ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дар Хуҷанд Конференсияи XIV ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии дар вилояти Суғд баргузор шуд, ки дар он шумораи дақиқи аъзои ҳизбро дар вилоят эълон карданд.
Дар рӯзномаи конференсия масъалаҳо оид ба омодагии ташкилотҳои ибтидоӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби вакилон ба Анҷуманни 14-уми ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва масъалаҳои ҷорӣ гузошта шуданд.
Бо розигии Эмомалӣ Раҳмон: Каримзода раиси ҲХДТ дар ноҳияи Ашт таъйин шуд
Гуфта мешавад, дар вилоят бо мақсади омодагӣ ба интихобот дар назди КИ ҲХДТ вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Ситоди пешазинтихоботӣ, гурӯҳҳои ташаббускор, тарғиботиву аналикикӣ аз ҳисоби донишмандон сиёсатшиносон, ҷавонон, занон ва омӯзгорону табибони фаъол, собиқадорони ҳизбу меҳнат ташкил карда шудааст.