САҲА барои назорати интихоботи президентии Тоҷикистон даъвати расмӣ нагирифтааст

© Sputnik / Сергей АверинЛоготип ОБСЕ, архивное фото
Логотип ОБСЕ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ҳанӯз даъвати расмӣ барои назорати интихоботи президентии Тоҷикистонро нагирифтааст

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Лоран Барановска, сухангӯи  дафтари ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо эълом кард, ки ҳануз даъвати номаи расмӣ барои назорат бар интихоботи раёсатиҷумҳурии рӯзи 11 октябри Тоҷикистон барои онон ирсол нашуда ва вай умедвор аст, ки рӯзҳои наздик  ин равон карда мешавад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои  Хуросон.

Фонтан возле памятника Рудаки в Худжанде. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Омодагӣ ба интихобот дар Суғд: ҲХДТ дар вилоят шумораи дақиқи аъзояшро эълон кард

САҲА аз соли 2006 бар раванди баргузории интихоботи порлумонӣ ва президентии Тоҷикистон назорат дораду ҳеҷ як аз интихоботи гузаштаро шаффофу мутобиқ бо меъёрҳои байналмилалии мавриди назари ин созмон надонистааст.

Бино бар иттилои манбаъ, комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон бо вуҷуди ин, ки то баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ камтар аз як моҳ  монда дар бораи ҳузури нозирони байналмилалӣ ибрози назар накардааст.

Тавре манбаъ қайд кардааст, ки дар солҳои ахир  ихтилофи назари Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи мухолифони сиёсии ҳукумати Душанбе шиддат ёфта ва фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст .

Лентаи хабарҳо
0