Шойгу: ДИИШ* ҳам ба Афғонистон роҳ ёфт

© Фотохост-агентство sco-russia2020.ru / Гузариш ба медиабонкМинистр обороны РФ Сергей Шойгу
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Обуна шудан
Ҷанги ҳукумати Афғонистон бо Толибон ва ҳамзамон хуруҷи низомиёни Амрико ва НАТО боиси ворид шудани шумораи зиёди террористон ба Афғонистон гардид
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Террористҳои ДИИШ* низ ба Афғонистон роҳ ёфтанд, изҳор дошт раҳбари Вазорати мудофиаи Русия Сергей Шойгу зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе.
Ба гуфтаи ӯ, артиши Русия ҳаракати фаъоли ҷангҷӯёни ДИИШ* ба қаламрави Афғонистонро мушоҳида мекунад. Террористон ба ҷумҳурӣ аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Сурия ва Либия меоянд.

"Мо мебинем, ки воҳидҳои ДИИШ* то чӣ андоза фаъолона ҳаракат мекунанд ва аз минтақаҳои гуногун, аз ҷумла аз Сурия, Либия ба он ҷо ҳаракат мекунанд. Гузашта аз ин, дар баъзе қисматҳо мо чунин як ташкилоти хеле ҷиддии ин ҳаракатҳоро мушоҳида мекунем", - гуфт Шойгу.

Вай изҳори умедворӣ кард, ки ҷангҳо дар Афғонистон хотима ёфта, мусолиҳаи байни миллатҳо барқарор хоҳад шуд.
Вазири мудофиаи Русия бар ин бовар аст, ки шиддат гирифтани ҳаракатҳои террористӣ дар заминаи хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз ҷумҳурӣ амалҳои фавриро талаб мекунад.
Совещание по подведению итогов учений Кавказ-2016 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Шойгу: Пойгоҳи 201 Русия марзи Тоҷикистонро ҳимоя мекунад
Вай мушаххас кард, ки имрӯз Русия ва Тоҷикистон ба кори муштарак барои безарар кардани таҳдидҳо аз қаламрави Афғонистон шурӯъ кардаанд.
Яке аз қадамҳои аввал силсилаи машқҳои муштарак мебошанд, ки ахиран Ӯзбекистон ҳам ҳамроҳ шуд.
Тамринҳо аз 5 то 10 август дар размоишгоҳи Ҳарб-Майдон, дар масофаи 20 километр аз марз бо Афғонистон баргузор мешаванд.
* созмони мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0