Изҳороти вазири умури хориҷаи ИМА дар бораи силоҳҳое, ки ба дасти толибон афтод

© AP / Jacquelyn MartinТони Блинкен. Архивное фото
Тони Блинкен. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Амрико гуфт, ҳеҷ далеле дар бораи ба дасти гурӯҳҳои дигар гузаштани аслиҳаи Амрико вуҷуд надорад
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико зимни суханронӣ дар бораи силоҳҳои ба дасти толибонафтода гуфт, шубҳа дорад, ки таҷҳизоти низомӣ ба дасти гурӯҳҳои тундрави ғайр аз толибон бошад.
"Ман ҳеҷ далеле намебинам, ки аслиҳаи амрикоии тайи 20 соли ахир истифодашуда аз тарафи нерӯҳои амниятии Афғонистон ба дасти гурӯҳҳои тундрави ғайр аз толибон афтода бошад", - гуфт Блинкен.
Брифинг президента США Дональда Трампа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Трамп: Байден 85 миллиард доллар таҷҳизоти низомиро ба дасти “Толибон”* раҳо кард
Вай гуфт, бахши Хуросони гурӯҳи террористии ДИИШ*, ки феълан дар Афғонистон фаъол аст, душмани толибон аст.
Қаблан Алӣ Майсам Назарӣ, раиси бахши равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфта буд, ки толибон бо ДИИШ* иртиботи наздик доранд ва аз гурӯҳҳои дигари террористӣ ҳимоят мекунанд.
Қаблан, Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини Амрико ҳамлаҳои шадиди худ ба наҳваи хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон бо дастури Ҷо Байденро идома дода гуфта буд, ки таҷҳизоти низомии Амрико ба маблағи 85 миллиард доллар бидуни тахриб дар Афғонистон ба дасти ҷангҷӯён гузаштааст.
Боевик Талибана* с американской винтовкой M16 в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Як қиёмат силоҳ: ИМА Толибонро* бо чӣ "таъмин" кард - гузориши аксӣ аз Багром
Нерӯҳои амрикоӣ 31 августи соли ҷорӣ, пас аз 16 рӯзи вуруди толибон ба Кобул Афғонистонро тарк карданд. Аммо то ҳол гузоришҳо ҳастанд, ки садҳо шаҳрванди Амрико ё ҳамкорони афғонистонии нерӯҳои хориҷӣ дар ин кишвар боқӣ монда ва бо таҳдидҳои толибон рӯ ба рӯянд.
Аз сӯйи дигар мунтақидони Ҳукумати Амрико мегӯянд, артиши ИМА таҷҳизоти низомии хеле пешрафта ва аксаран навро дар пойгоҳҳои низомии худу артиши Афғонистон ба дасти толибон гузошта ва бидуни тахрибу интиқоли онҳо кишварро бо аҷала тарк кардааст.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0