ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати фарҳанги ҶТ дар пойтахти Туркманистон аз 12 июн то 17 ҳамин моҳ Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор хоҳанд шуд. Фарҳангиёни тоҷик рӯзи 12 июн тариқи хатсайри нахустин ва озмоишии ширкати "Turkmenistan airlines" ба Ишқобод парвоз мекунанд.
Дар бораи ифтитоҳи хатсайри мустақими Ишқобод — Душанбе — Ишқобод сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Ҷорӣ Атаев рӯзи 7 июн хабар дод.
Ҳамин тавр мусофирони парвози озмоишӣ ба Ишқобод Зевар Давлатзода, муовини вазири фарҳанг ва 40 ҳунарманди тоҷик ҳастанд.
Қарор буд, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон аз 27 май то 2 июн гузаронида шавад, вале бо сабабҳои техникӣ сафари фарҳангиёни тоҷик ба таъхир уфтод. Ва акнун ҳунармандони тоҷик аз 12 то 17 июн дар Туркманистон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Манбаъ меафзояд, ки барномаи фарҳангии Тоҷикистон аз намоишҳои тасвирӣ, аксҳои "Тоҷикистони муосир", муд ва либосҳои миллӣ иборат аст.
Намоиши филмҳои коргардонони тоҷик низ дар назар буда, аз ҷумла филми "Хоби ҳамдуна"-и коргардони ҷавон Румӣ Шоазимов дар доираи ин рӯзҳо намоиш дода мешавад.
Роҳбарии ҳайати фарҳангиёни Тоҷикистонро муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатова бар ӯҳда дорад.
Ҳамчунин дар Туркманистон Ансамбли рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, сарояндаи опера Шарофат Усмонова, овозхонҳои Ансамбли давлатии "Шашмақом"-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Ситораи Кароматулло ва Хуршед Иброҳимов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Парвин Юсуфӣ, сароянда ва мутриб Бахтиёр Баёнӣ ҳунамрнамоӣ хоҳанд кард.
Ҳунармандон сурудҳои классикӣ, эстрадӣ ва опера, рақсҳои гуногун, сурудҳои эстрадии тоҷикӣ ва туркманиро ба ҳаводорони савту наво намоиш хоҳанд дод.
Барномаи бадеиро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлаталӣ Убайдуллоев таҳия кардааст.