https://sputnik.tj/20210624/tolibon-ghazab-ima-kobul-turkiya-1040409398.html
Толибон дар ғазаб: чаро ИМА Кобулро ба Туркия доданд
Толибон дар ғазаб: чаро ИМА Кобулро ба Туркия доданд
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон, низомиёни Туркия, ки дар Кобул монданд мавриди “зарбаи асосӣ” қарор хоҳанд гирифт
2021-06-24T13:40+0500
2021-06-24T13:40+0500
2021-06-24T14:25+0500
туркия
има
афғонистон
кобул
фурудгоҳ
осиёи марказӣ
низомиён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102953/16/1029531620_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_b9df8e08954669a5ee480a6c10f85e5b.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Анқара созишномаи сулҳи байни амрикоиҳо ва Толибонро ба таври возеҳ вайрон мекунад ва тамоми заминаҳоро барои афзоиши нави ҷанг дар ҷумҳурӣ фароҳам месозанд.Таниши Туркия ва Афғонистон метавонад нооромиҳоро дар кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ба вуҷуд биёрад ва ҳатто боиси "дубора баргаштани" нерӯҳои НАТО шавад.Кохи Сафед гуфт, ки руасои ҷумҳури Амрикову Туркия Ҷозеф Байден ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО ба тавофуқ расиданд, ки фурудгоҳи Кобулро нерӯҳои Туркия ҳимоя намоянд. Амнияти бандари асосии ҳавоиро Туркия таъмин хоҳад кард, низомиёнаш пас аз моҳи сентябр дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд.Ҳамзамон, эътилоф дар бораи имкони омӯзиши нерӯҳои вижаи Афғонистон дар қаламрави Қатар аз ҷониби нерӯҳои Туркия, ИМА ва Бритониё ба тавофуқ расиданд. Мария Захарова, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷаи Русия қайд кард, ки нигоҳ доштани низомиёни Туркия дар хоки Афғонистон бо созишномаи дар Доҳа басташуда мухолифат мекунад ва ба музокираи миллии байниафғонӣ мусоидат намекунад. Сухан дар бораи 2000 - 4000 сарбози туркӣ меравад.Қаблан ҳукумати Афғонистон бо намояндагони мақомоти Туркия музокирот карданд. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Эрдуғон таъкид кард, ки Туркия "ягона кишвари боэътимод" аст, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО суботро дар Афғонистон ҳифз хоҳад кард.Вазири мудофиаи Туркия Хулуси Акар дар бораи имкони ҳифзи фурудгоҳи пойтахти Афғонистон - бо маблағгузории мувофиқ ва дастгирии моддӣ аз сӯи Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳо иттилоъ дод. Бояд гуфт, ки фурудгоҳи Кобул бузург аст, ва дар дохили як шаҳри калон ҷойгир аст ва таъмини амнияти он кори бениҳоят душвор аст.Ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар Русия) хуруҷи пурраи нерӯҳои хориҷиро талаб мекунанд ва хотиррасон мешаванд, ки Туркия низ узви НАТО аст, яъне истилогар ҳисобида мешавад. Таъкид мешавад, ки қудратҳои хориҷӣ бояд аз ҳузури нерӯҳои мусаллаҳи худ дар Афғонистон даст кашанд.Ба гуфтаи коршиносон, ҳузури низомиёни Туркия дар Афғонистон на ба амнияти фурудгоҳи Кобул ва сафорати ИМА, балки ба орзуи Эрдуғон барои эҳёи Империяи бузурги Усмонӣ хидмат хоҳад кард.Дар ҳамин ҳол, вазъи ноамн шудани Афғонистон боз ҳам зиёдтар мегардад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ торафт камтар қодиранд бетараф бошанд.Ҳамкории минтақавӣАфғонистон ва Қазоқистон рӯзи 18 июн созишномаи ҳамкории низомиро ба имзо расонданд. Ин санадро вазири дифоъи Қазоқистон Нурлан Ермекбоев ва мушовири амнияти миллии Афғонистон Ҳамдуллоҳ Моҳиб имзо карданд.Созишнома машқҳои муштараки ҳарбӣ, омӯзиши кадрҳои низомӣ, таъминоти моддию техникӣ, ҳамкории хадамоти иктишофии ду кишвар ва ҳамкорӣ дар соҳаи тибро пешбинӣ мекунад.Дар пасманзари созишномаи нави Афғонистон ва Қазоқистон дар бораи ҳамкориҳои низомӣ, рӯзномаи сафари ахири намояндаи махсуси ИМА дар Афғонистон Залмай Халилзод ба Нур-Султони Қазоқистон ва гуфтушуниди ӯ бо Президенти ин кишвар Қосим Ҷомарт Тоқаев оид ба дурнамои рушд ва шарикии васеи стратегии Қазоқистон ва Амрико дар заминаи таъмини амният ва субот дар Афғонистон рушан шуд.Қаблан дар Ҳирот музокироти вазирони корҳои хориҷии Афғонистон ва Туркманистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар ва Рашид Мередов баргузор шуда буд. Ҷонибҳо як қатор лоиҳаҳои муштараки иқтисодиро баррасӣ карданд (лоиҳаи лулаи гази TAPI, сохтмони роҳи оҳан, содироти мармар аз Ҳирот ба Туркманистон) ва ин иқдом ҳамкориҳои бештари ду кишвар дар соҳаи амниятро истисно намекунад.Вазири корҳои хориҷии Афғонистон, аз ҷумла, ба Ашқобод барои омодагӣ ба гуфтушунидҳои Кобул ва Толибон дар қаламрави Туркманистон ташаккур гуфт.Ӯзбекистон низ ният дорад дар ташкили зиндагии осоиштаи ҳамсояи ҷануби худ нақши асосӣ дошта бошад ва танҳо ҳафтаи гузашта барои мубориза бо пандемия ба Афғонистон ҳазор зарфи оксиген тақдим кард. Тошканд бар он аст, ки амнияти Афғонистон амнияти Узбакистон аст. Аз ин рӯ, бо Кобул ва бо роҳбарияти Толибон, ки ҷониби Ӯзбекистон нуфузи онҳоро мехоҳад дар рушди минбаъдаи рӯйдодҳо ба назар гирад, робитаҳо барқарор карда шуданд.Ҳайати Ӯзбекистон таҳти сарварии вазири корҳои хориҷӣ Абдулазиз Комилов, ки рӯзҳои 18-19 июн дар Туркия, дар як форуми дипломатӣ ҳузур дошт қарор мушкилоти Афғонистонро абаррасӣ кард.Руасои ҷумҳури Русия ва ИМА Владимир Путин ва Ҷо Байден низ рӯзи 15 июн дар нишасти охиринашон дар Женева вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд. Роҳбари Амрико Русияро "барои кумак дар Афғонистон" бо мақсади пешгирӣ аз эҳёи терроризм қайд кард. Қаблан, дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон, вазири дифои Русия Сергей Шойгу ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ташриф овард, то "нақшаи якҷоя дифоъ кардан аз таҳдидҳои эҳтимолӣ"-ро баррасӣ намояд.Таҳдидҳои террористӣМузокироти сулҳи байни афғонҳо дар бунбаст қарор дорад. Оғози хуруҷи артиши ИМА ва НАТО аз 1 май танҳо ба бераҳмии террористон ва шиддат ёфтани ҷанг дар Афғонистон мусоидат кард, талафоти нерӯҳои ҳифзи ҳуқуқ танҳо дар як моҳ садҳо нафарро ташкил медиҳад - дар моҳи апрел 388 нафар кушта шуданд, дар моҳи май - 1134 нафар низомиён кормандон ва полис. Толибон якчанд пойгоҳи низомиро бо силоҳ ва таҷҳизот (аз ҷумла артиллерияи вазнин) таҳти контроли худ гирифтанд.Тибқи иттилоъи вазорати дифоъи Афғонистон, дар вилояти Форёб, ки бо Туркманистон ҳаммарз аст, дар задухӯрд бо Толибон рӯзи 17 июн 21 нерӯи вижаи афғон кушта, ва 15 маъмури дигари амниятӣ бедарак шуданд. Толибон барои пирӯзӣ ва ғасби ҳокимияти давлатӣ мубориза мебаранд, кормандони низомӣ ва ғайринизомиёнро ба қатл мерасонанд.Қаблан дар вилояти Нангарҳор панҷ нафаре, ки мардумро алайҳи полиомиелит эм мекард кушта шуданд. Ваксинагирӣ дар Афғонистон - зери тирборони Толибон - дар охири моҳи март оғоз ёфт ва бояд 9,6 миллион кӯдак дар 34 вилоятро фаро гирад.Дар вилояти шимолу шарқии Бағлон, дар яке аз минтақаҳои наздик ба Тоҷикистон, Толибон 10 корманди ғайринизомии созмони ғайритиҷоратии бритониёӣ ва амрикоии HALO Trust-ро, ки бо поксозии минаҳо машғул буд, рӯзи 9 июн куштанд. Ҷангҷӯёни ДИИШ масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд.Бояд гуфт, ки муносибатҳо миёни Туркия ва Афғонистон таърихи тӯлонӣ ва хуб доранд, аз ин рӯ, нерӯҳои турк дар ин кишвар метавонанд бо роҳи метафизикӣ амнияти давлат ва суботи минтақаро таъмин намуда, ба рушди муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсояи Ҷануб ва Осиёи Миёна мусоидат кунанд.Аммо муваффақияти рисолати Туркия ва сатҳи амният дар Афғонистон бештар аз иродаи бади Толибон ва суръати берун овардани нерӯҳои хориҷӣ вобаста аст.
https://sputnik.tj/20210623/kreml-tashannuj-marz-tojikistonu-afghoniston-1040398902.html
https://sputnik.tj/20210623/karzay-rusiya-naqshi-muhim-tamin-sulh-afghoniston-1040398493.html
https://sputnik.tj/20210623/nigaroni-emomali-rahmon-vazi-nizomivu-siyosi-afghoniston-1040381264.html
https://sputnik.tj/20210607/afghoniston-hamaloti-terroristi-ghayrinizomi-kushta-1040023339.html
https://sputnik.tj/20210604/pentagon-poygohi-havoii-bagromro-afghoniston-1039971443.html
https://sputnik.tj/20210527/besubotsozi-afghoniston-huruji-ima-isyon-dustum-1039781733.html
има
афғонистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102953/16/1029531620_64:0:1884:1365_1920x0_80_0_0_07d3c51763a39b922d0bd7de65531a4b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
афғонистон, толибон, кобул, фурудгоҳ, туркия, нато, нерӯҳо
афғонистон, толибон, кобул, фурудгоҳ, туркия, нато, нерӯҳо
Толибон дар ғазаб: чаро ИМА Кобулро ба Туркия доданд
13:40 24.06.2021 (Навсозишуда: 14:25 24.06.2021) Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон, низомиёни Туркия, ки дар Кобул монданд, мавриди “зарбаи асосӣ” қарор хоҳанд гирифт
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Анқара созишномаи сулҳи байни амрикоиҳо ва Толибонро ба таври возеҳ вайрон мекунад ва тамоми заминаҳоро барои афзоиши нави ҷанг дар ҷумҳурӣ фароҳам месозанд.
Таниши Туркия ва Афғонистон метавонад нооромиҳоро дар кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ба вуҷуд биёрад ва ҳатто боиси "дубора баргаштани" нерӯҳои НАТО шавад.
Кохи Сафед гуфт, ки руасои ҷумҳури Амрикову Туркия Ҷозеф Байден ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО ба тавофуқ расиданд, ки фурудгоҳи Кобулро нерӯҳои Туркия ҳимоя намоянд. Амнияти бандари асосии ҳавоиро Туркия таъмин хоҳад кард, низомиёнаш пас аз моҳи сентябр дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд.
Ҳамзамон, эътилоф дар бораи имкони омӯзиши нерӯҳои вижаи Афғонистон дар қаламрави Қатар аз ҷониби нерӯҳои Туркия, ИМА ва Бритониё ба тавофуқ расиданд.
Мария Захарова, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷаи Русия қайд кард, ки нигоҳ доштани низомиёни Туркия дар хоки Афғонистон бо созишномаи дар Доҳа басташуда мухолифат мекунад ва ба музокираи миллии байниафғонӣ мусоидат намекунад. Сухан дар бораи 2000 - 4000 сарбози туркӣ меравад.
Қаблан ҳукумати Афғонистон бо намояндагони мақомоти Туркия музокирот карданд. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Эрдуғон таъкид кард, ки Туркия "ягона кишвари боэътимод" аст, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО суботро дар Афғонистон ҳифз хоҳад кард.
Вазири мудофиаи Туркия Хулуси Акар дар бораи имкони ҳифзи фурудгоҳи пойтахти Афғонистон - бо маблағгузории мувофиқ ва дастгирии моддӣ аз сӯи Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳо иттилоъ дод. Бояд гуфт, ки фурудгоҳи Кобул бузург аст, ва дар дохили як шаҳри калон ҷойгир аст ва таъмини амнияти он кори бениҳоят душвор аст.
Ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар Русия) хуруҷи пурраи нерӯҳои хориҷиро талаб мекунанд ва хотиррасон мешаванд, ки Туркия низ узви НАТО аст, яъне истилогар ҳисобида мешавад. Таъкид мешавад, ки қудратҳои хориҷӣ бояд аз ҳузури нерӯҳои мусаллаҳи худ дар Афғонистон даст кашанд.
Ба гуфтаи коршиносон, ҳузури низомиёни Туркия дар Афғонистон на ба амнияти фурудгоҳи Кобул ва сафорати ИМА, балки ба орзуи Эрдуғон барои эҳёи Империяи бузурги Усмонӣ хидмат хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, вазъи ноамн шудани Афғонистон боз ҳам зиёдтар мегардад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ торафт камтар қодиранд бетараф бошанд.
Афғонистон ва Қазоқистон рӯзи 18 июн созишномаи ҳамкории низомиро ба имзо расонданд. Ин санадро вазири дифоъи Қазоқистон Нурлан Ермекбоев ва мушовири амнияти миллии Афғонистон Ҳамдуллоҳ Моҳиб имзо карданд.
Созишнома машқҳои муштараки ҳарбӣ, омӯзиши кадрҳои низомӣ, таъминоти моддию техникӣ, ҳамкории хадамоти иктишофии ду кишвар ва ҳамкорӣ дар соҳаи тибро пешбинӣ мекунад.
Дар пасманзари созишномаи нави Афғонистон ва Қазоқистон дар бораи ҳамкориҳои низомӣ, рӯзномаи сафари ахири намояндаи махсуси ИМА дар Афғонистон Залмай Халилзод ба Нур-Султони Қазоқистон ва гуфтушуниди ӯ бо Президенти ин кишвар Қосим Ҷомарт Тоқаев оид ба дурнамои рушд ва шарикии васеи стратегии Қазоқистон ва Амрико дар заминаи таъмини амният ва субот дар Афғонистон рушан шуд.
Қаблан дар Ҳирот музокироти вазирони корҳои хориҷии Афғонистон ва Туркманистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар ва Рашид Мередов баргузор шуда буд. Ҷонибҳо як қатор лоиҳаҳои муштараки иқтисодиро баррасӣ карданд (лоиҳаи лулаи гази TAPI, сохтмони роҳи оҳан, содироти мармар аз Ҳирот ба Туркманистон) ва ин иқдом ҳамкориҳои бештари ду кишвар дар соҳаи амниятро истисно намекунад.
Вазири корҳои хориҷии Афғонистон, аз ҷумла, ба Ашқобод барои омодагӣ ба гуфтушунидҳои Кобул ва Толибон дар қаламрави Туркманистон ташаккур гуфт.
Ӯзбекистон низ ният дорад дар ташкили зиндагии осоиштаи ҳамсояи ҷануби худ нақши асосӣ дошта бошад ва танҳо ҳафтаи гузашта барои мубориза бо пандемия ба Афғонистон ҳазор зарфи оксиген тақдим кард. Тошканд бар он аст, ки амнияти Афғонистон амнияти Узбакистон аст. Аз ин рӯ, бо Кобул ва бо роҳбарияти Толибон, ки ҷониби Ӯзбекистон нуфузи онҳоро мехоҳад дар рушди минбаъдаи рӯйдодҳо ба назар гирад, робитаҳо барқарор карда шуданд.
Ҳайати Ӯзбекистон таҳти сарварии вазири корҳои хориҷӣ Абдулазиз Комилов, ки рӯзҳои 18-19 июн дар Туркия, дар як форуми дипломатӣ ҳузур дошт қарор мушкилоти Афғонистонро абаррасӣ кард.
Руасои ҷумҳури Русия ва ИМА Владимир Путин ва Ҷо Байден низ рӯзи 15 июн дар нишасти охиринашон дар Женева вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд. Роҳбари Амрико Русияро "барои кумак дар Афғонистон" бо мақсади пешгирӣ аз эҳёи терроризм қайд кард. Қаблан, дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон, вазири дифои Русия Сергей Шойгу ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ташриф овард, то "нақшаи якҷоя дифоъ кардан аз таҳдидҳои эҳтимолӣ"-ро баррасӣ намояд.
Музокироти сулҳи байни афғонҳо дар бунбаст қарор дорад. Оғози хуруҷи артиши ИМА ва НАТО аз 1 май танҳо ба бераҳмии террористон ва шиддат ёфтани ҷанг дар Афғонистон мусоидат кард, талафоти нерӯҳои ҳифзи ҳуқуқ танҳо дар як моҳ садҳо нафарро ташкил медиҳад - дар моҳи апрел 388 нафар кушта шуданд, дар моҳи май - 1134 нафар низомиён кормандон ва полис. Толибон якчанд пойгоҳи низомиро бо силоҳ ва таҷҳизот (аз ҷумла артиллерияи вазнин) таҳти контроли худ гирифтанд.
Тибқи иттилоъи вазорати дифоъи Афғонистон, дар вилояти Форёб, ки бо Туркманистон ҳаммарз аст, дар задухӯрд бо Толибон рӯзи 17 июн 21 нерӯи вижаи афғон кушта, ва 15 маъмури дигари амниятӣ бедарак шуданд. Толибон барои пирӯзӣ ва ғасби ҳокимияти давлатӣ мубориза мебаранд, кормандони низомӣ ва ғайринизомиёнро ба қатл мерасонанд.
Қаблан дар вилояти Нангарҳор панҷ нафаре, ки мардумро алайҳи полиомиелит эм мекард кушта шуданд. Ваксинагирӣ дар Афғонистон - зери тирборони Толибон - дар охири моҳи март оғоз ёфт ва бояд 9,6 миллион кӯдак дар 34 вилоятро фаро гирад.
Дар вилояти шимолу шарқии Бағлон, дар яке аз минтақаҳои наздик ба Тоҷикистон, Толибон 10 корманди ғайринизомии созмони ғайритиҷоратии бритониёӣ ва амрикоии HALO Trust-ро, ки бо поксозии минаҳо машғул буд, рӯзи 9 июн куштанд. Ҷангҷӯёни ДИИШ масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд.
Бояд гуфт, ки муносибатҳо миёни Туркия ва Афғонистон таърихи тӯлонӣ ва хуб доранд, аз ин рӯ, нерӯҳои турк дар ин кишвар метавонанд бо роҳи метафизикӣ амнияти давлат ва суботи минтақаро таъмин намуда, ба рушди муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсояи Ҷануб ва Осиёи Миёна мусоидат кунанд.
Аммо муваффақияти рисолати Туркия ва сатҳи амният дар Афғонистон бештар аз иродаи бади Толибон ва суръати берун овардани нерӯҳои хориҷӣ вобаста аст.