрикоиҳо аз пойгоҳи ҳавоии Багром маҷбурӣ сурат гирифтааст. Барои ҳифзи он дастикам панҷ ҳазор нафар лозим буд, дар ҳоле ки моҳи июл, камтар аз ҳазор сарбози амрикоӣ дар Афғонистон боқӣ монданд.
Дар баробари ин онҳо мебоист фурудгоҳи Кобулро посбонӣ кунанд.
Нозирон дар ин гузориш мегӯянд, иштибоҳи аслии амрикоиҳо дар Афғонистон ин аст, ки Вашингтон хостори эҷоди як артиш ба мисли Амрико бидуни назардошти воқеияти маҳаллӣ будааст.
Ба ҷои тайёр кардани қӯшунҳо ба задухӯрди мусаллаҳона, машваратчиён ба татбиқи системаи музди меҳнат ва идоракунии молӣ ҷалб шудаанд.
Муаллифони гузориш мегӯянд, аксари афғонҳое, ки бо Иёлоти Муттаҳида ҳамкорӣ доштанд, аз ин ҷумҳурӣ берун бароварда нашуданд ва сарнавишти онҳо то имрӯз номаълум боқӣ мондааст.
Танҳо дар се ҳафтаи моҳи август 124 000 нафар бо истифода аз 387 парвоз аз ин кишвар интиқол дода шудаанд, ки ин бузургтарин амалиёт дар таърихи Амрикост.
Толибон хамкориро бо "Ал-қоида"* давом дода, нияти кандани робита бо онро надоранд, таъкид мекунанд муаллифони гузориш.
Дар ҳамин ҳол Чин хостори истирдоди аъзои Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ аст, аммо ҷангҷӯён то ҳол бо Пекин кумак накардаанд.
Вашингтон бузургтарин таъминкунандаи кумаки молӣ ба Афғонистон аст. Ин кишвар ба Афғонистон 474 миллион доллар додааст.
Феълан тақрибан 97 дарсади афғонистониҳо зери хатти фақр қарор доранд. Нархи маводи ғизоӣ ду баробар боло рафта,
аксари беморхонаҳо баста шудаанд.
Муаллифони гузориш иштибоҳҳои Амрикоро эътироф мекунанд, аммо меафзоянд, касе интизор надошт, ки толибон ин қадар зуд қудратро ишғол мекунанд.
* - ташкилоти террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон