https://sputnik.tj/20210929/generali-amrikoi-al-qoida-afghoniston-hamla-amriko-1042552460.html
Генерали амрикоӣ: “Ал-Қоида”* ҳанӯз дар Афғонистон аст ва қасди ҳамла ба Амрикоро дорад
Генерали амрикоӣ: “Ал-Қоида”* ҳанӯз дар Афғонистон аст ва қасди ҳамла ба Амрикоро дорад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси ситоди муштараки артиши Амрико мегӯяд, ки гурӯҳи террористии “ал-Қоида”* ҳанӯз ҳам дар Афғонистон аст ва ин гурӯҳ эҳтимол дорад аз онҷо дар ҳоли барномарезӣ барои ҳамла ба Амрико бошад
2021-09-29T11:35+0500
2021-09-29T11:35+0500
2021-09-29T12:08+0500
ал-қоида
амрико
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
генерал
ҳамлаи террористӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/02/1042024468_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_34a0682980c500b08fd9702c1d7a38b4.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Генерал Марк Милли, раиси Ситоди муштараки артиши Амрико гуфт, ки “ал-Қоида” ҳоло ҳам дар Афғонистон аст ва ҳадафи он ҳамла ба Амрико мебошад”.Милли дар ҷаласаи Сенат гуфт, ки агар онҳо тавоноии ҷангии худро дубора ба даст биёранд, метавонанд ҳамла кунанд.Вай афзуд, ки бар асоси созишномаи Доҳа, “Толибон”* қавл додаанд, ки ба нерӯҳои мо ҳамла нахоҳанд кард, аммо ҳеҷ яке аз шартҳои дигарро пурра риоя накарданд."Ман бисёре аз сарбозонамро талаф додам. Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин “Толибон”*-ро созмони террористӣ мешуморад ва робитаи ин ҷунбиш бо “ал-Қоида” идома дорад”,-афзуд ӯ.Марк Миллӣ гуфт: "Хатои бузургтарини мо он буд, ки ба ҷои сохтани артиши Афғонистон ба техникаи ҷангӣ такя кардем."Қаблан сухангӯи “Толибон”* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид аз адами ҳузури аъзои гурӯҳи террористии “ал-Қоида” дар Афғонистон хабар дода буд."Нигаронӣ аз ҳузури “ал-Қоида” дар Афғонистон афзоиш меёбад. Ин хабарҳо табиати таблиғотӣ доранд. Мо дар Афғонистон касеро надидаем, ки узви “ал-Қоида” бошад. Иморати Исломӣ (давлати “Толибон”*) дар ин бора ба Амрико ваъда додааст. Тибқи ин уҳдадориҳо, мо намегузорем, ки касе аз қаламрави Афғонистон барои таҳдиди дигарон истифода кунад”,-гуфт Муҷоҳид.Дар моҳи сентябр Хадамоти иктишофии ИМА ҳушдор дода буданд, ки “ал-Қоида” метавонад қаламрави Афғонистонро барои ҳамла ба Иёлоти Муттаҳида истифода кунад ва хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ин муҳлатро боз ҳам кӯтоҳтар кардааст.Дар навбати худ "Толибон" қавл дод, ки робита бо “ал-Қоида”-ро қатъ мекунад ва Афғонистонро ба макони амн барои гурӯҳҳои террористӣ табдил намедиҳад.* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20210929/imron-khon-davlati-ghani-mardum-mahbubiyat-1042551055.html
https://sputnik.tj/20210928/shohin-namoyanda-tolibon-smm-oghoz-1042539300.html
амрико
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/02/1042024468_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_d8f40ab780f907c2e1f15fd70238867e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амрико, афғонистон, ҳамла, ал-қоида, генерал, ҳамла барномарезӣ
амрико, афғонистон, ҳамла, ал-қоида, генерал, ҳамла барномарезӣ
Генерали амрикоӣ: “Ал-Қоида”* ҳанӯз дар Афғонистон аст ва қасди ҳамла ба Амрикоро дорад
11:35 29.09.2021 (Навсозишуда: 12:08 29.09.2021) Раиси Ситоди муштараки артиши Амрико мегӯяд, ки гурӯҳи террористии “ал-Қоида”* ҳанӯз ҳам дар Афғонистон аст ва ин гурӯҳ эҳтимол дорад, аз он ҷо дар ҳоли барномарезӣ барои ҳамла ба Амрико бошад
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Генерал Марк Милли, раиси Ситоди муштараки артиши Амрико гуфт, ки “ал-Қоида” ҳоло ҳам дар Афғонистон аст ва ҳадафи он ҳамла ба Амрико мебошад”.
Милли дар ҷаласаи Сенат гуфт, ки агар онҳо тавоноии ҷангии худро дубора ба даст биёранд, метавонанд ҳамла кунанд.
“Фикр мекунам, ки “ал-Қоида”* ҳанӯз ҳам мехоҳад бо Амрико ҷанг кунад",-гуфт генерали амрикоӣ.
Вай афзуд, ки бар асоси созишномаи Доҳа, “Толибон”* қавл додаанд, ки ба нерӯҳои мо ҳамла нахоҳанд кард, аммо ҳеҷ яке аз шартҳои дигарро пурра риоя накарданд.
"Ман бисёре аз сарбозонамро талаф додам. Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин “Толибон”*-ро созмони террористӣ мешуморад ва робитаи ин ҷунбиш бо “ал-Қоида” идома дорад”,-афзуд ӯ.
Марк Миллӣ гуфт: "Хатои бузургтарини мо он буд, ки ба ҷои сохтани артиши Афғонистон ба техникаи ҷангӣ такя кардем."
Қаблан сухангӯи “Толибон”* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид аз адами ҳузури аъзои гурӯҳи террористии “ал-Қоида” дар Афғонистон хабар дода буд.
"Нигаронӣ аз ҳузури “ал-Қоида” дар Афғонистон афзоиш меёбад. Ин хабарҳо табиати таблиғотӣ доранд. Мо дар Афғонистон касеро надидаем, ки узви “ал-Қоида” бошад. Иморати Исломӣ (давлати “Толибон”*) дар ин бора ба Амрико ваъда додааст. Тибқи ин уҳдадориҳо, мо намегузорем, ки касе аз қаламрави Афғонистон барои таҳдиди дигарон истифода кунад”,-гуфт Муҷоҳид.
Дар моҳи сентябр Хадамоти иктишофии ИМА ҳушдор дода буданд, ки “ал-Қоида” метавонад қаламрави Афғонистонро барои ҳамла ба Иёлоти Муттаҳида истифода кунад ва хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ин муҳлатро боз ҳам кӯтоҳтар кардааст.
Дар навбати худ "Толибон" қавл дод, ки робита бо “ал-Қоида”-ро қатъ мекунад ва Афғонистонро ба макони амн барои гурӯҳҳои террористӣ табдил намедиҳад.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон