Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Даъвати мақомдорон аз сокинони наздимарзӣ: ба хона равед

© Facebook / Мирзосодик СангиновТаниши навбатии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Таниши навбатии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Обуна шудан
Мақомоти маҳаллӣ аз сокинони ҳар ду кишвар даъват мекунанд, ки ба хонаҳои худ раванд, чун вазъият таҳти назорати неруҳои амниятӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар робита ба вазъи феълӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, имрӯз ду маротиба суҳбати телефонӣ миёни раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи Бодканди Қирғизистон Омурбек Суваналиев сурат гирифт, менависад Sputnik Қирғизистон.
Гуфта мешавад, дар баробари суҳбати телефонии мақомдорон, ҳамчунин миёни сокинон низ корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён дорад.
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Яке аз пешонӣ дигаре аз пой: шарҳи КДАМ аз захмӣ шудани ду сокини Чоркӯҳ
Аз ҷумла, аз сокинони назди марзӣ даъват карда шуд, ки ба хонаҳои худ раванд, чун вазъият таҳти назорати амниятӣ қарор дорад.
Ин хабар дар ҳолест, ки чанде пеш котиботи Қушунҳои КДАМ Тоҷикистон аз ҷароҳатдор шудани ду сокини 32 - солаи Чоркӯҳ аз дасти шаҳрвандони Қирғизистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, муноқиша яке соати 10:45 ва дигаре 11:30 сурат гирифт ва дар ҳар ду ҳолат аз камони шикорӣ ду ҷавон - Амаков Оқил ва Самадов Саттор ҷароҳатдор шуданд.
Пизишкон вазъияти Амаковро, ки аз қисмати пешонӣ захм бардошт, вазнин арзёбӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0