https://sputnik.tj/20210429/marz-qirghiziston-tojikiston-1039137169.html
Вазъ дар марз бо Қирғизистон - чӣ шуду чӣ мегузарад
Вазъ дар марз бо Қирғизистон - чӣ шуду чӣ мегузарад
Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марз бо Қирғизистон боз муташанниҷ гардид. Дирӯз роҳбарони ду вилояти ҳаммарзи Тоҷикистону Қирғизистон сари миз нишастанд, то аз ин гуна ҳодисаҳо... 29.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-29T12:16+0500
2021-04-29T12:16+0500
2021-04-29T14:51+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
қирғизистон
марз
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039137873_0:0:1440:810_1920x0_80_0_0_bd686f110b796aa96e3a8bbab37805c6.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз ноором аст. Сокинони ду минтақа аз шоми дирӯз 28 апрел ба ҳамдигар дарафтода, сангзанӣ кардаанд. Тибқи баъзе маълумотҳо тир низ холӣ кардаанд. Шоҳроҳи Ош - Ботканд - Исфара дар минтақаи ноҳияи Торт-Кочо баста аст. Ин дафъа минтақаи даргирӣ деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара гардид, ки бо минтақаи Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст.Зоҳиран, низоъ ин дафъа сари нуқтаи обтақсимкунии "Головной" сар зад, ки рӯзи 28 апрел ҷониби Тоҷикистон дар он камераҳои мушоҳидавӣ насб кард.Дар ҳоле, ки чунин камераро ҷониби Қирғизистон низ пеш насб карда будааст.Боз дар сарҳад низоъШоми 28 апрел дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо паҳн шуданд, ки боз дар сарҳад низоъ хест.Бино бар иттилои корбарони Фейсбук дар Тоҷикистон, ки худро шоҳиди ҳодиса гуфтаанд, таниш аз соати 11:30 дар деҳаи Хоҷаи Аъло сар шудааст ва қирғизҳову тоҷикҳо ба ҳамдигар бо санг дарафтодаанд.Дар ҳамин ҳол, расонаҳои қирғизӣ, навиштанд, ки низоъ дар минтақаи Оқсой соатҳои 17:30 сар шудааст. Қирғизистон аз ду маҷрӯҳ хабар дода буд.Шоми 28 апрел Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман муноқишаро шарҳ дод.Бино бар иттилои манбаъ, дар асл низоъ сари нуқтаи обтақсимкунии “Головной” хестааст, ки субҳи 28 апрел Тоҷикистон дар наздикии он барои назорати тақсими об камераи мушоҳидавӣ насб кардааст.КДАМ навиштааст, ки ин манбаи об дар ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аъло дар болои дарёи Исфара ҷойгир аст.Афзун бар ин, иншооти мазкур аз нуқтаҳои аҳолинишин, аз ҷумла, деҳаҳои Коктош ва Оқсойи ҷамоати Оқсойи ноҳияи Боткени Қирғизистон дар масофаи хеле дур воқеъ мебошад."Тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ барои обёриии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода мешуд", - таъкид кардааст манбаъ.Аммо расонаҳои қирғизӣ менависанд, ки "Головной" дар ҳудуди Қирғизистон, дар деҳаи Кӯктош ҷойгир аст.КДАМ Тоҷикистон ҳамчунин аз 7 маҷрӯҳ, сокинони Тоҷикистон дар пайи ин ҳодиса хабар додааст.Таниши шом дар ҳоле ки субҳ сари мизи маслиҳат нишастандБояд таъкид кард, ки новобаста аз баҳс сари ин нуқтаи об, субҳи ҳамон рӯзи таниш, 28 апрел раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Бодканд Овурбек Саваналиев сари мизи мулоқот нишаста буданд, то аз баҳсҳо дар марз пешгирӣ шавад.Аз ҷумла масъалаи тақсимоти об дар марз баррасӣ шуда буд.Тавре, ки манбаъҳо аз деҳаи Хоҷаи Аъло мегӯянд, "имрӯз низ вазъ дар марз хуб нест". Бино бар иттилои сокинон, баъди сангзании дирӯза, субҳи имрӯз аз ҷониби Қирғизистон аз милтиқи шикорӣ ба ҷониби Тоҷикистон тир холӣ кардаанд."Тоҷикистон ба оромӣ даъват мекунад, Қирғизистон сокинонашро дар марз ҷамъ мекунад"Иҷрокунандаи вазифаи сухангӯи раиси шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, вазъ то ҳол дар марз ноором аст. Аммо дар ҳамин ҳол намояндагони мақомоти расмии Тоҷикистон дар ҷои ҳодиса қарор доранд."Феълан раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва сардори раёсати ВКД дар вилояти Суғд Абдулло Навҷувонов дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва аз мардум даъват мекунанд, ки ором шаванд ва таъкид мекунанд, ки мақомот ин масъаларо зери назорати худ гирифтааст", - таъкид кард Зубайдулло Шомадов.Шомадов таъйид кард, ки баҳси дирӯза дар ҳақиқат аз назди нуқтаи обтақсимкунии "Головной", ки дар Тоҷикистон "Платина" низ мегӯянд сар шуд."Дар ҳоле, ки ҷониби Қирғизистон низ дар ин ҷо камераҳои мушоҳидавӣ насб карда буданд, баъди насби камера аз ҷониби Тоҷикистон дар рӯзи гузашта талаб карданд, ки камераро ҷониби Тоҷикистон бардорад дар натиҷа таниш хест", - таъкид кард вай.Ба гуфтаи Шомадов, дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон аз сокинони марзӣ даъват меоранд, ки ором шаванд, ҷониби Қирғизистон дар марз сокинонашро ҷамъ овардааст."Онҳо аз маркази Бодканд сокинонро ҷамъ овардаву назди марз овардаанд", - таъкид мекунад вай.Ёдрас мешавем, масъалаи баҳси марзӣ аз авали ҳафтаи равон, 24 апрел байни Тоҷикистону Қирғизистон дубора гарм шуд.Кӯмак кунед: Мактуби ҷониби Қирғизистон ба Тоҷикистон Рӯзи 24 апрел ҷониби Қирғизистон аз Тоҷикистон дар мактубе дархост кард, ки дар пайдо намудани ду шаҳрвандаш, ки дар наздикии марз бо Тоҷикистон бо сохтмон машғул буданду гум шуданд, кӯмак кунанд.Расонаҳои қирғизӣ навиштаанд, ду ҷавон, ки ҳар ду 19 сол доштаанд, шаби 24 апрел аз мавзеи Эски-Оочуи деҳоти Бешкенти ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд нопадид шуданд.Сипас, баъди мактуби дастхости кӯмак, Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Тоҷикистонро ба "одамрабоӣ" муттаҳам кард.Вазорати умури хориҷии Қирғизистон хабар дод, ки ба Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар Бишкек Нотаи расмӣ дода шуд.Гуфта мешуд, Нурлан Ниёзов, ноиби аввали вазири умури хориҷии Қирғизистон, бо Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар Бишкек рӯзи 26 апрел мулоқот карда, нотаи расмӣ додааст.“Ҷониби Қирғизистон аз аъмоли ғайриқонунии мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон, ки 24 апрел ду сокини ноҳияи Лайлаки вилояти Бодкандро рабудаанд, амиқан изҳори нигаронӣ намуд”, - омадааст дар иттилоияи ВУХ Қирғизистон.Аммо дар ҳамин ҳол, ҷониби Қирғизистон ягон далел ва тавзеҳи гуфтаҳояшро пешниҳод накарда буд.Марзбонони қирғиз мактаббачагони тоҷикро лату кӯб карданд?Рӯзи 27 апрел дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон иттилое пайдо шуд, ки марзбонони қирғиз ду навраси мактабхони тоҷикро ҳангоми молчарронӣ боздошт ва латукӯб карданд.Ин ҳодисаро раиси деҳаи "Тоҷикон"-и ҷамоати Ворух Ғафурҷон Ҷӯраев дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.Тавре Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи наздисарҳадии "Тоҷикин"-и ҷамоати Ворух дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳодисаи нохуши марзӣ баъд аз зуҳри рӯзи 25 апрел дар мавзеи "Заҳматобод"-и ҷамоат рух додааст.“Сарҳадбонони қирғиз хонандаҳои мактаби рақами 23 ҷамоати Ворухро дар вақти чаронидани чорво ғайриқонунӣ боздошт намуда ва латукӯб намудаанд. Танҳо баъди дахолати сарҳадбонони кишвар онҳо озод карда шудаанд", - гуфт вай.28 апрел Қирғизистон маълумоти боздошту латукӯби ду мактаббачаи тоҷикро рад кард ва ин маълумотро "бардурӯғ" хонд."Пас аз пайдо шудани матолиб дар ВАО, гуфтугӯи телефонӣ байни намояндагони сарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар ҷараёни он ҷониби Тоҷикистон далели боздошт ва латукӯби мактаббачагони тоҷик аз ҷониби марзбонони Қирғизистонро расман рад кард", - гуфтааст Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.Тоҷикистон: ёбеду ҷазо диҳедДар робита ба ин субҳи 28 апрел Вазорати корҳои хориҷии хабар дод, ки ин ниҳод аз лабукӯб шудани ду мактабхон аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз шадидан изҳори нигаронӣ намуда, ба сафири Қирғизистон нота супорид.Ба иттилои котиботи Вазорати умури хориҷа, нотаи эътирозиро муовини вазир Музаффар Ҳусейнзода ба дасти Жениш Рустамбеков додааст.Гуфта мешавад, аснои супоридани нотаи эътирозӣ, Ҳусейнзода ба сафири Қирғизистон таъкид намудааст, ки ин амали ғайриқобили қабул метавонад ба шиддат гирифтани вазъ дар марз боис шавад.Муовини вазир аз ҷониби Қирғизистон хост, дар кӯтоҳтарин фурсат озордиҳандаҳои ноболиғони тоҷик дарёфту ҷазои сазовор дода шаванд ва ҳамчунин аз натиҷаи ин кор ҳатман ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон хабар расонанд.Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.
https://sputnik.tj/20210429/vaz-marz-tojikiston-kirqiziston-1039144664.html
https://sputnik.tj/20210429/hadamoti-marzboni-qirghiziston-favran-marz-1039143922.html
https://sputnik.tj/20210429/sharh-kdam-zahm-sokin-chorkuh-1039143672.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039137873_0:0:1440:1080_1920x0_80_0_0_2af0bb19638fb925bf4d4d07a24ca6ec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, қирғизистон, марз
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, қирғизистон, марз
Вазъ дар марз бо Қирғизистон - чӣ шуду чӣ мегузарад
12:16 29.04.2021 (Навсозишуда: 14:51 29.04.2021) Вазъ дар марз бо Қирғизистон боз муташанниҷ гардид. Дирӯз роҳбарони ду вилояти ҳаммарзи Тоҷикистону Қирғизистон сари миз нишастанд, то аз ин гуна ҳодисаҳо пешгирӣ кунанд, аммо худи ҳамон рӯз боз сокинони ду минтақа ба ҳамдигар дарафтоданд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз ноором аст. Сокинони ду минтақа аз шоми дирӯз 28 апрел ба ҳамдигар дарафтода, сангзанӣ кардаанд. Тибқи баъзе маълумотҳо тир низ холӣ кардаанд. Шоҳроҳи Ош - Ботканд - Исфара дар минтақаи ноҳияи Торт-Кочо баста аст.
Ин дафъа минтақаи даргирӣ деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара гардид, ки бо минтақаи Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст.
Зоҳиран, низоъ ин дафъа сари нуқтаи обтақсимкунии "Головной" сар зад, ки рӯзи 28 апрел ҷониби Тоҷикистон дар он камераҳои мушоҳидавӣ насб кард.
Дар ҳоле, ки чунин камераро ҷониби Қирғизистон низ пеш насб карда будааст.
Шоми 28 апрел дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо паҳн шуданд, ки боз дар
сарҳад низоъ хест.
Бино бар иттилои корбарони Фейсбук дар Тоҷикистон, ки худро шоҳиди ҳодиса гуфтаанд, таниш аз соати 11:30 дар деҳаи Хоҷаи Аъло сар шудааст ва қирғизҳову тоҷикҳо ба ҳамдигар бо санг дарафтодаанд.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои қирғизӣ, навиштанд, ки низоъ дар минтақаи Оқсой соатҳои 17:30 сар шудааст. Қирғизистон аз ду маҷрӯҳ хабар дода буд.
Шоми 28 апрел Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман муноқишаро
шарҳ дод.
Бино бар иттилои манбаъ, дар асл низоъ сари нуқтаи обтақсимкунии “Головной” хестааст, ки субҳи 28 апрел Тоҷикистон дар наздикии он барои назорати тақсими об камераи мушоҳидавӣ насб кардааст.
КДАМ навиштааст, ки ин манбаи об дар ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аъло дар болои дарёи Исфара ҷойгир аст.
Афзун бар ин, иншооти мазкур аз нуқтаҳои аҳолинишин, аз ҷумла, деҳаҳои Коктош ва Оқсойи ҷамоати Оқсойи ноҳияи Боткени Қирғизистон дар масофаи хеле дур воқеъ мебошад.
"Тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ барои обёриии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода мешуд", - таъкид кардааст манбаъ.
Аммо расонаҳои қирғизӣ менависанд, ки "Головной" дар ҳудуди Қирғизистон, дар деҳаи Кӯктош
ҷойгир аст.
КДАМ Тоҷикистон ҳамчунин аз 7 маҷрӯҳ, сокинони Тоҷикистон дар пайи ин ҳодиса хабар додааст.
Таниши шом дар ҳоле ки субҳ сари мизи маслиҳат нишастанд
Бояд таъкид кард, ки новобаста аз баҳс сари ин нуқтаи об, субҳи ҳамон рӯзи таниш, 28 апрел раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Бодканд Овурбек Саваналиев
сари мизи мулоқот нишаста буданд, то аз баҳсҳо дар марз пешгирӣ шавад.
Аз ҷумла масъалаи тақсимоти об дар марз баррасӣ шуда буд.
"Ҷонибҳо ба ин мувофиқа расиданд, ки ҳолати обтаъминкунӣ ба мисли солҳои пеш, тибқи Диклоратсияи Алмато “Дар бораи тақсимоти обҳои фаромарзӣ” сурат гирифта ҳар ду тараф ҳам ин санадро қатъиян риоя мекунанд”,- навишта буд хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тавре, ки манбаъҳо аз деҳаи Хоҷаи Аъло мегӯянд, "имрӯз низ вазъ дар марз хуб нест". Бино бар иттилои сокинон, баъди сангзании дирӯза, субҳи имрӯз аз ҷониби Қирғизистон аз милтиқи шикорӣ ба ҷониби Тоҷикистон тир холӣ кардаанд.
"Тоҷикистон ба оромӣ даъват мекунад, Қирғизистон сокинонашро дар марз ҷамъ мекунад"
Иҷрокунандаи вазифаи сухангӯи раиси шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, вазъ то ҳол дар марз ноором аст. Аммо дар ҳамин ҳол намояндагони мақомоти расмии Тоҷикистон дар ҷои ҳодиса қарор доранд.
"Феълан раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва сардори раёсати ВКД дар вилояти Суғд Абдулло Навҷувонов дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва аз мардум даъват мекунанд, ки ором шаванд ва таъкид мекунанд, ки мақомот ин масъаларо зери назорати худ гирифтааст", - таъкид кард Зубайдулло Шомадов.
Шомадов таъйид кард, ки баҳси дирӯза дар ҳақиқат аз назди нуқтаи обтақсимкунии "Головной", ки дар Тоҷикистон "Платина" низ мегӯянд сар шуд.
"Дар ҳоле, ки ҷониби Қирғизистон низ дар ин ҷо камераҳои мушоҳидавӣ насб карда буданд, баъди насби камера аз ҷониби Тоҷикистон дар рӯзи гузашта талаб карданд, ки камераро ҷониби Тоҷикистон бардорад дар натиҷа таниш хест", - таъкид кард вай.
Ба гуфтаи Шомадов, дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон аз сокинони марзӣ даъват меоранд, ки ором шаванд, ҷониби Қирғизистон дар марз сокинонашро ҷамъ овардааст.
"Онҳо аз маркази Бодканд сокинонро ҷамъ овардаву назди марз овардаанд", - таъкид мекунад вай.
Ёдрас мешавем, масъалаи баҳси марзӣ аз авали ҳафтаи равон, 24 апрел байни Тоҷикистону Қирғизистон дубора гарм шуд.
Кӯмак кунед: Мактуби ҷониби Қирғизистон ба Тоҷикистон
Рӯзи 24 апрел ҷониби Қирғизистон аз Тоҷикистон дар мактубе дархост кард, ки дар пайдо намудани ду шаҳрвандаш, ки дар наздикии марз бо Тоҷикистон бо сохтмон машғул буданду гум шуданд,
кӯмак кунанд.
Расонаҳои қирғизӣ навиштаанд, ду ҷавон, ки ҳар ду 19 сол доштаанд, шаби 24 апрел аз мавзеи Эски-Оочуи деҳоти Бешкенти ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд нопадид шуданд.
Сипас, баъди мактуби дастхости кӯмак, Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Тоҷикистонро ба "одамрабоӣ" муттаҳам кард.
Вазорати умури хориҷии Қирғизистон хабар дод, ки ба Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар Бишкек Нотаи расмӣ
дода шуд.
Гуфта мешуд, Нурлан Ниёзов, ноиби аввали вазири умури хориҷии Қирғизистон, бо Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар Бишкек рӯзи 26 апрел мулоқот карда, нотаи расмӣ додааст.
“Ҷониби Қирғизистон аз аъмоли ғайриқонунии мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон, ки 24 апрел ду сокини ноҳияи Лайлаки вилояти Бодкандро рабудаанд, амиқан изҳори нигаронӣ намуд”, - омадааст дар
иттилоияи ВУХ Қирғизистон.
Аммо дар ҳамин ҳол, ҷониби Қирғизистон ягон далел ва тавзеҳи гуфтаҳояшро пешниҳод накарда буд.
Марзбонони қирғиз мактаббачагони тоҷикро лату кӯб карданд?
Рӯзи 27 апрел дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон иттилое пайдо шуд, ки марзбонони қирғиз ду навраси мактабхони тоҷикро ҳангоми молчарронӣ боздошт ва латукӯб карданд.
Ин ҳодисаро раиси деҳаи "Тоҷикон"-и ҷамоати Ворух Ғафурҷон Ҷӯраев дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.
Тавре Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи наздисарҳадии "Тоҷикин"-и ҷамоати Ворух дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳодисаи нохуши марзӣ баъд аз зуҳри рӯзи 25 апрел дар мавзеи "Заҳматобод"-и ҷамоат рух додааст.
“Сарҳадбонони қирғиз хонандаҳои мактаби рақами 23 ҷамоати Ворухро дар вақти чаронидани чорво ғайриқонунӣ боздошт намуда ва латукӯб намудаанд. Танҳо баъди дахолати сарҳадбонони кишвар онҳо озод карда шудаанд", - гуфт вай.
28 апрел Қирғизистон маълумоти боздошту латукӯби ду мактаббачаи тоҷикро рад кард ва ин маълумотро "бардурӯғ"
хонд.
"Пас аз пайдо шудани матолиб дар ВАО, гуфтугӯи телефонӣ байни намояндагони сарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар ҷараёни он ҷониби Тоҷикистон далели боздошт ва латукӯби мактаббачагони тоҷик аз ҷониби марзбонони Қирғизистонро расман рад кард", - гуфтааст Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
Тоҷикистон: ёбеду ҷазо диҳед
Дар робита ба ин субҳи 28 апрел Вазорати корҳои хориҷии
хабар дод, ки ин ниҳод аз лабукӯб шудани ду мактабхон аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз шадидан изҳори нигаронӣ намуда, ба сафири Қирғизистон нота супорид.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури хориҷа, нотаи эътирозиро муовини вазир Музаффар Ҳусейнзода ба дасти Жениш Рустамбеков додааст.
Гуфта мешавад, аснои супоридани нотаи эътирозӣ, Ҳусейнзода ба сафири Қирғизистон таъкид намудааст, ки ин амали ғайриқобили қабул метавонад ба шиддат гирифтани вазъ дар марз боис шавад.
Муовини вазир аз ҷониби Қирғизистон хост, дар кӯтоҳтарин фурсат озордиҳандаҳои ноболиғони тоҷик дарёфту ҷазои сазовор дода шаванд ва ҳамчунин аз натиҷаи ин кор ҳатман ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон хабар расонанд.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.