https://sputnik.tj/20210429/hadamoti-marzboni-qirghiziston-favran-marz-1039143922.html
Роҳбари Хадамоти марзбонии Қирғизистон фавран ба марз рафт
Роҳбари Хадамоти марзбонии Қирғизистон фавран ба марз рафт
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳалли вазъ дар марзро шахсан назорат хоҳад кард
2021-04-29T14:21+0500
2021-04-29T14:21+0500
2021-04-29T15:51+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
кдам
марз
муноқиша
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102849/89/1028498955_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_dd5db681d3a5b5bb40a5c7f35701ebb2.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апрел - Sputnik. Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Уларбек Шаршеев фавран ба вилояти Бодканд парвоз кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст.Гуфта мешавад, ки Шаршеев амалҳои нерӯҳои амниятиро дар қитъаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъ шахсан ҳамоҳанг хоҳад кард.Тибқи иттилои КДАМ, вазъи дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон бо унсурҳои ташаннуҷ нисбатан мӯътадил аст.Ёдовар мешавем, ки санаи 28-уми апрел, сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной" дар марз муноқиша карданд.Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 7 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дастикам ду сокини ин кишвар маҷруҳ шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд.Ҷанҷол баъд аз он оғоз шуд, ки Тоҷикистон хост, дар наздикии Маркази тақсими об дурбинҳои назоратӣ насб кунад. Ба иттилои сокинони Хоҷаи Аъло, пештар дар он ҷо мақомоти Қирғизистон чунин дурбин насб карда буданд, вале марзбонони кишвари ҳамсоя ба насби дурбин аз ҷониби Тоҷикистон мухолифат кардаанд.Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.Муноқиша дар як минтақа сарзад, ки он замон раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар минтақаи бетарафи ҳудудӣ барои ҳалли низоъҳо мулоқот мекарданд.Ҷонибҳо дар бораи пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар марз ва қаламравҳои баҳснок, инчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои обёрӣ ва ҳавзаи об изҳори назар карданд.
https://sputnik.tj/20210429/marz-qirghiziston-tojikiston-1039137169.html
https://sputnik.tj/20210429/qirghiziston-dehot-holati-favquloda-1039134208.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102849/89/1028498955_53:0:774:541_1920x0_80_0_0_5d157c5f847ac66f1a73eff2bab6ee04.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, кдам, фавран, марз
тоҷикистон, қирғизистон, кдам, фавран, марз
Роҳбари Хадамоти марзбонии Қирғизистон фавран ба марз рафт
14:21 29.04.2021 (Навсозишуда: 15:51 29.04.2021) Намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳалли вазъ дар марзро шахсан назорат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 29 апрел - Sputnik. Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Уларбек Шаршеев фавран ба вилояти Бодканд парвоз кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки Шаршеев амалҳои нерӯҳои амниятиро дар қитъаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъ шахсан ҳамоҳанг хоҳад кард.
Тибқи иттилои КДАМ, вазъи дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон бо унсурҳои ташаннуҷ нисбатан мӯътадил аст.
Ёдовар мешавем, ки санаи 28-уми апрел, сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной" дар марз муноқиша карданд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 7 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дастикам ду сокини ин кишвар маҷруҳ шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд.
Ҷанҷол баъд аз он оғоз шуд, ки Тоҷикистон хост, дар наздикии Маркази тақсими об дурбинҳои назоратӣ насб кунад. Ба иттилои сокинони Хоҷаи Аъло, пештар дар он ҷо мақомоти Қирғизистон чунин дурбин насб карда буданд, вале марзбонони кишвари ҳамсоя ба насби дурбин аз ҷониби Тоҷикистон мухолифат кардаанд.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.
Муноқиша дар як минтақа сарзад, ки он замон раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар минтақаи бетарафи ҳудудӣ барои ҳалли низоъҳо мулоқот мекарданд.
Ҷонибҳо дар бораи пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар марз ва қаламравҳои баҳснок, инчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои обёрӣ ва ҳавзаи об изҳори назар карданд.