https://sputnik.tj/20210429/sharh-kdam-zahm-sokin-chorkuh-1039143672.html
Яке аз пешонӣ дигаре аз пой: шарҳи КДАМ аз захмӣ шудани ду сокини Чоркӯҳ
Яке аз пешонӣ дигаре аз пой: шарҳи КДАМ аз захмӣ шудани ду сокини Чоркӯҳ
Sputnik Тоҷикистон
Ду сокини Чоркӯҳ, ки ҳар ду 32 сол доранд, аз тири шаҳрвандони Қирғизистон захмӣ шуданд ва ҳоло дар бемористон қарор доранд. Вазъи як ҷароҳатбардошта вазнин арзёбӣ мешавад
2021-04-29T14:17+0500
2021-04-29T14:17+0500
2021-04-29T15:51+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
амният ва мудофиа
кдам
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/01/1022630149_0:48:2500:1454_1920x0_80_0_0_4dd2a47eaba01ba382d11bc01415cfba.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар муноқишаи навбатӣ, ки имрӯз миёни сокинони маҳаллаҳои Сомониёни Тоҷикистон ва Коктоши Қирғизистон сурат гирифт, ду шаҳрванди тоҷик сахт ҷароҳатдор шуданд, хабар медиҳад Қушунҳои КДАМ Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, муноқиша соати 10:45 дақиқа рух дод ва шаҳрванди Қирғизистон аз камони шикорӣ тир холӣ кард, ки дар натиҷа Амаков Оқили 32 - сола, сокини Чоркӯҳ аз пешонияш захмдор шуд.Манбаъ ҳамчунин аз як ҳодисаи дигари тирпаронӣ аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон хабар медиҳад, ки боиси ҷароҳатдор шудани ҷавони 32 - солаи тоҷикгардид.Ин муноқиша соати 11:30 рух дод ва аз тири қирғизҳо, Самадов Саттор аз қисмати дасту пой ҷароҳат бардошт. Номбурда феълан дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ гардидааст.Ёдовар мешавем, ки вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 28 апрел аз соати 16:00 муташанниҷ шуд.Ин дар ҳолест, ки ду рӯзи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон вазъ муташанниҷ мешавад. Дирӯз, 28 апрел таниши навбатии марзӣ байни сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ва деҳоти Оқсойи ноҳияи Бодканд сурат гирифт.Шоми 28 апрел Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман муноқишаро шарҳБино бар иттилои манбаъ, дар асл низоъ сари нуқтаи обтақсимкунии “Головной” хестааст, ки субҳи 28 апрел Тоҷикистон дар наздикии он барои назорати тақсими об камераи мушоҳидавӣ насб кардааст.КДАМ навиштааст, ки ин манбаи об дар ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аъло дар болои дарёи Исфара ҷойгир аст.Хабари фаврии КДАМ: низомиёни қирғиз ба сӯи сарҳадбонони тоҷик тир кушодандАфзун бар ин, иншооти мазкур аз нуқтаҳои аҳолинишин, аз ҷумла, деҳаҳои Коктош ва Оқсойи ҷамоати Оқсойи ноҳияи Боткени Қирғизистон дар масофаи хеле дур воқеъ мебошад.КДАМ Тоҷикистон ҳамчунин аз 7 маҷрӯҳ, сокинони Тоҷикистон дар пайи ин ҳодиса хабар додааст.
https://sputnik.tj/20210429/navjuvonov-marz-tojikiston-orom-1039141810.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/01/1022630149_168:0:2391:1667_1920x0_80_0_0_007ef94979882e701b85602ec67e7a2f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, марз, муноқиша
тоҷикистон, қирғизистон, марз, муноқиша
Яке аз пешонӣ дигаре аз пой: шарҳи КДАМ аз захмӣ шудани ду сокини Чоркӯҳ
14:17 29.04.2021 (Навсозишуда: 15:51 29.04.2021) КДАМ Тоҷикистон аз захмдор шудани ду сокини Чоркуҳ аз дасти шаҳрвандони Қирғизистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар муноқишаи навбатӣ, ки имрӯз миёни сокинони маҳаллаҳои Сомониёни Тоҷикистон ва Коктоши Қирғизистон сурат гирифт, ду шаҳрванди тоҷик сахт ҷароҳатдор шуданд, хабар медиҳад Қушунҳои КДАМ Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, муноқиша соати 10:45 дақиқа рух дод ва шаҳрванди Қирғизистон аз камони шикорӣ тир холӣ кард, ки дар натиҷа Амаков Оқили 32 - сола, сокини Чоркӯҳ аз пешонияш захмдор шуд.
"Феълан Амаков дар бемористон қарор дорад ва пизишкон вазъи ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ ҳамчунин аз як ҳодисаи дигари тирпаронӣ аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон хабар медиҳад, ки боиси ҷароҳатдор шудани ҷавони 32 - солаи тоҷикгардид.
Ин муноқиша соати 11:30 рух дод ва аз тири қирғизҳо, Самадов Саттор аз қисмати дасту пой ҷароҳат бардошт. Номбурда феълан дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 28 апрел аз соати 16:00 муташанниҷ шуд.
Ин дар ҳолест, ки ду рӯзи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон вазъ муташанниҷ мешавад. Дирӯз, 28 апрел таниши навбатии марзӣ байни сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ва деҳоти Оқсойи ноҳияи Бодканд сурат гирифт.
Шоми 28 апрел Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман муноқишаро шарҳ
Бино бар иттилои манбаъ, дар асл низоъ сари нуқтаи обтақсимкунии “Головной” хестааст, ки субҳи 28 апрел Тоҷикистон дар наздикии он барои назорати тақсими об камераи мушоҳидавӣ насб кардааст.
КДАМ навиштааст, ки ин манбаи об дар ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аъло дар болои дарёи Исфара ҷойгир аст.
Афзун бар ин, иншооти мазкур аз нуқтаҳои аҳолинишин, аз ҷумла, деҳаҳои Коктош ва Оқсойи ҷамоати Оқсойи ноҳияи Боткени Қирғизистон дар масофаи хеле дур воқеъ мебошад.
КДАМ Тоҷикистон ҳамчунин аз 7 маҷрӯҳ, сокинони Тоҷикистон дар пайи ин ҳодиса хабар додааст.