ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Роҳбари дастгоҳи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон ташаббускори баргузор намудани аввалин форуми занони фаъоли кишвар ба шумор меравад.
Форум таҳти унвони “Баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии занону духтарон –асоси рушди иҷтимоӣ аст” дар Душанбе коршиносони шинохта, олимон, таҳқиқгарон дар ин соҳа ва зиёда аз 400 занро аз соҳаҳои гуногун бо ҳам меоварад.
Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар бораи занони машҳури тоҷик, ки имрӯз дар мақомоти мухталифи кишвар аспи роҳбарӣ метозанд маълумот диҳад.
Озода Раҳмон
Озода Раҳмон яке аз 10 зани бонуфузтарини Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Дар кишвар ба 20-гонаи бонуфузтарин ашхоси Тоҷикистон шомил аст.
Ғай аз ин вай мақомдори давлатӣ мебошад. Озода ҳамчунин дар баланд бурдани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва нуфузи занони тоҷик дар ҷомеа машҳури ҳамагон гаштааст.
Озода Раҳмон – ходими давлатии тоҷик, Сафири фавқулода ва мухтори дараҷаи 2, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2012), мушовири давлатии адлия (2017) дар мақомоти мухталиф ифои вазифа кардааст. Ӯ шуъбаи консулгарии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро роҳбарӣ карда, баъдан ҳамчун ноиби Вазири умури хориҷӣ фаъолият намудааст. Тайи 4 соли охир роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин узви Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони кишвар мебошад.
Ҳамчунин чанде пеш сафири ташкилоти байналмилалии “Зан – роҳбари сиёсӣ” интихоб шуда буд.
Хайриниссо Юсуфӣ
Хайриниссо Юсуфӣ фаъолияти кориашро баъди гирифтани ихтисоси аввалаш дар соли 1986 дар вазифаи терапевти калони стансияи ветеринарии шаҳри Панҷакент оғоз мекунад. Фаъолияташ дар ин вазифа дер давом намекунад, баъдан ба корҳои ҳизбиву таблиғотӣ ҷалб мешавад.
Ҳамин тавр дар давоми солҳои 1987 то соли 1996 дар вазифаҳои котиби якуми Кумитаи комсомолӣ ва Раиси Созмони ҷавонони шаҳри Панҷакент кор кардааст.
Солҳои 1996-2004 муовини раиси шаҳри Панҷакент ва баъдан муовини раиси вилояти Суғд буд.
Бо фармони Президент дар соли 2004 муовини нахуствазири кишвар таъин мешавад, ки дар ин вазифа ҳудуди 4 сол кор кард. Баъдан, 28-уми январи соли 2008 аз вазифаи муовинии сарвазир барканор ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъин мегардад. Оғози соли 2010 аз ҲХДТ номзад ба мақоми вакилӣ ба Маҷлиси намояндагон гардида, аз вазифаи раиси Кумита хайру хуш кард.
Ҳамон сол дар интихоботи парламентии моҳи феврал аз ҲХДТ вориди парламент шуд дар давоми солҳои 2010-2015 Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ буд.
Дар интихоботи парламентии соли 2015 низ дигарбора аз рӯйхати ҳизбии ҲХДТ номзад пешниҳод шуд. Исмаш дар феҳрести ҳизбӣ дар мақоми 3-юм қарор дошт. 1-уми марти 2015 вакили Маҷлиси намояндагон шуд. Ҳоло муовини раиси Маҷлиси намояндагон мебошад.
Дорандаи ордени “Шараф дараҷаи 1”, Аълочии маориф, Аълочии фарҳанг ва медали ҷашнии “20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Моҳи марти соли равон ордени “Содружество” (Иттиҳод)-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақилро гирифт.
Зевар Давлатзода
Ҳанӯз ҳангоми таҳсилаш дар Донишгоҳ, дар бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон, чун гӯяндаи бахши форсӣ кор ва фаъолият намудааст.
Солҳои 1997-1998 дар Ташкилоти хайриявии “Интернюс-Нетуорк” фаъолияти кории хешро ба ҳайси журналист идома дода, имконият пайдо мекунад, ки се моҳ дар мактаби махсуси журналистии “Интернюс”-и ш. Москва таҳсил намояд.
Солҳои 1999 то 2002 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳайси сармутахассиси дараҷаи 1, муовини сармуҳаррири “Ахбор”, сармуҳаррири барномаҳои иттилоотии “Ахбор”, муовини директори маркази продюсерии "АРТ-ТВ", муҳаррир ва барандаи «ТВ Субҳ» кор кардааст.
Дар ҳамин давра август-октябри соли 2000 дар штаб-квартираи СММ аз рӯи барномаи UNDP таҷрибаомӯзӣ намуда, дар саммити Ҳазорсола иштирок ва барнома таҳия намудааст.
Аз январ то сентябри соли 2002 дар продакшн-студияи “Азия-Плюс” ҳамчун журналист фаъолият менамояд.
Аз 1 октябри соли 2002 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини аввали директори АМИТ “Ховар” таъин мегардад. Дар ҳамин давра солҳои 2005-2009 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро дар риштаи сиёсатшиносӣ ғоибона таҳсил ва бо баҳои аъло хатм намудааст.
Соли 2008 бо ордени “Шараф” дараҷаи 1 сарфароз гардидааст.
Аз 10 феврали соли 2010 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи директори Муассисаи давлатии “Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон” таъин мегардад.
Аз 19 июни соли 2015 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” таъин мегардад.
Аз 15 марти соли 2017 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Марҳабо Ҷабборӣ
Марҳабо Ҷабборӣ аз ҷумлаи олимаҳои кишвар аст, ки дар баробари комёбиҳои назаррас дар пажуҳиши забоншиносӣ дар вазифаҳои давлатӣ низ кор карда, то ноиби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст. Вале ҳамеша ҷӯёву пӯёи илм будааст ва дар мавзуъҳои забоншиносии муқоисавӣ пажуҳишҳои арзишманде доштааст.
Марҳабо Ҷабборӣ - доктори илми филологӣ (2005), профессор (2007). Факултаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Хуҷандро (ҳоло ДДХ ба номи Б. Ғафуров) соли 1980 хатм карда, чанде дар кафедраи инкишофи нутқи даҳонӣ ва хаттии он дарс додаст.
Солҳои 1981-1996 дар Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) ба сифати муаллими калон, дотсенти кафедраи филологияи рус фаъолият намуда, солҳо 1996 -2003 дотсенти кафедраи забони русӣ ва забоншиносии умумӣ, ноиби ректор оид ба илми Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон, солҳои 2003 -2010 ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, солҳои 2010-2013 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд.
Аз соли 2013 то моҳи январи соли 2016 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ӯ ҳоло профессори кафедраи забони русии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мебошад.
Рафиқа Мусоева
Рафиқа Мусоева дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда ифои вазифа кардааст. Дар солҳои 90-ум Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекардааст. Аз соли 2000 ба ҳайси вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида фаъолият намудааст. Номзади илмҳои техникӣ.
Нигина Шаропова
Ходими давлатӣ,сарпсихиатри Вазорати тандурустии ҶТ (2000-2009). Доктори илми тиб (2001), профессор (2005). “Аълочии нигаҳдории тандурустии СССР” (1991), дорандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷонатан Мэнн (2003). Узви Шӯрои илмии тиббии Вазорати тандурустии ҶТ, узви Ассотсиатсияи “Занҳои олими Тоҷикистон”.
Албатта шумораи занҳои хидматнишондодаи тоҷик бепоён аст, ба ин хотир мо танҳо баъзе аз онҳоро дар ин ҷо овардаем.