https://sputnik.tj/20210716/tolibon-turkiya-go-home-taslimshudahoro-meparonand-1040935323.html
Толибон ба Туркия "Go home" мегуянду таслимшудаҳоро тирборон мекунанд: боз чӣ
Толибон ба Туркия "Go home" мегуянду таслимшудаҳоро тирборон мекунанд: боз чӣ
Sputnik Тоҷикистон
Дар баробари рехтани обрӯи байналмилалии Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои он, бадшавии вазъ Афғонистон идома дорад
2021-07-16T15:25+0500
2021-07-16T15:25+0500
2021-07-16T15:25+0500
туркия
има
амрико
афғонистон
ҷанг
толибон
кобул
фурудгоҳ
мақомот
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/05/1040644685_0:317:3077:2048_1920x0_80_0_0_acd695b52b48fb7d483691cf038b464f.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Ҷунбиши тундгарои Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) низомиёни Туркияро, ки Анкара ва Вашингтон ният доштанд онҳоро барои муҳофизат ва назорати фурудгоҳи Кобул, истифодда намоянд, ба шеваи сахт ба сӯи дарвозаи баромад нишон доданд. Ҳамзамон, ҷангҷӯёни "Аморати Исломӣ", ки ба таври ваҳшиёна таслимшудаҳо - шаҳрвандони кишвари худро тирборон мекунанд.Толибон расман изҳор доштанд, ки сарбозони Туркия дар Афғонистон, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишварро тибқи созишнома ба имзо расонида бо ИМА вайрон мекунанд ва ба Туркия аз сарзадани мушкилот дар ин кишвар ваъда доданд.Ҷангҷӯёни толиб ҳузури нерӯҳои ҳар кишвари хориҷиро ҳамчун ишғол арзёбӣ мекунанд: "Мо бо истилогарон бар асоси фатвои соли 1422 ҳиҷрии қамарӣ (2001) мубориза мебарем, ки мувофиқи он ҷанг дар 20 соли охир ҷиҳод буд". Баррасии таҳдид ғайри имкон аст.Қаблан Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия эълом дошт, ки пас аз 31 августи соли 2021 бо Амрико дар бораи амнияти фурудгоҳи Кобул ба муддати номуайян ба мувофиқа расидааст.Лоиҳаи таъмини амнияти бандари ҳавоии пойтахт аз ҷониби нерӯҳои яке аз кишварҳои НАТО - пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон - дар аввал ғайривоқеӣ ба назар мерасид. Иншоот дар қисми шимолии Кобул ҷойгир аст, ки ба рушди шаҳр ва коммуникатсия пайваст шудааст. Рушди сусти роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан фурудгоҳро ба як масири асосӣ барои вуриди хуруҷ шудан аз Афғонистон месозад. Ҳар касе, ки фурудгоҳро назорат мекунад, дар воқеъ раҳбари пойтахт ба ҳисоб меравад.Албатта, Толибон инро дарк мекунанд ва дар "аморат" -и худ онҳо ният надоранд, ки қудратро ба касе дигар тақсим намоянд. Ҷунбиши "Толибон" забти Кобулро танҳо амри замон медонад.Имрӯзҳо Толибон аз 398 вулусволии ин кишвар тақрибан 250-ро зери назорати худ гирифтанд. Иёлоти Муттаҳида беш аз 95% неруҳояшро аз Афғонистон хориҷ кард. Тамоюлҳо равшананд.Дар манотиқи шимолии марзии Афғонистон ҷангҳои шадид миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва низомиён бар зидди Толибон идома доранд.Сарфи назар аз кафолати Толибон, ки ба самти марзҳои кишварҳои ҳамсоя ҳамла нахоҳанд кард, кишварҳои Осиёи Марказӣ бесарусомониву ҷанг наздик шудаанд. Фаъолшавии ташкилоти террористии "Давлати исломӣ" (дар Русия мамнӯъ) низ нигаронкунанда аст.Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Русия, дар музофотҳои шимолӣ то 4000 ҷангҷӯёни ДИИШ * ҷамъ омадаанд.Вазъияти феълӣТайи як ҳафтаи охир дар Афғонистон дар вилоятҳои Кундуз, Бадахшон, Бодғис ва Ҳирот, ҷанг шиддат гирифтааст, ва дар он садҳо низомиёни ҳукуматӣ, ҷангҷӯёни Толибон ва ғайринизомиён ба ҳалокат расидаанд. Муваффақияти назаррасинерӯҳои ҳукуматӣ ин куштори сардори хадамоти иктишофии Толибон Қорӣ Шағасӣ дар вилояти Логар мебошад.Аз тарафи дигар, Толибон дар вулусволиҳои забтшуда ваҳшияти худро идома медиҳанд - бо зӯр ба занони маҳаллӣ издивоҷ мекунанд, норозигии мардумро бо қоидаҳои нави "аморатӣ" (мамнӯъияти телевизор, смартфонҳо, мусиқӣ, либосҳоиаврупоӣ) бераҳмона саркуб мекунанд ва ҳаттотаслимшудаҳоро ба қатл мерасонанд.Тибқи гузориши CNN, ҷангҷӯён беш аз 20 нерӯи вижаи Афғонистонро ҳангоми таслим шуданашондар шаҳри Давлатободи вилояти Форёб, дар наздикии марз бо Туркманистон, тирборон карданд. Чунин амалҳо ба талошҳои Толибон барои нишон додани худ ҳамчун як нерӯи қонунии миллӣ дар арсаи байналмилалӣ комилан мухолиф мебошад.Тӯлонитарин ва хатарноктарин дар Осиёи Марказӣ, марзи Тоҷикистон аст, ки аз тарафи ҷануб қариб пурра зери назорати Толибон гузаштааст. Забти гузаргоҳи Шерхон Бандар дар 60-километрии шаҳри Қундузи Афғонистон зарбаи сахт ба Иёлоти Муттаҳида буд, зеро пули 37 миллион 700-метра, соли 2007 бо дастгирии молиявии ҳукумати ИМА сохта шуда буд . Имрӯз, мошинҳои боркаше, ки аз болои ин пул мегузаранд "боҷҳои гумрукӣ" -ро ба ҷангҷӯёни Толибон месупоранд.Беҳуда нест, ки Русия ва Тоҷикистон ба бунёди посгоҳи нави марзӣ дар марз бо Афғонистон шурӯъ кардаанд. Дар давоми ду рӯзи охир, аз дасти Толибон беш аз 120 нафар шаҳрвандони Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон гузаштанд.Рӯзҳои 13-14 июл дар Душанбе нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд, ки дар он ба масоили Афғонистон аҳамияти ҷидди дода шуд. Вузарои хориҷаи кишварҳои узви ин созмон аз афзоиши ташаннуҷ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон "дар натиҷаи афзоиши шадиди гурӯҳҳои гуногуни террористӣ ва экстремистӣ" изҳори нигаронӣ карданд.Намояндагони Русия, Ҳиндустон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон барномаҳои ҳамкорӣ дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизм барои солҳои 2022-2024, нақшаи кории стратегияи зидди маводи мухаддирро барои солҳои 2018-2023 баррасӣ карданд.Шарқи нозукҶолиб дар он аст, ки фаъолияти дипломатии Толибон* гуфтушунидҳо дар Истамбулро нодида гирифт, аммо "дафтари сиёсӣ"-и ин гурӯҳ ба Маскав, Теҳрон ва баъзе пойтахтҳои Осиёи Марказӣ ташриф овард. Рӯйдодҳо ва тамоюлҳои рӯзҳои охир моро бовар мекунонанд, ки Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони он дигар ба мақомоти қонунии Афғонистон кумак нахоҳанд кард. Толибон ҳанӯз ҳам ҳукумати Кобулро шикаст надодаанд, аммо онҳо аллакай Вашингтонро мағлуб карданд - амрикоиҳо ҳоло баъд аз шикасти ҷиддии геополитикӣ дар Афғонистон, гунаҳгор меҷӯянд.Лондон, ки дар ҷанги дуввуми (!) Афғонистон шикаст хурдааст ба ҳамкории маҷбурӣ бо ғолибоне, ки СММ онҳоро аз соли 2001 террорист медонад оғоз карданд. Ва ҳатто Туркия, ки миёни Толибон эҳтиром дорад, "охирин ҳушдор” гирифт, ки Афғонистонро тарк кунад.Ғарб ҳоло ҳам кӯшиш дорад, "дастгирӣ" -и нерӯҳои ҳукуматиро дар Афғонистон нишон диҳад. Агар ҳукумати тарафдори Амрико дар Кобул наҷот наёбад, пас ҳадди аққал бояд обурӯ наҷот ёбад. Аммо, масофаи дури пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Абу-Даби (АМА) самаранокиро кумакро коҳиш медиҳад.Ҷойгоҳи ҷуғрофӣ бештар ба Маскав ва ҳампаймонҳои он вобастагӣ дорад, на ба Вашингтон ва НАТО. Сергей Рябков, муовини вазири корҳои хориҷии Русия қаблан барои Русия қобили қабул набудани интиқоли нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказиро қайд карда буд. Маскав ин мавқеъро ба Вашингтон ва шарикони минтақавиаш расонд.Минбаъд барои касе осон нахоҳад буд. Бешубҳа, Толибон як созмони тахрибкор ва террористӣ мебошанд, ки аз Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ посухи муносиб талаб мекунанд.Дар мадрасаҳои экстремистии Покистон ба тундгароҳои ҷавон ба Русия ва маданияти аврупоӣ муносибати манфӣ меомӯзонанд. Аммо, агар "ислоҳоти" чандинсолаи хунини Иёлоти Муттаҳида ва НАТО-ро дар Ироқ, Афғонистон, Югославия, Либия, Сурия баррасӣ кунем, шояд Толибон беҳтар бошанд.Иёлоти Муттаҳида тамоми ҷангҳои 70 соли охирро бохтанд, аммо Афғонистон як сафҳаи хос дар таърихи Ғарб аст, ки бо инқадар потенсиали ҳарбӣ-иқтисодӣ ва технологӣ натавонистааст дар тӯли 20 сол Шарқро тағир диҳанд.
https://sputnik.tj/20210716/turkiya-tolibon-afghoniston-jang-1040932375.html
https://sputnik.tj/20210513/poygohi-nizomiyoni-amriko-kobul-1039422703.html
https://sputnik.tj/20210624/tolibon-ghazab-ima-kobul-turkiya-1040409398.html
https://sputnik.tj/20210214/Tagyiri-siyosat-Amriko-tavofuq-Tolibon-boznigari-1032822560.html
https://sputnik.tj/20210716/prezident-hifz-marz-tojikiston-afghoniston-idm-ia-1040924671.html
https://sputnik.tj/20210716/nigaronii-sergey-lavrov-afghoniston-1040933625.html
има
амрико
афғонистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/05/1040644685_332:0:3063:2048_1920x0_80_0_0_7d88d1eb57e61057389b46cf18313925.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
афғонистон, русия, туркия, амрико, толибон, фурудгоҳ, ҷанг, кобул
афғонистон, русия, туркия, амрико, толибон, фурудгоҳ, ҷанг, кобул
Толибон ба Туркия "Go home" мегуянду таслимшудаҳоро тирборон мекунанд: боз чӣ
Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Дар баробари рехтани обрӯи байналмилалии Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои он, бадшавии вазъ Афғонистон идома дорад
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Ҷунбиши тундгарои Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) низомиёни Туркияро, ки Анкара ва Вашингтон ният доштанд онҳоро барои муҳофизат ва назорати фурудгоҳи Кобул, истифодда намоянд, ба шеваи сахт ба сӯи дарвозаи баромад нишон доданд. Ҳамзамон, ҷангҷӯёни "Аморати Исломӣ", ки ба таври ваҳшиёна таслимшудаҳо - шаҳрвандони кишвари худро тирборон мекунанд.
Толибон расман изҳор доштанд, ки сарбозони Туркия дар Афғонистон, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишварро тибқи созишнома ба имзо расонида бо ИМА вайрон мекунанд ва ба Туркия аз сарзадани мушкилот дар ин кишвар ваъда доданд.
Ҷангҷӯёни толиб ҳузури нерӯҳои ҳар кишвари хориҷиро ҳамчун ишғол арзёбӣ мекунанд: "Мо бо истилогарон бар асоси фатвои соли 1422 ҳиҷрии қамарӣ (2001) мубориза мебарем, ки мувофиқи он ҷанг дар 20 соли охир ҷиҳод буд". Баррасии таҳдид ғайри имкон аст.
Қаблан Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия эълом дошт, ки пас аз 31 августи соли 2021 бо Амрико дар бораи амнияти фурудгоҳи Кобул ба муддати номуайян ба мувофиқа расидааст.
Лоиҳаи таъмини амнияти бандари ҳавоии пойтахт аз ҷониби нерӯҳои яке аз кишварҳои НАТО - пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон - дар аввал ғайривоқеӣ ба назар мерасид. Иншоот дар қисми шимолии Кобул ҷойгир аст, ки ба рушди шаҳр ва коммуникатсия пайваст шудааст. Рушди сусти роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан фурудгоҳро ба як масири асосӣ барои вуриди хуруҷ шудан аз Афғонистон месозад. Ҳар касе, ки фурудгоҳро назорат мекунад, дар воқеъ раҳбари пойтахт ба ҳисоб меравад.
Албатта, Толибон инро дарк мекунанд ва дар "аморат" -и худ онҳо ният надоранд, ки қудратро ба касе дигар тақсим намоянд. Ҷунбиши "Толибон" забти Кобулро танҳо амри замон медонад.
Имрӯзҳо Толибон аз 398 вулусволии ин кишвар тақрибан 250-ро зери назорати худ гирифтанд. Иёлоти Муттаҳида беш аз 95% неруҳояшро аз Афғонистон хориҷ кард. Тамоюлҳо равшананд.
Дар манотиқи шимолии марзии Афғонистон ҷангҳои шадид миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва низомиён бар зидди Толибон идома доранд.
Сарфи назар аз кафолати Толибон, ки ба самти марзҳои кишварҳои ҳамсоя ҳамла нахоҳанд кард, кишварҳои Осиёи Марказӣ бесарусомониву ҷанг наздик шудаанд. Фаъолшавии ташкилоти террористии "Давлати исломӣ" (дар Русия мамнӯъ) низ нигаронкунанда аст.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Русия, дар музофотҳои шимолӣ то 4000 ҷангҷӯёни ДИИШ * ҷамъ омадаанд.
Тайи як ҳафтаи охир дар Афғонистон дар вилоятҳои Кундуз, Бадахшон, Бодғис ва Ҳирот, ҷанг шиддат гирифтааст, ва дар он садҳо низомиёни ҳукуматӣ, ҷангҷӯёни Толибон ва ғайринизомиён ба ҳалокат расидаанд. Муваффақияти назаррасинерӯҳои ҳукуматӣ ин куштори сардори хадамоти иктишофии Толибон Қорӣ Шағасӣ дар вилояти Логар мебошад.
Аз тарафи дигар, Толибон дар вулусволиҳои забтшуда ваҳшияти худро идома медиҳанд - бо зӯр ба занони маҳаллӣ издивоҷ мекунанд, норозигии мардумро бо қоидаҳои нави "аморатӣ" (мамнӯъияти телевизор, смартфонҳо, мусиқӣ, либосҳоиаврупоӣ) бераҳмона саркуб мекунанд ва ҳаттотаслимшудаҳоро ба қатл мерасонанд.
Тибқи гузориши CNN, ҷангҷӯён беш аз 20 нерӯи вижаи Афғонистонро ҳангоми таслим шуданашондар шаҳри Давлатободи вилояти Форёб, дар наздикии марз бо Туркманистон, тирборон карданд. Чунин амалҳо ба талошҳои Толибон барои нишон додани худ ҳамчун як нерӯи қонунии миллӣ дар арсаи байналмилалӣ комилан мухолиф мебошад.
Тӯлонитарин ва хатарноктарин дар Осиёи Марказӣ, марзи Тоҷикистон аст, ки аз тарафи ҷануб қариб пурра зери назорати Толибон гузаштааст. Забти гузаргоҳи Шерхон Бандар дар 60-километрии шаҳри Қундузи Афғонистон зарбаи сахт ба Иёлоти Муттаҳида буд, зеро пули 37 миллион 700-метра, соли 2007 бо дастгирии молиявии ҳукумати ИМА сохта шуда буд . Имрӯз, мошинҳои боркаше, ки аз болои ин пул мегузаранд "боҷҳои гумрукӣ" -ро ба ҷангҷӯёни Толибон месупоранд.
Беҳуда нест, ки Русия ва Тоҷикистон ба бунёди посгоҳи нави марзӣ дар марз бо Афғонистон шурӯъ кардаанд. Дар давоми ду рӯзи охир, аз дасти Толибон беш аз 120 нафар шаҳрвандони Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон гузаштанд.
Рӯзҳои 13-14 июл дар Душанбе нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд, ки дар он ба масоили Афғонистон аҳамияти ҷидди дода шуд. Вузарои хориҷаи кишварҳои узви ин созмон аз афзоиши ташаннуҷ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон "дар натиҷаи афзоиши шадиди гурӯҳҳои гуногуни террористӣ ва экстремистӣ" изҳори нигаронӣ карданд.
Намояндагони Русия, Ҳиндустон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон барномаҳои ҳамкорӣ дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизм барои солҳои 2022-2024, нақшаи кории стратегияи зидди маводи мухаддирро барои солҳои 2018-2023 баррасӣ карданд.
Ҷолиб дар он аст, ки фаъолияти дипломатии Толибон* гуфтушунидҳо дар Истамбулро нодида гирифт, аммо "дафтари сиёсӣ"-и ин гурӯҳ ба Маскав, Теҳрон ва баъзе пойтахтҳои Осиёи Марказӣ ташриф овард. Рӯйдодҳо ва тамоюлҳои рӯзҳои охир моро бовар мекунонанд, ки Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони он дигар ба мақомоти қонунии Афғонистон кумак нахоҳанд кард. Толибон ҳанӯз ҳам ҳукумати Кобулро шикаст надодаанд, аммо онҳо аллакай Вашингтонро мағлуб карданд - амрикоиҳо ҳоло баъд аз шикасти ҷиддии геополитикӣ дар Афғонистон, гунаҳгор меҷӯянд.
Лондон, ки дар ҷанги дуввуми (!) Афғонистон шикаст хурдааст ба ҳамкории маҷбурӣ бо ғолибоне, ки СММ онҳоро аз соли 2001 террорист медонад оғоз карданд. Ва ҳатто Туркия, ки миёни Толибон эҳтиром дорад, "охирин ҳушдор” гирифт, ки Афғонистонро тарк кунад.
Ғарб ҳоло ҳам кӯшиш дорад, "дастгирӣ" -и нерӯҳои ҳукуматиро дар Афғонистон нишон диҳад. Агар ҳукумати тарафдори Амрико дар Кобул наҷот наёбад, пас ҳадди аққал бояд обурӯ наҷот ёбад. Аммо, масофаи дури пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Абу-Даби (АМА) самаранокиро кумакро коҳиш медиҳад.
Ҷойгоҳи ҷуғрофӣ бештар ба Маскав ва ҳампаймонҳои он вобастагӣ дорад, на ба Вашингтон ва НАТО. Сергей Рябков, муовини вазири корҳои хориҷии Русия қаблан барои Русия қобили қабул набудани интиқоли нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказиро қайд карда буд. Маскав ин мавқеъро ба Вашингтон ва шарикони минтақавиаш расонд.
Минбаъд барои касе осон нахоҳад буд. Бешубҳа, Толибон як созмони тахрибкор ва террористӣ мебошанд, ки аз Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ посухи муносиб талаб мекунанд.
Дар мадрасаҳои экстремистии Покистон ба тундгароҳои ҷавон ба Русия ва маданияти аврупоӣ муносибати манфӣ меомӯзонанд. Аммо, агар "ислоҳоти" чандинсолаи хунини Иёлоти Муттаҳида ва НАТО-ро дар Ироқ, Афғонистон, Югославия, Либия, Сурия баррасӣ кунем, шояд Толибон беҳтар бошанд.
Иёлоти Муттаҳида тамоми ҷангҳои 70 соли охирро бохтанд, аммо Афғонистон як сафҳаи хос дар таърихи Ғарб аст, ки бо инқадар потенсиали ҳарбӣ-иқтисодӣ ва технологӣ натавонистааст дар тӯли 20 сол Шарқро тағир диҳанд.