https://sputnik.tj/20211006/lavrov-tolibon-murojiat-rusiya-1042683074.html
Лавров ба "Толибон"* муроҷиат кард: Русия талабашро гуфт
Лавров ба "Толибон"* муроҷиат кард: Русия талабашро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Эрон ташаббусҳои муштаракро, ки ба барқарорсозии Афғонистон нигаронида шудаанд, баррасӣ карданд
2021-10-06T17:05+0500
2021-10-06T17:05+0500
2021-10-06T17:43+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
толибон
сергей лавров
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039545235_0:0:3105:1748_1920x0_80_0_0_358576001989f54e1becbc90be1102c0.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Русия ва Эрон "Толибон"*-ро ба муборизаи оштинопазир бо терроризм дар ин ҷумҳурӣ даъват карданд. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров пас аз музокирот бо ҳамтои эронии худ Ҳусейн Амирабдуллоҳиён изҳор дошт. Ба гуфти ӯ, ҳарду кишвар омодаанд, ки тадбирҳои барқарорсозии Афғонистонро ҳамоҳанг созанд. Ҷониби Русия ва Эрон ҳам аллакай як қатор ташаббусро рӯйи даст гирифтаанд. Лавров қайд кардааст, ки ин кишвар набояд манбаи бесуботии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бошад.Вай афзуд, ки Афғонистон мавзуи асосии музокироти Русия ва Эрон шуд. Тарафҳо дурнамои ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалиро барои ба эътидол овардани вазъ дар ин ҷумҳурӣ баррасӣ карданд. "Мо дар бораи ҳамоҳангсозии талошҳо барои амалӣ кардани ташаббусҳо гуфтугӯ кардем", - афзуд Лавров.Дар навбати худ Ҳусейн Амирабдуллоҳиён гуфт, Русия ба нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон даъват шудааст, ки ба қарибӣ дар Теҳрон ташкил мешавад. Ҳусейн Амирабдуллоҳиён афзуд, ки Лавров қасд дорад, дар Маскав барои расонидани кумаки сиёсӣ дар ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон нишасти хабарӣ баргузор кунад. * - созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211006/tolibon-ovozkhon-pesha-pul-peshnihod-1042679651.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039545235_122:0:2853:2048_1920x0_80_0_0_606c058a903fa98c65cd3093dafc69bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сергей лавров, "толибон"* муроҷиат
сергей лавров, "толибон"* муроҷиат
Лавров ба "Толибон"* муроҷиат кард: Русия талабашро гуфт
17:05 06.10.2021 (Навсозишуда: 17:43 06.10.2021) Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Эрон ташаббусҳои муштараки марбути барқарорсозии Афғонистонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Русия ва Эрон "Толибон"*-ро ба муборизаи оштинопазир бо терроризм дар ин ҷумҳурӣ даъват карданд.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров пас аз музокирот бо ҳамтои эронии худ Ҳусейн Амирабдуллоҳиён изҳор дошт.
Ба гуфти ӯ, ҳарду кишвар омодаанд, ки тадбирҳои барқарорсозии Афғонистонро ҳамоҳанг созанд.
Ҷониби Русия ва Эрон ҳам аллакай як қатор ташаббусро рӯйи даст гирифтаанд.
Лавров қайд кардааст, ки ин кишвар набояд манбаи бесуботии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бошад.
"Мо аз мақомоти нави Афғонистон даъват мекунем, ки бо гурӯҳҳои террористӣ, инчунин бар зидди қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа мубориза баранд",-гуфт раҳбари ВКХ Русия.
Вай афзуд, ки Афғонистон мавзуи асосии музокироти Русия ва Эрон шуд. Тарафҳо дурнамои ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалиро барои ба эътидол овардани вазъ дар ин ҷумҳурӣ баррасӣ карданд.
"Мо дар бораи ҳамоҳангсозии талошҳо барои амалӣ кардани ташаббусҳо гуфтугӯ кардем", - афзуд Лавров.
Дар навбати худ Ҳусейн Амирабдуллоҳиён гуфт, Русия ба нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон даъват шудааст, ки ба қарибӣ дар Теҳрон ташкил мешавад.
Ҳусейн Амирабдуллоҳиён афзуд, ки Лавров қасд дорад, дар Маскав барои расонидани кумаки сиёсӣ дар ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон нишасти хабарӣ баргузор кунад.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон