https://sputnik.tj/20211112/hardi-tatum-film-khuruj-ima-afghoniston-1043503438.html
Ҳарди ва Татум дар филме дар бораи хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон бозӣ хоҳанд кард
Ҳарди ва Татум дар филме дар бораи хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон бозӣ хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Синамогарони амрикоӣ нақша доранд дар бораи хуруҷи низомиёни ин кишвар аз Афғонистон филм ба навор гиранд
2021-11-12T14:17+0500
2021-11-12T14:17+0500
2021-11-12T17:04+0500
дар ҷаҳон
има
афғонистон
синамо
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0b/1043493147_0:0:2971:1671_1920x0_80_0_0_a03c32050d614a8c25ac26b69b4cb867.jpg
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Ситораҳои маъруфи синамои "Ҳолливуд" Том Ҳарди ва Ченнинг Татум қасд доранд, дар филме дар бораи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон нақш бозӣ кунанд, хабар медиҳад BBC. Гуфта мешавад, филм аз ҷониби коргардон Ҷорҷ Нолфи ва ширкати "Universal Cinematic Company" наворбардорӣ мешавад. Филм бар асоси рӯйдодҳои воқеии амалиёти тахлия ва талошҳои се корманди собиқи нерӯҳои вижаи артиши ИМА дар баробари фармондеҳони афғон барои кӯчонидани шаҳрвандони хориҷӣ ва наҷоти ҳамтоёни афғони худ пас аз тасаллути толибон бар Афғонистон таҳия мешавад. Дар ҷараёни амалиёти тахлияи нерӯҳои хориҷӣ даҳҳо ҳазор нафар аз фурудгоҳ тавассути ҳавопаймоҳои низомӣ берун аз Афғонистон интиқол дода шуданд.Ёдовар мешавем, ки Амрико амалиёти низомиро дар ин ҷумҳурӣ соли 2001 оғоз кард, ки он тӯли 20 сол идома дошт. Президенти ИМА Ҷо Байден дар охири моҳи апрели соли 2021 замони хуруҷи нерӯҳояшро аз Афғонистон эълон кард.Охирин афсарони амрикоӣ майдони ҳавоии Кобулро шаби 31 август тарк карданд. Дар пайи ин эълон ҷангҷӯёни толиб ҳамлаҳояшонро афзоиш дода, вилоятҳоро яке пайи дигаре гирифтанд ва 15 август бидуни ҷанг бар Кобул тасаллут пайдо карданд. Қабл аз вуруди толибҳо ба Кобул Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури Афғонистон аз ин кишвар фирор кард.Коршиносон ва худи амрикоиҳо фаъолияти 20-солаи ИМА ва НАТО-ро дар Афғонистон амалиёти нобарор ва шармовар хонданд.
https://sputnik.tj/20210831/anjom-huzur-ima-afghoniston-1041975174.html
https://sputnik.tj/20210901/ima-afghoniston-siloh-jang-betartibi-boqi-1041993523.html
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0b/1043493147_97:0:2828:2048_1920x0_80_0_0_92a0ec6f2ed3459383a11b5a76604f83.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳарди татум филм има афғонистон
ҳарди татум филм има афғонистон
Ҳарди ва Татум дар филме дар бораи хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон бозӣ хоҳанд кард
14:17 12.11.2021 (Навсозишуда: 17:04 12.11.2021) Синамогарони амрикоӣ нақша доранд, дар бораи хуруҷи низомиёни ин кишвар аз Афғонистон филм ба навор гиранд
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Ситораҳои маъруфи синамои "Ҳолливуд" Том Ҳарди ва Ченнинг Татум қасд доранд, дар филме дар бораи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон нақш бозӣ кунанд, хабар медиҳад BBC.
Гуфта мешавад, филм аз ҷониби коргардон Ҷорҷ Нолфи ва ширкати "Universal Cinematic Company" наворбардорӣ мешавад.
Филм бар асоси рӯйдодҳои воқеии амалиёти тахлия ва талошҳои се корманди собиқи нерӯҳои вижаи артиши ИМА дар баробари фармондеҳони афғон барои кӯчонидани шаҳрвандони хориҷӣ ва наҷоти ҳамтоёни афғони худ пас аз тасаллути толибон бар Афғонистон таҳия мешавад.
Дар ҷараёни амалиёти тахлияи нерӯҳои хориҷӣ даҳҳо ҳазор нафар аз фурудгоҳ тавассути ҳавопаймоҳои низомӣ берун аз Афғонистон интиқол дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Амрико амалиёти низомиро дар ин ҷумҳурӣ соли 2001 оғоз кард, ки он тӯли 20 сол идома дошт.
Президенти ИМА Ҷо Байден дар охири моҳи апрели соли 2021 замони хуруҷи нерӯҳояшро аз Афғонистон эълон кард.
Охирин афсарони амрикоӣ майдони ҳавоии Кобулро шаби 31 август тарк карданд.
Дар пайи ин эълон ҷангҷӯёни толиб ҳамлаҳояшонро афзоиш дода, вилоятҳоро яке пайи дигаре гирифтанд ва 15 август бидуни ҷанг бар Кобул тасаллут пайдо карданд.
Қабл аз вуруди толибҳо ба Кобул Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури Афғонистон аз ин кишвар фирор кард.
Коршиносон ва худи амрикоиҳо фаъолияти 20-солаи ИМА ва НАТО-ро дар Афғонистон амалиёти нобарор ва шармовар хонданд.