https://sputnik.tj/20211008/tolibon-doish-dard-sar-1042719632.html
"Толибон"* ДОИШ-ро "дарди сар" гуфт
"Толибон"* ДОИШ-ро "дарди сар" гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи "Толибон"* Забиуллоҳ Муҷоҳид гуфт, ки ДИИШ* барои онҳо таҳдид нест, балки як "дарди сар" аст
2021-10-08T14:20+0500
2021-10-08T14:20+0500
2021-10-08T18:29+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
доиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041711445_0:0:3080:1733_1920x0_80_0_0_ce190f0f2b3296cefb9007964b8346ba.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. "Толибон"* гуфт, ки гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"* ба Афғонистон таҳдид намекунад, хабар медиҳад "TOLO News". Ин андешаро муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати муваққатии ин кишвар, намояндаи расмии "Толибон"* Забеҳллоҳ Муҷоҳид баён кард. Ба гуфти ӯ, "Давлати исломӣ"* аз пуштибонии сокинони Афғонистон бархурдор нест."Толибон"* дар ҳоле ДОИШ*-ро дарди сар унвон кард, ки мақомоти ҳамсоякишварҳои Афғонистон ва Русия низ борҳо аз эҳтимоли тақвияти ин гурӯҳи террористӣ дар он сӯйи Ому изҳорӣ нигаронӣ кардаанд. Ахиран сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, Маскав аз афзоиши фаъолияти террористии ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ"* дар Афғонистон нигарон аст. Аз ҷумла вай афзуд, ки амалҳои ҷангҷӯёни ин гурӯҳ дар наздикии сафорати Русия дар Кобул афзоиш ёфтааст.Русия аз фаъолшавии ҷангҷӯёни ДИИШ* дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кардВазъият дар Афғонистон моҳи июн, бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ муташанниҷ шуд. Дар миёнаҳои моҳи август, дар давраи берун кардани пойгоҳи низомии Амрико аз Афғонистон "Толибон"* ҳамаи шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол карданд. Дар ин зимн дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт, ки ба он вазири собиқи умури дохилӣ Аҳмад Ҷалолӣ раҳбарӣ мекард. Ашраф Ғанӣ истеъфо дод ва аз ин кишвар фирор кард.* - созмонҳои террористии фаъолияташон дар Русия ва дигар кишварҳо мамнуъ
https://sputnik.tj/20211008/toshkant-tolibon-tirmiz-nishast-1042713119.html
https://sputnik.tj/20211007/rusiya-vaziyat-marzi-tojikiston-afghoniston-orom-1042705988.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041711445_220:0:2951:2048_1920x0_80_0_0_b77a1267cb15a5e451a67272b55bdbad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"толибон", доиш, афғонистон, амният
"толибон", доиш, афғонистон, амният
"Толибон"* ДОИШ-ро "дарди сар" гуфт
14:20 08.10.2021 (Навсозишуда: 18:29 08.10.2021) Сухангӯи "Толибон"* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, ки ДИИШ* барои онҳо таҳдид нест, балки як дарди сар аст
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. "Толибон"* гуфт, ки гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"* ба Афғонистон таҳдид намекунад, хабар медиҳад "TOLO News".
Ин андешаро муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати муваққатии ин кишвар, намояндаи расмии "Толибон"* Забеҳллоҳ Муҷоҳид баён кард.
"Мо ДОИШ*-ро таҳдид намедонем, мо онҳоро дарди сар медонем. Дар баъзе ҷойҳо онҳо дарди сар ба вуҷуд меоранд, аммо пас аз ҳар ҳодиса омилони он бартараф карда мешаванд. Мо онҳоро берун мекунем, паноҳгоҳҳояшон маълум шудаанд",-гуфт муовини вазири фарҳанг.
Ба гуфти ӯ, "Давлати исломӣ"* аз пуштибонии сокинони Афғонистон бархурдор нест.
"Толибон"* дар ҳоле ДОИШ*-ро дарди сар унвон кард, ки мақомоти ҳамсоякишварҳои Афғонистон ва Русия низ борҳо аз эҳтимоли тақвияти ин гурӯҳи террористӣ дар он сӯйи Ому изҳорӣ нигаронӣ кардаанд. Ахиран сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, Маскав аз афзоиши фаъолияти террористии ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ"* дар Афғонистон нигарон аст.
Аз ҷумла вай афзуд, ки амалҳои ҷангҷӯёни ин гурӯҳ дар наздикии сафорати Русия дар Кобул афзоиш ёфтааст.
Вазъият дар Афғонистон моҳи июн, бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ муташанниҷ шуд. Дар миёнаҳои моҳи август, дар давраи берун кардани пойгоҳи низомии Амрико аз Афғонистон "Толибон"* ҳамаи шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол карданд.
Дар ин зимн дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт, ки ба он вазири собиқи умури дохилӣ Аҳмад Ҷалолӣ раҳбарӣ мекард. Ашраф Ғанӣ истеъфо дод ва аз ин кишвар фирор кард.
* - созмонҳои террористии фаъолияташон дар Русия ва дигар кишварҳо мамнуъ