https://sputnik.tj/20210513/poygohi-nizomiyoni-amriko-kobul-1039422703.html
Як пойгоҳи дигари низомиёни Амрико дар Кобул тахлия шуд
Як пойгоҳи дигари низомиёни Амрико дар Кобул тахлия шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бар асоси эъломи артиш, нерӯҳои хориҷӣ аз ин пойгоҳ барои омӯзиши нерӯҳои афғон истифода мекарданд
2021-05-13T14:46+0500
2021-05-13T14:46+0500
2021-05-13T15:59+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
има
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0f/1038500600_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_67f1729289efc703e4bcec8959b902c5.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Нерӯи вижаи артиши Афғонистон эълом кард, пойгоҳи амрикоии Мурҳед (Moorhead)дар наздикии Кобул тахлия ва ба давлати Афғонистон таҳвил дода шуд.Ба гузориши хабаргузории Форс, дар иттилоияи нерӯҳои вижаи артиши Афғонистон омадааст, ки ин пойгоҳ, 14 сол пеш барои нерӯҳои амрикоӣ таъсис шуда буд ва рӯзи гузашта ба нерӯҳои Афғонистон вогузор шуд.Бар асоси эъломи артиш, нерӯҳои хориҷӣ аз ин пойгоҳ барои омӯзиши нерӯҳои афғон истифода мекарданд.Ҳайбатуллоҳ Ализей, фармондеҳи воҳиди ягонҳои вижаи Артиши Афғонистон дар маросими таҳвили ин пойгоҳи низомӣ гуфт, нерӯҳои афғон бидуни шак метавонанд ба таври мустақил бо душманони Афғонистон мубориза кунанд.Мурҳед (Moorhead) сеюмин пойгоҳи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон аст, ки дар наздик ба ду ҳафтаи гузашта ба нерӯҳои афғон вогузор шудааст.Дар Афғонистон боз ду таркиши дигар рух додПеш аз ин пойгоҳи "Онтонтик" маҳали истиқрори нерӯҳои амрикоӣ дар вилояти Ҳилманд ва пойгоҳи "Mike Espen", вижаи нерӯҳои олмонӣ дар Балх ба нерӯҳои афғон вогузор шуда буд.Раванди хурӯҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон аз аввали моҳи май ба таври расмӣ оғоз шуда ва қарор аст, тамомии нерӯи хориҷӣ то 11 сентябри Афғонистонро тарк кунанд.
https://sputnik.tj/20210510/amriko-tojikiston-poygoh-rusiya-chin-1039345051.html
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0f/1038500600_136:0:2867:2048_1920x0_80_0_0_016e0ee7e8c5aa8bd11bf9be4b8a0bd2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, амрико, пойгоҳ
афғонистон, амрико, пойгоҳ
Як пойгоҳи дигари низомиёни Амрико дар Кобул тахлия шуд
14:46 13.05.2021 (Навсозишуда: 15:59 13.05.2021) Бар асоси эъломи артиш, нерӯҳои хориҷӣ аз ин пойгоҳ барои омӯзиши нерӯҳои афғон истифода мекарданд
ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Нерӯи вижаи артиши Афғонистон эълом кард, пойгоҳи амрикоии Мурҳед (Moorhead)дар наздикии Кобул тахлия ва ба давлати Афғонистон таҳвил дода шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, дар иттилоияи нерӯҳои вижаи артиши Афғонистон омадааст, ки ин пойгоҳ, 14 сол пеш барои нерӯҳои амрикоӣ таъсис шуда буд ва рӯзи гузашта ба нерӯҳои Афғонистон вогузор шуд.
Бар асоси эъломи артиш, нерӯҳои хориҷӣ аз ин пойгоҳ барои омӯзиши нерӯҳои афғон истифода мекарданд.
Ҳайбатуллоҳ Ализей, фармондеҳи воҳиди ягонҳои вижаи Артиши Афғонистон дар маросими таҳвили ин пойгоҳи низомӣ гуфт, нерӯҳои афғон бидуни шак метавонанд ба таври мустақил бо душманони Афғонистон мубориза кунанд.
Мурҳед (Moorhead) сеюмин пойгоҳи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон аст, ки дар наздик ба ду ҳафтаи гузашта ба нерӯҳои афғон вогузор шудааст.
Пеш аз ин пойгоҳи "Онтонтик" маҳали истиқрори нерӯҳои амрикоӣ дар вилояти Ҳилманд ва пойгоҳи "Mike Espen", вижаи нерӯҳои олмонӣ дар Балх ба нерӯҳои афғон вогузор шуда буд.
Раванди хурӯҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон аз аввали моҳи май ба таври расмӣ оғоз шуда ва қарор аст, тамомии нерӯи хориҷӣ то 11 сентябри Афғонистонро тарк кунанд.