https://sputnik.tj/20211009/al-qoida-osiyoi-markazi-chi-guna-hadaf-giriftaast-1042734455.html
“Пулу плани калон”: “Ал-қоида”* Осиёи Марказиро чӣ гуна ҳадаф гирифтааст?
“Пулу плани калон”: “Ал-қоида”* Осиёи Марказиро чӣ гуна ҳадаф гирифтааст?
Sputnik Тоҷикистон
“Ал-қоида”* – бузургтарин бренди терроризми ҷаҳонӣ иҷрои барномаҳои худро барои Осиёи Марказӣ шуруъ кардааст
2021-10-09T08:00+0500
2021-10-09T08:00+0500
2022-10-24T13:18+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
ал-қоида
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
террористӣ
дииш
гурӯҳи террористии "толибон"
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042434634_0:216:2875:1833_1920x0_80_0_0_32daa923361f716e17b9c6caa5f9b9f3.jpg
ДУШАНБЕ, 09 окт — Sputnik. Ин созмони террористӣ маблағи аввалия тахсис дода, як намояндаи хоси худро таъйин кардааст, бо созмонҳои террористии кишварҳои ин сӯи Ому вориди музокира шуда ва дар пайи эҷоди марокизи омӯзишӣ аст, ки бархе устодонаш аз кишварҳои Осиёи Марказиянд.Sputnik Тоҷикистон ба як силсилаи гузоришҳои истихборотие даст ёфт, ки дар онҳо иҷрои ин барномаҳо аз сӯи “Ал-қоида”* мустанад шудааст ва манобеъ аз раҳбарони раддаи дуввуми “Ал-қоида” ва фаъол дар барномаҳо буда, номи фарди гузоришгар низ маҳфуз аст.Бино ба ин гузоришҳо, “Ал-қоида”* шахсеро бо номи Доктор Ториқ Ҷалол масъули истихборотии худ дар Осиёи Марказӣ таъйин намуда, барои корҳои ибтидоӣ 3 миллион доллар ихтисос додааст ва мехоҳад дар вилояти Нуристони Афғонистон марказҳои омӯзиширо ба роҳ андозад.Ториқ Ҷалол ва тими ӯТориқ Ҷалол, шаҳрванди Арабистони Саудӣ, 57 сол дошта, ба номҳои “Шайх Абдуллоҳ” ва “Шайх ал-Арабӣ” низ ёд мешавад. Вай қаблан дар шаҳри Карочи ва дараи Шовули Вазиристони Ҷанубии Покистон зиндагӣ ва фаъолият мекард. 28 июли 2021 аз Боҷавур Аҷенсии аёлати Хайбар Пахтунхвоҳ вориди вулусволии Суки вилояти Кунар шуд ва бидуни таваққуф ба вилояти Нуристон омад.“Вай имконоти фавқулоддаи молӣ дорад. Раҳбарии тамоми афроди "Ал-қоида" дар Шимол (вилоятҳои Тахор, Кундуз, Балх, Ҷузҷон, Форёб) ва Шимолу Шарқ (Бадахшон, Панҷшер, Нуристон, Нангарҳор, Кунар) - и Афғонистон ва фаъолиятҳои истихборотии он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бар дӯши ӯст”, - омадааст дар гузориш.Муовини ӯ - Абуимод, ду нафари дигар - Абуюсуф (ё Абуамин), масъули истихборотии "Ал-қоида"* дар вилояти Нангарҳор ва Абуқоҳир Рашид, масъули истихборотии "Ал-қоида" барои вилояти Нуристон, шаҳрвандони Ироқанд. Абулҳасан ал-Сурӣ (Сурия) ба гунаи сайёр вазоифи истихборотӣ дар вилоятҳои мухталифи Шимол ва Шимолу Шарқро иҷро мекунад.Дар тими истихборотии Ториқ Ҷалол шахсе ба номи Шайх Абуумар, ки ба номи Шайх Ҳамид Фотеҳ ҳам машҳур аст, худро шаҳрванди Яман муаррифӣ мекунад, аммо манобеъ дар “Ал-қоида”* гуфтаанд, ӯ шаҳрванди Русия ва ё Англис аст.“Ӯ дақиқ араб нест, аммо касе ҳам дақиқ намедонад, ки рус аст ё инглис. Шайх Умар худро араб мехонад, рафтори арабӣ мекунад, забонҳои арабӣ, инглисӣ, урду ва паштуро хуб балад аст. Ӯ ҳудуди 45 сол умр ва қади мутавассит дорад, ранги ҷилдаш сафед аст. Мӯҳояш кӯтоҳ ва риши кӯса дорад, зардина аст, яъне ришсиёҳ нест”, - мегӯяд манбаъ.Шайх Умар масъули нақшаву барномасозии "Ал-қоида"* дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои фаъолиятҳои истихборотиву террористӣ ва фарди хеле муҳими "Ал-қоида" аст.Тими Ториқ Ҷалол ва тамоми узви тими истихборотии ӯ дар рустои Арнаси вулусволии Вонт Войгали вилояти Нуристон зиндагӣ мекунанд.Нуристон – пойгоҳи “Ал-қоида”* барои Осиёи Марказӣ“Ал-қоида”* Нуристонро пойгоҳи аслии амалиётҳо дар Осиёи Марказӣ таъйин кардааст ва Ториқ Ҷалол фақат ба хотири роҳандозии фаъолиятҳо дар он сӯи Ому ба ин вилоят омадааст. Аммо ин фаъолиятҳо чӣ гуна сурат мегиранд?Вазифаи Ҷалол эҷоди як ҳамоҳангии комил бо гурӯҳҳои террористии Осиёи Миёна - Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, “Ансоруллоҳ” – и Тоҷикистон ва дигарон аст. Онҳо бояд як барномаи истихборотии муштарак дошта бошанд.“Фаъолиятҳои истихборотӣ дар Осиёи Марказӣ ва чигунагии анҷому масорифи он ҳама ба дӯши худи Ториқ Ҷалол аст. Ҳатто фарди дувуми босалоҳият вуҷуд надорад. Тими истихборотии ӯ танҳо аз бахши "Ал-қоида"* 35 нафар аст. Аз ин 10 нафар араб ва боқӣ шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Чин, Қирғизистон, Туркманистон, Русия ва Қазоқистон ҳастанд. Ин тим алъон дар Осиёи Миёна кор мекунад ва бо Ториқ Ҷалол дар иртибот аст”, - омадааст дар гузориш.Бахши дувуми барномаи "Ал-қоида"* омӯзишӣ ва таълиму тарбияи афроди нав дар Афғонистону Осиёи Марказӣ аст. Созмон нақша дорад, ки се маркази омӯзишӣ эҷод кунад. Ҳоло яке дар Нуристон фаъол шуда, омӯзишҳои семоҳа дорад. Дар оянда "Ал-қоида"* дар назар дорад, ки сатҳи омӯзиши семоҳаро дар маркази омӯзишии вилояти Нуристон ба ду бахш иртиқо бидиҳад: низомӣ ва истихборотӣ.Дар бахши таълиму тарбияи динӣ “Ал-қоида”* ба як мадрасаи калон дар вилояти Нуристон ниёз дорад, ки гунҷоиши панҷсад нафарро дошта ва таълиму тарбия дар он шаш моҳ то ду сол идома меёбад. Созмон дар вилояти Нуристон солҳо ба ин сӯ мадрасаҳои зиёдеро сармоягузорӣ мекунад, аммо як мадраса, ки ниёзмандиҳояшро барорад, ҳанӯз тасбит нашудааст. Ториқ Ҷалол рӯи эҷоди он бо гурӯҳи салафиҳо дар машвара аст.“Мадрасае, ки Ториҷ Ҷалол мехоҳад эҷод кунад, дар канораш утоқҳое барои омӯзиши шогирдон бояд дошта бошад. Масалан, дар ҳудуди мадраса даҳ утоқ дар ду манзил барои таълиму тарбияи шогирдон зарур аст. Ин барномаи дарозмуддати "Ал-қоида"* то се соли оянда мебошад. Рӯи тарҳи як мадрасаи махсус амале дақиқ ва ё иқдоме нашуда, балки Ториқ Ҷалол гуфтааст, барои имсол фурсат аз даст рафтааст, чун вилояти Нуристон баъд аз ин сард мешавад ва то баҳори 2022 кори эҷоди мадраса ба таъхир меафтад”, - омадааст дар гузориш.ДОИШ* ва “Толибон” таҳти заррабинБахши севуми барномаи “Ал-қоида”* истихборотӣ аст. Бино ба он, “Ал-қоида” дар вилоятҳои Шимолу Шарқ ва Шимоли Афғонистон фаъолияти ДОИШ* ва "Толибон" - ро таҳти заррабин қарор медиҳад. Таҳлили созмон бар ин аст, ки агар раҳбарони "Толибон" бар сари террористони Осиёи Марказӣ бо кишварҳои калони минтақа, аз ҷумла Чин ва Русия муомила кунанд, эҳтимол дорад, фармондеҳони онҳо дар сатҳи вулусволиҳову вилоятҳо бо ДОИШ* байъат кунанд.“Аксарияти мутлақи фармондеҳони "Толибон"* бесаводанд. Феълан, ки "Толибон"* ба қудрат расидаанд, бо мушкилоти иқтисодӣ мувоҷеҳ шудаанд, чун ҳукуматдорӣ бо пули андак мумкин нест ва ба пули зиёд ниёз аст. Аз ин ки мушкилот зиёд мешавад, фармондеҳони хурду реза дар сатҳи вулусволиҳо фаромӯш мешаванд”, - омадааст дар гузориш.Як фармондеҳи "Толибон" ба номи Қорӣ Абдулҳақ аз вулусволии Шерзоди вилояти Нангарҳор мисол оварда мешавад, ки гуруҳи 30-нафарӣ дорад. Вай замони суқути Кобул ба дасти "Толибон"* вориди шаҳр шуда, се мошини навъи ренҷери пулисро бо худ дошт. Даҳ рӯз монду қаҳр карда, ба Нангарҳор рафт. Қаҳраш аз ин буд, ки дар Кобул рӯзона ӯ барои харҷи афрод ва бензини мошинҳояш ба 20 ҳазор афғонӣ ниёз дошт, аммо ин пул аз тарафи раҳбарони "Толибон"* дода нашуд.“Фармондеҳоне дар Кобул маоши афрод ва бензини мошинҳояшонро таъмин карда метавонанд, ки дар минтақаи худ хеле пулдор буда, маъодинро дар ихтиёр доранд ва ё ҳам қочоқи маводи мухаддир мекунанд. Ҳамаи ин мушкилот бар нафъи ДОИШ* аст ва “Ал-қоида” ин нуктаро хеле дар назар дорад ва истихбороташ барои ташхиси чунин фармондеҳони "Толибон"* бештар таваҷҷуҳ кардааст”, - омадааст дар гузориш.Бахши чаҳоруми барномаи "Ал-қоида"* эҷоди марказҳои амну эҷоди сӯфҳо – ғорҳо дар кӯҳ аст. Гузориш мегӯяд, ки Ториқ Ҷалол ҳафри ин сӯфҳоро дар Нуристон манъ кардааст, зеро бо рафтани амрикоиҳо ва ба қудрат расидани “Толибон”* – шарики дерини онҳо дигар зарурати пинҳон шудан дар ғорҳо нест. Аммо гузориш намегӯяд, ки ин сӯфҳо дар куҷо бояд ҳафр шаванд – кӯҳистоноти марзҳои Афғонистону Осиёи Марказӣ ё худи Осиёи Марказӣ?Чаро Нуристон?Нуристон аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ як вилояти саросар куҳистонӣ ва саъбулубур аст. Вулусволиҳое, ки “Ал-қоида”* дар онҳо ҳузур дорад, тайи 20 соли ахир паноҳгоҳи амни на фақат ин созмон, балки “Толибон”* – у ДОИШ* ва дигар созмонҳои террористӣ буданд.Аз сӯи дигар, ҳузури арабҳои салафӣ дар Нуристон ба даврони ҳузури Шӯравӣ дар Афғонистон бармегардад. Доктор Арғун, яке аз муовинони Озодбек, раиси ҳизби "Иттиҳодияи исломии вилоёти шимоли Афғонистон", ки соли 1984 шахсан дар Нуристон буд, ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон қисса кард, ки ҳанӯз ҳамон замон дар Нуристон “Давлати исломӣ” бо раҳбарии Мавлавӣ Афзали Салафӣ фаъолият дошт ва аз сӯи Арабистони Саудӣ сармоягузорӣ мешуд.“Ба Озодбек дар Покистон вазифа доданд, ки 8 араби саудиро ба Нуристон расонем. Гурӯҳи арабҳоро як ӯзбеке ба номи Нӯъмони Тошкандӣ раҳбарӣ мекард, ки имомхатиби масҷиди Ибни Аббос, сеюмин масҷиди мӯътабари Арабистони Саудӣ (пас аз масоҷиди Ҳаром ва Набавӣ) буд. Мо пеши Мавлавӣ Афзал рафтем ва пулҳое, ки салафиҳо тақдим карда буданд, ба ӯ таслим карда, пас гаштем”, - гуфт Доктор Арғун.Асосгузори салафия дар Афғонистон Шайх Ҷамилурраҳмон аз Кунар буд, ки то кудатои коммунистии соли 1978 дар ин вилоят мадрасаҳои салафӣ дошт ва харҷашро аз Арабистони Саудӣ дарёфт мекард. Шайх Ҷамил аз асосгузорони Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматёр низ буд, ки баъдтар роҳашон ҷудо шуд.Кунар, Нангарҳор ва Нуристон дар ҳамҷаворӣ қарор доранд ва ин ки “Ал-қоида”, бахусус, ДОИШ* дар ин вилоёт ҷойи по доранд, ба ҳамон далели қадима аст. Гузоришҳое низ аз Панҷшер, вилояти дигари ҳаммарз бо Нуристон, дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор доранд, ки ҳоло ба онҳо нахоҳем пардохт.Қорӣ ОзарАввалин нафаре, ки Ториқ Ҷалол дар Нуристон дид ва бо ӯ тааҳуд кард, шахсе ба номи Қорӣ Озари Ӯзбекистонӣ, тибқи гузориш, намояндаи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон назди "Ал-қоида"* аст. Вай аз қабл дар Нуристон зиндагӣ мекард ва дар маркази омӯзишии "Ал-қоида"* дар вулусволии Комдеш устоди низомӣ буд.“Ҳанӯз қабл аз омадани Ториқ Ҷалол ба Нуристон “Ал-қоида”* аз Ҳаракати исломии Ӯзбекистон хоста буд, ки дар вилояти Нуристон ҳузури фаъол дошта бошад ва ин вилоят барои сукунати хонаводаҳои аъзои он ҷои муносиб аст. ҲИӮ* 16 июли 2021 - қабл аз омадани Ториқ Ҷалол - як марказ дар рустои Ғиномаи вулусволии Мандули вилояти Нуристон эҷод кард”, – омадааст дар гузориш.Қорӣ Озар шаҳрванди Ӯзбекистон, ки ҳудуди 40 сол умр дорад, раҳбари ин марказ аст. Вай 10 апрели 2021 ба шимоли Афғонистон рафта, 7 июли 2021 бо як гуруҳи даҳнафарии ӯзбекистониҳо дубора ба Нуристон баргашт.“Ал-қоида” ба ҲИӮ* тааҳҳуд супурда, ки масорифи аъзои онро дар Нуристон медиҳад. Феълан моҳона маблағи 30 ҳазор афғонӣ ба гуруҳи 10-нафарии ҲИӮ* пардохт гардидааст. Ҳоло се хонаводаи аъзои ҲИӮ* дар Нуристон зиндагӣ мекунанд, ки яке аз онҳо марбути Қорӣ Озар аст. Се хонаводаи аъзои ҲИӮ* моҳона 15 ҳазор афғонӣ аз "Ал-қоида"* мегиранд”, - омадааст дар гузориш.“Ал-қоида”* ба ҲИӮ* тааҳҳуд супурда, ки дар маркази омӯзишиаш дар Нуристон саҳм медиҳад, то афроди нави худро омӯзиш диҳад ва масрафи ҳамаро пардохт хоҳад кард. Дар муқобил ҲИӮ* муваззаф шудааст, ки фаъолиятҳо ва ёфтаҳои истихборотиашро дар Афғонистону Осиёи Марказӣ бо "Ал-қоида" ҳамоҳанг ва шарик месозад. Қарор аст як тими истихборотии ду созмон муаррифӣ ва дар ҳамоҳангӣ фаъолиятҳояшонро анҷом бидиҳанд.“Ал-қоида”* дар талоши муттаҳидсозии гурӯҳҳои марбут ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки якҷо ва муттаҳид ҳаракат ва фаъолият бикунанд, ки аз ин тасмим Ҳаракати исломии Ӯзбекистон низ ҳимоят кардааст”, - омадааст дар гузориш.Марказҳои “Ал-қоида”* дар Нуристон"Ал-қоида"* дар вилояти Нуристон се марказ дорад. Маркази аслӣ - маҳалли раҳбарӣ ва маркази фаъолиятҳои истихборотии "Ал-қоида"* дар рустои Арнаси вулусволии Вонт Войгал аст, ки худи Ториқ Ҷалол дар он ҳузур ва сукунат дорад. Ин марказ як дастгоҳи мухобираи дурбурд дорад ва ба дараи Шовули Вазиристони Ҷанубӣ ва шаҳри Карочии Покистон – маҳалли сукунати раҳбарони “Ал – қоида”* васл аст.Дар ин марказ ба ҷуз аъзои тими истихборотии Ториқ Ҷалол, масъули "Ал-қоида"* дар Осиёи Марказӣ, ки зикрашон дар боло рафт, Шайх Абдуллоҳ (Ироқ), масъули ҷалбу ҷазб ва мувинаш Абуҷароҳ (Сурия), Абумуҳаммад (Арабистони Саудӣ), масъули Қитъаи Сурх, Шайх Ҳамза (Сурия), масъули молӣ барои вилояти Нуристон, Абуусмон (Яман), масъули молии Ториқ Ҷалол, Абудовуд (Сурия), масъули "Ал-қоида" барои вилояти Нуристон ҳузур доранд.“Дар маркази “Ал-қоида”* дар рустои Арнас ҳеҷ мушаххас нест, ки чанд нафар ва чӣ вақт мебошанд. Гоҳе як нафар ва гоҳе даҳ нафар ҳузур медошта бошад, яъне доим як теъдод аз афрод ҳузур надорад. Ҳамеша дар тағйир аст, яъне аз марказҳои дигар ин ҷо меоянд ва аз ин ҷо ба марказҳои дигар мераванд”, - омадааст дар гузориш.Маркази дувуми "Ал-қоида"* дар дараи Путигали вулусволии Мандул аст, ки чаҳор нафар раҳбари созмон – Абуимод (Ироқ), масъули истихборотии вилоятҳои Шимолу Шимолу Шарқ, Абуюсуф ё Абуамин (Ироқ), масъули вилояти Нангарҳор, Абулҳасан (Сурия), узви тими истихборотии Нуристон ва Шайх Инъомуллоҳ (Ӯзбекистон), масъули равобит бо гурӯҳҳои террористии Осиёи Марказӣ дар он ҳузур доранд.Марказе дар ЧилӣМаркази севуми "Ал-қоида"* дар рустои Чилии вулусволии Комдеш як маркази омӯзишӣ аст, ки бо зарфияти омӯзишии 300 нафар 12 моҳи августи 2021 эҷод шудааст. Дар он 10 узви созмон ҳузур доранд: Абумуслим ал-Саид (Арабистони Саудӣ), масъули марказ ва муовинаш Абуёсир (Ироқ) ва бақия устодон - Мавлавӣ Ҳамид (Ӯзбекистон), Абуфайсал (Ироқ), Қорӣ Мунир (Ӯзбекистон), Мавлавӣ Салом (Тоҷикистон), Абубилол (Сурия), Абуюнус (Яман), Шайх Муфлеҳ (Арабистони Саудӣ), Шайх Калимуллоҳ (Қирғизистон).“Дар гузашта як ҳавлӣ барои ҳузури афрод ва фаъолияти ин марказ дар ихтиёри "Ал-қоида"* қарор дошт. Акнун чаҳор ҳавлӣ дар ихтиёри созмон аст: се ҳавлӣ дар канори ҳам аст ва як ҳавлӣ дар фосилаи чиҳилметрии ин се ҳавлӣ қарор дорад. Дар ҳавлии ҷудо фақат аъзои "Ал-қоида"* будубош мекунанд ва дар се ҳавлие, ки дар канори ҳам ҳастанд, афроде, ки омӯзиш мебинанд”, - омадааст дар гузориш.Ин гузориш, ки тахминан миёнаҳои моҳи сентябр таҳия шудааст, мегӯяд, феълан ҳеҷ касе таҳти омӯзиш дар ин марказ нест, яъне чӣ аз аъзои "Ал-қоида" ва чӣ аз "Толибон"*. Аммо 100 нафар аз афроди худи "Ал-қоида"* аз вилоятҳои Кунар, Нуристон ва Нангарҳор шомили барномаи омӯзишӣ аст. Аз ин афрод теъдоди 30 нафарашон 9 сентябри соли 2021 аз вилояти Кунар ба маркази омӯзишӣ расидааст ва боқӣ афрод ҳам, ба гуфтаи масъулинаш, то хатми моҳи сентябри 2021 мерасанд.“Ториқ Ҷалол гуфтааст, маркази омӯзишӣ то баҳори соли 2022 дар Комдеш боқӣ мемонад ва баъдан ба вулусволии Мандули вилояти Нуристон мунтақил мегардад. Дар Мандул маҳалли махсус барои маркази омӯзишӣ эҷод мегардад, ки аз русто ва соҳаи сукунати мардум дур, яъне дур аз диди чашми мардум бошад”, - омадааст дар гузориш.Аз ҷанги чирикӣ то мардумМаркази омӯзишӣ дар се бахш афродро омӯзиш хоҳад дод. Аввал бахши низомӣ аст, ки дар он тактикаи ҷанги чирикӣ, истифода аз силоҳҳои мухталиф, сохтани анвоъи минаҳо ва шиносоиву муаррифии силоҳҳои русӣ, чиноӣ ва амрикоӣ, ки дар сатҳи Осиёи Марказӣ истифода мегарданд.Бахши дувум - истихборот аст, ки навъи ҷамъоварии иттилоот, шинохтани афрод аз нигоҳи равонӣ ва муаррифии истихборотҳои минтақа, яъне кишварҳои Русия, Чин, Амрико, Аврупо ва шеваву наҳваи фаъолиятҳояшонро меомӯзад.“Истифода аз тайёраҳои дурбинбардор ҳам омӯзиш дода мешавад, ки ба гуфтаи масъулини "Ал-қоида" дар вилояти Нуристон, ба зудӣ ин созмон аз ин навъ васила дар бахши истихбороташ истифода менамояд”, - омадааст дар гузориш.Дар бахши севум кишварҳои Осиёи Марказӣ аз лиҳози қавмӣ, забонӣ, наҳваи ҳукумат ва ҷуғрофиёӣ ба муаррифӣ гирифта мешаванд, то афрод бидонанд, ки кадом кишвар чӣ навъ мардум, ҳукумат ва қавм доранд ва дар куҷо ба чӣ қисм метавонанд фаъолият бикунанд."Ал-қоида" мехоҳад теъдоди устодони ин маркази омӯзиширо ба 30 нафар расонад, ки дар бахшҳои фавқуззикр устод хоҳанд буд. Масъули маркази омӯзишӣ ва муовинаш ҳам бар илова аз ин ки масъулин ҳастанд, устод ҳам мебошанд. Устодон, ки барои омӯзиш истихдом мешаванд, ҳама араб нахоҳанд буд, балки аз гуруҳҳои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ, “Ансоруллоҳ”*-и Тоҷикистон ва Катибаи Имом Бухорӣ хоҳиш шудааст, ки устодонро муаррифӣ кунад.Фурсатҳо ва чолишҳо"Ал-қоида"* пас аз ба қудрат расидани шарики деринаашон – “Толибон”* дар Афғонистон ҳоло дигар ҳеҷ хатаре барои фаъолиятҳояш намебинад. Аз ҷумла хатари бомбардумон шудан ва ё мавриди ҳамлаи заминӣ қарор гирифтан аз миён рафта, роҳат ба кори худ идома медиҳад.“Танҳо чизе ки бояд эҳтиёт ва худро муҳофизат кунад, нуфузи истихборотҳо аст. Ба бовари масъулини “Ал-қоида”*, истихборотҳои Амрико, Русия, Чин ва Ҳинд хеле фаъол ҳастанд ва нисбат бар ҳар замон акнун фаъолтар фаъолият мекунанд. "Ал-қоида"* хуб медонад, ки инҳо фаъол ҳастанд ва эҳтиётро ба кор мебарад ва неруи истихборотиаш ба гунаи фаъол ва ҷиддӣ кор хоҳад кард”, - омадааст дар гузориш.Пас аз ба қудрат расидани “Толибон”* дар Афғонистон “боғи мошинҳо” – и “Ал-қоида”* дар Нуристон низ ғанӣ гаштааст. Қаблан дар ин вилоят 8 мототсикл дошт, ки аз навъи “Ҳонда”-и ҷопонӣ ҳастанд. Он вақт созмон аз мошин истифода намекард ва метарсид, ки мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирад ва аз мототсиклҳо кор мегирифт.Аммо ҳоло “Ал-қоида”* дар вилояти Нуристон чаҳор мошин дорад, ки яке аз навъи “Ҳайлукс” – и ҷопонӣ буда, дар рустои Арнаси вулусволии Вонт Войгал қарор дорад ва худи Ториқ Ҷалол аз як соҳа ба соҳаи дигар бо он рафтуомад мекунад. Се мошини боқимонда аз навъи “Додсан” буда, яке аз 20 соли қабл аст ва дар вулусволии Мандули вилояти Нуристон қарор дорад. Дуи дигар дар маркази омӯзиши "Ал-қоида"* дар вулусволии Комдеш буда, подоши ҷангҳои охири “Ал-қоида”* бо нерӯҳои ҳукумати Афғонистонанд.Харҷи андакБино ба як гузориши алоҳида, "Ал-қоида"* дар ду моҳи гузашта - август ва сентябри 2021 – дар Нуристон барои маводи хӯрокӣ 430, дар бахши истихборотӣ – 140, дар бахши ҷалбу ҷазбӣ ва тавзеъи пул ба хатибони мадорисҳо ва муллоимомони масоҷид – 480, бензини мошину мототсиклҳо – 40, харидории болтӣ (батарея)-и мухобира 50 ҳазор афғонӣ (имрӯз 1 доллар = 90,58 афғонӣ) харҷ кардааст.“Ин масорифи пулӣ хеле андак аст, зеро то ҳанӯз маркази омӯзишӣ фаъолиятҳояшро оғоз накарда ва барномаи амалиётии "Ал-қоида"*, ки дар сатҳи Осиёи Марказӣ дорад, ҳанӯз шуруъ нашудааст. Дар сурати татбиқи тамоми барномаҳо масорифи "Ал-қоида" хеле боло хоҳад рафт ва вилоятҳои ҳамҷавор - Кунар ва Нангарҳор ҳам масорифашонро аз вилояти Нуристон аз Ториқ Ҷалол ахз медоранд”, - омадааст дар гузориш.“Ал-қоида”* ва дигар созмонҳои террористӣ ҳанӯз аз солҳои 80 – уми асри гузашта ба ин сӯ омодагии вуруд ба Осиёи Марказӣ ва Русияву Чинро мебинанд. Талошҳои онҳо дар ин миён ба натиҷае нарасида буд. Аммо ин дафъа то куҷо муваффақ мешаванд, бахусус, дар ҳоле ки шарик ва пуштибони маҳаллиашон – “Толибон”* Афғонистонро таҳти султаи худ гирифт, суоли вақт аст.* - созмон ё гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистону Русия
https://sputnik.tj/20210929/generali-amrikoi-al-qoida-afghoniston-hamla-amriko-1042552460.html
https://sputnik.tj/20211007/rusiya-faolshavii-diish-afghoniston-nigaroni-1042710855.html
https://sputnik.tj/20210921/sukhangui-tolibon-tavonoii-nobud-kardani-diish-1042408743.html
https://sputnik.tj/20210911/medvedev-hazorho-jangjuyoni-diish-marzi-osiyoi-markazi-1042200453.html
https://sputnik.tj/20210827/amrulloh-soleh-tolibon-diish-robita-1041925980.html
https://sputnik.tj/20210728/shoygu-diish-afghoniston-1041235489.html
https://sputnik.tj/20210723/rusiya-ima-diish-shimol-afghoniston-hamkori-1041112376.html
https://sputnik.tj/20210714/doish-jang-afghoniston-1040884792.html
https://sputnik.tj/20211008/diplomati-tolibon-vazro-marz-tojikiston-1042725573.html
https://sputnik.tj/20211008/tolibon-doish-dard-sar-1042719632.html
https://sputnik.tj/20211008/toshkant-tolibon-tirmiz-nishast-1042713119.html
https://sputnik.tj/20211006/lavrov-tolibon-murojiat-rusiya-1042683074.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042434634_72:0:2803:2048_1920x0_80_0_0_caf03883dae5bb940d4f168ee1c5d347.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, террористон, дииш, толибон, ал-қоида, осиёи марказӣ
афғонистон, террористон, дииш, толибон, ал-қоида, осиёи марказӣ
ДУШАНБЕ, 09 окт — Sputnik. Ин созмони террористӣ маблағи аввалия тахсис дода, як намояндаи хоси худро таъйин кардааст, бо созмонҳои террористии кишварҳои ин сӯи Ому вориди музокира шуда ва дар пайи эҷоди марокизи омӯзишӣ аст, ки бархе устодонаш аз кишварҳои Осиёи Марказиянд.
Sputnik Тоҷикистон ба як силсилаи гузоришҳои истихборотие даст ёфт, ки дар онҳо иҷрои ин барномаҳо аз сӯи “Ал-қоида”* мустанад шудааст ва манобеъ аз раҳбарони раддаи дуввуми “Ал-қоида” ва фаъол дар барномаҳо буда, номи фарди гузоришгар низ маҳфуз аст.
Бино ба ин гузоришҳо, “Ал-қоида”* шахсеро бо номи Доктор Ториқ Ҷалол масъули истихборотии худ дар Осиёи Марказӣ таъйин намуда, барои корҳои ибтидоӣ 3 миллион доллар ихтисос додааст ва мехоҳад дар вилояти Нуристони Афғонистон марказҳои омӯзиширо ба роҳ андозад.
Ториқ Ҷалол, шаҳрванди Арабистони Саудӣ, 57 сол дошта, ба номҳои “Шайх Абдуллоҳ” ва “Шайх ал-Арабӣ” низ ёд мешавад. Вай қаблан дар шаҳри Карочи ва дараи Шовули Вазиристони Ҷанубии Покистон зиндагӣ ва фаъолият мекард. 28 июли 2021 аз Боҷавур Аҷенсии аёлати Хайбар Пахтунхвоҳ вориди вулусволии Суки вилояти Кунар шуд ва бидуни таваққуф ба вилояти Нуристон омад.
“Вай имконоти фавқулоддаи молӣ дорад. Раҳбарии тамоми афроди "Ал-қоида" дар Шимол (вилоятҳои Тахор, Кундуз, Балх, Ҷузҷон, Форёб) ва Шимолу Шарқ (Бадахшон, Панҷшер, Нуристон, Нангарҳор, Кунар) - и Афғонистон ва фаъолиятҳои истихборотии он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бар дӯши ӯст”, - омадааст дар гузориш.
Муовини ӯ - Абуимод, ду нафари дигар - Абуюсуф (ё Абуамин), масъули истихборотии "Ал-қоида"* дар вилояти Нангарҳор ва Абуқоҳир Рашид, масъули истихборотии "Ал-қоида" барои вилояти Нуристон, шаҳрвандони Ироқанд. Абулҳасан ал-Сурӣ (Сурия) ба гунаи сайёр вазоифи истихборотӣ дар вилоятҳои мухталифи Шимол ва Шимолу Шарқро иҷро мекунад.
Дар тими истихборотии Ториқ Ҷалол шахсе ба номи Шайх Абуумар, ки ба номи Шайх Ҳамид Фотеҳ ҳам машҳур аст, худро шаҳрванди Яман муаррифӣ мекунад, аммо манобеъ дар “Ал-қоида”* гуфтаанд, ӯ шаҳрванди Русия ва ё Англис аст.
“Ӯ дақиқ араб нест, аммо касе ҳам дақиқ намедонад, ки рус аст ё инглис. Шайх Умар худро араб мехонад, рафтори арабӣ мекунад, забонҳои арабӣ, инглисӣ, урду ва паштуро хуб балад аст. Ӯ ҳудуди 45 сол умр ва қади мутавассит дорад, ранги ҷилдаш сафед аст. Мӯҳояш кӯтоҳ ва риши кӯса дорад, зардина аст, яъне ришсиёҳ нест”, - мегӯяд манбаъ.
Шайх Умар масъули нақшаву барномасозии "Ал-қоида"* дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои фаъолиятҳои истихборотиву террористӣ ва фарди хеле муҳими "Ал-қоида" аст.
Тими Ториқ Ҷалол ва тамоми узви тими истихборотии ӯ дар рустои Арнаси вулусволии Вонт Войгали вилояти Нуристон зиндагӣ мекунанд.
Нуристон – пойгоҳи “Ал-қоида”* барои Осиёи Марказӣ
“Ал-қоида”* Нуристонро пойгоҳи аслии амалиётҳо дар Осиёи Марказӣ таъйин кардааст ва Ториқ Ҷалол фақат ба хотири роҳандозии фаъолиятҳо дар он сӯи Ому ба ин вилоят омадааст. Аммо ин фаъолиятҳо чӣ гуна сурат мегиранд?
Вазифаи Ҷалол эҷоди як ҳамоҳангии комил бо гурӯҳҳои террористии Осиёи Миёна - Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, “Ансоруллоҳ” – и Тоҷикистон ва дигарон аст. Онҳо бояд як барномаи истихборотии муштарак дошта бошанд.
“Фаъолиятҳои истихборотӣ дар Осиёи Марказӣ ва чигунагии анҷому масорифи он ҳама ба дӯши худи Ториқ Ҷалол аст. Ҳатто фарди дувуми босалоҳият вуҷуд надорад. Тими истихборотии ӯ танҳо аз бахши "Ал-қоида"* 35 нафар аст. Аз ин 10 нафар араб ва боқӣ шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Чин, Қирғизистон, Туркманистон, Русия ва Қазоқистон ҳастанд. Ин тим алъон дар Осиёи Миёна кор мекунад ва бо Ториқ Ҷалол дар иртибот аст”, - омадааст дар гузориш.
Бахши дувуми барномаи "Ал-қоида"* омӯзишӣ ва таълиму тарбияи афроди нав дар Афғонистону Осиёи Марказӣ аст. Созмон нақша дорад, ки се маркази омӯзишӣ эҷод кунад. Ҳоло яке дар Нуристон фаъол шуда, омӯзишҳои семоҳа дорад. Дар оянда "Ал-қоида"* дар назар дорад, ки сатҳи омӯзиши семоҳаро дар маркази омӯзишии вилояти Нуристон ба ду бахш иртиқо бидиҳад: низомӣ ва истихборотӣ.
Дар бахши таълиму тарбияи динӣ “Ал-қоида”* ба як мадрасаи калон дар вилояти Нуристон ниёз дорад, ки гунҷоиши панҷсад нафарро дошта ва таълиму тарбия дар он шаш моҳ то ду сол идома меёбад. Созмон дар вилояти Нуристон солҳо ба ин сӯ мадрасаҳои зиёдеро сармоягузорӣ мекунад, аммо як мадраса, ки ниёзмандиҳояшро барорад, ҳанӯз тасбит нашудааст. Ториқ Ҷалол рӯи эҷоди он бо гурӯҳи салафиҳо дар машвара аст.
“Мадрасае, ки Ториҷ Ҷалол мехоҳад эҷод кунад, дар канораш утоқҳое барои омӯзиши шогирдон бояд дошта бошад. Масалан, дар ҳудуди мадраса даҳ утоқ дар ду манзил барои таълиму тарбияи шогирдон зарур аст. Ин барномаи дарозмуддати "Ал-қоида"* то се соли оянда мебошад. Рӯи тарҳи як мадрасаи махсус амале дақиқ ва ё иқдоме нашуда, балки Ториқ Ҷалол гуфтааст, барои имсол фурсат аз даст рафтааст, чун вилояти Нуристон баъд аз ин сард мешавад ва то баҳори 2022 кори эҷоди мадраса ба таъхир меафтад”, - омадааст дар гузориш.
ДОИШ* ва “Толибон” таҳти заррабин
Бахши севуми барномаи “Ал-қоида”* истихборотӣ аст. Бино ба он, “Ал-қоида” дар вилоятҳои Шимолу Шарқ ва Шимоли Афғонистон фаъолияти ДОИШ* ва "Толибон" - ро таҳти заррабин қарор медиҳад. Таҳлили созмон бар ин аст, ки агар раҳбарони "Толибон" бар сари террористони Осиёи Марказӣ бо кишварҳои калони минтақа, аз ҷумла Чин ва Русия муомила кунанд, эҳтимол дорад, фармондеҳони онҳо дар сатҳи вулусволиҳову вилоятҳо бо ДОИШ* байъат кунанд.
“Аксарияти мутлақи фармондеҳони "Толибон"* бесаводанд. Феълан, ки "Толибон"* ба қудрат расидаанд, бо мушкилоти иқтисодӣ мувоҷеҳ шудаанд, чун ҳукуматдорӣ бо пули андак мумкин нест ва ба пули зиёд ниёз аст. Аз ин ки мушкилот зиёд мешавад, фармондеҳони хурду реза дар сатҳи вулусволиҳо фаромӯш мешаванд”, - омадааст дар гузориш.
Як фармондеҳи "Толибон" ба номи Қорӣ Абдулҳақ аз вулусволии Шерзоди вилояти Нангарҳор мисол оварда мешавад, ки гуруҳи 30-нафарӣ дорад. Вай замони суқути Кобул ба дасти "Толибон"* вориди шаҳр шуда, се мошини навъи ренҷери пулисро бо худ дошт. Даҳ рӯз монду қаҳр карда, ба Нангарҳор рафт. Қаҳраш аз ин буд, ки дар Кобул рӯзона ӯ барои харҷи афрод ва бензини мошинҳояш ба 20 ҳазор афғонӣ ниёз дошт, аммо ин пул аз тарафи раҳбарони "Толибон"* дода нашуд.
“Фармондеҳоне дар Кобул маоши афрод ва бензини мошинҳояшонро таъмин карда метавонанд, ки дар минтақаи худ хеле пулдор буда, маъодинро дар ихтиёр доранд ва ё ҳам қочоқи маводи мухаддир мекунанд. Ҳамаи ин мушкилот бар нафъи ДОИШ* аст ва “Ал-қоида” ин нуктаро хеле дар назар дорад ва истихбороташ барои ташхиси чунин фармондеҳони "Толибон"* бештар таваҷҷуҳ кардааст”, - омадааст дар гузориш.
Бахши чаҳоруми барномаи "Ал-қоида"* эҷоди марказҳои амну эҷоди сӯфҳо – ғорҳо дар кӯҳ аст. Гузориш мегӯяд, ки Ториқ Ҷалол ҳафри ин сӯфҳоро дар Нуристон манъ кардааст, зеро бо рафтани амрикоиҳо ва ба қудрат расидани “Толибон”* – шарики дерини онҳо дигар зарурати пинҳон шудан дар ғорҳо нест. Аммо гузориш намегӯяд, ки ин сӯфҳо дар куҷо бояд ҳафр шаванд – кӯҳистоноти марзҳои Афғонистону Осиёи Марказӣ ё худи Осиёи Марказӣ?
Нуристон аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ як вилояти саросар куҳистонӣ ва саъбулубур аст. Вулусволиҳое, ки “Ал-қоида”* дар онҳо ҳузур дорад, тайи 20 соли ахир паноҳгоҳи амни на фақат ин созмон, балки “Толибон”* – у ДОИШ* ва дигар созмонҳои террористӣ буданд.
Аз сӯи дигар, ҳузури арабҳои салафӣ дар Нуристон ба даврони ҳузури Шӯравӣ дар Афғонистон бармегардад. Доктор Арғун, яке аз муовинони Озодбек, раиси ҳизби "Иттиҳодияи исломии вилоёти шимоли Афғонистон", ки соли 1984 шахсан дар Нуристон буд, ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон қисса кард, ки ҳанӯз ҳамон замон дар Нуристон “Давлати исломӣ” бо раҳбарии Мавлавӣ Афзали Салафӣ фаъолият дошт ва аз сӯи Арабистони Саудӣ сармоягузорӣ мешуд.
“Ба Озодбек дар Покистон вазифа доданд, ки 8 араби саудиро ба Нуристон расонем. Гурӯҳи арабҳоро як ӯзбеке ба номи Нӯъмони Тошкандӣ раҳбарӣ мекард, ки имомхатиби масҷиди Ибни Аббос, сеюмин масҷиди мӯътабари Арабистони Саудӣ (пас аз масоҷиди Ҳаром ва Набавӣ) буд. Мо пеши Мавлавӣ Афзал рафтем ва пулҳое, ки салафиҳо тақдим карда буданд, ба ӯ таслим карда, пас гаштем”, - гуфт Доктор Арғун.
Асосгузори салафия дар Афғонистон Шайх Ҷамилурраҳмон аз Кунар буд, ки то кудатои коммунистии соли 1978 дар ин вилоят мадрасаҳои салафӣ дошт ва харҷашро аз Арабистони Саудӣ дарёфт мекард. Шайх Ҷамил аз асосгузорони Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматёр низ буд, ки баъдтар роҳашон ҷудо шуд.
Кунар, Нангарҳор ва Нуристон дар ҳамҷаворӣ қарор доранд ва ин ки “Ал-қоида”, бахусус, ДОИШ* дар ин вилоёт ҷойи по доранд, ба ҳамон далели қадима аст. Гузоришҳое низ аз Панҷшер, вилояти дигари ҳаммарз бо Нуристон, дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор доранд, ки ҳоло ба онҳо нахоҳем пардохт.
Аввалин нафаре, ки Ториқ Ҷалол дар Нуристон дид ва бо ӯ тааҳуд кард, шахсе ба номи Қорӣ Озари Ӯзбекистонӣ, тибқи гузориш, намояндаи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон назди "Ал-қоида"* аст. Вай аз қабл дар Нуристон зиндагӣ мекард ва дар маркази омӯзишии "Ал-қоида"* дар вулусволии Комдеш устоди низомӣ буд.
“Ҳанӯз қабл аз омадани Ториқ Ҷалол ба Нуристон “Ал-қоида”* аз Ҳаракати исломии Ӯзбекистон хоста буд, ки дар вилояти Нуристон ҳузури фаъол дошта бошад ва ин вилоят барои сукунати хонаводаҳои аъзои он ҷои муносиб аст. ҲИӮ* 16 июли 2021 - қабл аз омадани Ториқ Ҷалол - як марказ дар рустои Ғиномаи вулусволии Мандули вилояти Нуристон эҷод кард”, – омадааст дар гузориш.
Қорӣ Озар шаҳрванди Ӯзбекистон, ки ҳудуди 40 сол умр дорад, раҳбари ин марказ аст. Вай 10 апрели 2021 ба шимоли Афғонистон рафта, 7 июли 2021 бо як гуруҳи даҳнафарии ӯзбекистониҳо дубора ба Нуристон баргашт.
“Ал-қоида” ба ҲИӮ* тааҳҳуд супурда, ки масорифи аъзои онро дар Нуристон медиҳад. Феълан моҳона маблағи 30 ҳазор афғонӣ ба гуруҳи 10-нафарии ҲИӮ* пардохт гардидааст. Ҳоло се хонаводаи аъзои ҲИӮ* дар Нуристон зиндагӣ мекунанд, ки яке аз онҳо марбути Қорӣ Озар аст. Се хонаводаи аъзои ҲИӮ* моҳона 15 ҳазор афғонӣ аз "Ал-қоида"* мегиранд”, - омадааст дар гузориш.
“Ал-қоида”* ба ҲИӮ* тааҳҳуд супурда, ки дар маркази омӯзишиаш дар Нуристон саҳм медиҳад, то афроди нави худро омӯзиш диҳад ва масрафи ҳамаро пардохт хоҳад кард. Дар муқобил ҲИӮ* муваззаф шудааст, ки фаъолиятҳо ва ёфтаҳои истихборотиашро дар Афғонистону Осиёи Марказӣ бо "Ал-қоида" ҳамоҳанг ва шарик месозад. Қарор аст як тими истихборотии ду созмон муаррифӣ ва дар ҳамоҳангӣ фаъолиятҳояшонро анҷом бидиҳанд.
“Ал-қоида”* дар талоши муттаҳидсозии гурӯҳҳои марбут ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки якҷо ва муттаҳид ҳаракат ва фаъолият бикунанд, ки аз ин тасмим Ҳаракати исломии Ӯзбекистон низ ҳимоят кардааст”, - омадааст дар гузориш.
Марказҳои “Ал-қоида”* дар Нуристон
"Ал-қоида"* дар вилояти Нуристон се марказ дорад. Маркази аслӣ - маҳалли раҳбарӣ ва маркази фаъолиятҳои истихборотии "Ал-қоида"* дар рустои Арнаси вулусволии Вонт Войгал аст, ки худи Ториқ Ҷалол дар он ҳузур ва сукунат дорад. Ин марказ як дастгоҳи мухобираи дурбурд дорад ва ба дараи Шовули Вазиристони Ҷанубӣ ва шаҳри Карочии Покистон – маҳалли сукунати раҳбарони “Ал – қоида”* васл аст.
Дар ин марказ ба ҷуз аъзои тими истихборотии Ториқ Ҷалол, масъули "Ал-қоида"* дар Осиёи Марказӣ, ки зикрашон дар боло рафт, Шайх Абдуллоҳ (Ироқ), масъули ҷалбу ҷазб ва мувинаш Абуҷароҳ (Сурия), Абумуҳаммад (Арабистони Саудӣ), масъули Қитъаи Сурх, Шайх Ҳамза (Сурия), масъули молӣ барои вилояти Нуристон, Абуусмон (Яман), масъули молии Ториқ Ҷалол, Абудовуд (Сурия), масъули "Ал-қоида" барои вилояти Нуристон ҳузур доранд.
“Дар маркази “Ал-қоида”* дар рустои Арнас ҳеҷ мушаххас нест, ки чанд нафар ва чӣ вақт мебошанд. Гоҳе як нафар ва гоҳе даҳ нафар ҳузур медошта бошад, яъне доим як теъдод аз афрод ҳузур надорад. Ҳамеша дар тағйир аст, яъне аз марказҳои дигар ин ҷо меоянд ва аз ин ҷо ба марказҳои дигар мераванд”, - омадааст дар гузориш.
Маркази дувуми "Ал-қоида"* дар дараи Путигали вулусволии Мандул аст, ки чаҳор нафар раҳбари созмон – Абуимод (Ироқ), масъули истихборотии вилоятҳои Шимолу Шимолу Шарқ, Абуюсуф ё Абуамин (Ироқ), масъули вилояти Нангарҳор, Абулҳасан (Сурия), узви тими истихборотии Нуристон ва Шайх Инъомуллоҳ (Ӯзбекистон), масъули равобит бо гурӯҳҳои террористии Осиёи Марказӣ дар он ҳузур доранд.
Маркази севуми "Ал-қоида"* дар рустои Чилии вулусволии Комдеш як маркази омӯзишӣ аст, ки бо зарфияти омӯзишии 300 нафар 12 моҳи августи 2021 эҷод шудааст. Дар он 10 узви созмон ҳузур доранд: Абумуслим ал-Саид (Арабистони Саудӣ), масъули марказ ва муовинаш Абуёсир (Ироқ) ва бақия устодон - Мавлавӣ Ҳамид (Ӯзбекистон), Абуфайсал (Ироқ), Қорӣ Мунир (Ӯзбекистон), Мавлавӣ Салом (Тоҷикистон), Абубилол (Сурия), Абуюнус (Яман), Шайх Муфлеҳ (Арабистони Саудӣ), Шайх Калимуллоҳ (Қирғизистон).
“Дар гузашта як ҳавлӣ барои ҳузури афрод ва фаъолияти ин марказ дар ихтиёри "Ал-қоида"* қарор дошт. Акнун чаҳор ҳавлӣ дар ихтиёри созмон аст: се ҳавлӣ дар канори ҳам аст ва як ҳавлӣ дар фосилаи чиҳилметрии ин се ҳавлӣ қарор дорад. Дар ҳавлии ҷудо фақат аъзои "Ал-қоида"* будубош мекунанд ва дар се ҳавлие, ки дар канори ҳам ҳастанд, афроде, ки омӯзиш мебинанд”, - омадааст дар гузориш.
Ин гузориш, ки тахминан миёнаҳои моҳи сентябр таҳия шудааст, мегӯяд, феълан ҳеҷ касе таҳти омӯзиш дар ин марказ нест, яъне чӣ аз аъзои "Ал-қоида" ва чӣ аз "Толибон"*. Аммо 100 нафар аз афроди худи "Ал-қоида"* аз вилоятҳои Кунар, Нуристон ва Нангарҳор шомили барномаи омӯзишӣ аст. Аз ин афрод теъдоди 30 нафарашон 9 сентябри соли 2021 аз вилояти Кунар ба маркази омӯзишӣ расидааст ва боқӣ афрод ҳам, ба гуфтаи масъулинаш, то хатми моҳи сентябри 2021 мерасанд.
“Ториқ Ҷалол гуфтааст, маркази омӯзишӣ то баҳори соли 2022 дар Комдеш боқӣ мемонад ва баъдан ба вулусволии Мандули вилояти Нуристон мунтақил мегардад. Дар Мандул маҳалли махсус барои маркази омӯзишӣ эҷод мегардад, ки аз русто ва соҳаи сукунати мардум дур, яъне дур аз диди чашми мардум бошад”, - омадааст дар гузориш.
Аз ҷанги чирикӣ то мардум
Маркази омӯзишӣ дар се бахш афродро омӯзиш хоҳад дод. Аввал бахши низомӣ аст, ки дар он тактикаи ҷанги чирикӣ, истифода аз силоҳҳои мухталиф, сохтани анвоъи минаҳо ва шиносоиву муаррифии силоҳҳои русӣ, чиноӣ ва амрикоӣ, ки дар сатҳи Осиёи Марказӣ истифода мегарданд.
Бахши дувум - истихборот аст, ки навъи ҷамъоварии иттилоот, шинохтани афрод аз нигоҳи равонӣ ва муаррифии истихборотҳои минтақа, яъне кишварҳои Русия, Чин, Амрико, Аврупо ва шеваву наҳваи фаъолиятҳояшонро меомӯзад.
“Истифода аз тайёраҳои дурбинбардор ҳам омӯзиш дода мешавад, ки ба гуфтаи масъулини "Ал-қоида" дар вилояти Нуристон, ба зудӣ ин созмон аз ин навъ васила дар бахши истихбороташ истифода менамояд”, - омадааст дар гузориш.
Дар бахши севум кишварҳои Осиёи Марказӣ аз лиҳози қавмӣ, забонӣ, наҳваи ҳукумат ва ҷуғрофиёӣ ба муаррифӣ гирифта мешаванд, то афрод бидонанд, ки кадом кишвар чӣ навъ мардум, ҳукумат ва қавм доранд ва дар куҷо ба чӣ қисм метавонанд фаъолият бикунанд.
"Ал-қоида" мехоҳад теъдоди устодони ин маркази омӯзиширо ба 30 нафар расонад, ки дар бахшҳои фавқуззикр устод хоҳанд буд. Масъули маркази омӯзишӣ ва муовинаш ҳам бар илова аз ин ки масъулин ҳастанд, устод ҳам мебошанд. Устодон, ки барои омӯзиш истихдом мешаванд, ҳама араб нахоҳанд буд, балки аз гуруҳҳои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ, “Ансоруллоҳ”*-и Тоҷикистон ва Катибаи Имом Бухорӣ хоҳиш шудааст, ки устодонро муаррифӣ кунад.
"Ал-қоида"* пас аз ба қудрат расидани шарики деринаашон – “Толибон”* дар Афғонистон ҳоло дигар ҳеҷ хатаре барои фаъолиятҳояш намебинад. Аз ҷумла хатари бомбардумон шудан ва ё мавриди ҳамлаи заминӣ қарор гирифтан аз миён рафта, роҳат ба кори худ идома медиҳад.
“Танҳо чизе ки бояд эҳтиёт ва худро муҳофизат кунад, нуфузи истихборотҳо аст. Ба бовари масъулини “Ал-қоида”*, истихборотҳои Амрико, Русия, Чин ва Ҳинд хеле фаъол ҳастанд ва нисбат бар ҳар замон акнун фаъолтар фаъолият мекунанд. "Ал-қоида"* хуб медонад, ки инҳо фаъол ҳастанд ва эҳтиётро ба кор мебарад ва неруи истихборотиаш ба гунаи фаъол ва ҷиддӣ кор хоҳад кард”, - омадааст дар гузориш.
Пас аз ба қудрат расидани “Толибон”* дар Афғонистон “боғи мошинҳо” – и “Ал-қоида”* дар Нуристон низ ғанӣ гаштааст. Қаблан дар ин вилоят 8 мототсикл дошт, ки аз навъи “Ҳонда”-и ҷопонӣ ҳастанд. Он вақт созмон аз мошин истифода намекард ва метарсид, ки мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирад ва аз мототсиклҳо кор мегирифт.
Аммо ҳоло “Ал-қоида”* дар вилояти Нуристон чаҳор мошин дорад, ки яке аз навъи “Ҳайлукс” – и ҷопонӣ буда, дар рустои Арнаси вулусволии Вонт Войгал қарор дорад ва худи Ториқ Ҷалол аз як соҳа ба соҳаи дигар бо он рафтуомад мекунад. Се мошини боқимонда аз навъи “Додсан” буда, яке аз 20 соли қабл аст ва дар вулусволии Мандули вилояти Нуристон қарор дорад. Дуи дигар дар маркази омӯзиши "Ал-қоида"* дар вулусволии Комдеш буда, подоши ҷангҳои охири “Ал-қоида”* бо нерӯҳои ҳукумати Афғонистонанд.
Бино ба як гузориши алоҳида, "Ал-қоида"* дар ду моҳи гузашта - август ва сентябри 2021 – дар Нуристон барои маводи хӯрокӣ 430, дар бахши истихборотӣ – 140, дар бахши ҷалбу ҷазбӣ ва тавзеъи пул ба хатибони мадорисҳо ва муллоимомони масоҷид – 480, бензини мошину мототсиклҳо – 40, харидории болтӣ (батарея)-и мухобира 50 ҳазор афғонӣ (имрӯз 1 доллар = 90,58 афғонӣ) харҷ кардааст.
“Ин масорифи пулӣ хеле андак аст, зеро то ҳанӯз маркази омӯзишӣ фаъолиятҳояшро оғоз накарда ва барномаи амалиётии "Ал-қоида"*, ки дар сатҳи Осиёи Марказӣ дорад, ҳанӯз шуруъ нашудааст. Дар сурати татбиқи тамоми барномаҳо масорифи "Ал-қоида" хеле боло хоҳад рафт ва вилоятҳои ҳамҷавор - Кунар ва Нангарҳор ҳам масорифашонро аз вилояти Нуристон аз Ториқ Ҷалол ахз медоранд”, - омадааст дар гузориш.
“Ал-қоида”* ва дигар созмонҳои террористӣ ҳанӯз аз солҳои 80 – уми асри гузашта ба ин сӯ омодагии вуруд ба Осиёи Марказӣ ва Русияву Чинро мебинанд. Талошҳои онҳо дар ин миён ба натиҷае нарасида буд. Аммо ин дафъа то куҷо муваффақ мешаванд, бахусус, дар ҳоле ки шарик ва пуштибони маҳаллиашон – “Толибон”* Афғонистонро таҳти султаи худ гирифт, суоли вақт аст.
* - созмон ё гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистону Русия